СУБЪЕКТҲОИ МУНОСИБАТҲОИ АНДОЗӢ ВА МАФҲУМҲОИ ДИГАРИ ДАР КОДЕКСИ МАЗКУР ИСТИФОДАШАВАНДА | 1994
Моддаи 14. Субъектҳои муносибатҳои андозӣ
1. Субъектҳои муносибатҳои андозӣ шахсоне ба ҳисоб мераванд, ки ба таври мустақим ва ё ғайримустақим дар муносибатҳои андозӣ иштирок менамоянд, дорои ҳукуқу уҳдадориҳо мебошанд ва ё бо амал ё беамалии худ уҳдадориҳои андозиро ба вуҷуд меоваранд.
2. Барои мақсадҳои андозбандӣ инҳо резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда мешаванд:
1) агар шахси воқеӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми давра ва ё давраҳое, ки дар маҷмӯъ дар давоми ҳар давраи 12-моҳаи дар ҳамин соли тақвимии ҷорӣ оғозшаванда ё баохиррасида бештар аз 182 рӯз қарор дошта бошад, барои соли ҷории тақвимӣ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - резидент) ба ҳисоб меравад, вале бо назардошти:
а) шахси воқеие, ки дар соли тақвимии ҷорӣ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, вале дар давоми соли тақвимии қаблӣ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон набуд, барои давраи ҷории андоз танҳо аз санаи якуми воқеан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштан резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мешавад;
б) шахси воқеие, ки дар соли тақвимии ҷорӣ резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, вале дар давраи минбаъдаи андоз резидент намебошад, барои давраи ҷории андоз танҳо дар даврае резидент ҳисобида мешавад, ки рӯзи охирини ҳузури шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ба охир мерасад;
2) шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давоми соли тақвимӣ дар хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар ҳамин соли тақвимӣ, новобаста ба давомнокии чунин хизмат, резидент ба ҳисоб меравад;
3) шахсони воқеие, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
4) шахсони воқеие, ки барои қабул шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар бораи гирифтани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе қабули шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза додаанд, сарфи назар аз муҳлати будубош дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф мешаванд, агар шахс берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли зисти доимӣ надошта бошад.
3. Шахси воқеие, ки мутобиқи ҳамин модда резидент намебошад, ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
4. Шаҳрванди давлати хориҷӣ, сарфи назар аз муҳлати дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буданаш, резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб намеравад, агар чунин шахс шахси дорои мақоми дипломатӣ ё консулӣ (ё узви оилаи чунин шахс) ва ё корманди ташкилоти байналмилалӣ ё шахси дар хизмати давлатии давлати хориҷӣ (ё узви оилаи чунин шахс) қарордошта бошад.
5. Мақоми резидент ва ғайрирезидент нисбат ба шахси воқеӣ барои ҳар соли тақвимӣ муайян карда мешавад.
6. Шахси воқеие, ки ғайрирезидент эътироф мешавад, уҳдадор аст ба агенти андоз ё мақомоти андози маҳалли будубош (истиқомат) на дертар аз рӯзи гирифтани даромад ё санаи пешниҳод кардани ҳисоботи андоз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мақоми резидент дар давлати хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд будан ва тарҷумаи ба таври нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсиятро (шиносномаро) ба забони давлатӣ пешниҳод намояд.
7. Соҳибкори инфиродӣ - шахси воқеие, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ дар асоси патент ё шаҳодатнома амалӣ менамояд.
8. Шахси ҳуқуқӣ метавонад резидент ва ғайрирезидент бошад:
1) шахси ҳуқуқӣ-резидент - шахси ҳуқуқӣ резидент эътироф карда мешавад, агар он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта бошад ва ё мақоми идоракунии асосии он (мақоми роҳбарикунанда, мақоми идоракунӣ) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад;
2) шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент - шахси ҳуқуқие, ки тибқи қонунгузории давлати хориҷӣ таъсис ёфтааст, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад, гарчанде ин шахс мутобиқи қонунгузории кишваре, ки дар он таъсис ёфтааст, шахси ҳуқуқӣ ҳисобида намешавад.
9. Филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқӣ - воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ, ки новобаста ба дарҷ намудани он дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои шахси ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ ба шартҳои зерин ҷавобгӯ мебошад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143):
1) фаъолияти соҳибкорӣ ё ғайрисоҳибкориро амалӣ менамояд;
2) дорои ҳудуд ва (ё) молу мулки алоҳида аз шахси ҳуқуқӣ мебошад;
3) дорои воҳидҳои кории ба муҳлати зиёда аз як моҳи тақвимӣ ташкилшуда ва (ё) ҳайати кормандоне мебошад, ки бо ташкилот ё ҳамин воҳид бо муносибатҳои бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон танзимшаванда алоқаманданд.
10. Андозсупоранда - шахси воқеӣ, соҳибкори инфиродӣ, шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагиҳои онҳо, ки фаъолияти иқтисодиро новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, намуди фаъолият, тобеият ва шакли моликият ва ё объекти андозбандӣ амалӣ менамоянд ва ба зиммааш тибқи қонунгузории андоз уҳдадории пардохти андозҳо, боҷи давлатӣ ва пардохтҳо вогузор шудааст.
