ТАРТИБИ АДОИ ХИЗМАТ ДАР МАҚОМОТИ ГУМРУК | 1994

Моддаи 482. Хизмат дар мақомоти гумрук
1. Хизмат дар мақомоти гумрук намуди хизмати махсуси шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки фаъолияти касбиро ҷиҳати татбиқи вазифа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти гумрук мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад.
2. Тартиби адои хизмат дар мақомоти гумрук тибқи ҳамин Кодекс ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.
Моддаи 483. Қабул ба хизмат дар мақомоти гумрук
1. Корманди мақомоти гумрук он шахсе шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад, синнаш аз 20 кам ва аз 35 зиёд набошад, дорои таҳсилоти миёнаи махсус ё оли бошад, забони давлатиро донад , хизмати ҳарбии ҳатмии мӯҳлатнокро (ба истиснои занон, инчунин мардоне, ки билети ҳарбӣ доранд, ба ғайр аз онҳое, ки хизмати ҳарбиро дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ адо кардаанд) адо карда бошад  ва бо сифатҳои шахсӣ, ахлоқӣ, кордонӣ, касбӣ ва вазъи саломатии худ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда барояд (Конуни ЧТ аз 28.06.2011 № 747, аз 30.05.2017 № 1421, аз 29.01.2021 № 1768).
2. Дохил шудани шаҳрвандон ба хизмати мақомоти гумрук ихтиёри буда, он мувофиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти хусусиятҳои хоси пешбининамудаи ҳамин Кодекс, сурат мегирад.
3. Ба вазифаи мақомоти гумрук шаҳрвандони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва оли қабул карда мешаванд.
4. Барои дохил шудан ба хизмат дар мақомоти гумрук ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:
1) аризаи шахсӣ;
2) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ;
3) хулосаномаи тибби дар бораи коршоям будан ба хизмат.
4) тарҷумаи ҳол;
5) пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкӣ (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1621);
6) пешниҳоди дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
5. Талабот нисбати саломатии шаҳрвандоне, ки ба хизмати мақомоти гумрук меоянд, тибқи меъёрҳои барои хизматчиёни ҳарбӣ муқарраршуда муайян карда мешавад.
6. Ҳангоми дохил шудан ба хизмат дар мақомоти гумрук мӯҳлати санҷиш то шаш моҳ бидуни додани рутбаи махсус муқаррар карда мешавад.
Барои хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки онҳоро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба таҳсил фиристодааст ё барои онҳое, ки аз дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомигардонидашуда гузаштаанд, мӯҳлати санҷиш муқаррар карда намешавад.
7. Ба хизмати гумрукӣ шаҳрвандоне, ки доғи суди доштанд ё доранд (сарфи назар аз мӯҳлати адои ҷазои таъиншуда, озод кардан аз адои минбаъдаи ҷазо, қабул ва татбиқи санади авф, ба истиснои онҳое, ки аз тарафи суд сафед карда ё бегуноҳ дониста шудаанд), қабул карда намешаванд.
8. Шахсони дорои ӯҳдадории ҳарбӣ, ки ба хизмати мақомоти гумрук омадаанд, мувофиқи тартиби муайяншуда аз қайди ҳарбӣ баромада, ба қайди махсуси мақомоти гумрук гузошта мешаванд.
9. Бо мақсади таъмини техникии фаъолияти мақомоти гумрук дар воҳидҳои кории онҳо вазифаҳои дахлдори озоди кормандони кирояи мақомоти гумрук (минбаъд кормандон ва хизматчиён) пешбинӣ карда мешавад. Номгӯи вазифаҳои мазкур аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад. Муносибатҳои меҳнатии ҳайати кормандони кирояи (кормандон ва хизматчиёни) мақомоти гумрук мувофиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
10. Номгӯи вазифаҳои ҳайати хурд, миёна ва калони роҳбарикунандаи мақомоти гумрук ва талаботи тахассуси нисбати кормандони мақомоти гумрук, ки вазифаҳоро ишғол намудаанд аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тасдиқ карда мешавад.
11. Адои хизмат дар мақомоти гумрук дар парвандаи шахсии кормандони мақомоти гумрук дарҷ карда мешавад. Парвандаи шахсии кормандони мақомоти гумрук аз тарафи мақоми кадрии хадамоти гумрук пеш бурда мешавад ва ҳангоми гузаштани корманд ба маҳали дигари хизмат ба он ҷо фиристода мешавад. Тартиби пешбурди парвандаҳои шахсии кормандони мақомоти гумрукро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.
