ТАРТИБ ВА МӯҲЛАТИ ПАРДОХТИ БОҶҲОИ ГУМРУКӢ ВА АНДОЗ | 1994
Моддаи 373. Пардохткунандагони боҷҳои гумрукӣ ва андоз
1. Пардохткунандагони боҷҳои гумрукӣ ва андоз декларантҳо ё шахсони дигаре мебошанд, ки дар асоси ҳамин Кодекс вазифаи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба ӯҳдаи онҳо гузошта шудааст.
2. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад боҷҳои гумрукӣ ва андози моли аз сарҳади гумрукӣ интиқолшавандаро пардохт намояд.
1. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз то қабули декларатсияи гумрукӣ аз ҷониби мақомоти гумрук ё ҳамзамон бо он, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, пардохт мешаванд.
2. Ҳангоми воридоти мол боҷҳои гумрукӣ ва андоз бояд дар давоми 15 рӯзи пешниҳоди мол ба мақоми гумрук дар маҳалли расидани он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз рӯзи анҷом ёфтани транзити дохилии гумрукӣ пардохта шаванд, ба шарте агар мол дар маҳали воридшавии он декларатсия карда нашавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Ҳангоми содироти мол боҷи гумрукӣ бояд дар мӯҳлати на дертар аз рӯзи пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ пардохта шавад, ба шарте агар ҳамин Кодекс тартиби дигарро муқаррар накарда бошад.
4. Дар сурати тағйир ёфтани низоми гумруки боҷҳои гумрукӣ ва андоз бояд то рӯзе, ки ҳамин Кодекс барои анҷом додани амали низоми гумрукии тағйирёбанда муқаррар кардааст, пардохта шаванд.
5. Ҳангоми ба мақсади дигар истифода кардани моли шартан иҷозатдодашуда на бо мақсаде, ки вобаста ба он имтиёзҳои гумрукӣ пешниҳод шуда буданд, барои ҳисоби фоизҳо (моддаи 393) мӯҳлати супурдани боҷҳои гумрукӣ ва андоз рӯзи аввале ҳисоб меёбад, ки шахс талаботи маҳдудият барои истифодабари ва ихтиёрдории молро вайрон кардааст. Агар муайян намудани ин рӯз имконнопазир бошад, рӯзи аз тарафи мақомоти гумрук қабул шудани декларатсияи гумрукӣ ба ин гуна мол рӯзи оғози мӯҳлати супурдани боҷу андозҳо ҳисоб карда мешавад.
6. Ҳангоми вайрон кардани талабу шартҳои расмиёти гумрукӣ, ки мутобиқи ҳамин Кодекс шахсро ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз вазифадор месозад, мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ барои ҳисоби фоизҳо рӯзи содир шудани чунин қонуншикани ҳисоб мешавад. Агар муайян кардани чунин рӯз имконнопазир бошад, рӯзи оғози амали расмиёти дахлдори гумрукӣ мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз шуморида мешавад.
7. Мӯҳлати пардохти боҷи гумрукӣ ва андози моле, ки шахсони воқеӣ барои истифодаи шахси интиқол медиҳанд, дар муросилоти байналмилалии почта, тавассути қубурҳо ва хатҳои барқ интиқол дода мешавад, моли муваққатан воридкардашуда ва қисман аз боҷҳои гумрукӣ ва андоз озод кардашуда, моли ғайриқонуни воридкардашудае, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз харидорони он пайдо карда шудаанд (созмонҳои машғули тиҷорати яклухт ё чаканаи моли воридшуда) тибқи ҳамин Кодекс муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
1. Пешпардохт маблағест, ки ба суратҳисоби депозитии мақоми гумрук, ки намуна ва тартиби истифодаи онро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо розигии мақоми давлатии ваколатдор дар соҳаи молия муайян мекунад ба ҳисоби пардохти минбаъдаи гумрукӣ ворид гаштааст ва аз ҷониби пардохткунанда ба сифати намудҳои мушаххас ва маблағи пардохти гумрукӣ нисбати моли мушаххас ҳаммонанд карда нашудааст.
2. Пешпардохт мумкин аст ба суратҳисоби депозитии мақоми гумрук дар хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо арзи хориҷӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2001).