11. Мақомоти давлатӣ - ҷузъи таркибии дастгоҳи давлатӣ, ки тибқи салоҳият ва сохтори муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколатҳои давлатию ҳокимиятиро дар шакли ташкилию ҳуқуқии ба худ хос амалӣ менамояд:
1) мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия - мақоми марказии ҳокимияти иҷроия, ки пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва батанзимдарории меъёрии ҳуқуқии фаъолияти молиявӣ, буҷету андоз ва ғайраро таъмин намуда, фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро оид ба иҷро ва риояи қонунгузории андоз, баҳисобгирӣ ва сари вақт ба буҷети давлатӣ ва фондҳои давлатӣ ворид намудани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ аз тарафи андозсупорандагон ва идоракунии молияи давлатӣ ҳамоҳанг менамояд;
2) мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки иҷро ва риояи муқаррароти қонунгузории андозро таъмин менамояд;
3) мақомоти ваколатдор - мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои мақомоти андоз, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳисоб ва (ё) ҷамъоварӣ намудани андозҳои алоҳида ва (ё) иҷро намудани дигар вазифаҳои вобаста ба андозбандӣ ваколатдор мебошанд.
12. Агенти андоз - ташкилот ё соҳибкори инфиродие, ки мутобиқи Кодекси мазкур ба зиммааш вазифаи ҳисоб намудани андоз, аз андозсупоранда ё аз манбаи пардохт нигоҳ доштан ва ба буҷети дахлдор гузаронидани он вогузор шудааст.
13. Агенти андоз уҳдадор аст:
1) андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии дар Кодекси мазкур ва қонунгузории андозӣ пешбинишударо аз андозсупоранда ё аз манбаи пардохт нигоҳдошташаванда пурра ва дар муҳлатҳои муайяншуда ҳисоб намояд, нигоҳ дорад ва ба буҷет ворид намояд;
2) даромадҳои ба андозсупорандагон пардохтшуда, андозҳои аз андозсупорандагон (ё аз манбаи пардохт) нигоҳдошташуда ва ба буҷети дахлдор гузаронидашударо ба ҳисоб гирад, оид ба ҳар як андозсупоранда ҳисоби ҷудогона барад;
3) ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии худ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳисоботи андоз пешниҳод намояд.
14. Шахс - ҳар шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, муассисаи доимӣ, филиал ё воҳиди дигари алоҳидаи ғайрирезидент.
15. Ташкилотҳо - шахсони ҳуқуқии мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисдодашуда (минбаъд - ташкилотҳои резидент), шахси ҳуқуқии хориҷии тибқи қонунгузории давлатҳои ҳориҷӣ таъсисёфта, аз ҷумла филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ (минбаъд - ташкилотҳои хориҷӣ).
Моддаи 15. Фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайрисоҳибкорӣ
1. Фаъолияти соҳибкорӣ - фаъолияти мустақилонае, ки таҳти таваккали шахсон амалӣ гардида, барои ба даст овардани даромад (фоида) аз ҳисоби истифодаи молу мулк, фурӯши мол (иҷрои кор ё хизматрасонӣ) равона гардидааст.
2. Фаъолияти соҳибкорӣ аз рӯи андозаи даромади умумӣ ба намудҳои зерин ҷудо карда мешавад:
1) фаъолияти соҳибкории хурд - фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва шахси ҳуқуқие, ки даромади умумии онҳо дар 12 моҳи пайдарпайи (муттасили) тақвимии гузашта аз 1 000 000 (як миллион) сомонӣ кам мебошад;
2) фаъолияти соҳибкории миёна - фаъолияти шахси ҳуқуқие, ки даромади умумии он дар 12 моҳи пайдарпайи (муттасили) тақвимии гузашта аз 1 000 000 (як миллион) сомонӣ то 25 000 000 (бисту панҷ миллион) сомонӣ мебошад;
3) фаъолияти соҳибкории калон - фаъолияти шахси ҳуқуқие, ки даромади умумии он дар 12 моҳи пайдарпайи (муттасили) тақвимии гузашта зиёда аз 25 000 000 (бисту панҷ миллион) сомонӣ мебошад.
3. Таҳти мафҳуми фаъолияти эҳсонкорӣ фаъолияте дониста мешавад, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ" амалӣ карда мешавад.
4. Барои мақсадҳои андозбандӣ расондани ҳар гуна кумак фаъолияти эҳсонкорӣ ба ҳисоб намеравад, агар яке аз шартҳои зерин ҷой дошта бошад:
1) шахси қабулкунандаи чунин кумак дар назди шахси кумакрасон уҳдадории дорои хусусияти молумулкӣ ё ғайримолумулкиро қабул кунад (ба истиснои уҳдадории мувофиқи таъиноти мақсаднок истифода намудани маблағ ё молу мулки гирифташуда);
2) шахси кумакгиранда ва шахси кумакрасон шахсони мутақобилан вобаста ҳисобида шаванд.
5. Намудҳои зерини фаъолият ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ баррасӣ карда намешаванд:
1) фаъолияти тамоми зинаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки мустақиман бо амалӣ намудани ваколатҳои ба онҳо вогузоршудаи давлатӣ алоқаманд мебошад;
2) фаъолияти эҳсонкорӣ;
3) фаъолияти динӣ;
4) фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ;
5) фаъолияти ташкилоти ғайритиҷоратие, ки аз ҷониби муассисони ташкилоти ғайритиҷоратӣ маблағгузорӣ карда мешавад;
6) иҷрои кори кироя аз ҷониби шахси воқеӣ.