12. Ҳангоми қабул ва хизмат дар мақоми гумрук шаҳрванд бояд аз қайди давлатии дактилоскопи гузаронида шавад.
13. Ҷамъ ва дохил кардани маълумот доир ба мансубияти сиёсӣ, динӣ ва ҳаёти шахсии кормандони мақомоти гумрук дар парвандаи шахсӣ манъ аст.
14. Хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1298)
Моддаи 484. Маҳдудиятҳо ҳангоми адои хизмат дар мақомоти гумрук
1. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳуқуқ надоранд, ки:
1) ягон кори муздноки муштаракро ба истиснои фаъолияти илмию эҷодӣ ва омӯзгорӣ иҷро намоянд;
2) ба фаъолияти соҳибкорӣ шахсан ё ба воситаи миёнарав машғул шаванд;
3) мустақилона ва ё тавассути намоянда дар идораи субъектҳои хоҷагидорӣ ширкат варзанд;
4) дар корҳои шахси сеюм дар мақомоти гумрук шахси боваринок ё намоянда бошанд;
5) корҳои вобаста ба фаъолияти гумрукиро тибқи қарордоди дорои хусусияти ҳуқуқи шаҳрвандӣ ба ҷо оваранд;
6) ба шахсон бар ивази подош, хизматрасонӣ ва имтиёзҳо бо истифода аз вазифаи хизматӣ ҳар гуна кӯмаки дар қонун пешбининашударо расонанд;
7) вазифаи хизматии худро ба манфиати ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои динӣ барои таблиғи муносибат бо онҳо истифода намоянд (дар мақомоти гумрук ташкили сохторҳои ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин иттиҳодияҳои динӣ манъ аст);
8) корпартои ташкил кунанд ва дар гузаронидани онҳо иштирок намоянд.
Нисбати кормандони хадамоти гумрук инчунин дигар маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.
2. Кормандони мақомоти гумрук вазифадоранд дар давраи адои хизмат дар мақомоти гумрук ҳиссаи шахсии худ (пакети саҳмия)-ро дар сармояи оинномавии ташкилотҳои тиҷоратӣ тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идораи эътимоднок супоранд.
3. Ба кормандони мақомоти гумрук, ки хешу ақрабои наздик ё ба ҳам наздиканд (падару модар, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамчунин бародарону хоҳарони падару модар, писарон, духтарон, ҳамчунин бародарону хоҳарони падару модар, фарзандони зану шавҳар) агар он ба тобеияти бевосита ё таҳти назорати бевоситаи алоқаманд бошанд, адои хизмат дар ҳамон мақоми гумрук манъ аст.
Моддаи 485. Пешниҳоди эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии кормандони мақомоти гумрук
(Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1621)
Кормандони мақомоти гумрук (ба истиснои ҳайати техникӣ ва хизматрасон) эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ аз 20.06.2019 № 1621).
Моддаи 486. Савганди шахси мансабдори мақомоти гумрук
1. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба вазифа таъин мегарданд, баъди ду моҳи додани рутбаи аввали махсус савганди зеринро ёд мекунанд: "Савганд ёд мекунам, ки ҳангоми иҷрои вазифаи шахси мансабдори мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро бечунучаро риоя карда, истиқлолият ва амнияти иқтисодии Тоҷикистонро ҳимоя намуда вазифаҳои хизматии худро софдилона баҷо меоварам, талаботи интизоми хадамоти гумрукро риоя мекунам".
2. Тартиби маросими савгандёдкуниро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрук муайян мекунад.
