ТАРТИБ ВА ШАРТІОИ ИЇРОИ ЇАЗО ДАР НАМУДИ МАІДУД КАРДАНИ ОЗОДЊ | 1994
Моддаи 48. Маіалли адои їазо дар намуди маідуд кардани озодњ
1. Ашхоси ба маідуд кардани озодњ маікумшуда їазоро дар муассисаи махсус
- марказіои ислоіњ (табъидгоііо) адо мекунанд.
2. Ашхосе, ки нисбат ба оніо маідуд кардани озодњ тибѕи тартиби иваз
кардани намуди дигари їазо таъин шудааст, метавонанд барои адои їазо ба
марказіои ислоіњ (табъидгоііо) фиристода шаванд.
3. Маѕомоти іокимияти давлатњ дар маіаліо вазифадоранд ба маѕомоти
иїрокунандаи їазо дар намуди маідуд кардани озодњ барои бо кор таъмин
намудан ва беібуди вазъи маишии ашхоси барои адои їазо фиристодашуда
мусоидат намоянд.
Моддаи 49. Фиристодани ашхоси ба маідуд кардани озодњ маікумшуда ба
маіалли адои їазо
1. Ашхоси ба маідуд кардани озодњ маікумшуда, инчунин ашхосе, ки нисбат
ба оніо ин їазо тибѕи тартиби иваз кардани їазои дигар таъин шудааст, ба
маіалли адои їазо мустаѕилона, аз іисоби давлат равон карда мешаванд. Суде,
ки іукм (таъинот) баровардааст, дар давоми се рўз ба маѕоми коріои дохилии
маіалли истиѕомати маікумшуда (ва дар сурати набудани їои истиѕомат-ба
маіалли маікумшавњ) дар бораи иїрои іукми (таъиноти) эътибори ѕонунњ
пайдонамуда фармоиш ирсол мекунад. Маѕомоти коріои дохилњ на дертар аз
рўзи дигари гирифтани фармоиш ба маікумшуда дар хусуси сафар ба маіалли
адои їазо амрнома (предписания) месупорад. Дар мўілати на дертар аз се рўз
аз рўзи гирифтани амрнома маікумшуда вазифадор аст ба маіалли адои їазо
сафар кунад ва дар тўли мўілати барои сафар зарурњ, ки дар амрномаи сафар
зикр шудааст, ба он їой расад.
2. Дар іолати саркашњ намудани маікумшуда аз гирифтани амрномаи сафар
ба маіалли адои їазо ё дар мўілати муайян сафар накардан ё наомадан ба
маіалли адои їазо маікумшуда аз їониби маѕоми коріои дохилњ бо санксияи
прокурор ба мўілати то понздаі шабонарўз їиіати муайян намудани сабабіои
вайрон кардани тартиби сафари мустаѕилона ба маіалли адои їазо дастгир
карда мешавад. Дар сурати мавїуд набудани сабабіои узрнок маѕомоти
коріои дохилњ дастгиршударо тибѕи тартиби муѕарраршуда барои ашхоси ба
маірум сохтан аз озодњ маікумшуда ба маіалли адои їазо мефиристад ё дар
іолати аз адои їазо ашади саркашњ намудан маводро їиіати иваз кардани
їазои маідуд кардани озодњ ба маірум сохтан аз озодњ ба суд ирсол менамояд.
3. Маікумшудагоне, ки ѕисми адонакардаи їазояшон дар намуди маірум
сохтан аз озодњ бо їазои маідуд кардани озодњ иваз карда шудааст, аз іабс
озод карда шуда, оніо мустаѕилона, аз іисоби давлат ба марказіои ислоіњ
(табъидгоііо) сафар мекунанд. Дар чунин іолат маъмурияти муассисаи
ислоіњ ба маікумшуда амрномаи сафарро ба маіалли адои їазо месупорад, ки
дар он хатти сафар ва ваѕти расидан ба марказіои ислоіњ(табъидгоі) муайян
карда шудааст. Маъмурият инчунин метавонад ба мўілати то панї шабонарўз,
бидуни баіисобгирии ваѕти барои роі зарурњ, бо шарти дар оянда
мустаѕилона іозир шудан ба марказіои ислоіњ(табъидгоі) рухсатии
кўтоімуддат диіад.