6. Барои мақсадҳои андозбандӣ амалӣ намудани намудҳои зерини фаъолият аз ҷониби шахси воқеӣ, муассисаи аз ҳисоби муассис маблағгузоришаванда ва (ё) ташкилоти ғайритиҷоратӣ фаъолияти соҳибкорӣ эътироф намегардад, агар чунин фаъолият фаъолияти асосии шахси онро амаликунанда набошад:
1) ҷойгир намудани маблағҳои пулӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ;
2) ба иҷора додан ё фурӯши молу мулки манқул ва (ё) ғайриманқул;
3) ба идоракунии боэътимод додани молу мулк;
4) харидан (фурӯхтан) ё ба шахси дигар додани ҳисса дар сармояи оинномавии шахси ҳуқуқӣ ё коғазҳои қиматноки он;
5) харидан (фурӯхтан) ё ба шахси дигар додани вомбаргҳо ё ҳама гуна векселҳои дигар;
6) харидан (фурӯхтан) ё ба шахси дигар додани саҳм дар фонди ҳиссавии сармоягузорӣ ва (ё) ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳама гуна ҳуқуқҳои шабеҳи ба фурӯшанда тааллуқдошта;
7) кори кирояи дар асоси шартномаҳои хусусияти граждании ҳуқуқидошта ё ин ки бе шартномаҳо иҷрошаванда.
7. Дар он қисме, ки шахсони анҷомдиҳандаи фаъолияти дар қисми 5 ҳамин модда пешбинишуда фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд, фаъолияти соҳибкории чунин шахсон бояд андозбандӣ гардад, дороиҳо ва фаъолияти онҳо, ки бевосита бо амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманданд, бояд дар алоҳидагӣ (ҷудо аз фаъолияти асосӣ) ба ҳисоб гирифта шаванд.
8. Фаъолияти шахси ҳуқуқие, ки муассисаи давлатӣ буда, қисми маблағҳои махсуси онҳо ба андоза ва бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ ба буҷет ситонида мешавад, фаъолияти соҳибкорӣ ҳисобида намешавад.
Моддаи 16. Кори кироя
1. Барои мақсадҳои Кодекси мазкур мафҳуми "кори кироя" маънои зеринро дорад:
1) аз ҷониби шахси воқеӣ иҷрои уҳдадориҳо дар доираи муносибатҳои тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ танзимшаванда;
2) аз ҷониби шахси воқеӣ иҷро шудани уҳдадориҳое, ки бевосита ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва (ё) мақомоти (муассисаҳои) ба онҳо баробаркардашуда алоқаманданд;
3) кори шахси воқеӣ дар мансаби роҳбарикунандаи корхона ё ташкилот.
2. Шахси воқеие, ки кори кирояро иҷро карда буд, иҷро карда истодааст ё минбаъд иҷро мекунад, дар Кодекси мазкур "корманд" номида мешавад. Шахсе, ки ҳаққи хизматрасонии чунин кормандро пардохт менамояд, "корфармо" ва чунин пардохт "музди меҳнат" номида мешавад.
3. Барои мақсадҳои Кодекси мазкур ҷойи кори асосии корманд ҷойи коре ҳисобида мешавад, ки тибқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор аст аз рӯи он дафтарчаи меҳнатии кормандро пеш барад.
Моддаи 17. Таъсиси муассисаи доимии ғайрирезидент
1. Таҳти мафҳуми муассисаи доимии ғайрирезидент (корхонаи хориҷӣ ё шахси ғайрирезидент) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - муассисаи доимӣ), агар ҳамин модда тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, маҳалли фаъолияти доимие фаҳмида мешавад, ки тавассути он шахси хориҷӣ фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла фаъолияти тавассути шахси ваколатдор иҷрошавандаро пурра ё қисман анҷом медиҳад.
2. Маҳалли фаъолияти доимии дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида инҳо ҳисобида мешаванд:
1) ҳар маҳалли идоракунӣ, филиал, шуъба, бюро, дафтари корӣ, ҳуҷраи корӣ, агентӣ, фабрика, корхона, коргоҳ, устохона, озмоишгоҳ;
2) маҳалли анҷом додани истеҳсол, коркард, насб, бастабандӣ ва борҷомакунии мол;
3) ҳар маҳалли фаъолият, аз ҷумла мағоза ва ё анборе, ки ба сифати нуқтаи савдо истифода бурда мешавад;
4) маҳаллҳое, ки барои сохтмон истифода мешаванд, майдонҳо барои корҳои сохтмонӣ, васлкунӣ ё ҷойҳои дигари марбут ба анҷом додани фаъолияти назоратӣ;
5) яке аз маҳалҳои зерин, ки дар он тавассути кормандон хизмат расонида мешавад:
a) маҳалле, ки дар он зиёда аз 90 рӯзи тақвимӣ дар тамоми давраи муттасили дувоздаҳмоҳае, ки дар ҳамин давраи андоз хотима меёбад, хизматрасонӣ бо ҷалби кормандон анҷом дода мешавад;
б) ҳама гуна маҳалҳое, ки насб, ба кор даровардан ва истифодаи мошинҳои бозӣ (аз ҷумла воситаҳои иловагии онҳо), шабакаҳои компютерӣ ва шабакаҳои алоқа, аттраксионҳо анҷом дода мешавад.
