ТАРТИБИ ПАРДОХТ ВА СИТОНИДАНИ АЛИМЕНТ | 1994

Моддаи 107. Бо  ҳалномаи суд ситонидани  алимент

 

Дар сурати набудани созишномаи пардохти алимент аъзои оилаи дар ҳамин фасли Кодекс зикргардида ҳуқуқ доранд, ки бо талаби ситонидани алимент ба суд муроҷиат намоянд.

 

Моддаи 108.  Мӯҳлати муроҷиат барои гирифтани алимент

 

  1. Шахсе, ки барои гирифтани алимент ҳуқуқ дорад, сарфи назар аз мӯҳлате, ки аз лаҳзаи пайдо кардани ҳуқуқи алиментгирӣ гузаштааст, метавонад дар хусуси ситонидани алимент ба суд бо ариза муроҷиат кунад.
  2. Алимент барои давраи баъди муроҷиат намудан ба суд муқаррар карда мешавад. Алимент барои давраи гузашта метавонад дар ҳудуди мӯҳлати сесола аз лаҳзаи муроҷиат кардан ба суд ситонида шавад, агар суд муқаррар кунад, ки то муроҷиат кардан ба суд барои гирифтани таъминот саъю кӯшиш  карда шудааст, вале бинобар сабаби саркашии шахси алиментдиҳанда аз пардохти он, алимент гирифта нашудааст.

 

Моддаи 109. Мувақаттан ситонидани  алимент

 

  1. Аз рӯи парвандаҳо дар бораи ситонидани алимент суд ҳуқуқ дорад, ки то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи ситонидани алимент ва дар сурати барои кӯдакони ноболиғ ситонидани алимент - то қабул гардидани ҳалнома дар бораи ситонидани алимент оиди мувақаттан ситонидани алимент қарор барорад.
  2. Андозаи алименти муваққатан ситонидашавандаро суд бо назардошти вазъи моддӣ ё оилавии тарафҳо муайян менамояд. Андозаи алименти муваққатан барои таъминоти кӯдакони ноболиғ ситонидашаванда мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.

 

Моддаи 110. Ӯҳдадории маъмурияти ташкилот дар  бораи доштани алимент

 

Маъмурияти ташкилоти ҷои кори шахсе, ки ӯҳдадор  аст алимент диҳад, вазифадор мебошад, ки дар асоси созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқшудаи тарафҳо ё варақаи иҷро ҳар моҳ аз музди меҳнат ва (ё) даромади дигари алиментдиҳанда, ки ӯҳдадор аст алимент супорад, ё аз ҳисобномаи  шахси алиментдиҳанда на дертар аз се рӯзи пас аз санаи ба алиментдиҳанда додани музди меҳнат ва (ё) даромади дигари вай алиментро нигоҳ дошта, ба шахси алиментгиранда супорад.

 

Моддаи 111. Нигоҳ доштани алимент дар асоси созишномаи пардохти алимент

 

Нигоҳ доштани алимент дар асоси созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқшуда оид ба пардохти алимент дар ҳолатҳое сурат мегирад, ки агар маблағи умумии нигоҳдошташаванда  дар асоси созишнома ва варақаҳои  иҷро  аз панҷоҳ  фоизи маош ва (ё) дигар даромади шахси алиментдиҳанда бештар бошад.

 

Моддаи 112. Ӯҳдадории додани маълумот дар хусуси тағйири ҷои кори шахси алиментдиҳанда

 

  1. Маъмурияти ташкилоте, ки бо ҳалномаи суд ё созишномаи аз ҷониби идораи наториалии давлатй тасдиқшудаи пардохти алимент алиментро нигоҳ медошт, вазифадор аст, ки дар муддати се рӯз ба иҷрочии суди маҳали иҷрои ҳалнома дар бораи ситонидани алимент ва ба шахси алиментгиранда дар хусуси аз кор озод шудани шахси алиментдиҳанда ва агар маълум бошад, дар хусуси ҷои нави кор ё истиқомати ӯ хабар диҳад.
  2. Шахсе, ки барои додани алимент ӯҳдадор аст, бояд дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда ба иҷрочии суд ва ба алиментгиранда дар хусуси дигар шудани ҷои кор ё истиқоматаш ва дар сурати додани алимент ба кӯдакони ноболиғ инчунин дар хусуси музди кор ё даромади дигари иловагӣ хабар диҳад.
  3. Дар сурати бо сабабҳои беасос хабар надодани маълумоти дар қисмҳои 1 ва 2 ҳамин модда зикргардида, шахсони мансабдор ва шаҳрвандони дигаре, ки дар ин кор гунаҳгоранд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 113. Ситонидани  маблағ  аз  ҳисоби  молу мулки алиментдиҳанда  ҳангоми додани алимент

 

  1. Алимент ба андозаи муқаррарнамудаи созишномаи пардохти алимент ё ҳалномаи суд, инчунин қарзи пардохти алимент аз ҳисоби музди меҳнат ва (ё) даромади дигари алиментдиҳанда ситонида мешавад, вале дар сурати кам будани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, алимент аз ҳисоби маблағи алиментдиҳанда, ки дар ҳисобномаҳояш дар бонкҳо ё муассисаҳои дигари кредитӣ мебошанд, инчунин аз маблағҳои тибқи қарордод дар ташкилотҳои тиҷоратию ғайритиҷоратӣ гузошта шудаанд, ба ғайр аз қарордодҳое, ки боиси гузаштани ҳуқуқи моликият мегардад, ситонида мешавад.