4. Бо назардошти шахсияти маікумшуда, їойгиршавии муассисаи ислоіњ ва
марказіои ислоіњ (табъидгоііо) маікумшуда тибѕи таъиноти суд ба
марказіои ислоіњ (табъидгоііо) таіти назорати посбонон фиристода
шуданаш мумкин аст.
5. Маъмурияти маркази ислоіњ (табъидгоі) судеро, ки іукм (таъинот)
баровардааст, дар мавриди иїрои он фавран огоі месозад.
6. Дар іолати ба їои адои їазо іозир нашудани маікумшуда кофтукови ў
эълон карда мешавад.
7. Баъд аз дастгир намудани шахси маікумшуда вай ба їои иїрои їазо тибѕи
тартиби муѕарраршуда барои ашхоси ба маірум сохтан аз озодњ маікумшуда
фиристода мешавад, ё ин ки ба суд оиди иваз намудани їазои маідуд кардани
озодњ ба маірум сохтан аз озодњ пешниіод фиристода мешавад.
Моддаи 50. Тартиботи дохилњ дар марказіои ислоіњ (табъидгоі)
1. Дар марказіои ислоіњ(табъидгоііо) тартиботи дохилњ муѕаррар карда
мешавад, ки иніоро пешбинњ менамояд: тартиби ѕабули маікумшудагон,
ѕоидаіои рафтори маікумшудагон дар ваѕти кор ва истироіат, номгўи кор ва
вазифаіое, ки истифодаи меінати маікумшудагон манъ аст, тартиби кашида
гирифтани ашё, ки барои истифода манъ шудааст ва ѕоидаіои гузаронидани
санїиш.
2. Тартиботи дохилњ ба іамаи маікумшудагон эълон карда мешавад.
Моддаи 51. Баіисобгирии мўілати їазо дар намуди маідуд кардани озодњ
1. Мўілати їазо дар намуди маідуд кардани озодњ аз рўзи баѕайдгирии
маікумшуда дар маркази ислоіњ (табъидгоі) ба іисоб гирифта мешавад.
2. Ваѕти нигоі доштани маікумшуда таіти іабс ба сифати чораи пешгирњ ва
ваѕти сафар таіти назорати посбонон аз муассисаи ислоіњ ба маркази ислоіњ
(табъидгоі), іангоми иваз кардани ѕисми адонакардаи їазои маірум сохтан аз
озодњ ба маідуд кардани озодњ аз рўи іисоби як рўзи таіти іабс ѕарор доштан
баробар ба ду рўзи маідуд кардани озодњ, инчунин ваѕти рухсатии
кўтоімуддат пас аз озодшавњ аз муассисаи ислоіњ то іозир шудан ба маркази
ислоіњ (табъидгоі) ба мўілати їазо іисоб карда мешавад.
3. Ба мўілати їазо ваѕти худсарона іузур надоштани маікумшуда дар кор ё
набудани ў дар маіалли истиѕомат бештар аз як шабонарўз іисоб карда
намешавад.
Моддаи 52. Тартиби адои їазо дар намуди маідуд кардани озодњ
1. Маѕомоти іокимияти давлатњ дар маіаліо бо пешниіоди маѕомоти иїрои
їазои їиноятњ саріади іудуди маркази ислоіиро (табъидгоі) муайян намуда
ва ѕоидаи рафтори аіолиро дар ин іудуд муѕаррар менамоянд (Ѕонуни ЇТ аз
8.12.2003 № 55).
2. Нисбат ба маікумшудагон дар маркази ислоіњ (табъидгоі) Ѕоидаіои
тартиботи дохилии маркази ислоіњ (табъидгоі) амал мекунад, ки онро
Вазорати адлияи Їуміурии Тоїикистон бо мувофиѕаи Прокуратураи
генералии Їуміурии Тоїикистон тасдиѕ мекунад (Ѕонуни ЇТ аз 8.12.2003 №
55).