6) конҳо, чоҳҳои нафт ё газ ва ё маҳалҳои дигар барои анҷом додани фаъолияти иктишофи геологӣ ё истихроҷи захираҳои табиӣ, карерҳо ё майдонҳо барои коркард ва истихроҷи захираҳои табиӣ;
7) маҳалли насби таҷҳизот ё иншоот, ки барои омӯзиши геологӣ (иктишоф), коркард, истихроҷи захираҳои табиӣ истифода мешаванд, вале танҳо ба шарте, ки ин таҷҳизот ё иншоот дар давоми давраи зиёда аз 182 рӯз истифода ё барои истифода омода карда шаванд;
8) ҳар маҳалли анҷом додани фаъолият (аз ҷумла назорат ё мушоҳида) вобаста ба газлӯлаҳо ва дигар хатлӯлаҳо.
3. Ғайрирезидент ҳамчунин дорои муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад, агар:
1) тавассути агенти ваколатдор ва (ё) брокери суғуртавӣ ҷамъоварии мукофоти суғуртавӣ ва (ё) суғуртакунӣ ё азнавсуғуртакунии таваккалро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143);
2) иштирокчии шартнома дар бораи фаъолияти муштарак (рафоқати одӣ) бошад, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намояд;
3) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳҳои музднок гузаронад ва (ё) дар ин намоишгоҳҳо таҳвили (фурӯши) молро анҷом диҳад;
4) дар асоси муносибатҳои шартномавӣ ба шахс барои манфиатҳои ӯро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кардан, аз номи ӯ амал намудан ва ё баимзорасонии шартномаҳо ваколат диҳад;
5) шахсро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигоҳ доштани захираи мол ва анҷом додани таҳвили мунтазам аз номи ӯ ваколатдор намояд;
6) муассисон ё шахсони идоракунандаи шахси ҳуқуқӣ - резидент ва ғайрирезидент мутақобилан вобаста бошанд.
4. Ғайрирезидент метавонад фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсис додани муассисаи доимии дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда, тавассути шахси ваколатдори аз номи ӯ баромадкунандае, ки амалҳоро вобаста ба баимзорасонии шартномаҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ анҷом медиҳад, пеш барад. Дар ин ҳолат, маҳалли фаъолияти чунин ғайрирезидент маҳалли фаъолияти ин шахси ваколатдор эътироф карда мешавад (дар ҳолатҳое, ки ин шахс маҳалли доимии фаъолият надошта бошад, чунин маҳалли фаъолияти ғайрирезидент маҳалли истиқомати доимии шахси ваколатдори ӯ ҳисоб карда мешавад).
5. Корхонаи фаръии шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст, наметавонад муассисаи доимии корхонаи асосӣ-ғайрирезидент ҳисобида шавад.
6. Намояндагӣ ва (ё) филиали корхонаи хориҷии ба қайд гирифташуда муассисаи доимии ғайрирезидент ба ҳисоб меравад.
7. Фаъолияти шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи муқаррароти ҳамин модда ҳамчун муассисаи доимӣ аз санаи оғози чунин фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобида мешавад.
8. Барои мақсадҳои татбиқи муқаррароти Кодекси мазкур санаи оғози фаъолияти шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои зерин дониста мешаванд:
1) санаи баимзорасонии ҳама гуна шартнома барои:
а) хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) ваколатдиҳӣ барои анҷом додани амалҳо аз номи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) хариди молҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода ё фурӯш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) хариди хизматрасониҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) санаи баимзорасонии шартномаи аввали меҳнатӣ бо мақсади амалӣ намудани фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) санаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани шахси воқеӣ ғайрирезидент ҳамчун коргари кироя ё дар ҳама гуна шакли дигари ба кор қабул кардани резидент аз ҷониби шахси ҳуқуқии хориҷӣ барои иҷрои шартҳои шартнома, ки дар бандҳои 1) ва 2) ҳамин қисм нишон дода шудаанд.
9. Агар фаъолияти шахси ҳуқуқии хориҷӣ хусусияти сайёр дошта бошад (лоиҳаи сохтмони роҳ, ҷустуҷӯи канданиҳои фоиданок ва намудҳои дигари фаъолият), новобаста ба хусусияти он, тамоми лоиҳа ҳамчун муассисаи доимӣ баррасӣ карда мешавад.
10. Агар мутобиқи талаботи Кодекси мазкур маҳалли фаъолияти ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи доимии ғайрирезидент эътироф шавад, дар ин ҳолат ғайрирезидент то оғоз шудани чунин фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати андозсупоранда аз бақайдгирии давлатӣ гузашта, дар мақомоти андози маҳалли фаъолият ба қайд гирифта мешавад.
11. Фаъолияти ғайрирезидент мутобиқи муқаррароти ҳамин модда, сарфи назар аз он ки он дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шудааст ё нашудааст, маънои таъсиси муассисаи доимиро дорад. Муассисаи доимии ғайрирезидент барои мақсадҳои андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шахси ҳуқуқӣ эътироф мешавад ва андозҳоро бо тартиби муқарраргардидаи Кодекси мазкур ҳисоб ва ба буҷет пардохт менамояд, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Дар сурати дар мақомоти андоз ба қайд гирифта нашудани муассисаи доимӣ, андозҳо бо тартибе, ки барои ғайрирезидентҳо муайян шудааст, дар манбаи пардохт аз ҷониби агенти андоз нигоҳ дошта мешаванд.
12. Барои мақсадҳои андозбандӣ ҷиҳати муқаррар намудани мавҷудияти муассисаи доимии хориҷии резидент берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин муқаррароти қисмҳои 1-11 ҳамин модда татбиқ карда мешаванд, дар баробари ин дар ин қисмҳо истинод ба ғайрирезидент маънои резидент ва истинод ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маънои давлати хориҷиро дорад.
