ТАЪМИНИ ПАРДОХТИ БОҶҲОИ ГУМРУКӢ ВА АНДОЗ | 1994
Моддаи 382. Шартҳои умумии таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз
1. Иҷрои вазифаи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар ҳолатҳои зерин таъмин карда мешавад:
1) батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлат барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз;
2) шартан иҷозат додани мол;
3) интиқол ва (ё) нигоҳдории моли хориҷӣ;
4) 4) фаъолият ба сифати танзимгари ваколатдори иқтисодӣ, брокери гумрукӣ (намоянда), соҳиби анбори гумрукӣ ва соҳиби мағозаи савдои бебоҷ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар ҳолатҳои зерин пешниҳод карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845):
1) агар маблағи пардохтшавандаи боҷи гумрукӣ, андоз ва фоизҳо камтар аз 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо бошад;
2) ҳангоми ворид кардани молҳо ба минтақаи озоди иқтисодӣ (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
3. Агар ҳамон як шахс якчанд амалиёти гумрукиро дар муддати муайян анҷом диҳад, мақоми гумрук вазифадор аст таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозро барои анҷом додани ҳамаи чунин амалиёт (таъминоти генерали) қабул намояд. Мақомоти гумрук таъмини генералии пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозро барои анҷом додани амалиёти гумрукӣ дар якчанд мақомоти гумрук қабул мекунанд, ба шарте, ки чунин таъминот барои ҳар як мақомоти гумрук дар сурати вайрон кардани ӯҳдадориҳои тибқи ҳамин Кодекс таъмингардида истифода шавад.
4. Таъминоти генералӣ аз ҷониби шахсоне, ки чунин таъминотро пешниҳод намудаанд, метавонад истифода гардад. Таъминоти генералӣ ба як ё якчанд мақоми гумрук метавонад пешниҳод карда шавад. Бо интихоби шахс таъминоти генералӣ метавонад дар шакли гарави пулӣ, замонат ё кафолати бонкӣ пешниҳод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
5. Таъминоти генералӣ ба мӯҳлати на камтар аз як сол пешниҳод карда мешавад. Бо дархости шахсе, ки дар қисми 4 моддаи мазкур зикр гардидааст, ҳаҷми таъминоти генералӣ бо чунин воситаҳо метавонад зиёд шавад:
1) ворид кардани гаравҳои иловагии пулӣ;
2) аз нав дида баромадани (иваз намудани) ваколати бонкие, ки мӯҳлати амали он набояд аз мӯҳлати амали кафолати бонкӣ, ки қаблан аз ҷониби мақоми гумрук ҳамчун таъминоти генералӣ қабул гардидааст, кам бошад;
3) ворид намудани тағйироти дахлдор ба шартномаи замонат (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
6. Назорат аз болои истифодабарии таъминоти генералӣ аз тарафи мақоми гумруке, ки ин таъминотро қабул кардааст, гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
Тартиби пешниҳод, қабул ва истифодабарии таъминоти генералиро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Дар ҳолати ба таъминоти генералӣ баргардондани ситониш мақоми гумруке, ки ситониданро анҷом медиҳад, оид ба ин ҳолат шахси таъминоти генералӣ пешниҳоднамударо дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи ба таъминоти генералӣ баргардонидани ситонидан огоҳ мекунад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
8. Андозаи таъминоти генералии пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар асоси маблағи пардохтшаванда бо дар назар доштани талаботи боби 46 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Нисбати намудҳои алоҳидаи мол Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолат ва шароитеро муайян менамояд, ки андозаи таъминоти генералии пешниҳодшаванда метавонад аз маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андозҳое, ки пардохти онҳо бо чунин таъминоти генералӣ таъмин карда мешаванд, пасттар бошад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
9. Таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз тарафи шахси барои пардохти онҳо масъул ё аз тарафи ҳама гуна шахси дигар ба манфиати шахси масъули пардохткунандаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз анҷом дода мешавад.
10. Таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар мӯҳлати на дертар аз 3 рӯзе, ки мақоми гумрук дар бораи иҷрои ӯҳдадориҳои таъминшуда бовари ҳосил кард ё баъди қатъи фаъолияте, ки шарти он таъмини пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз мебошад, баргардонида мешавад, ба истиснои гарави пулӣ, ки он мутобиқи моддаи 398 ҳамин Кодекс баргардонида мешавад.