3. Ашхосе, ки їазоро дар намуди маідуд кардани озодњ адо мекунанд, бидуни
посбонон (ѕаровулон) нигоі дошта мешаванд, вале таіти назорат буда,
вазифадоранд:
а) талаботи Ѕоидаіои тартиботи дохилии маркази ислоіиро (табъидгоі)-ро
ѕотеона риоя кунанд;
б) дар он їое, ки маъмурияти маркази ислоіњ (табъидгоі) фиристодааст, кор
кунанд;
в) іамеша дар іудуди саріади маркази ислоіњ (табъидгоі) бошанд ва бидуни
иїозати маъмурият онро тарк накунанд. Ба ашхосе, ки їазояшон дар намуди
маідуд кардани озодњ тибѕи тартиби иваз ба їазои нисбатан сабуктар татбиѕ
карда шудааст, дар іолатіои зарурњ пас аз баѕайдгирии маікумшуда
маъмурияти маркази ислоіњ (табъидгоі) метавонад барои ба мўілати то панї
шабонарўз аз іудуди їои їойгиршавии маркази ислоіњ (табъидгоі) баромадан
иїозат диіад, агар чунин иїозат аз їониби маъмурияти муассисаи ислоіњ пас
аз озод намудан дода нашуда бошад;
г) чун ѕоида дар хобгоііои махсуси барои маікумшудагон таъингардида
зиндагњ карда, онро бидуни иїозати маъмурияти маркази ислоіњ (табъидгоі)
шабона тарк накунанд;
д) бидуни пардохти маош дар ободонии бино ва іудуди маркази ислоіњ
(табъидгоі) тибѕи тартиби бонавбат, дар ваѕтіои љайрикорњ ва ба мўілати на
бештар аз ду соат дар як іафта иштирок кунанд;
е) іуїїати шаіодатдиіандаи шахсии намунаи муѕарраршуда дошта бошанд.
4. Чун ѕоида дар як маркази ислоіњ (табъидгоі) ашхосе, ки маідуд кардани
озодњ тибѕи тартиби иваз ба їазои нисбатан сабуктар таъин карда шудааст ва
ашхосе, ки барояшон ин їазо мутобиѕи іукми суд таъин шудааст, бо іам нигоі
дошта намешаванд.
5. Маікумшудагоне, ки ѕаблан їазои маірум сохтан аз озодиро адо карда, дољи
судњ доранд, аз дигар маікумшудагон алоіида нигоі дошта мешаванд.
Маікумшудагоне, ки їиноятро дар шарикњ содир намудаанд, їазоро їудоїудо адо мекунанд.
6. Маікумшудагон ва биное, ки оніо истиѕомат мекунанд, таіти кофтуков ва
молу мулкашон таіти азназаргузаронњ ѕарор дода шуданаш мумкин аст
(Ѕонуни ЇТ аз 29.12.2010 № 648).
7. Ба маікумшудагон ба даст овардан, нигоі доштан ва истифодаи асбобу
анїом, ашё ва маводе, ки номгўи оніоро Ѕоидаіои тартиботи дохилии
марказіои ислоіњ муайян кардааст, манъ мебошад. Дар сурати ёфт кардани
чунин асбобу анїом, ашё ё мавод дар маікумшудагон оніо мутобиѕи ѕарори
сардори маркази ислоіњ (табъидгоі) аз маікумшудагон кашида гирифта шуда,
барои нигоідошт супурда мешаванд ё несту нобуд ва ё ба фоидаи давлат
гузаронида мешаванд (Ѕонуни ЇТ аз 29.12.2010 № 648).
8. Ба маікумшудагоне, ки Ѕоидаіои тартиботи дохилиро вайрон накардаанд
ва оиладор мебошанд, мутобиѕи ѕарори сардори маркази ислоіњ (табъидгоі)
иїозат дода шуданаш мумкин аст, ки бо оилаашон дар манзили ба иїора
гирифташуда ё манзили шахсњ зиндагњ кунанд. Ин маікумшудагон
вазифадоранд аз ду то шаш маротиба дар як моі їиіати баѕайдгирњ ба маркази
ислоіњ (табъидгоі) іозир шаванд. Давомнокии баѕайдгирњ бо ѕарори сардори
маркази ислоіњ (табъидгоі) муѕаррар карда мешавад.