Дар сурати нокифоя будани ин маблағ алимент аз ҳисоби ҳама гуна молу мулки алиментдиҳанда, ки мувофиқи қонун аз ҳисоби он маблағ ситонидан мумкин аст, ситонида мешавад.

  1. Ситонидани алимент аз ҳисоби маблағи дар ҳисобномаҳо будаи алиментдиҳанда ва молу мулки дигари ӯ мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунҳои Ҳумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 114. Муайян намудани қарзи вобаста  ба алимент

 

  1. Алимент дар асоси созишномаи пардохти алимент ё дар асоси варақаи иҷро барои мӯҳлати гузашта то давраи се сола ситонида мешавад, ки то пешниҳоди варақаи иҷро ё созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқгардидаи тарафҳо барои ситонидани алимент гузаштааст.
  2. Дар ҳолатҳое, ки алимент дар асоси варақаи иҷро ё созишномаи аз ҷониби нотариус тасдиқгардидаи тарафҳо оид ба ситонидани алимент бо айби шахсе, ки ӯҳдадор аст алимент супорад, пардохта нашуда бошад, алимент сарфи назар аз мӯҳлати сесолаи дар қисми 2 моддаи 108 ҳамин Кодекс муқарраргардида барои тамоми давра ситонида  мешавад.
  3. Андозаи қарзро иҷрочии суд дар асоси андозаи алименти бо ҳалномаи суд ё созишномаи пардохти алимент таъиншуда муайян менамояд.
  4. Андозаи қарзи алименти мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс барои кӯдаки ноболиғ додашаванда бо назардошти музди воқеии меҳнат ва даромади дигари қарздор дар давоми даврае, ки алимент ситонида нашудааст, муайян карда мешавад. Агар қарздор дар ин давра кор накарда бошад ё асноди тасдиқкунандаи музди меҳнат ва даромади дигари ӯ пешниҳод нагарданд, қарз дар асоси музди миёнаи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лаҳзаи ситонидани қарз муайян карда мешавад.
  5. Агар чунин муайянкунии қарз манфиати яке аз тарафҳоро ҷиддӣ поймол кунад, тарафе, ки манфиаташ поймол шудааст, ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд ва суд метавонад бо назардошти вазъи моддӣ ё оилавии тарафҳо ва дигар ҳолатҳои қобили таваҷҷӯҳ қарзро бо маблағи устувори пулӣ муайян кунад.
  6. Ҳангоми розӣ набудан бо муайянкунии қарзи алимент аз ҷониби иҷрочии суд ҳар яке аз тарафҳо метавонад тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз амали иҷрочии суд шикоят кунад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 115. Озод кардан аз додани  қарзи алимент

 

  1. Ҳангоми додани алимент барои кӯдакони ноболиғ бо мувофиқаи тарафҳо озод кардан аз пардохти қарз ё кам кардани он мумкин нест.
  2. Суд ҳуқуқ дорад бо даъвои алиментдиҳанда ӯро пурра ё қисман аз пардохти қарзи алимент озод намояд, агар муқаррар кунад, ки қарз бо сабаби бемории ин шахс ё бо дигар сабабҳои узрнок пардохта нашудааст ва вазъи моддию оилавии ӯ имконият намедиҳад, ки қарзашро пӯшонад.

 

Моддаи 116. Масъулият барои сари вақт  напардохтани алимент

 

  1. Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки ӯҳдадор аст тибқи созишномаи пардохти алимент алимент супорад, шахси гунаҳгор мувофиқи тартиби пешбининамудаи ҳамин созишнома ҷавобгар мебошад.
  2. Ҳангоми ба миён омадани қарз бо гуноҳи шахсе, ки тибқи ҳалномаи суд бояд алимент супорад, шахси гунаҳгор ба алиментгиранда аз маблағи напардохтаи алимент барои ҳар рӯзи гузаронидашуда дар ҳаҷми 0,1 фоиз ҷаримаи аҳдшиканӣ месупорад. (ҚҶТ аз 26.12.11с. №791)

Алиментгиранда инчунин ҳуқуқ дорад аз гунаҳгоре, ки ба пардохти алимент ӯҳдадор аст, барои сари вақт напардохтани алимент  тамоми зарареро, ки вобаста ба сари вақт анҷом надодани ӯҳдадориҳои пардохти алимент дар қисми ҷаримаи аҳдшиканӣ расонида шудааст, ситонад.