1. Андозаи таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз тарафи мақоми гумрук вобаста ба маблағи пардохтҳои гумрукӣ, фоизи пардохтшаванда ҳангоми иҷозати мол барои муомилоти озод ё баровардани он мутобиқи низоми гумрукии содирот муайян гардида, наметавонад аз андозаи маблағи мазкур зиёдтар бошад.
2. Агар ҳангоми муайян кардани андозаи таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба таври дақиқ муайян кардани боҷҳои гумрукӣ ва андози супоридашаванда бо сабаби ба мақоми гумрук пешниҳод нашудани маълумоти дақиқ дар бораи хусусияти мол, номгӯй, миқдор, кишвари истеҳсолкарда ва арзиши гумрукии он имконпазир набошад, андозаи таъмини пардохт дар асоси андозаи калонтарини меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ ва андоз, арзиши мол ва (ё) миқдори он, ки мумкин аст бар асоси маълумоти мавҷуда муайян гарданд, муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1347).
3. Дар ҳолати пешбининамудаи қисми 3 моддаи 153 ҳамин Кодекс андозаи таъмини пардохти боҷи гумрукӣ ва андозро мақоми гумрук ҳамчун фарқияти байни маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки мумкин аст ба таври илова, бо назардошти талаботи муқаррарнамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда ҳисоб карда шаванд ва маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андози пардохтшуда муайян мекунад.
4. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад андозаи муайяни таъмини пардохти боҷи гумрукиро нисбати намудҳои ҷудогонаи мол бо назардошти талаботи муқаррарнамудаи қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда муқаррар кунад.
Моддаи 384 Хориҷ карда шуд
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо тарзу усулҳои зерин таъмин мегардад:
1) ба гарав гузоштани мол ва амволи дигар;
2) кафолати бонкӣ;
3) гузаронидани маблағ ба суратҳисоби депозитии мақоми гумрук (гарави пули) (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2001);
4) замонат.
2. Таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз метавонад бо ҳама гуна усули пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда тибқи интихоби пардохткунанда анҷом дода шавад.
1. Мавзӯи гарав метавонад моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва инчунин амволи дигаре бошад, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзӯи гарав буда метавонад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Гарав бо шартномаи миёни мақоми гумрук ва гаравгузор ба расмият дароварда мешавад. Гаравгузор метавонад шахси масъули пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ва ё ҳар шахси дигар бошад.
3. Дар сурати дар назди мақомоти гумрук иҷро нашудани ӯҳдадориҳои бо гарав таъмингардида маблағи қарзи пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз тарафи мақомоти гумрук аз ҳисоби арзиши амволи ба гарав гузошташуда ба буҷети давлат гузаронида мешавад.
4. Моли таҳти назорати гумрукӣ қарордошта ва ба мақомоти гумрукӣ ба сифати гарав вогузоршуда, инчунин амволи дигари ба гарав гузошташуда бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
1. Мақомоти гумрук ба сифати таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз кафолатҳои бонкеро қабул мекунад, ки аз ҷониби бонкҳои ба Феҳристи бонкҳои аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ (минбаъд дар ҳамин боб - феҳрист) бо тартиби муайяннамудаи ин мақом бурда мешавад, дода шудааст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ вазифадор аст дар нашрияҳои расмии худ ва сомонаи расмии интернетии худ рӯйхати бонкҳои ба Феҳрист дохилшударо ба таври мунтазам интишор намояд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678, аз 19.07.2022 № 1906).
3. Ҳангоми муносибатҳои ҳуқуқии вобаста ба додани кафолати бонкӣ, пешниҳод кардани талабот дар бораи кафолати бонкӣ, аз тарафи кафолатдиҳанда иҷро шудани ӯҳдадориҳо ва қатъи кафолати бонкӣ муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.
4. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон барои бонкҳои ба Феҳрист дохилшуда ҳадди аксари маблағи як кафолати бонкӣ ва ҳадди аксари маблағи ҳамаи кафолатҳои бонкии ҳамзамон амалкунандаро, ки аз тарафи як бонк ё як ташкилот барои қабули кафолатҳои бонкӣ аз тарафи мақомоти гумрук бо мақсади таъмини пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз дода шудаанд, муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
1. Бонкҳо бо риояи шартҳои пешбининамудаи ҳамин модда ба феҳрист дохил карда мешаванд. Барои дохил кардани бонк ба феҳрист музд ситонида намешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Шартҳои дохил шудани бонк ба феҳрист аз инҳо иборатанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) мавҷуд будани иҷозатнома барои анҷоми амалиёти бонкӣ, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дода шудааст ва машғул будан бо фаъолияти бонкӣ на камтар аз 5 сол;
2) надоштани қарз оид ба пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ӯҳдадориҳо аз мақомоти гумрук;
3) доштани сармояи оинномавии сабтшудаи бонк ба андозаи на камтар аз ҳаҷми 1,1 - каратаи ҳаҷми минималии сармояи оинномавии бонк, ки Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар намудааст;
4) риояи меъёрҳои ҳатмии иқтисоди барои тамоми давраҳои ҳисоботи дар давоми охирин соли тақвимӣ.
3. Шартҳои дохил намудани филиали бонк ба феҳрист аз инҳо иборатанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) дохил кардани филиал аз ҷониби бонк ба Феҳристи ягонаи сабти давлатии намояндагӣ ва филиалҳои шахсони ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
2) доштани ҳуқуқи додани кафолати бонкӣ аз тарафи филиал, ки дар Низомномаи он пешбинӣ шудааст;
3) мувофиқати бонки болои ба шартҳои дохил намудан ба феҳрист ё ба феҳрист дохил кардани он (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
4. Бонк барои дохил шудан ба феҳрист ба мақоми гумрук тавассути низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук бо ариза дар шакли электронӣ муроҷиат менамояд, ки он бояд маълумоти тасдиқкунандаи шартҳои дохилшавӣ ба феҳрист бошад ва ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906, аз 01.10.2025 №2186):
1) бонк пешниҳод менамояд:
- ҳуҷҷатҳои таъсисотӣ;
- шаҳодатномаи бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ;
- иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ;
- корти расман тасдиқшудаи дорои намунаҳои имзои шахсони мансабдори бонк, ки ба онҳо ҳуқуқи имзо кардани кафолатҳои бонкӣ дода шудааст ва нақши мӯҳри бонк;
- ҳуҷҷати дорои ҳисобу китоби маблағи (сармояи) худ барои ҳар давраи ҳисоботии соли охирини тақвимӣ, ки бо имзои роҳбар ва сармуҳосиб ва бо мӯҳр тасдиқ шудааст;
- ҳисоботи балансии охирин давраи ҳисоботӣ, ки бо имзои роҳбар ва сарҳисобдор ва мӯҳр тасдиқ шуда бошад;
- ҳисобот дар бораи даромад ва зарари охирин давраи ҳисоботӣ, ки бо имзои роҳбар ва сармуҳосиб ва мӯҳр тасдиқ шуда бошад;
- маълумотнома дар бораи иҷрои меъёрҳои иқтисодии ҳатмӣ ва аҳамияти нишондодҳо барои ҳисобу китоби онҳо дар ҳар давраи ҳисоботи охирини соли тақвимӣ, ки бо имзои роҳбар, сармуҳосиб ва мӯҳр тасдиқ шуда бошад;
- нусхаи хулосаи аудитори дар бораи эътимоднокии ҳисоботи бухгалтерии соли гузашта, ки ба он роҳбар ва сармуҳосиб, имзо гузоштаанд ва бо мӯҳр тасдиқ шуда бошад;
2) филиали бонк ба таври илова пешниҳод менамояд:
- низомномаи филиал;
- шаҳодатнома дар бораи дохил намудани филиали банк ба Феҳристи ягонаи сабти давлатии намояндагӣ ва филиалҳои шахсони ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
- корти расми тасдиқшуда бо намунаҳои имзои шахсони мансабдори филиал, ки ба онҳо ҳуқуқи имзо кардани кафолатҳои бонкӣ дода шудааст ва нақши мӯҳри филиал;