Моддаи 18. Иҷораи молиявӣ (лизинг) ва ташкилоти лизингӣ
1. Ба шахси дигар додани молу мулки моддии истеҳлокшаванда дар асоси шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг), ки мутобиқи қонунгузории иҷораи молиявӣ (лизинг) ба муҳлати зиёда аз 12 моҳ ба имзо расонида шудааст, иҷораи молиявӣ мебошад, агар чунин фаъолият ба яке аз шартҳои зерин ҷавобгӯ бошад:
1) муҳлати шартномаи иҷораи молиявӣ аз муҳлати истифодабарии (истифодабарии муфиди) молу мулки ба иҷорагирифташуда 75 фоиз зиёдтар ва ё арзиши бақиявии иҷораи молиявӣ дар охири иҷораи молиявӣ аз 25 фоизи арзиши аслии он камтар мебошад;
2) баъд аз ба охир расидани муҳлати амали шартномаи иҷораи молиявӣ объекти иҷораи молиявӣ ба моликияти иҷорагир мегузарад;
3) баъд аз ба охир расидани муҳлати шартномаи иҷораи молиявӣ иҷорагир ҳуқуқ дорад молу мулки ба иҷора гирифташударо бо нархи муқарраркардаи шартҳои иҷораи молиявӣ харидорӣ намояд;
4) арзиши ҷории тахфифшудаи пардохти ҳадди ақал дар тамоми муҳлати иҷораи молиявӣ аз 90 фоизи арзиши бозории молу мулки мутобиқи иҷораи молиявӣ додашаванда зиёдтар мебошад;
5) молу мулки бо дархости иҷорагир ба иҷораи молиявӣ додашаванда баъди ба охир расидани муҳлати иҷора ба ғайр аз иҷорагир наметавонад аз тарафи шахси дигар истифода шавад.
2. Барои мақсадҳои Кодекси мазкур лизинг навъи махсуси иҷораи молиявӣ буда, дар он як тараф - иҷорадеҳ (лизингдиҳанда) бо дархости тарафи дигар - иҷорагир (лизинггиранда) аз шахси сеюмфурӯшанда молу мулки ба иҷора (лизинг) гирифташавандаро ҳамчун моликият мехарад ва онро ба иҷорагир барои соҳибикунӣ ва истифода тибқи шартномае, ки ба талаботи муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда мутобиқ аст, бо музд медиҳад.
3. Барои мақсадҳои андоз аз даромад мутобиқи Кодекси мазкур иҷорагир (лизинггиранда), ки тибқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг) молу мулкро барои соҳибӣ ва истифода намудан гирифтааст, харидори ин молу мулк мебошад. Барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда лизинги молиявӣ ҳамчун таҳвили даврӣ баррасӣ мешавад, ки дар он ҳар таҳвили даврӣ қисман таҳвили молҳо ва қисман пешниҳоди фоизи хизматрасонии молиявӣ мебошад.
4. Барои мақсадҳои ҳамин модда муҳлати иҷора муҳлати иловагиеро дар бар мегирад, ки иҷорагир ҳуқуқ дорад ба он иҷораро мутобиқи шартномаи иҷора аз нав оғоз намояд.
Моддаи 19. Лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳое, ки дар асоси шартномаҳои қарзӣ (грантӣ) оид ба маблағгузории (амалисозии) онҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва давлатҳои хориҷӣ (ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ), ташкилотҳои ватанӣ, хориҷӣ ва байналмилалии молиявии аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ба феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ воридгардида пешбинӣ гардидаанд. Ба феҳристи мазкур инчунин лоиҳаҳо оид ба сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоти дахлдори давлатӣ ройгон дода мешаванд, ворид мегарданд. Тартиби пешбурди феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи андоз аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи имтиёзҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур амалӣ карда мешаванд.
3. Шартномаҳои қарзӣ (грантӣ) оид ба маблағгузории (амалисозии) лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки додани имтиёзҳои иловагии андозро пешбинӣ менамоянд, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Чунин шартномаҳо наметавонанд муқаррароти аз андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ озод намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гиранд.
4. Дар ҳолати бад шудани шартҳои андозбандӣ барои амалисозии лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то анҷом ёфтани чунин лоиҳаҳо нисбат ба онҳо шартҳои андозбандии дар лаҳзаи баимзорасонии шартномаҳои дахлдор амалкунанда истифода мешаванд.
Моддаи 20. Ҳуҷраи шахсии андозсупоранда
1. Ҳуҷраи шахсии андозсупоранда (минбаъд - ҳуҷраи шахсӣ) манбаи иттилоотие мебошад, ки дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда мешавад. Тартиби пешбурди он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.
2. Ҳуҷраи шахсии ҳар андозсупоранда пас аз ба қайд гирифтани андозсупоранда дар мақомоти андоз ташаккул дода мешавад.
3. Мубодилаи иттилоот байни мақомоти андоз ва андозсупоранда, аз ҷумла ғайрирезиденти бе ва ё бо таъсис додани шахси ҳуқуқӣ, инчунин шахсони хориҷие, ки хизматрасонии фосилавиро анҷом медиҳанд, танҳо тавассути ҳуҷраи шахсии андозсупоранда амалӣ карда мешавад, ба истиснои ҳолатҳои алоҳида, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд.
