Созишномаи пардохти алимент | 1994
Моддаи 100. Бастани созишномаи пардохти алимент
Созишномаи пардохти алимент (андоза, шарт ва тартиби пардохти алимент) дар байни шахсе, ки алимент месупорад ва шахсе, ки онро мегирад, ва дар сурати ғайриқобили амал будани шахсе, ки вазифадор аст алимент супорад ва (ё) гирандаи алимент - дар байни намояндагони қонунии онҳо, баста мешавад. Шахсони қобилияти амалашон маҳдуд созишномаи пардохти алиментро бо розигии намояндагони қонуниашон имзо мекунанд.
Моддаи 101. Шакли созишномаи пардохти алимент
- Созишномаи пардохти алимент дар шакли хаттӣ баста шуда, аз тарафи идораи наториалии давлатӣ тасдиқ карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.04.2006 № 183)
Риоя накардани шакли созишномаи пардохти алимент, ки қонун муқаррар кардааст, боиси оқибатҳое мегардад, ки меъёрҳои қонунгузории гражданӣ пешбинӣ намудааст.
- Созишномаи пардохти алимент, ки дар идораи нотариалии давлатӣ тасдиқ шудааст, дорои эътибори варақаи иҷро мебошад.
Моддаи 102. Тартиби бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент
- Бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент аз рӯи меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад, ки бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор донистани аҳдҳои гражданию ҳуқуқӣ тавассути онҳо танзим мегарданд.
- Созишномаи пардохти алимент ҳар гоҳ бо мувофиқаи тарафҳо тағйир дода ё бекор шуда метавонад. Тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба ҳамон шакле, ки шартномаи пардохти алимент баста шудааст, бояд сурат гирад.
- Якҷониба иҷро накардани созишномаи пардохти алимент ё якҷониба тағйир додани шартҳои он мумкин нест.
- Дар сурати ҷиддӣ тағйир ёфтани вазъи моддӣ ё оилавии тарафҳо ва ҳангоми тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба мувофиқа нарасидани тарафҳо тарафи манфиатдор ҳуқуқ дорад дар хусуси тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент ба суд даъво пешниҳод кунад. Ҳангоми баррасии масъалаи тағйир додан ё бекор кардани созишномаи пардохти алимент суд ҳуқуқ дорад ҳама гуна манфиати қобили таваҷҷӯҳи тарафҳоро ба инобат гирад.
Моддаи 103. Беэътибор донистани созишномаи пардохти алимент, ки манфиатҳои алиментгирандаро поймол мекунад
Агар шарти пешбининамудаи созишномаи пардохти алимент оид ба таъминоти кӯдакони ноболиғ ё аъзои болиғи ғайриқобили амали оила манфиати онҳоро поймол кунад, аз ҷумла дар ҳолатҳои риоя накардани талаботи қисми дуюми моддаи 104 ҳамин Кодекс чунин созишномаро мувофиқи талаби намояндаи қонунии кӯдаки ноболиғ ё кӯдаки аъзои болиғи ғайриқобили амали оила, инчунин мақоми васояту парасторӣ ё прокурор ба тартиби судӣ беэътибор донистан мумкин аст.
Моддаи 104. Андозаи алименте, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад
- Андозаи алименте, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, аз ҷониби тарафҳо дар ин созишнома муайян карда мешавад.
- Андозаи алименте, ки мувофиқи созишномаи пардохти алимент барои кӯдакони ноболиғ муқаррар карда мешавад, аз андозаи алименте, ки онҳо ҳангоми ба тартиби судӣ ситонидани алимент гирифта метавонистанд (моддаи 81 ҳамин Кодекс) камтар буда наметавонад.
Моддаи 105. Усул ва тартиби пардохти алимент тибқи созишномаи пардохти алимент
- Усул ва тартиби пардохти алимент тибқи созишномаи пардохти алимент, тавассути ҳамин созишнома муайян карда мешавад.
- Алимент ҳамчун ҳисса аз маош ва (ё) дигар даромади шахсе, ки бояд алимент супорад, бо маблағи устувори пулӣ вақт-вақт ё якдафъаина, бо усули додани молу мулки ва дигар усулҳо, ки дар бораи он созиш баста шудааст, пардохта шуда метавонад.
Дар созишномаи пардохти алимент якчанд усулҳои пардохти алиментро пешбинӣ намудан мумкин аст.
Моддаи 106. Индексацияи андозаи алимент, ки тибқи созишномаи пардохти алимент сурат мегирад
Индексацияи андозаи алимент, ки тибқи созишномаи пардохти алимент пардохта мешавад, мувофиқи ҳамин созишнома сурат мегирад. Агар дар созишномаи пардохти алимент тартиби дигари индексатсияи андозаи алимент пешбинӣ нашуда бошад, индексация мутобиқи моддаи 118 ҳамин Кодекс сурат мегирад. (ҚҶТ аз 19.03.13с., №952)