ТАРТИБИ БАСТАНИ СОЗИШНОМА БАЙНИ ТАРАФҲОИ ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ | 1994
Моддаи 301. Намудҳои созишнома ва иштирокчиёни он
1. Намудҳои созишномаҳо инҳоянд:
- генералӣ;
- соҳавӣ;
- минтақавӣ.
2. Созишномаи генералӣ принсипҳои умумии сиёсати шарикии иҷтимоию иқтисодӣ, равандҳои асосии ҳамкорӣ ва уҳдадориҳои тарафайни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои иттифоқҳои касаба, дигар намояндагони кормандон ва иттиҳодияҳои умумиҷумҳуриявии корфармоёнро дар соҳаи шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, таъмини ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ, зиёд кардани даромади кормандонро вобаста ба муътадил гардидани вазъи иқтисодиёт муайян мекунад.
3. Созишномаи соҳавӣ равандҳои иҷтимоию иқтисодии инкишофи соҳа, шароити меҳнат, сатҳи шуғл, музди меҳнат, кафолатҳои иҷтимоии кормандони соҳа ва масъалаҳои тарафайни сатҳи соҳавиро муайян менамояд.
4. Созишномаи минтақавӣ шароити умумии меҳнат, кафолат ва имтиёзҳои меҳнатиро дар минтақаи воҳиди дахлдори маъмурии ҳудудӣ муайян намуда, ҳангоми бастани шартнома ба ҳисоб гирифта мешавад ва барои тарафҳо ҳатмӣ мебошад.
5. Созишнома бо мувофиқаи тарафҳо метавонад дутарафа ва сетарафа бошад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар музокироти сетарафа иштирок мекунанд, дар сурати ба он талаб намудани ду тарафи дигар метавонанд аз бастани созишнома худдорӣ намоянд.
6. Созишномаҳо дар сатҳҳои зерин баста мешаванд:
- дар сатҳи ҷумҳуриявӣ - байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияи корфармоён ва намояндагони кормандони Тоҷикистон (созишномаи генералӣ);
- дар сатҳи соҳавӣ - байни мақомоти дахлдори давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён ва мақомоти соҳавии намояндагии кормандон;
- дар сатҳи вилоятӣ - байни мақомоти дахлдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои корфармоён ва иттиҳодияҳои вилоятии намояндагони кормандон;
- дар сатҳи шаҳрӣ (ноҳиявӣ) - байни мақомоти дахлдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён (моликон), намояндагони кормандон (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
1. Тартиб, муҳлати таҳия ва бастани созишнома ва ҳайати комиссия аз ҷониби тарафҳо муайян гардида, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд.
2. Лоиҳаи созишнома аз ҷониби комиссия таҳия гардида, аз тарафи мақомоти дахлдори идораи давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён, мақомоти иттифоқҳои касаба ё дигар намояндагони кормандон ба имзо расонида мешавад.
3. Тартиби мушаххаси бастани созишномаҳоро Низомномаи тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи намояндагони кормандон ва иттиҳодияҳои корфармоён тасдиқ кардааст, муайян менамояд.
1. Мазмуни созишнома аз инҳо иборатанд:
- уҳдадориҳо дар соҳаи пардохти музди меҳнат, ҳифзи меҳнат, киро кардан ва аз кор озод намудани кормандон;
- иҷрои маҷмӯи тадбирҳои махсус оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, чорабиниҳо оид ба инкишофи бозори меҳнат, таъминоти муфиди шуғли аҳолӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, аз ҷумла молҳои ниёзи мардум ва кишоварзӣ;
- муқаррар намудани меъёрҳои асосии сатҳи зиндагӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ;
- муқаррар намудани имтиёзҳо ва афзалиятҳои иловагӣ ба ташкилотҳо, корфармоёне (моликоне), ки ҷойҳои кории иловагӣ ташкил намуда, аз меҳнати маъюбон, занон, ҷавонон, аз ҷумла наврасон истифода менамоянд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897);
- иштироки кормандон дар истифодабарии даромадҳое, ки аз фурӯши молу мулки ба моликияти давлатӣ тааллуқдошта ба даст меоянд;
- ҳифзи манфиати кормандон ҳангоми хусусигардонии фонди манзил;
- зиёд намудани ҳаҷми иловапулиҳои хусусияти ҷубронидошта, ки андозаи ҳадди ақали онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;
- таъмини амнияти экологӣ ва ҳифзи саломатӣ;
- масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ;
- беҳтар намудани шароити хизматрасонии иҷтимоии шахсоне, ки дар истеҳсолот кор мекунанд, дигар масъалаҳои ба соҳаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ вобаста, инчунин уҳдадориҳо оид ба пешгирии ихтилофоти меҳнатӣ ва корпартоиҳо, таҳкими интизоми меҳнат, муайян намудани масъулияти иштирокчиёни созишнома, таъмини назорат оид ба раванди иҷрои созишнома.
2. Тарафҳо инчунин метавонанд дар созишнома шартҳои иловагиро муқаррар намоянд, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошанд.
1. Созишнома аз рӯзи имзо шудани он аз ҷониби тарафҳо ва ё аз рӯзи дар созишнома муқарраршуда эътибор пайдо мекунад. Давраи амал ва муҳлати бастани созишномаро тарафҳо муайян мекунанд.
2. Созишнома доираи кормандонеро, ки дар созишнома муайян карда шудааст, фаро мегирад.
Тағйиру иловаҳо ба созишнома тибқи тартиби барои бастани он муқарраргардида бо мувофиқаи тарафҳо ворид карда мешаванд.