Моддаи 487 Рутбаҳои махсуси шахсони мансабдори мақомоти гумрук
1. Рутбаҳои махсуси кормандони мақомоти гумрук аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
2. Тартиби додани рутбаҳои махсус ба кормандони мақомоти гумрукро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
3. Муқаррароти ҳамин модда инчунин нисбати роҳбарон ва мутахассисони муассисаҳои махсусгардонидашудаи гумрук татбиқ карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 488. Асосҳои қатъи хизмат дар мақомоти гумрук
1. Фаъолияти корманди мақомоти гумрук бо асосҳои зерин қатъ мегардад:
1) бо хоҳиши шахсӣ;
2) бинобар расидан ба синни ниҳоие, ки моддаи 500(1) Кодекси мазкур муқаррар намудааст (Қонуни ҶТ 28.12.2012 № 906);
3) баъди ба охир расидани мӯҳлати хизмат, ки ҳуқуқи ба нафақа баромаданро медиҳад (бо ташаббуси корманди мақомоти гумрук ва ё ризоияти ӯ);
4) бо сабаби ба охир расидани мӯҳлати хизмат мувофиқи қарордод;
5) бинобар риоя накардани шартҳои қарордод;
6) бо сабаби ихтисори ҳайати кормандон;
7) бо сабаби беморӣ - дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ оид ба корношоямии ӯ ба хизмат дар мақомоти гумрук;
8) бинобар иллатмандӣ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ оид ба нокифоя будани ҳолаташ барои хизмат ва бинобар беморӣ иҷро карда натавонистани ӯҳдадории хизматӣ, вобаста ба вазифааш ва набудани имконияти ба кори дигар гузаштан;
9) барои дағалона ва ё мунтазам вайрон кардани интизом;
10) барои содир кардани рафторе, ки ба шарафи корманди мақомоти гумрук доғ меорад;
11) эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунии суд ё қатъи парвандаи ҷиноятӣ тибқи асосҳое, ки сафед намекунанд (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678);
12) бо сабаби мувофиқат накардани вазифаи хизматӣ ба ихтисосаш аз рӯи натиҷаи аттестатсия;
13) ҳангоми вафот;
14) барои вайрон кардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо(Конун аз 30.07.2007с.№ 319);
15) бо сабаби қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
16) дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
2. Шахсони мансабдори мақомоти гумрукӣ аз хизмат ҷавобшуда ҳамчун низомии эҳтиётӣ ба қайд гирифта мешаванд, ба шарте ки онҳо ба синни ниҳоии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаштан ба ҷумлаи шахсони ҳарбии эҳтиётии коршоями хизмати ҳарбӣ нарасида бошанд.
Моддаи 489. Ҳуқуқу вазифаҳои кормандони мақомоти гумрук
1. Кормандони мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд:
1) бо тамоми маводи парвандаи шахсии худ шинос шаванд;
2) аз ҳисоби маблағе, ки барои таъмини мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ пешбинӣ шудааст, касбу ихтисос омӯзанд, ихтисоси худро тағйир ва такмил диҳанд;
3) аз кафолатҳо ва ҳифзи иҷтимоии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намоянд.
Кормандони мақомоти гумрук инчунин дорои дигар ҳуқуқҳое мебошанд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
2. Ҳуқуқу вазифаҳои хизматии кормандони мақомоти гумрук вобаста ба вазифаи ишғолнамудан онҳо бо дастуруламали вазифавӣ муайян карда мешаванд. Тартиби таҳия ва тасдиқи дастурамали вазифавиро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрук муқаррар менамояд.
3. Иҷрои амалҳои зерин аз тарафи кормандони мақомоти гумрук ҳамчун иҷрои вазифаҳои хизмати дониста мешавад:
1) иштирок дар ҷамъомаду машқҳои ҳарбӣ, мусобиқаҳо ва дигар чорабиниҳои хизматие, ки тибқи нақшаи тасдиқнамудаи роҳбари мақомоти гумрук гузаронида мешаванд;
2) амалҳо оид ба ҳимояи ҳаёт, саломатӣ, эътибори шаҳрвандон, ҳамчунин оид ба амнияти худ вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ;
3) гаравгон гаштан дар рафти иҷрои вазифаҳои хизматӣ;
4) рафтуомад ба ҷои кор ва сафари хизматӣ.
Моддаи 490. Ҳавасмандгардонии кормандони мақомоти гумрук
1. Кормандони мақомоти гумрук барои иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои хизматӣ, натиҷаҳои баланди хизматӣ, ташаббускорӣ, ҳимояи моликияти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ, кори тӯлонии бенуқсон, инчунин барои шуҷоату фидокорӣ ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.
