ТАНЗИМИ КАНОРАГИРӢ АЗ АНДОЗБАНДӢ ВА ПЕШГИРИИ САРКАШӢ АЗ ПАРДОХТИ АНДОЗ | 1994

Моддаи 35. Комиссия оид ба масъалаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ
1. Комиссия оид ба масъалаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ таъсис дода мешавад. Комиссия мақоми машваратӣ ва мустақил буда, қарор қабул намекунад ва вазифаи он мутобиқи талаботи моддаи 36 Кодекси мазкур ба мақомоти андоз пешниҳод намудани хулосаҳои машваратӣ оид ба масъалаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ мебошад.
2. Комиссия дар ҳайати на камтар аз панҷ аъзо таъсис дода мешавад. Ҳар узви комиссия бояд дар масъалаҳои андоз ё тиҷорат (бизнес) таҷрибаи кофӣ дошта бошанд. Хизматчиёни давлатӣ ва шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шудаанд, аъзои комиссия буда наметавонанд. Аъзои комиссия ба муҳлати як сол таъин карда мешаванд ва метавонанд такроран таъин карда шаванд. Раиси комиссия аз ҳисоби аъзои комиссия интихоб карда мешавад. Раиси комиссия тартиби кори комиссияро муайян мекунад.
3. Мақомоти андоз мутобиқи қисми 2 моддаи 36 Кодекси мазкур маводро барои гирифтани хулосаи машваратӣ бо тартиби муқарраршуда ба Комиссия пешниҳод менамояд. Комиссия бо аксарияти овозҳо хулосаи машваратиро қабул менамояд ва дар ҳолати мавҷуд будани ақидаи махсуси яке аз аъзои комиссия, он дар хулоса ҳамчун ақидаи махсус дарҷ карда мешавад. Хулосаи машваратии комиссия бояд дар давоми 28 рӯзи тақвимӣ ба мақомоти андоз пешниҳод карда шавад.
4. Мақомоти андоз тибқи қисми 4 моддаи 36 Кодекси мазкур қарори ниҳоии худро аз рӯи хулосаи комиссия оид ба масъалаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ қабул менамояд.
5. Низомномаи комиссия оид ба масъалаҳои канорагирӣ аз андозбандиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия муайян мекунад.
  Моддаи 36. Муқовимат ба амалҳои канорагирӣ аз андозбандӣ
1. Канорагирӣ аз андозбандӣ - амалҳое мебошанд, ки саркашӣ аз пардохти андоз дониста намешаванд, вале ба андозсупоранда имконият медиҳад, ки дар доираи қонунгузории андоз ҳаҷми уҳдадории андозии худро кам намояд.
2. Муқаррароти моддаи мазкур муқовимат ба амалҳои канорагирӣ аз андозбандӣ ҳисобида мешаванд, агар:
- андозсупоранда дар натиҷаи анҷом додани амалҳои канорагирӣ аз андозбандӣ манфиати андозӣ гирифта бошад;
- моҳияти татбиқи тадбири канорагирӣ аз андозбандӣ ё қисми онро ба инобат гирифта, ба таври асоснок хулоса баровардан мумкин бошад, ки андозсупоранда ё яке аз андозсупорандагоне, ки чунин тадбирро асосан бо мақсади ба даст овардани манфиати андозӣ анҷом додааст.
3. Агар мақомоти андоз тадбири анҷомдодаи андозсупорандаро ҳамчун амали канорагирӣ аз андозбандӣ ҳисобад, уҳдадор аст маводро барои гирифтани хулосаи машваратӣ ба Комиссия оид ба масъалаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ пешниҳод намояд. Комиссия дар муҳлати дар қисми 3 моддаи 35 Кодекси мазкур муқарраршуда ба мақомоти андоз хулосаи машваратӣ пешниҳод менамояд. Мақомоти андоз уҳдадор аст, ки дар давоми 3 рӯзи корӣ ба андозсупоранда нусхаи хулосаи машваратии комиссияро пешниҳод намояд.
4. Дар ҳолати аз ҷониби комиссия эътироф гардидани тадбирҳои анҷомдодаи андозсупоранда ҳамчун амали канорагирӣ аз андозбандӣ, мақомоти андоз тадбирҳои зеринро татбиқ менамояд:
- уҳдадориҳои андозии андозсупорандаро аз нав, бидуни истифодаи амалҳои канорагирӣ аз андозбандӣ ё ба тарзе, ки барои кам кардани манфиати андозии дар Кодекси мазкур муқаррар гардидааст, муайян менамояд;
- бо мақсади пешгирии андозбандии дукарата ба уҳдадориҳои андозии дигар андозсупорандагон, ки аз амалҳои канорагирӣ аз андозбандӣ зарар дидаанд, тасҳеҳот ворид менамояд.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ нисбат ба андозсупоранда усулҳои алтернативии андозбандии дар сархати якуми қисми 4 ҳамин модда зикргардидаро татбиқ менамояд.
6. Мақомоти андоз муқаррароти қисми 4 ҳамин моддаро нисбат ба андозсупоранда ва андозсупорандагони дигаре, ки аз амалҳои канорагирӣ аз андозбандӣ зарар дидаанд, дар асоси хулосаи комиссия дар давоми 5 сол аз рӯзи охирини соли андоз, ки дар он амали канорагирӣ аз андозбандӣ истифода шудааст, татбиқ менамояд.