9. Ба маікумшудагоне, ки їазоро дар намуди маідуд кардани озодњ адо
мекунанд, иїозат дода мешавад, ки дар муассисаіои таълимии олњ ва миёнаи
махсус, ки дар дохили воіидіои маъмурию іудудии маіалли адои їазо
воѕеанд, љоибона таісил кунанд.
Моддаи 53. Шароити меінати ашхосе, ки їазоро дар намуди маідуд
кардани озодњ адо мекунанд
1. Маікумшудагон дар ташкилотіои шакліои моликияташон гуногун ба кор
їалб карда мешаванд.
2. Меінати ашхоси ба маідуд кардани озодњ маікумшуда тибѕи ѕонунгузории
меінати Їуміурии Тоїикистон, ба истиснои ѕоидаіои ѕабул ба кор, озод
намудан аз кор, гузаронидан ба кори дигар танзим карда мешавад.
3. Ба кори дигар гузаронидани маікумшудагон, аз їумла ба маіалли дигар, аз
їониби маъмурияти ташкилоте, ки маікумшуда дар он кор мекунад, бо
мувофиѕаи маъмурияти маркази ислоіњ (табъидгоі) ва іаддалимкон бо
назардошти андешаи маікумшуда ва мутобиѕи нишондоди хулосаи тиббњ
анїом дода шуданаш мумкин аст.
4. Барои маікумшудагоне, ки ихтисоси зарурњ надоранд,
гирифтани таісилоти ибтидоии касбњ ё омодагии касбњ ташкил карда мешавад
(Ѕонуни ЇТ аз 14.05.2016 № 1307).
Моддаи 54. Ўідадориіои маъмурияти маркази ислоіњ (табъидгоі)
1. Маъмурияти маркази ислоіњ (табъидгоі) баіисобгирии маікумшудагонро
анїом медиіад; тартиб ва шартіои адои їазоро тавзеі медиіад; шароити корњ,
зист ва маишати маікумшудагонро фароіам меорад; риояи тартиб ва шартіои
адои їазоро таъмин мекунад; назоратро аз болои маікумшудагон ба амал
бароварда, їиіати пешгирии вайронкунии тартиби муѕарраргардидаи адои
їазо тадбиріо меандешад; бо маікумшудагон коріои тарбиявњ мебарад;
мутобиѕи тартиби муѕаррарнамудаи ѕонун чораіои мукофотонњ ва муїозотро
истифода мебарад; дар мавриди омода сохтани маікумшудагон ба озодњ
коріоро ба амал мебарорад.
2. Тартиби иїрои ўідадориіои зикршударо іамин Кодекс, инчунин дигар
санадіои меъёрии іуѕуѕњ муайян менамоянд.
Моддаи 55. Ўідадориіои маъмурияти ташкилоти маіалли кори
маікумшудае, ки їазоро дар намуди маідуд кардани озодњ адо мекунад
1. Маъмурияти ташкилоти маіалли кори ашхосе, ки їазоро дар намуди маідуд
кардани озодњ адо мекунанд, бо назардошти вазъи саломатњ ва аз рўи имкон
бо ихтисоси маікумшудагон оніоро барои бо кор таъмин намудан їалб
менамояд, барояшон таісилоти касбии ибтидоњ ва ё омодагии касбњ фароіам
меорад ва дар ташкили шароити манзилию маишњ иштирок менамояд (Ѕонуни
ЇТ аз 14.05.2016 № 1307).
2. Дар хусуси ба кор іозир нашудани маікумшуда ва гузоштани муїозоти
интизомњ маъмурияти ташкилот вазифадор аст фавран ба маъмурияти маркази
ислоіњ (табъидгоі) иттилоъ диіад.