Кормандони мақомоти гумрук метавонанд бо таври зайл ҳавасманд карда шаванд:
1) эълони раҳматнома;
2) бекор кардани ҷазои интизомии қаблан додашуда;
3) додани мукофоти пулӣ;
4) мукофотони бо тӯҳфаи пурқиммат;
5) сарфарозгардони бо ифтихорнома;
6) сарфарозгардони бо нишони сарисинагии "Корманди ифтихории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Аълочии хадамоти гумрук" ва медалҳои хадамоти гумрук (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 874);
7) дигар намуди ҳавасмандгардонӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Кормандони мақомоти гумрук бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳавасманд гардонида мешавад.
2. Кормандони мақомоти гумрук метавонанд, барои хизматҳои махсуси ҳимояи амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин корнамоиҳои дигари хизматӣ ба мукофотҳои давлатӣ пешбарӣ гарданд.
Моддаи 491. Ҷазоҳои интизоми барои кормандони мақомоти гумрук
1. Барои риоя накардани интизоми хизматӣ ба кормандони мақомоти гумрук метавонанд намудҳои зерини ҷазои интизомӣ дода шаванд:
1) сарзаниш (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845);
2) танбеҳ;
3) танбеҳи қатъӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1422);
4) гузарондан ба вазифаи поёнтар ба мӯҳлати то шаш моҳ (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845);
5) як зина паст кардани рутбаи махсус;
6) озод кардан аз мақомоти гумрук (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
2. Ҷазои интизоми гирифтани корманде, ки кирдори ношоям содир кардааст, ӯро аз ҷавобгарии моддӣ озод намесозад.
3. Ҷазои интизоми бояд муносиби гуноҳ ва кирдори содиршуда бошад. Ҳангоми муайян намудани ҷазо хусусияти кирдор, вазъияте, ки он содир шудааст, рафтори қаблии гунаҳгор, муносибати вай бо кору хизмат, собиқаи хизматӣ, тахассус ба инобат гирифта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1422).
Барои як кирдор таъин намудани якчанд ҷазои интизомӣ манъ аст.
4. Тартиби додани ҷазои интизоми ба кормандони мақомоти гумрук тибқи Оинномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Моддаи 492. Тартиби ба вазифа таъин намудани шахсони мансабдори мақомоти гумрук, ҷойивазкунӣ (ротатсия) ва ба кори дигар гузаронидани онҳо
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1298)
1. Сардорони раёсатҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони сардорони раёсатҳо, сардорони шуъбаҳо, сарнозирон, нозирони калон ва нозирони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, муовинони сардорони раёсатҳои минтақавии гумрукӣ, сардорони шуъбаҳо, гурӯҳҳо, гумрукҳо, дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва муовинони онҳо, сарнозирон, нозирони калон, нозирон ва нозирони хурди раёсатҳои минтақавии гумрукӣ, гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ, инчунин роҳбарон, сарнозирон, нозирони калон, нозирон ва мутахассисони муассисаҳои гумрукии махсусгардондашуда ва роҳбарони корхонаҳои воҳиди давлатии мақомоти гумрук дар асоси қарордод бо фармоиши роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба мансаб таъин карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2108).
2. Бо шахсони мансабдори мақомоти гумрукии дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ба мӯҳлати то се сол шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба имзо расонда мешавад. Барои шахсони мансабдори мақомоти гумрук, ки бори аввал ба ин вазифа таъин мешаванд, мӯҳлати санҷиш то 6 моҳ муқаррар карда мешавад.
3. Кормандони мақомоти гумрук, ки мавриди санҷишҳои хизматӣ қарор гирифтаанд, метавонанд муваққатан, аммо на зиёда аз ду моҳ аз иҷрои вазифаҳои мансабиашон бо нигаҳдории музди миёнаи меҳнат барканор карда шаванд. Қарори муваққатан аз вазифа барканор кардани кормандони дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ қабул менамояд.
4. Ҷойивазкунии (ротатсияи) шахсони мансабдори мақомоти гумрук, тартиби дар ихтиёри кадрҳо нигоҳ доштани онҳо бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ амалӣ карда мешаванд.
5. Барои муайян намудани мувофиқати кормандони мақомоти гумрук ба вазифаҳои ишғолнамудаашон ҳар се сол аттестатсияи кормандони мақомоти гумрук гузаронида мешавад. Тартиби гузаронидани аттестатсияи кормандони мақомоти гумрук бо Низомнома дар бораи тартиб ва шартҳои гузаронидани аттестатсияи кормандони мақомоти гумрук, ки аз тарафи роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад.
