ТАЪИН НАМУДАНИ ҶАЗОИ МАЪМУРӢ | 1994
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051)
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051)
1. Ҷазои маъмурӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар доираи муқаррароти Кодекси мазкур таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Ҳангоми таъин намудани ҷазои маъмурӣ ба шахси воқеӣ хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи ӯ, шахсияти гунаҳгор, вазъи молумулкиаш, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ба инобат гирифта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Ҳангоми таъин намудани ҷазои маъмурӣ ба шахси мансабдор хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи ӯ, шахсияти гунаҳгор, вазъи молумулкӣ ва мавқеи хизматӣ, ҳолатҳои сабуккунанда, вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ба инобат гирифта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
4. Ҳангоми таъин намудани ҷазои маъмурӣ ба шахси ҳуқуқӣ хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содирнамудаи ӯ, вазъи молумулкӣ ва молиявии шахси ҳуқуқӣ, ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷавобгарии маъмурӣ ба инобат гирифта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
5. Ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои истисно, ки ба мақсад ва сабабҳои кирдор вобастаанд, бо назардошти маълумотҳо дар бораи шахси гунаҳкор, инчунин вазъи молумулки ва молиявии у оид ба парвандаҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар суд мавриди баррасӣ қарор мегиранд, судя метавонад ҷазои маъмурии аз ҳадди ақалли пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси Кодекси мазкур пасттарро таъин намояд. Меъёри мазкур нисбат ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дар моддаҳои 328 қисми 1, 332, 333 қисмҳои 1 ва 3, 334, 339 қисми 2, 497 - 499, 577, 578 қисмҳои 1 ва 2, 579, 585 қисми 1, 592, 593 қисми 1, 594 қисми 1, 595 қисми 1, 596 ва 597 Кодекси мазкур пешбинигардида татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477, аз 20.06.2024 № 2051).
1. Ҳолатҳои зерин ҷавобгарии маъмуриро сабук мекунанд:
- софдилона пушаймон шудани шахсе, ки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро содир кардааст;
- ихтиёран хабар додани шахс дар бораи аз ҷониби ӯ содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- оқибатҳои зарарноки ҳуқуқвайронкунии маъмуриро бартараф кардани шахси гунаҳгор, ихтиёран ҷуброн намудани товони зарар ва ё бартараф намудани зарари расонидашуда;
- содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолати ҳаяҷони сахти рӯҳӣ (аффект) ё бинобар ҳолатҳои вазнини ҳаёти шахсӣ, оилавӣ ва ё ҳолатҳои дигар;
- содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби шахси ноболиғ;
- содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби зани ҳомила ё зане, ки кӯдаки хурдсол дорад ё шахсе, ки худаш кӯдаки то ҳаждаҳсоларо танҳо тарбия мекунад;
- содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳти таъсири тахдид, маҷбуркунӣ ё вобастагии хизматӣ, моддӣ ва ё вобастагии дигар;
- бори аввал содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии камаҳамият;
- содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми баромадан аз ҳадди зарурати ниҳоӣ, таваккали асоснок (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 № 717).
2. Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ мекунад, метавонад дигар ҳолатҳоеро низ чун ҳолати сабуккунандаи ҷавобгарӣ эътироф намояд, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ нашудааст.
1. Ҳолатҳои зерин ҷавобгарии маъмуриро вазнин мекунанд:
- давом додани рафтори зиддиҳуқуқӣ, сарфи назар аз талаби шахсони ваколатдор дар хусуси қатъ кардани он;
- содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон;
- ҷалби шахси ноболиғ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ;
- содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳангоми офатҳои табиӣ ё дигар ҳолатҳои фавқулодда;
- дар давоми як сол такроран содир намудани як намуди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба шарте ки шахс барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии аввалааш таҳти ҷазои маъмурӣ қарор гирифта, аммо нисбат ба он мӯҳлати муқаррарнамудаи моддаи 53 Кодекси мазкур татбиқ нашуда бошад;
- содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолати мастӣ бинобар истеъмоли машрубот, маводи нашъаовар, психотропӣ ё дигар воситаҳои мадҳушкунанда.
Судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) ҷазои маъмуриро таъин мекунанд, вобаста ба хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ метавонанд ин ҳолатҳоро ҳолатҳои вазнинкунанда ҳисоб накунанд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Ҳолатҳои пешбинамудаи қисми якуми ҳамин модда ҳамчун ҳолатҳои вазнинкунанда дониста намешаванд, ба шарте ки ин ҳолатҳо тибқи меъёрҳои моддаҳои дахлдори Қисми умумии Кодекси мазкур ба сифати нишонаи бандубастии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинӣ шуда бошанд.
3. Номгӯйи ҳолатҳое, ки ҷавобгарии маъмуриро вазнин мекунанд, пурра буда, ҳолатҳои дигари вазнинкунандаи ҷавобгариро танҳо Кодекси мазкур муқаррар менамояд.
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051)
1. Дар сурати аз тарафи шахс содир намудани ду ва ё зиёда ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои маъмурӣ барои ҳар як намуди ҳуқуқвайронкунии маъмурии содиршуда алоҳида таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Агар шахс якчанд ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ содир карда бошад ва парвандаҳоро нисбати ӯ дар як вақт як мақомоти ваколатдори давлатӣ ё шахси мансабдори ваколатдор баррасӣ намояд, ҷазои ниҳоии нисбат ба ин шахс татбиқшаванда дар доираи танҳо як модда муайян карда мешавад, ки ҷазои нисбатан вазнини маъмуриро пешбинӣ менамояд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877).
Агар ҷаримаи маъмурӣ ба ҳисоби фоиз аз маблағи ӯҳдадории андози иҷронашуда ё ӯҳдадории андози бо вайронкунии қонунгузории андоз иҷрошуда муқаррар шуда бошад, ҷаримаи маъмурӣ барои ҳар як ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷудогона ситонида мешавад.
3. Агар шахс кирдоре (амал ё беамалие) содир намуда бошад, ки барои он ҷавобгарии маъмурӣ тибқи якчанд моддаи Қисми махсуси Кодекси мазкур пешбинӣ гардида, парвандаҳои чунин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ё шахсони мансабдори ваколатдори гуногун баррасӣ карда шаванд, ҷазои маъмурӣ барои ҳар як ҳуқуқвайронкунӣ дар доираи меъёрҳои ин моддаҳо алоҳида татбиқ мегардад.
4. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми якум ва банди якуми қисми дуюми ҳамин модда ба ҷазои асосӣ метавонад яке аз ҷазоҳои иловагии пешбининамудаи моддаи 37 Кодекси мазкур ҳамроҳ карда шавад.
Мӯҳлати ҳабси маъмурӣ бо соат, шабонарӯз, мӯҳлати маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус бо шабонарӯз, моҳ ва сол ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 650).
Шахсе, ки нисбати ӯ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои маъмурӣ таъин шудааст, дар давоми як сол аз рӯзи қабули қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ ба ҷазои маъмурӣ кашидашуда ҳисобида мешавад (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877, аз 20.06.2024 № 2051).
1. Баҳсҳо оид ба рӯёнидани зиёни молумулкӣ аз ҷониби суд тибқи тартиби мурофиаи судии гражданӣ ҳал мегарданд. Судя ҳангоми баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар сурати набудани баҳс оид ба рӯёнидани зиёни молумулкӣ ҳуқуқ дорад ҳамзамон бо таъини ҷазои маъмурӣ масъалаи рӯёнидани зиёни молумулкиро низ ҳал намояд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Ҳангоми аз ҷониби дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ ё шахси мансабдори ваколатдор баррасӣ гардидани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баҳси рӯёнидани зиёни молумулкӣ аз ҷониби суд бо тартиби мурофиаи судии гражданӣ ҳал карда мешавад.
3. Баҳсҳои рӯёнидани зарари маънавии аз ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ расида дар суд тибқи тартиби мурофиаи судии гражданӣ баррасӣ мешаванд.
Таъини ҷазои маъмурӣ шахсро аз иҷрои ӯҳдадорие, ки дар натиҷаи содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба миён омадааст, озод намекунад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
Ҷазои маъмурӣ баъди гузашти мӯҳлати пешбининамудаи моддаи 33 Кодекси мазкур татбиқ карда намешавад.