4. Дохилшавӣ ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда тавассути низоми ҳамгироии иттилоотии андоз аз тариқи имзои электронии рақамӣ амалӣ карда мешавад. Имзои электронии рақамӣ ба андозсупоранда дар асоси аризаи ӯ аз ҷониби воҳиди сохтории мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад.
5. Пас аз фаъолсозии ҳуҷраи шахсӣ ва то боздоштани фаъолияти он мақомоти андоз ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва иттилоотро танҳо тавассути ҳуҷраи шахсӣ ба андозсупоранда мефиристад. Бо ҳамин тартиб андозсупоранда ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти андоз ирсол менамояд.
6. Агар ҳангоми аз ҷониби мақомоти андоз ба ҳуҷраи шахсӣ ирсол намудани ҳуҷҷати электронӣ маълумот оид ба боздоштани амали ҳуҷраи шахсии андозсупоранда ё қатъ гардидани истифодаи калиди имзои рақамии электронӣ дастрас гардад, ин ҳуҷҷат ба андозсупоранда дар шакли коғазӣ дар давоми се рӯзи корӣ аз рӯзи гирифтани маълумоти зикршуда фиристода мешавад.
7. Андозсупорандае, ки бе сабабҳои узрнок эъломияи андоз ё ҳуҷҷати дигарро дар шакли электронӣ тавассути ҳуҷраи шахсии андозсупоранда пешниҳод намекунад, барои коркарди хаттии он масъул мебошад.
Моддаи 21. Нархҳои бозорӣ
1. Барои мақсадҳои андозбандӣ ба сифати нархи мол (кор, хизматрасонӣ) нархи воқеие қабул карда мешавад, ки тарафҳои шартнома (бо ҳуҷҷатҳои аслӣ тасдиқшуда, аз ҷумла шартнома, расид, борхат) нишон додаанд, агар ҳамин модда тартиби дигареро пешбинӣ накарда бошад. Дар ҳолате, ки нархи нишондодашудаи мол (кор, хизматрасонӣ) аз нархи бозорӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 9 ҳамин модда фарқ кунад ва аз ҷониби андозсупоранда оид ба фарқи нархҳо асосҳои кофӣ пешниҳод нагардад, ҳангоми андозбандии чунин амалиётҳо нархҳои бозорӣ истифода бурда мешаванд.
2. Нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) нархе эътироф мешавад, ки дар асоси дархосту пешниҳод дар бозори моли (кори, хизматрасонии) шабеҳ (дар ҳолати мавҷуд набудани он - якхела) ва дар асоси шартномаҳои дар бозори дахлдор байни шахсони мутақобилан вобастанабуда баста шудаанд, ташаккул ёфтааст. Шартномаи миёни шахсони мутақобилан вобаста танҳо ба шарте ба инобат гирифта мешавад, ки агар вобастагии мутақобилаи онҳо ба натиҷаҳои чунин шартнома таъсир нарасонад.
3. Нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) дар асоси иттилоот дар бораи шартномаҳои дар бозори дахлдор дар лаҳзаи таҳвили ин мол (кор, хизматрасонӣ) басташуда, дар сурати мавҷуд набудани чунин ҳолат, нархи моли (кори, хизматрасонии) шабеҳ (якхела) дар рӯзи ба лаҳзаи фурӯш наздик, ки то ё пас аз лаҳзаи фурӯши чунин мол (кор, хизматрасонӣ) фаро расидааст, аз ҷумла иттилоот дар бораи нархҳои муайянкардаи нархгузорон, нархҳои собити (ба қайд гирифташудаи) биржаҳои байналмилалӣ ва дигар биржаҳо муайян карда мешавад. Агар нархи бозорӣ бо истинод ба моли (кори, хизматрасонии) шабеҳ муайян карда шавад, нарх бо назардошти фарқияти байни моли (кори ё хизматрасонии) шабеҳ ва моли (кори ва хизматрасонии) воқеӣ тасҳеҳ карда мешавад.
4. Ҳангоми фурӯши мол (кор, хизматрасонӣ), ки нархҳои (тарифҳои) онҳо аз ҷониби давлат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд, барои мақсадҳои андозбандӣ нархҳои (тарифҳои) зикршуда истифода мешаванд.
5. Бозори мол (кор, хизматрасонӣ) доираи муомилоти чунин мол (кор, хизматрасонӣ) эътироф мешавад, ки барои фурӯшанда (харидор) дар ҳудуди наздиктарини фурӯши (хариди) мол (кор, хизматрасонии) ба фурӯшанда (харидор) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он вобаста ба имкониятҳои фурӯшанда (харидор) муайян карда мешавад.
6. Дар сурати мавҷуд набудани шартномаҳо аз рӯи моли (кори, хизматрасонии) шабеҳ (якхела) дар бозори мол (кор, хизматрасонӣ) ё таҳвил нагардидани чунин мол (кор, хизматрасонӣ) ба бозори мол, нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) бо нархҳое, ки дар асоси бастани аҳдҳо нисбат ба моли (кори, хизматрасонии) шабеҳ (якхела) дар санаи ба лаҳзаи таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ) наздиктарин ё пас аз он ташаккул ёфтаанд ва ё бо нархҳои шартномаи охирин, вале на зиёда аз 30 рӯзи тақвимӣ то ё пас аз лаҳзаи таҳвили чунин мол (кор, хизматрасонӣ) муайян карда мешавад.