 

Моддаи 117. Нораво будани ба ҳисоб гирифтан ва  пас талаб карда  руёнидани  алимент

 

  1. Пардохтҳои алиментӣ аз ҳисоби талаботи дигари мутақобила сурат гирифта наметавонад.
  2. Пас талаб карда гирифтани маблағи пардохташудаи алимент, мумкин намебошад ба истиснои ҳолатҳои зерин:

- бекор кардани ҳалномаи суд ба сабаби мақсади индексатсияи пардохти алимент ё асноди қалбакиро пешниҳод кардани шахси алиментгиранда; (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

- беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент дар сурати бо роҳи фиреб, таҳдид ё зӯроварии алиментгиранда ба имзо расонидани он;

- бо ҳукми суд ошкор гардидани далели сохтакории ҳалномаи, созишномаи пардохти алимент ё варақаи иҷро, ки дар асоси онҳо алимент пардохта шудааст.

  1. Агар кирдори дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида аз ҷониби намояндаи кӯдаки ноболиғ ё аъзои болиғи ғайри қобили амали алиментгиранда содир шуда бошад, алимент пас талаб карда гирифта намешавад ва маблағи пардохтшудаи алимент тибқи даъвои шахси барои пардохти алимент ӯҳдадоршуда аз намояндаи гунаҳгор ситонида мешавад.

 

Моддаи 118.  Индексацияи пардохтҳои  алимент

 

  1. Маблағи алименти бо ҳалномаи суд дар шакли пули устувор ситонидашаванда аз ҷониби маъмурияти ташкилоти маҳали нигоҳ доштани алимент мутаносибан бо зиёдшавии андозаи ҳадди ақалли музди меҳнатӣ тибқи қонун муқарраргардида индексация карда мешавад.
  2. Ба мақсади индексатсияи пардохти алимент суд метавонад андозаи алиментро бо маблағи устувори пулӣ, ки ба андозаи муайяни ҳадди ақали музди меҳнат мувофиқ аст, муқаррар намояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791)

 

Моддаи 119. Пардохти алимент дар сурати барои сукунати  доимӣ ба  давлати дигар  рафтани алиментдиҳанда

 

  1. Шахсоне, ки барои сукунати доимӣ ба давлате мераванд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартномаи байналмилалии пешбиникунандаи эътирофи мутақобила ва иҷрои ҳалномаҳои судро дар хусуси ситонидани алимент ба имзо нарасонидааст, вазифадоранд бо аъзои оилаашон дар бораи пардохти алимент созишномаи хаттӣ ба имзо расонанд ва он бояд аз ҷониби нотариус тасдиқ арда шавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
  2. Дар сурати ҳосил нашудани мувофиқа, шахси манфиатдор ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат карда, дар шакли маблағи устувор муайян намудани алимент ва пардохти яквақтаи алимент ё ба ҳисоби маблағи алимент додани молу мулки мушаххас ё бо тариқи дигар додани алиментро талаб намояд.

 

Моддаи 120. Тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз додани алимент

 

  1. Агар ҳангоми набудани созишномаи тарафҳо оид ба пардохти алимент баъди тибқи тартиби судӣ муқаррар намудани андозаи алимент вазъи моддӣ ва оилавии алиментдиҳанда ё алиментгиранда тағир ёфта бошад, суд ҳуқуқ дорад бо талаби ҳар яки онҳо андозаи муқарраргардидаи алиментро кам кунад ё алиментдиҳандаро аз додани он озод намояд. Ҳангоми тағйир додани андозаи алимент ё озод кардан аз додани он  суд метавонад инчунин ҳар гуна манфиати дигари қобили таваҷҷӯҳи тарафҳоро ба инобат гирад.
  2. Агар муқаррар гардад, ки шахси ба балоғатрасидаи қобили амал нисбати шахси барои додани алимент ӯҳдадоршуда қасдан ҷиноят содир кардааст ё ҳангоми рафтори ношоистаи аъзои болиғи қобили амал дар оила суд метавонад ситонидани алиментро барои шахси болиғи қобили амал рад намояд.

 

Моддаи 121. Қатъ гардидани ӯҳдадориҳои  алимент

 

  1. Ӯҳдадориҳои алиментӣ, ки тибқи созишномаи пардохти алимент муқаррар карда шудаанд, бо фавти яке аз тарафҳо, гузашти мӯҳлати амали ҳамин созишнома ё тибқи дигар асосҳои пешбининамудаи ҳамин созишнома қатъ мегарданд.
  2. Пардохти алименти тибқи тартиби судӣ ситонидашаванда дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

- дар сурати ба балоғат расидани кӯдак ё дар ҳолати то ба балоғат расиданашон қобили амал ҳисоб шудани кӯдакони  ноболиғ;

- баъди фарзандхондӣ шудани кӯдаке, ки барои таъминоти ӯ алимент ситонида мешуд;

- пас аз таҳсилро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбӣ хатм кардани кӯдакони  ба балоғатрасида ё ба синну соли дар моддаи 86 ҳамин Кодекс муқарраргардида расидани  онҳо;  (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)

- ҳангоми аз ҷониби суд эътироф гардидани барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё қатъи мӯҳтоҷии алиментгиранда;

- дар сурати аз нав никоҳ кардани зан ё шавҳари собиқи мӯҳтоҷи корношоями алиментгиранда (моддаи 94 ҳамин Кодекс);

- вафот кардани шахси алиментгиранда ё шахсе, ки ба додани алимент ӯҳдадор аст