ТАРТИБОТИ МЕҲНАТӢ. ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ | 1994
Моддаи 59. Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ
1. Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корфармо дар мувофиқа бо намояндагони кормандон тасдиқ карда мешаванд.
2. Дар қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ тартиби қабул ба кор, аз кор озод намудан, вақти корӣ, вақти истироҳат, чораҳои ҳавасмандгардонӣ, интизоми кормандон, ҳуқуқу уҳдадориҳои асосӣ ва масъулияти тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ муқаррар карда мешаванд.
3. Барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон тартиботи дохилии меҳнатӣ бо оинномаҳо ва низомномаҳо, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд, ба низом дароварда мешаванд.
4. Риояи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ аз ҷониби корфармо ва кормандон ҳатмӣ мебошад.
Интизоми меҳнат аз ҷониби корфармо бо роҳи муҳайё намудани шароитҳои зарурии ташкилӣ ва иқтисодӣ барои меҳнати фардӣ ва коллективӣ, муносибати бошууронаи кормандон ба меҳнат, усулҳои боваркунонӣ, ҳавасмандгардонӣ барои меҳнати содиқона, ҳамчунин татбиқи ҷазои интизомӣ барои вайрон намудани интизоми меҳнат таъмин мегардад.
1. Корфармо ҳуқуқ дорад намудҳои гуногуни ҳавасмандгардониро барои дастовардҳои меҳнатӣ татбиқ намояд.
2. Намудҳои ҳавасмандгардонии кормандон ва тартиби татбиқи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои корфармо, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян менамоянд.
1. Барои аз ҷониби корманд вайрон кардани интизоми меҳнат, корфармо ҳуқуқ дорад чунин намудҳои ҷазои интизомиро татбиқ намояд:
- сарзаниш;
- танбеҳ;
- танбеҳи қатъӣ;
- қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиннома ва низомномаҳои интизоми меҳнат барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон, дигар намудҳои ҷазои интизомӣ низ пешбинӣ шуда метавонанд.
3. Татбиқи ҷазоҳои интизомие, ки дар Кодекси мазкур, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиннома ва низомномаҳо оид ба интизом барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст.
1. Ҷазои интизомӣ аз ҷониби корфармо бо роҳи қабули санад татбиқ карда мешавад.
2. Корфармо уҳдадор аст баёноти хаттии кормандро то татбиқ намудани ҷазои интизомӣ талаб намояд. Дар ҳолати рад намудани корманд аз додани баёнот санади дахлдор тартиб дода мешавад. Рад намудани корманд аз додани баёноти хаттӣ наметавонад барои татбиқи ҷазои интизомӣ монеъ гардад.
3. Ҳангоми муайян намудани намуди ҷазои интизомӣ, корфармо бояд мазмун, хусусият ва дараҷаи вазнинии кирдори интизомии содиршуда, ҳолатҳои содир шудани он, рафтори пештара ва минбаъдаи корманд ва муносибати ӯро ба меҳнат ба эътибор гирад.
4. Ба корманд барои ҳар як кирдор танҳо як ҷазои интизомӣ татбиқ карда мешавад.
5. Санади корфармо дар бораи ба корманд додани ҷазои интизомӣ дар давраҳои зерин татбиқ карда намешавад:
- ҳангоми муваққатан корношоям будани корманд;
- ҳангоми озод будани корманд аз кор дар вақти иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ;
- ҳангоми дар рухсатӣ ё истироҳати байнивахтавӣ қарор доштани корманд;
- ҳангоми дар сафари хизматӣ будани корманд.
6. Санади корфармо оид ба татбиқи ҷазои интизомӣ ба корманде, ки ба ӯ ҷазои интизомӣ дода шудааст, бо гирифтани имзои ӯ дар давоми се рӯзи баъд аз қабули санад эълон карда мешавад. Дар ҳолати радкунии корманд барои гузоштани имзо дар санад барои шиносоӣ бо он, дар ин бора дар санад оид ба татбиқи ин ҷазо қайди дахлдор карда мешавад. Ҳангоми ғайриимкон будани шинос кардани корманд бо санад, корфармо уҳдадор аст санадро ба воситаи номаи огоҳкунӣ ба ӯ равон намояд.
7. Нисбати санад оид ба татбиқи ҷазои интизомӣ корманд метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.
1. Ҷазои интизомӣ ба корманд ҳангоми содир кардани кирдори интизомӣ, на дертар аз як моҳ аз рӯзи ошкор шудани он, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 63 Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи 323 Кодекси мазкур ҷазои интизомӣ на дертар аз як моҳ аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ дар бораи ғайриқонунӣ эътироф кардани корпартоӣ дода мешавад.
2. Ҷазои интизомӣ наметавонад пас аз шаш моҳи содир шудани кирдори интизомӣ татбиқ карда шавад. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муайян шудани кирдори интизомӣ дар натиҷаи санҷиш ё тафтиши фаъолияти молиявӣ-хоҷагии корфармо дар давоми ду соли содиршавии кирдори интизомӣ аз ҷониби корманд ҷазои интизоми дода мешавад. Ба муҳлатҳои мазкур вақти истеҳсолоти парвандаи ҷиноятӣ дохил намешавад.
3. Вақти татбиқи муҳлати ҷазои интизомӣ ҳангоми дар кор ҳузур надоштан бинобар корношоямии муваққатӣ, озод будан аз кор барои иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, дар рухсатӣ ва сафари хизматӣ будани корманд боздошта мешавад.
1. Муҳлати амали ҷазои интизомӣ ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи сархати чоруми қисми 1 моддаи 62 Кодекси мазкур аз шаш моҳ зиёд буда наметавонад. Агар дар давоми ин муҳлат ба корманд ҷазои нави интизомӣ татбиқ нагардад, он гоҳ ӯ ҷазои интизомӣ надошта ҳисоб меёбад.
2. Корфармое, ки ба корманд ҷазои интизомӣ додааст, бо ташаббуси худ, бо хоҳиши корманд ё роҳбари бевоситаи ӯ ва ё дархости намояндагони кормандон ҳуқуқи пеш аз муҳлат бардоштани онро дорад.