7. Дар сурати ғайриимкон будани татбиқи муқаррароти қисмҳои 2-6 ҳамин модда нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) бо усули нархи фурӯши минбаъда ва усули "болонархӣ ба хароҷот" муайян карда мешавад.
8. Ҳангоми муайян намудани нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) манбаъҳои расмии иттилоот оид ба нархҳои бозории мол (кор, хизматрасонӣ), аз ҷумла махзани иттилоотии оморӣ, бонкӣ, биржавӣ, иттилооте, ки бо дархости мақомоти андоз аз ҷониби андозсупорандагон, нархгузорон, коршиносон пешниҳод карда мешаванд, истифода бурда мешавад.
9. Мақомоти андоз нархҳои бозориро дар ҳолатҳои зерин татбиқ менамоянд, агар:
1) шартнома байни шахсони мутақобилан вобаста ба имзо расонда шуда бошад ва вобастагии мутақобилаи онҳо ба натиҷаҳои чунин шартнома таъсир расонида бошад;
2) уҳдадориҳои тарафҳо тавассути мубодилаи мол (кор, хизматрасонӣ) иҷро гардида бошанд;
3) яке аз тарафҳои шартномаи савдои хориҷӣ мутобиқи моддаи 223 Кодекси мазкур резиденти кишвари дорои андозбандии имтиёзнок бошад;
4) яке аз тарафҳои шартнома аз имтиёзҳои андозӣ истифода намояд;
5) нархи истифодакардаи тарафҳои шартнома аз нархи расмии оморӣ, ки дар санаи наздиктарини таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ) ё баъд аз он ташаккул ёфтааст, вале на зиёда аз 30 рӯзи тақвимӣ то ё баъд аз лаҳзаи таҳвили чунин мол (кор, хизматрасонӣ) зиёда аз 30 фоиз фарқ кунад. Муқаррароти мазкур ҳангоми муқоисаи нархҳои яклухт бо яклухт ва чакана бо чакана татбиқ карда мешаванд.
10. Барои мақсадҳои ҳамин модда мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
1) молҳои шабеҳ - молҳои гуногуне, ки хусусиятҳо, аз ҷумла хусусиятҳои ҷисмонӣ, сифат, ҳайсият дар бозор, кишвари баромад ва истеҳсолкунандаи якхела доранд;
2) молҳои якхела - молҳои мухталифе, ки шабеҳ набуда, хусусиятҳои ба ҳам монанд доранд ва аз унсурҳои монанд иборат мебошанд, ки ба онҳо имконият медиҳанд вазифаи якхеларо иҷро кунанд ва дар тиҷорат якдигарро ивазкунанда бошанд;
3) савдогарони касбӣ - савдогарон, тоҷирони биржаҳо;
4) давраи муайян кардани нарх - даврае, ки дар давоми он нархи миёнаи (баланд ва пасти) таҳвили мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ), ки барои муайян намудани нархи бозорӣ зарур аст, муқаррар карда мешавад;
5) санаи ба харидор гузаштани ҳуқуқи моликият - санаи анҷом ёфтани таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ) мутобиқи шартҳои шартнома, дар шартномаҳои байналмилалӣ дар доираи шартномаҳои дарозмуҳлат аз лаҳзаи расонидани мол (кор, хизматрасонӣ) ба харидор, санаи ба имзо расонидани шартнома оид ба молҳои дар асоси шартномаҳои дарозмуҳлат фурӯхташуда, санаи ба имзо расонидани шартномаи қарзӣ барои хизматрасонӣ оид ба пешниҳоди қарзҳо, санаи ба имзо расонидани шартнома оид ба иҷрои дигар кор ва хизматрасонӣ;
6) мубодилаи мол - лаҳзаи таҳвил ё ивазкунии мол (кор, хизматрасонӣ), ки мутобиқи шартнома ба танзим дароварда шуда, дар шакли ҳуҷҷати муайян тасдиқ карда шудааст;
7) сарчашмаҳои иттилоот - сарчашмаҳои расман эътирофшудаи иттилоот, маълумоти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатҳо ва ташкилотҳои дигар, маълумоте, ки аз ҷониби иштирокчиёни шартнома пешниҳод гаштааст, инчунин сарчашмаҳои дигари иттилоот;
8) истеъмолкунандаи ниҳоӣ - тарафи мустақил ё тарафе, ки бо тарафҳои шартнома дар муносибатҳои махсус қарор надорад ва ба натиҷаҳои иқтисодии шартнома таъсир расонида наметавонад ва моли (кор ва хизматрасонии) харидоринамудаашро ба субъекти дигар таҳвил наменамояд;
9) усулии муайянсозии нархҳои фурӯши минбаъда (бозфурӯшӣ) - маънои усули муайян кардани нархи бозориро дорад, ки дар он маржаи (фоидаи) ҳангоми бозфурӯшӣ байни шахсони алоқаманд ба даст овардашуда (муомилоти назоратшаванда) бо болонархӣ, ки ҳангоми фурӯш дар натиҷаи муомилоти назоратнашаванда ба даст оварда шудааст, муқоиса карда мешавад;
10) усули "болонархӣ ба хароҷот" - усули муайян кардани нархи бозорӣ, ки дар он нархи иловагӣ ба хароҷоти мустақим ё ғайримустақим ҳангоми таҳвили мол ё хизматрасонӣ дар доираи амалиёти назоратшаванда бо нархи иловагӣ ба хароҷоти мустақим ё ғайримустақим ҳангоми таҳвили мол ё хизматрасонӣ дар доираи амалиёти назоратнашаванда муқоиса карда мешавад;
11) нархи яклухт - нархи молест, ки фурӯшанда ба харидор барои молҳои ба миқдори зиёд (яклухт) бо мақсади бозфурӯшӣ ё истифодаи касбии минбаъдаи онҳо муқаррар кардааст;
12) нархи чакана - нархе, ки дар он молҳо тавассути шабакаи чакана ба истеъмолкунандагони ниҳоӣ донабайъ ё бо миқдори хурд фурӯхта мешаванд.