6. Кормандони мақомоти гумрук баъди ба мансабҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ интихоб ё таъин шуданашон дар ихтиёри кадрҳои мақомоти гумрук нигоҳ дошта мешаванд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1298).
Моддаи 493. Тартиботи дохилии фаъолияти мақомоти гумрук
1. Қоидаҳои тартиботи дохилӣ дар мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва раёсатҳои минтақавии он аз тарафи роҳбарони ин мақомот тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1932).
2. Давомнокии вақти хизмати ҳафтаинаи кормандони мақомоти гумрук набояд аз давомнокии ҳафтаинаи вақти кории муайяннамудаи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд бошад.
Кормандони мақомоти гумрук барои иҷрои вазифаҳои таъхирнопазир ё ғайричашмдошти хизматӣ метавонанд барои иҷрои вазифаҳои худ илова аз меъёри вақти хизматии муайяншуда, ҳамчунин шабонгоҳ рӯзҳои ид ва истироҳат бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шаванд.
Барои кормандони мақомоти гумрук, ки вазифаҳои худро дар шароити зараровар иҷро менамоянд, вақти кории кӯтоҳи хизматӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 494. Хусусиятҳои ба рухсатии меҳнати баромадани кормандони мақомоти гумрук
1. Ба кормандони мақомоти гумрук мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии меҳнатӣ дода мешавад.
Ҳангоми рухсатии меҳнатӣ ба кормандони мақомоти гумрук дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳкиро пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Ба кормандони мақомоти гумрук рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсолаи давомнокиаш 30 рӯзи тақвимӣ аммо ба шахсоне, ки дар маҳалҳои баландкӯҳ ва маҳалҳои шароити иқлимашон вазнин кор мекунанд, рухсатии давомнокиаш 45 рӯзи тақвимӣ дода мешавад. Номгӯи ин ноҳияву маҳалҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ 28.12.2012 № 906).
Сархати дуюми қисми 2 моддаи 494 хориҷ карда шуд (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 169).
3. Ба кормандони мақомоти гумрук ҳар сол чунин рухсатии пардохтшавандаи иловагӣ дода мешавад(Қонуни ҶТ 28.12.2012 № 906):
1) баъди 10 соли собиқаи хизматӣ - 5 рӯзи тақвимӣ (Қонуни ҶТ 28.12.2012 № 906);
2) баъди 15 соли собиқаи хизматӣ - 10 рӯзи тақвимӣ (Қонуни ҶТ 28.12.2012 № 906);
3) баъди 20 соли собиқаи хизматӣ - 15 рӯзи тақвимӣ (Қонуни ҶТ 28.12.2012 № 906).
4. Ба кормандони мақомоти гумрук мумкин аст ба сабабҳои асоснок рухсатии бемузди давомнокиаш то ду моҳ дода шавад. Чунин рухсати ба ҳисоби рухсатии навбатии ҳарсола дохил карда намешавад.
Моддаи 495. Музди меҳнати кормандони мақомоти гумрук
1. Музди меҳнати кормандони мақомоти гумрук аз пардохтҳои зерин иборат аст:
1) маоши вазифавӣ;
2) маош барои рутбаи махсус;
3) иловапулӣ барои собиқаи хизмат (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 169);
бандҳои чорум ва панҷуми қисми 1 хориҷ карда шуд (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 169).
2. Маоши вазифавӣ, маош барои рутбаи махсус, андоза ва тартиби додани иловапулӣ барои собиқаи хизмати кормандони мақомоти гумрукро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад (Қонун аз 3 марти соли 2006 № 169).
3. Ба корманди мақомоти гумрук ба ивази озуқавори ҷубронпулӣ пардохта мешавад, ки ҳаҷми он бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои ҳар сол муқаррар карда мешавад.
Моддаи 496. Ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кормандони мақомоти гумрук
1. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи хизматӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ (ба истиснои таксӣ) дар доираи маҳалли адои хизмат ба таври ройгон истифода намоянд. Тартиби пӯшонидани хароҷот барои истифодаи ройгон аз хизматрасонии нақлиётиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд  (Қонуни ҶТ аз 17.12.2020 № 1746).
2. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук баъди ба нафақа баромаданашон аз ҳуқуқу имтиёзҳое истифода мекунанд, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ кардааст, аз ҷумла таъминоти тиббӣ дар муассисаҳои табобатие, ки он ҷо ба қайд гирифта шудаанд.
3. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук аз ҳисоби маблағи буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи баробар ба ҳаҷми 8 - каратаи музди миёнаи якмоҳаашон ҳатман суғуртаи шахсии давлатӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 881).
Мақомоти суғуртаи давлатӣ маблағи суғуртаро дар мавридҳои зайл медиҳанд:
1) ҳалокати (вафоти) шахсони мансабдори мақомоти гумрук дар давраи кор ё баъди ҷавоб шудан, агар он дар натиҷаи расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ё зарари дигаре ба саломатӣ, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон вобаста аст, ба амал омада бошад - ба ворисонашон ба андозаи баробар ба ҳаҷми 8 - каратаи музди миёнаи якмоҳаи шахсони мансабдори мақомоти гумрук (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 881);
2) ба шахсони мансабдори мақомоти гумрук ба иртиботи иҷрои фаъолияти хизмати расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ё зарари дигаре ба саломатиашон, ки минбаъд ба фаъолияти касбӣ машғул шудани онҳоро ғайриимкон мегардонад, ба андозаи баробар ба ҳаҷми 6 - каратаи музди миёнаи якмоҳаашон (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 881);
3) ба шахсони мансабдори мақомоти гумрук ба иртиботи иҷрои фаъолияти хизматӣ расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ё зарари дигаре ба саломатиашон, ки дар натиҷаи он қобилияти кориашон ба таври пойдор гум нашуда, ба қобилияти минбаъд машғул шудан ба фаъолияти касбӣ асар накардааст, ба андозаи баробар ба ҳаҷми 5 - каратаи музди миёнаи якмоҳаашон (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 881).
Агар ба шахсони мансабдори мақомоти гумрук ба иртиботи фаъолияти хизматиашон ҷароҳати ҷисмонӣ ё ба саломатиашон зарари дигаре расонида шавад, ки минбаъд бо фаъолияти касбӣ машғул шудани онҳоро ғайриимкон мегардонад, барояшон ҳар моҳ дар шакли фарқи байни музди миёнаи якмоҳа ва нафақаи ба ҳамин муносибат таъиншуда, бидуни ба ҳисоб гирифтани маблағи пардохт, ки аз ҳисоби суғуртаи ҳатмии шахсии давлати гирифта шудааст, ҷубронпулӣ дода мешавад.
Агар шахсони мансабдори мақомоти гумрук вобаста ба фаъолияти хизматиашон ҳалок шаванд (вафот кунад), ҳамчунин шахсони мансабдори мақомоти гумрукӣ аз хизмат ҷавобшуда, дар натиҷаи вобаста ба фаъолияти хизматӣ ба онҳо ҷароҳати ҷисмонӣ ё ба саломатиашон зарари дигар расонидан вафот кунанд, ба аъзои ғайри қобили меҳнатӣ оилаи онҳо, ки нонхӯри онҳо мебошанд, дар шакли фарқи байни ҳиссаи барояшон баробаршавандаи қисми музди меҳнати ҳалокшуда (вафоткарда) ва нафақаи бинобар гум кардани саробон барояшон таъиншуда, бидуни ба ҳисоб гирифтани маблағи пардохт, ки аз ҳисоби суғуртаи ҳатмии шахсии давлатӣ гирифта шудааст, ҳар моҳ ҷубронпулӣ дода мешавад. Барои муайян кардани қисми мазкури маблағ музди миёнаи меҳнати шахси мансабдори ҳалокшуда (вафоткарда) ба шумораи аъзои оилаи нонхӯраш, аз ҷумла аъзои қобили меҳнат тақсим карда мешавад.
Зараре, ки ба тариқи несту нобуд кардан ва хароб кардан ба амволи шахсони мансабдори мақомоти гумрук ё ин ки ба амволи аъзои оилаи онҳо вобаста ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон расонида шудааст, дар ҳаҷми пуррааш, аз ҷумла фоидаи аз дастрафта аз рӯи тартиби муқарраркардаи қонунгузори ҷуброн мегардад.