3. Ба маъмурияти ташкилот бидуни розигии маъмурияти маркази ислоіњ
(табъидгоі) аз кор озод кардани ашхосе, ки їазоро дар намуди маідуд кардани
озодњ адо мекунанд, манъ аст.
Моддаи 56. Коріои тарбиявњ бо ашхосе, ки їазоро дар намуди маідуд
кардани озодњ адо мекунанд
1. Бо ашхосе, ки їазоро дар намуди маідуд кардани озодњ адо мекунанд, аз
їониби маъмурияти маркази ислоіњ (табъидгоі), инчунин маъмурияти
ташкилоти їои кори маікумшудагон ва сохторіои їамъиятњ коріои тарбиявњ
гузаронида мешаванд.
2. Шакліои асосии коріои тарбиявњ иборатанд аз:
а) коріои инфиродњ, ки дар асоси омўзиши шахсияти іар як маікумшуда бо
назардошти їинояти содирнамудаи ў, синну сол, таісилот, касб ва дигар
хислатіои маікумшуда гузаронида мешавад (Ѕонуни ЇТ аз 15.07.2004 № 48);
б) фаімонда додани ѕонуніои Їуміурии Тоїикистон;
в) коріои маданию оммавњ ва варзишию їисмонњ;
3. Иштироки фаъолонаи маікумшудагон дар гузаронидани чорабиниіои
дорои хусусияти тарбиявњ дошта іавасманд гардонида шуда, іангоми муайян
кардани дараїаи ислоішавњ ба инобат гирифта мешавад.
Моддаи 57. Чораіои іавасмандгардонњ, ки нисбат ба ашхоси адокунандаи
їазо дар намуди маідуд кардани озодњ истифода бурда мешаванд
1. Барои рафтори шоиста ва муносибати софдилона ба меінат маъмурияти
маркази ислоіњ (табъидгоі) нисбат ба маікумшудагон чораіои
іавасмандгардонии зайлро истифода бурда метавонад:
а) эълони раіматнома;
б) иїозат барои баромадан аз іудуди маркази ислоіњ (табъидгоі) барои
їашнгирии ид ва рўзіои истироіат;
в) додани иїозат барои берун аз іудуди маркази ислоіњ (табъидгоі)
гузаронидани рухсатњ;
г) пеш аз мўілат бардоштани муїозоти ѕаблан гузошташуда;
д) мукофотпулњ.
2. Маікумшудагонро тибѕи тартиби муѕаррарнамудаи ѕонун барои шартан
пеш аз мўілат аз адои їазо озод кардан ё барои ивази ѕисми адонанамудаи
їазояшон ба намуди їазои нисбатан сабуктар пешниіод кардан мумкин аст.
Моддаи 58. Їавобгарњ барои вайрон кардани тартиб ва шартіои адои їазо
дар намуди маідуд кардани озодњ ва барои саркашии ашаддњ аз адои ин
намуди їазо
1. Вайронкунии тартиб ва шартіои адои їазо дар намуди маідуд кардани
озодњ иборатанд аз: вайронкунии интизоми меінат, тартиботи їамъиятњ ё ин
ки вайрон кардани ѕоидаіои зисти барои маікумшудагон муѕарраршуда, оиди
оне, ки ба таври хаттњ ба ў чораіои муїозотњ гузошта шуда буд.
2. Барои вайрон кардани тартиби муѕарраршуда ва шартіои адои їазо дар
намуди маідуд кардани озодњ, ки дар ѕисми 1 іамин модда зикр гардидааст,
маъмурияти маркази ислоіњ (таъбидгоі) нисбат ба маікумшудагон чораіои
зайли муїозотро метавонад истифода барад (Ѕонуни ЇТ аз 14.05.2016 №
1307):
а) танбеі;
б) мутобиѕи Ѕоидаіои тартиботи дохилии маркази ислоіњ (табъидгоі)
їойгиркунонњ дар изолятори (тавѕифгоіи) интизомњ ба мўілати то се
шабонарўз;
в) манъи баромадан аз іудуди хобгоі дар соатіои муайяни шабонарўз ба
мўілати то як моі;
г) огоіонњ дар мавриди имконпазирии иваз намудани їазои маідуд кардани
озодњ ба маірум сохтан аз озодњ.