11. Муқаррароти ҳамин модда ва боби 33 Кодекси мазкур барои фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла нисбат ба қарзҳои ҷалбнамудаи онҳо, татбиқ намегардад.
12. Андозбандии иҷорапулии молу мулк, ба истиснои объектҳое, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба иҷора дода мешаванд, аз рӯи арзиши воқеии иҷорапулӣ, вале на камтар аз андозаи ҳадди ақалли мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдори молиявӣ, вобаста ба маҳалли ҷойгиршавӣ ва хусусиятҳои дигари он, муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1934).
13. Моддаи мазкур дар ҳолати амалӣ гардидани муқаррароти боби 33 Кодекси мазкур татбиқ намегардад.
14. Тартиби истифодаи усулҳои дар моддаи мазкур зикргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 22. Тарафҳои ба ҳам алоқаманд
1. Барои мақсадҳои Кодекси мазкур ду тараф алоқаманд дониста мешаванд, агар яке аз шартҳои зерин иҷро карда шавад:
1) дар муносибатҳои байни ду тараф яке аз тарафҳо мутобиқи супориш, дархост ва пешниҳоди тарафи дигар амал намояд;
2) ҳар ду тараф тибқи супориш, дархост ва пешниҳоди шахси сеюм амал намоянд, агар чунин ҳолат бо ҳуҷҷатҳои асоснок исбот карда шавад.
2. Ду тараф ба ҳам алоқаманд намебошанд, бо сабаби он ки як тараф корманд ё муштарии тарафи дигар ё ин ки ҳар ду тараф кормандон ё муштариёни тарафи сеюм мебошанд, новобаста ба он, ки муносибатҳои онҳо ба муқаррароти қисмҳои 3 ё 5 ҳамин модда мутобиқ мебошанд.
3. Илова ба муқаррароти қисми 1 ҳамин модда тарафҳо ба ҳам алоқаманд дониста мешаванд, агар:
1) тарафҳои бевосита дар сатҳи роҳбарикунанда қарордошта ва бо ҳамдигар муносибатҳои хешовандӣ дошта ҳуқуқи қабули яктарафаи қарорро доранд;
2) шахсон муассисони (иштирокчиёни) ҳамон як корхонае бошанд, агар ҳиссаи ҳар яки онҳо на камтар аз 25 фоизро ташкил намояд;
3) як шахс мустақиман ва (ё) ғайримустақиман дар шахси дигар иштирок намояд ва ҳиссаи умумии чунин иштирок зиёда аз 25 фоизро ташкил диҳад;
4) шахсон мустақиман ё ғайримустақиман шахси сеюмро назорат намоянд, агар ҳуқуқи овози ҳар кадоми онҳо на камтар аз 25 фоизро ташкил диҳад;
5) зиёда аз нисфи шӯрои директорон ё якчанд аъзои шӯрои директорон ва ё якчанд директори иҷроия ё аъзои иҷроияи шӯрои директорони як тараф аз ҷониби тарафи дигар таъин карда шаванд;
6) зиёда аз нисфи шӯрои директорон ё аъзои шӯрои директорон ва ё якчанд директори иҷроия ё аъзои иҷроияи шӯрои директорони ҳар ду тараф аз ҷониби шахси сеюм таъин карда шаванд;
7) яке аз тарафҳо муассисаи доимии тарафи дигар бошад.
4. Барои мақсадҳои бандҳои 2) - 4) қисми 3 ҳамин модда тараф ҳамчун соҳиби ҳисса (саҳм) дар сармояи танзимшавандаи оинномавӣ ё ҳуқуқи овоздиҳӣ дар тарафи дигаре, ки ба тарафи якум тибқи муқаррароти ҳамин модда алоқаманд мебошад, дониста мешавад.
5. Барои мақсадҳои Кодекси мазкур тамоми амалиётҳои тиҷоратӣ ва молиявӣ, ки бо резиденти кишвари дорои андозбандии меъёри пасти дар моддаи 223 Кодекси мазкур муайянгардида анҷом дода мешаванд, ҳамчун амалиёт бо шахсони алоқаманд дониста мешаванд. Дар баробари ин муқаррароти ҳамин қисм нисбат ба андозсупорандагоне, ки ба мақомоти андоз дар бораи шахсияти саҳомони тарафи дигар маълумот медиҳанд ва исбот менамоянд, ки бо ҳам алоқамандӣ надоранд, амалӣ карда намешавад.
6. Барои мақсадҳои моддаи мазкур хешовандони шахси воқеӣ шахсони зерин дониста мешаванд:
1) ҳамсари шахси воқеӣ;
2) падару модар, фарзандон, бародар, хоҳар, амак (тағо), хола (амма), бародарзода, хоҳарзода, падарандар, модарандар, фарзандхондшудаи ҳамсарон;
3) ҳамсари хешованди шахси воқеии дар банди 2) ҳамин қисм зикргардида;
4) васии шахси воқеӣ.