Асос барои надодани суғуртапулиҳо ва ҷубронпулиҳои дар ҳамин модда пешбинишуда фақат ҳукмнома ё қарори суд нисбати шахсе шуда метавонад, ки ба ҳалокшавии (вафот кардани) шахсони мансабдори мақомоти гумрук ба онҳо расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ё нобуд кардану хароб кардани амволи ба онҳо тааллуқдошта айбдор дониста шудааст ва мувофиқи қарори дахлдор муқаррар шудааст, ки ин ҳодиса ба иҷрои вазифаи хизматиашон вобастагӣ надорад.
Моддаи 497. Таъминоти моддию маишии кормандони мақомоти гумрук ва аъзои оилаи онҳо
1. Ба шахсоне, ки дар мақомоти гумрук ба вазифа таъин шудаанд, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар навбати аввал, вале дар давоми як соли баъди муроҷиат манзили истиқоматии хизматӣ дода мешавад.
Мақомоти гумрук метавонад фонди манзили идоравӣ дошта бошад, ки тартиби ташкил ва истифодабарии он аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1298).
Дар сурати фавти шахси мансабдори мақомоти гумрук ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба аъзои оилаи марҳум ҳуқуқи гирифтани манзил боқӣ мемонад.
2. Кормандони мақомоти гумрук ва аъзои оилаи онҳо барои хизмати ройгони тиббӣ дар муассисаҳои тандурустии системаи мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд. Ҳангоми дар ҷойи кор ва ё дар ҷойи истиқомати корманди мақомоти гумрук набудани муассисаҳои тандурустии системаи мақомоти гумрук, шӯъбаҳои дахлдор дар онҳо ё таҷҳизоти махсуси тиббӣ, инчунин дар ҳолатҳои таъхирнопазир ба кормандони мақомоти гумрук ва аъзои оилаи онҳо дар муассисаҳои давлатӣ ё идоравии системаи тандурустӣ ёрии тиббӣ расонида мешавад.
3. Кормандони мақомоти гумрук ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми гузаронидан ба маҳали дигари хизмат мувофиқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷуброни хароҷоти роҳкиро ва интиқоли моли шахси тавассути нақлиёти роҳи оҳан, ҳавоӣ ва автомобилӣ аз ҳисоби маблағҳои мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ ҳуқуқ доранд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 498. Тайёр намудани кадрҳои мақомоти гумрук
1. Тарбияи мутахассисон, бозомӯзонӣ (тағйири тахассус) ва баланд бардоштани ихтисоси кормандони мақомоти гумрук дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар муассисаҳои таълимии давлатҳои хориҷӣ дар асоси санадҳои дахлдори ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
2. Тартиб ва шартҳои тайёр намудан, бозомӯзонӣ (тағйири тахассус) ва баланд бардоштани ихтисоси кормандони мақомоти гумрук аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мувофиқаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои таълимӣ муайян карда мешавад.
3. Ба хатмкунандаи муассисаҳои таълимӣ, ки аз ҳисоби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ барои таҳсил фиристода шуданд, баъди хатми муассисаҳои таълимии мазкур дар мақомоти гумрук мувофиқи ихтисос ва касбӣ гирифтааш вазифаҳо кафолат дода мешавад.
4. Ба донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олии хориҷӣ, ки дар доираи барномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳсил фиристода шудаанд, стипендияи ҳармоҳа, соле як маротиба кирои рафтуомад ба маҳали зисти доимӣ ва таҳсил пардохта шуда, инчунин онҳо бо либоси расмӣ таъмин карда мешаванд.
Моддаи 499. Либоси расмии кормандони мақомоти гумрук
1. Барои кормандони мақомоти гумрук пӯшида гаштани либоси расмӣ пешбинӣ карда мешавад. Шакли либоси мазкур, нишонаҳои фарқкунада ва меъёри таъмини ашёи кормандони мақомоти гумрукро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Тартиб, мӯҳлат ва қоидаҳои пӯшидани либоси расмиро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд.
2. Либоси расмӣ ба кормандони мақомоти гумрук аз ҳисоби буҷети давлат дода мешавад.
3. Дар ҳолатҳои бо либоси расмӣ таъмин накардани кормандони мақомоти гумрук ба онҳо ба андозаи арзиши либоси расмӣ, бо назардошти меъёри таъмини амвол мувофиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷубронпулӣ дода мешавад.