3. Маблағе, ки мақоми гумрук ба сифати пешпардохт гирифтааст, амволи шахсе ба шумор меравад, ки пешпардохтро супоридааст ва то замоне, ки ин шахс дар ин бора ба мақоми гумрук фармоиш накардааст ё мақоми гумрук пешпардохтро мутобиқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон наситонад, наметавонад ҳамчун пардохти гумрукӣ ҳисоб карда шавад.
Пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ аз тарафи супорандаи пешпардохт ё аз тарафи намояндаи вай ё анҷом додани амалҳои дигаре, ки гувоҳи ҳамчун пардохти гумрукӣ истифода бурдани маблағи худ мебошад, ҳамчун супориши шахси пешпардохтро анҷомдода баррасӣ мегардад.
4. Бо дархости пардохткунанда мақоми гумрук вазифадор аст ба вай дар бораи харҷ шудани маблағе, ки ба сифати пешпардохт супоридааст, дар давоми 30 рӯзи баъди гирифтани дархости хаттӣ ҳисобот пешниҳод намояд. Агар пардохткунанда аз натиҷаи ҳисоботи мақоми гумрук рози набошад, харҷи маблағи пардохткунанда якҷоя санҷида мешавад. Натиҷаи чунин санҷиш бо санади тибқи намунаи муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба расмият дароварда мешавад. Санад дар ду нусха таҳия гардида, ба он мақоми гумрук ва пардохткунанда имзо мегузоранд. Як нусхаи он баъди имзо ба пардохткунанда бояд дода шавад.
5. Пешпардохтҳо тибқи қоидаҳои барои баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз пешбининамудаи ҳамин Кодекс (боби 48) баргардонида мешаванд, ба шарте ки аризаи баргардонидани Пешпардохтҳо дар зарфи се соли ба ҳисоби депозитии мақоми гумрукӣ гузаронидани он пешниҳод шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2001).
1. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба суратҳисоби мақоми гумрукӣ дар системаи хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронда мешавад, ки ба ин мақсад онҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудаанд, ба истиснои ҳолати пешбининамудаи қисми 4 моддаи 317 ҳамин Кодекс (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2001).
2. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо интихоби пардохткунанда, ҳам бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам бо асъори хориҷӣ, ки қурби онро Бонки миллии Тоҷикистон муайян мекунад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2001).
3. Асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асъори хориҷӣ бо мақсади пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки ба асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда шудааст, тибқи нархе мубодила мешавад, ки дар рӯзи аз тарафи мақоми гумрук қабул намудани декларатсияи гумрукӣ амал мекунад, вале ҳангоми ба пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ вобаста набудани ӯҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи нархи рӯзи пардохти воқеӣ иваз карда мешавад.
4. Боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар шакл пардохта мешавад.
ӯҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз бо назардошти хусусиятҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс чунин иҷрошуда ҳисоб меёбад:
1) аз лаҳзаи пардохт тариқи ғайринақдӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2001);
2) аз лаҳзаи ба ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ҳисоби кардани (гузаронидани) боҷҳои гумрукӣ ва андози барзиёд пардохтшуда ё маблағи барзиёд ситонидашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, вале агар чунин баҳисобгирӣ бо ташаббуси пардохткунанда сурат гирад, - аз лаҳзаи қабули ариза дар хусуси баҳисобгирӣ;
3) аз лаҳзаи ба ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ ҳисоби кардани (гузаронидани) боҷҳои гумрукӣ ва андози пешпардохт ё гаравпулӣ ва агар чунин баҳисобгири бо ташаббуси пардохткунанда сурат гирад, - аз лаҳзаи гирифтани супориш аз ҷониби мақоми гумрук дар хусуси баҳисобгирӣ;
4) аз лаҳзаи ба ҳисоби пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳисоби кардани (гузаронидани) маблағи пардохтаи бонк ё ташкилоти кредитӣ ё ташкилоти суғурта мутобиқи кафолати бонки ё қарордоди суғурта, инчунин аз тарафи кафолатдиҳанда мутобиқи қарордоди кафолат;
5) аз лаҳзаи рӯёндани пардохтҳои гумрукӣ аз моле, ки аз он боҷи гумрукӣ ва андоз супурда нашудааст ё маводи ба гарав гузошташуда ё амволи дигари пардохткунанда, ба шарте, ки андозаи ин маблағ аз қарзи пардохтшавандаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз камтар набошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2023 № 2001).