5. Ҳуҷҷатҳое, ки дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, бояд дар шакли электронӣ пешниҳод карда шаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ аризаи дохил шудан ба феҳристро дар мӯҳлати на бештар аз 30 рӯзи баъди гирифтани он баррасӣ намуда, дар бораи дохил кардани бонк ба феҳрист қарор қабул мекунад. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ танҳо дар сурати риоя нашудани шартҳои дохилшавӣ ба феҳрист, ки дар қисми 2 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, дар бораи дохил накардан ба феҳрист қарор қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Қарори қабулшуда дар давоми 3 рӯзи баъди қабул шудани он ба таври электронӣ ё хаттӣ ба маълумоти аризадиҳанда расонида мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, ки аризаи дохил намудан ба феҳристро баррасӣ менамояд, барои тасдиқи ҳуҷҷату маълумоти пешниҳоднамудаи аризадиҳанда ҳуқуқ дорад аз шахсони сеюм, инчунин мақомоти давлати ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти заруриро талаб намояд. Шахсони мазкур дар давоми 10 рӯзи гирифтани дархост бояд ҳуҷҷатҳои талабшударо пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
8. Қарор дар бораи дохил накардан ба феҳрист танҳо дар сурати риоя нашудани шартҳои пешбининамудаи ҳамин модда метавонад қабул карда шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Ба аризадиҳанда хабарномаи дохил накардан ба феҳрист бо зикри сабабҳои қабули чунин қарор дар давоми 3 рӯзи қабули он фиристода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
9. Бонкҳо аз рӯзи аввали моҳе, ки баъди моҳи қабул шудани қарори дохил шудан ба феҳрист фаро мерасад, ба феҳрист дохил карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906)
1. Бонк бо қарори мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар ҳолатҳои зерин аз феҳрист хориҷ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906):
1) барҳам хӯрдан ё азнавташкилшавии бонк;
2) бозхонди иҷозатномаи иҷрои амалиёти бонкии бонк аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон;
3) иҷро нашудани ҳатто яке аз шартҳои дохилшави ба феҳрист (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
4) иҷро нашудани ӯҳдадориҳои марбут ба кафолати бонкӣ;
5) гузаштани як сол аз рӯзи дохилшавӣ ба феҳрист, ба шарте агар то гузаштани мӯҳлати мазкур ариза дар бораи дубора дохил шудан ба Феҳрист бо тартиби муқарраргардида пешниҳод нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
2. Хориҷ кардани бонк аз феҳрист амали кафолатҳои бонкиеро, ки онҳо додаанд ва мақомоти гумрукӣ қабул кардаанд, қатъ намегардонад ва онҳоро аз масъулияти иҷро накардан ё иҷрои номатлуби шартҳои чунин кафолатҳои бонкӣ озод намегардонад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
3. Бонки аз феҳрист хориҷшуда мумкин аст баъди як сол, ба шарти рафъи сабабҳои хориҷ шуданаш аз феҳрист, дубора ба он дохил карда шавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
1. Маблағи ба суратҳисоби депозитии мақоми гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати таъмини пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз (гарави пулӣ) бо асъори Тоҷикистон ё арзи хориҷӣ, ки қурби онро Бонки миллии Тоҷикистон муайян мекунад, супурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2001).
2. Фоиз ба маблағи гарави пулӣ ҳисоб карда намешавад.
3. Ҳангоми иҷро накардани ӯҳдадориҳои бо гарави пулӣ таъмингардида маблағи пардохтҳои гумрукӣ, фоизи пардохтшаванда ба буҷети давлатӣ аз маблағи гарави пулӣ гузаронида мешавад.
4. Баъди иҷрои ӯҳдадориҳои бо гарави пули таъмингардида маблағи супоридашуда мувофиқи моддаи 398 ҳамин Кодекс баргардонида мешавад ё мувофиқи хоҳиши супоранда метавонад ба ҳисоби пардохтҳои гумрукии оянда ё барои таъмини супурдани пардохтҳои гумрукӣ тибқи ӯҳдадории дигар дар назди мақомоти гумрук истифода шавад.
5. Барои тасдиқи супоридани гарави пули ба шахсе, ки ба суратҳисоби депозитии мақомоти гумрук пул супоридааст, забонхати гумрукие дода мешавад, ки намуна ва тартиби истифодаи онро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо розигии мақоми давлатии ваколатдор дар соҳаи молия мутобиқи моддаи 398 ҳамин Кодекс муайян мекунад. Забонхати гумрукиро ба шахси дигар додан мумкин нест (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2001).
Замонат мувофиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи бастани шартнома миёни мақоми гумрук ва зомин ба расмият дароварда мешавад. Брокерҳои гумрукӣ, соҳибони анборҳои нигоҳдории муваққатӣ, соҳибони анборҳои гумрукӣ, соҳибони мағозаҳои савдои бебоҷ инчунин шахсони дигар метавонанд ба сифати зомин баромад намоянд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).