3. Саркашии ашаддњ аз адои їазо дар намуди маідуд кардани озодњ ин
худсарона ва бидуни сабабіои узрнок содир намудани кирдори зайл мебошад:
а) тарки іудуди маркази ислоіњ (табъидгоі);
б) барнагаштан ё сари ваѕт наомадан ба маіалли адои їазо;
в) тарк кардани їои кор ё маіалли истиѕомат.
4. Іангоми дар давоми даі шабонарўз ёфт нашудани маікумшуда, ки іудуди
маркази ислоіњ (табъидгоі)-ро тарк намудааст, нисбати ў кофтуков эълон
гардида, ў бояд дастгир карда шавад.
5. Дар мавриди дастгир намудани маікумшудае, ки іудуди маркази ислоіњ
(табъидгоі)-ро бидуни сабабіои узрнок худсарона тарк намудааст, маѕомоти
коріои дохилњ ўро ба їои адои їазо тибѕи тартиби муѕарраршуда барои
ашхоси ба маірум сохтан аз озодњ маікумшуда мефиристонад. Іангоми
мавїуд будани маълумотіо оиди ашаддњ саркашњ намудани маікумшуда аз
адои їазо ба суди маіалли дастгиршудаи ў дар бораи иваз кардани ѕисми
адонашудаи мўілати їазои маідуд кардани озодњ ба маірум сохтан аз озодњ
пешниіод фиристонида мешавад.
6. Дастгир ва нигоі доштани маікумшуда дар іолатіое, ки ѕисми 3 іамин
модда пешбинњ намудааст, аз їониби маѕомоти коріои дохилњ ё маъмурияти
маркази ислоіњ (табъидгоі) бо розигии прокурор ва ѕарори суд дар мўілати
на зиёда аз си шабонарўз иїро карда мешавад. Маблаљіое, ки барои їустуїў
ва дастгир намудани маікумшуда сарф мешавад, аз іисоби маікумшуда ба
тариѕи судњ ситонида мешавад (Ѕонуни ЇТ аз 29.12.2010 № 648, аз 28.12.2012
№ 924, аз 14.05.2016 № 1307).
Моддаи 59. Тартиби истифодаи чораіои іавасмандгардонњ ва муїозотњ
нисбат ба ашхосе, ки їазоро дар намуди маідуд кардани озодњ адо
мекунанд
1. Чораіои іавасмандгардонњ ва муїозотњ ба таври хаттњ татбиѕ карда
мешаванд.
2. Іангоми истифодаи чораіои муїозот іолатіои содир намудани
ѕонуншиканњ, шахсияти маікумшуда ва рафтори ў то содир намудани кирдор
ба инобат гирифта мешавад. Муїозоти татбиѕшаванда бояд ба хусусият ва
вазнинии кирдори содирнамудаи маікумшуда мувофиѕ бошад. Муїозот дар
мўілати на дертар аз даі шабонарўз аз рўзи ошкор гардидани кирдор ва дар
сурате, ки вобаста ба кирдор санїиш анїом дода шуда бошад, аз рўзи хатми
он, вале на дертар аз як моіи баъди содир намудани кирдор татбиѕ карда
мешавад. Муїозот, чун ѕоида, фавран ва дар іолатіои мустасно - дар мўілати
на дертар аз як моіи татбиѕ шудани он иїро карда мешавад.
3. Ба татбиѕ намудани чораіои іавасмандгардонњ ва муїозотии
пешбининамудаи іамин Кодекс дар іаїми пурра сардори маркази ислоіњ
(табъидгоі) ва шахсе, ки ўро иваз мекунад, іуѕуѕ доранд. Сардори даста
(отряд) іуѕуѕ дорад ба маікумшуда раіматнома эълон кунад.