7. Дар моддаи мазкур:
1) "амалҳои канорагирӣ аз андозбандӣ" маънои созиш, аҳд, ваъда, уҳдадорӣ, амалиёт ё амали воқеан анҷомёфта ё банақшагирифташуда (аз ҷумла амали яктарафа) бо (бе) тартиби маҷбурӣ ё ихтиёрӣ иҷрошавиро дорад;
2) "манфиати андоз" маънои зеринро ифода менамояд:
а) кам намудани уҳдадории андозсупоранда оид ба пардохти андоз;
б) ба таъхир гузоштани уҳдадории андозсупоранда оид ба пардохти андоз ва ё ҳама гуна канорагирии дигар оид ба иҷрои уҳдадории андозӣ.
8. Дар ҳолате, ки агар тадбирҳои анҷомдодаи андозсупоранда аз ҷониби комиссия ҳамчун амалҳои канорагирӣ аз андозбандӣ эътироф карда нашаванд, андозсупоранда мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур мавриди андозбандӣ қарор дода мешавад.
  Моддаи 37. Саркашӣ аз пардохти андоз
1. Саркашӣ аз пардохти андоз - аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ғайриқонунӣ ва қасдан иҷро нагардидани уҳдадориҳои андозӣ мебошад.
2. Амалҳои зерин саркашӣ аз пардохти андоз ҳисобида мешаванд, агар андозсупоранда:
- баҳисобгирии муҳосибиро (андозиро) анҷом надиҳад ва (ё) талаботи онро таъмин накунад;
- ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибиро, ки барои муайян намудани уҳдадориҳои андоз заруранд, нобуд карда бошад;
- дар давраи се моҳи ҳисоботӣ ҳисоботҳои андозиро пешниҳод накарда бошад;
- дар ҳисоботҳои андозӣ маблағҳои пардохтшавандаи андозиро (бо назардошти эъломияи тасҳеҳӣ) кам нишон дода бошад;
- дар муҳлатҳои дар Кодекси мазкур муқарраршуда ба мақомоти андоз маълумот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои муайян намудани уҳдадориҳои андозӣ заруранд, пешниҳод накарда бошад;
- бе амалан анҷом додани амалиёт ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашударо пешниҳод намояд.
3. Ҳангоми саркашӣ намудани андозсупоранда аз пардохти андоз мақомоти андоз ҳаҷми уҳдадории андозии ӯро барои давраи то 10 сол аз рӯзи охирини соли андозие, ки дар он саркашӣ аз пардохти андозӣ содир шудааст, муайян менамояд.
4. Нисбат ба андозсупорандае, ки саркашӣ аз пардохти андозро содир намудааст, уҳдадории андозии бо қисми 3 ҳамин модда барои саркашӣ аз пардохти андоз муайяншуда ба андозаи дукарата татбиқ карда мешавад.
5. Агар дар ҷараёни санҷиши андоз мавҷуд набудани баҳисобгирии объектҳои андоз ошкор карда шавад ё аз ҷониби андозсупоранда доир ба онҳо маълумот пешниҳод карда нашавад, мақомоти андоз дар асоси маълумоти дар ихтиёр доштааш барои мақсадҳои қисми 3 ҳамин модда вобаста ба ҳолатҳои дахлдор бо истифода аз арзёбӣ кардани арзиши фурӯши мол (кор, хизматрасонӣ), арзиши молу мулк, сатҳи миёнаи музди меҳнат ва сатҳи даромаднокӣ дар ҳаҷми 10 фоиз маблағи эҳтимолии андозро ҳисоб менамояд.
6. Вобаста ба хусусияти фаъолият мақомоти андоз маблағи эҳтимолии андозро инчунин метавонад дар асоси натиҷаҳои муоинаи хронометражӣ, нишондодҳои иқтисодии қиёсшавандаи фаъолияти андозсупорандагони дигар, ки намудҳои шабеҳи фаъолиятро амалӣ менамоянд, муайян намояд.
7. Даромади (фоидаи) ба даст омада, новобаста ба асосҳои ба даст омадани он, мутобиқи Кодекси мазкур андозбандӣ мегардад. Агар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад, ки даромад ё қисми он ғайриқонунӣ ба даст омада, бояд ба моликияти давлат гузаронида шавад, дар чунин ҳолат маблағи андозҳои қаблан аз ин даромади ғайриқонунии ба буҷети давлатӣ пардохтшуда ба ҳисоб гирифта мешавад.
8. Тартиби истифодаи усулҳои алтернативии андозбандӣ, бо мақсади татбиқи чораҳои иловагӣ оид ба мубориза бо саркашӣ аз пардохти андоз, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  Моддаи 38. Афзалияти мазмун нисбат ба шакл
Истифодаи шартномаҳои ҳуқуқӣ ҷиҳати барасмиятдарории транзаксияҳое (амалиётҳое), ки барои рӯйпӯш намудани амалиётҳои воқеӣ ва тағйирдиҳии тартиби ситонидани андоз истифода мешаванд, ба эътибор гирифта намешавад ва ба ният ва ҳадафи воқеии тарафҳои шартнома афзалият дода мешавад.
  Моддаи 39. Интихоби контрагентҳо
1. Дар муносибатҳои андозӣ андозсупорандагон ҳангоми интихоби контрагентҳо масъуланд.
2. Мақомоти андоз ба андозсупорандагон бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дастрасиро ба иттилоот дар бораи баҳисобгирии контрагентҳо дар мақомоти андоз ба сифати андозсупорандагон, инчунин ба иттилооти дигар пешниҳод менамоянд, андозсупорандагони аз чунин тартиб истифодабаранда андозсупорандагоне эътироф карда мешаванд, ки ҳангоми бастани шартнома эҳтиёткории зарурӣ зоҳир кардаанд.