ТАТБИҚ ВА Ҳимояи ҲУҚУҚИ ОИЛАВӢ | 1994
Моддаи 7. Татбиқи ҳуқуқи оилавӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои оилавӣ
- Шаҳрвандон ба ҳуқуқҳои ба онҳо тааллуқдошта, ки аз муносибатҳои оилавӣ ва ҳуқуқҳои оилавӣ, аз ҷумла ҳуқуқи ҳифзи онҳо бармеоянд, бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ менамоянд, агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад.
Ҳуқуқи худро амалӣ намудани аъзоёни оила ва иҷрои ӯҳдадориҳояшон набояд ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии аъзоёни дигари оила ва дигар шаҳрвандонро вайрон намояд.
- Ҳуқуқҳои оилавиро қонун ҳифз мекунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин ҳуқуқҳо хилофи таъиноташон ба амал бароварда мешаванд.
Моддаи 8. Ҳимояи ҳуқуқи оилавӣ
- Ҳуқуқҳои оилавӣ аз тарафи суд, мақомоти васояту парасторӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигари давлатӣ, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳимоя карда мешаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
- Ҳимояи ҳуқуқҳои оилавӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои дахлдори ҳамин Кодекс сурат мегирад (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)
Моддаи 9. Истифодаи мӯҳлати даъво дар муносибатҳои оилавӣ
Нисбати талаботе, ки аз муносибатҳои оилавӣ бармеоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мӯҳлати ҳифзи ҳуқуқи поймолшударо ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, мӯҳлати даъво татбиқ намегардад. Зимни истифодаи меъёрҳое, ки мӯҳлати даъворо муқаррар менамоянд, суд меъёрҳои дахлдори дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардидаро дастури амал қарор медиҳад