Моддаи 60. Назорат аз болои ашхосе, ки ба їазои маідуд кардани озодњ
маікум шудаанд ва чораіои пешгирии вайрон кардани тартиби
муѕарраршудаи адои іамин їазо
1. Назорат аз болои ашхосе, ки ба їазои маідуд кардани озодњ маікум
шудаанд, аз їониби маъмурияти маркази ислоіњ (табъидгоі) сурат гирифта, аз
мушоіида ва назорат аз болои маікумшудагон дар їои кор ва маіалли
истиѕоматиашон, инчунин дар ваѕтіои фориљ аз меінат иборат аст. Тартиби
татбиѕи назоратро санади меъёрию іуѕуѕњ муайян менамояд.
2. Дар сурати аз їониби маікумшудагон вайрон кардани тартиботи їамъиятњ
їиіати тартиб додани протоколи ѕонуншиканњ, таъмини баррасии саіеі ва
сариваѕтии мавод, іушёр сохтани маікумшуда ва ё фиристодани ў ба
муассисаіои дахлдори тиббњ то іалли масъалаи нисбат ба ў андешидани чораи
муїозот ў ба изолятори (тавѕифгоіи) интизомњ, вале ба мўілати на бештар аз
24 соат їойгир карда шуданаш мумкин аст.
Моддаи 61. Таъминоти моддию маишњ ва тиббиву беідории ашхосе, ки ба
маідуд кардани озодњ маікум шудаанд
1. Ашхоси ба маідуд кардани озодњ маікумшуда дар маркази ислоіњ
(табъидгоі) бо шароити зарурии манзилию маишњ таъмин карда мешаванд.
Оніо дар хобгоііои умумии маркази ислоіњ (табъидгоііо), ки барояшон їои
хоби инфиродњ ва лавозимоти хоб дода мешавад, їойгир кунонида мешаванд.
Меъёри майдони истиѕоматњ ба іисоби іар як маікумшуда набояд аз чаіор
метри мураббаъ камтар бошад.
2. Сару либос, либоси таг ва пойафзол аз маблаљи худи маікумшудагон
мустаѕилона харида мешавад. Озуѕавории маікумшудагон аз їониби
маъмурияти маркази ислоіњ (табъидгоі) ташкил шуда, аз іисоби маблаљіои
шахсии маікумшудагон пардохта мешавад. Іангоме, ки маікумшудагон бо
сабабіои ба оніо новобаста маблаљ надошта бошанд, оніо аз іисоби давлат,
тибѕи тартиби инфиродњ бо озуѕа таъмин карда мешаванд.
3. Барои ашхоси ба маідуд кардани озодњ маікумшуда ёрии пешгириву
муолиїавњ ва беідориву пешгирњ мутобиѕи ѕонунгузории Їуміурии
Тоїикистон оид ба іифзи саломатии аіолњ ва тартиби адои їазои
муайяннамудаи іамин Кодекс расонида мешавад.
4. Барои таъминоти тиббии амбулатории маікумшудагон бо ѕарори Вазорати
адлияи Їуміурии Тоїикистон ва Вазорати тандурустњ ва іифзи иїтимоии
аіолии Їуміурии Тоїикистон муассисаи тиббњ таъсис дода шуданаш мумкин
аст (Ѕонуни ЇТ аз 8.12.2003 № 55, аз 23.11.2015 № 1231).
5. Хизматрасонии тиббии беморхонавии маікумшудагон аз їониби
муассисаіои маѕомоти тандурустии маіалли їойгиршавии маркази ислоіњ
(табъидгоі) мутобиѕи тартиби муѕаррарнамудаи санади меъёрию іуѕуѕии
Вазорати тандурустњ ва іифзи иїтимоии аіолии Їуміурии Тоїикистон бо
мувофиѕаи Вазорати адлияи Їуміурии Тоїикистон анїом дода мешавад
(Ѕонуни ЇТ аз 8.12.2003 № 55, аз 23.11.2015 № 1231).
6. Маъмурияти маркази ислоіњ (табъидгоі) барои иїрои талаботи
муѕарраршудаи беідориву беідоштњ ва зиддисироятњ масъулият дорад.
ФАСЛИ IV.Хориї карда шуд
(Ѕонуни ЇТ аз 15.07.2004 № 48)