Моддаи 500. Таъмини нафақаи кормандони мақомоти гумрук
Таъминоти нафақаи кормандони мақомоти гумрук ва аъзои оилаи онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" амалӣ карда мешавад.
Моддаи 500(1). Маҳдудиятҳо вобаста ба синну сол, ки барои хизмат дар мақомоти гумрук муқаррар шудаанд
(Қонуни ҶТ 28.12.2012 № 906)
1. Кормандони мақомоти гумрук то расидан ба синни зайл ба адои хизмат дар ин мақомот ҳуқуқ доранд:
1) сержанти хурди хадамоти гумрук, сержанти хадамоти гумрук, сержанти калони хадамоти гумрук, старшинаи хадамоти гумрук, лейтенанти хурди хадамоти гумрук, лейтенанти хадамоти гумрук, лейтенанти калони хадамоти гумрук, капитани хадамоти гумрук - 53 солагӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1422);
2) майори хадамоти гумрук, подполковники хадамоти гумрук, полковники хадамоти гумрук - 58 солагӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1422);
3) генерал-майори хадамоти гумрук, генерал-лейтенанти хадамоти гумрук - 63 солагӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1422).
2. Кормандони мақомоти гумрук - занҳо бо хоҳиши худ метавонанд панҷ сол пештар аз мӯҳлати дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда ба нафақа бароянд.
3. Мӯҳлати адои хизмат дар мақомоти гумрук барои кормандони мақомоти гумрук, ки ба синни ниҳоии муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда расидаанд, аз ҷониби роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар асоси хулосаи комиссияи тиббии ҳарбӣ метавонад то ду сол тамдид карда шавад, ба истиснои кормандоне, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаб таъин ва аз мансаб озод карда мешаванд. Дар ин сурат бо корманд шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ баста мешавад(Қонуни ҶТ 28.12.2012 № 906).
Моддаи 500(2). Кӯмакпулии яквақта ба кормандони аз хизмат ҷавобшудаи мақомоти гумрук
(Қонуни ҶТ 28.12.2012 № 906)
1. Ба кормандони мақомоти гумрук ҳангоми ҷавоб шудан аз хизмат ва ё баромадан ба нафақа кӯмакпулии яквақта барои собиқаи хизматӣ пардохта мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1422):
- то 5 сол - ба андозаи 1 маоши таъминоти пулӣ;
- аз 5 то 10 сол - ба андозаи 2 маоши таъминоти пулӣ;
- аз 10 то 20 сол - ба андозаи 3 маоши таъминоти пулӣ;
- зиёда аз 20 сол ба андозаи 4 маоши таъминоти пулӣ (Қонуни ҶТ 28.12.2012 № 906).
2. Ба кормандони мақомоти гумрук, ки бо асосҳои сархатҳои сеюм, чорум, шашум, ҳафтум, ҳаштум, нуҳум, даҳум, ёздаҳум, дувоздаҳум, сенздаҳум, чордаҳум, шонздаҳум, ҳабдаҳум ва нуздаҳуми қисми 1 моддаи 42 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бандҳои 5), 9), 10), 11), 12) ва 14) қисми 1 моддаи 488 Кодекси мазкур ва (ё) бо асосҳое, ки Оинномаи интизомии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд, аз хизмат ҷавоб шудаанд, кумакпулии яквақтаи дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда пардохта намешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1422).
Моддаи 501. Барқароркунии кормандони мақомоти гумрук ба хизмат дар мақомоти гумрук
1. Ба кормандони мақомоти гумрук, ки ба хизмат барқарор шудаанд, вақти аз рӯзи озодшавии онҳо то рӯзи барқароршавӣ ба хизмат дар мақомоти гумрук ба собиқаи хизмати дарозмуддат барои додани рутбаи махсуси навбатӣ, додани иловапулӣ барои собиқаи хизматӣ дохил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1422).
2. Ба кормандони мақомоти гумрук, ки ба хизмат дар мақомоти гумрук барқарор карда шудаанд, музди миёнаи меҳнаташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
3. Роҳбари мақоми гумруке, ки дар бораи озод кардан аз кор дар мақомоти гумрук ё ба кори дигар гузаронидани корманди мақомоти гумрук бо вайрон кардани талаботи ҳамин Кодекс қарор қабул намудааст ё иҷрои қарори ба хизмати мақомоти гумрук барқароркунии корманди мазкурро боздоштааст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.