СУБЪЕКТОНИ МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ. АСОСҲОИ БА ВУҶУД ОМАДАНИ МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ | 1994
Моддаи 15. Субъектони муносибатҳои меҳнатӣ
1. Субъектони муносибатҳои меҳнатӣ корманд ва корфармо мебошанд. Роҳбари филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ метавонад дорои тамоми ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо аз номи шахси ҳуқуқии хориҷии мазкур бошад.
2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ манфиати кормандон ва корфармоёнро дар доираи ваколаташон, ки бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санади судӣ, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва ё ваколатнома пешбинӣ шудааст, ҳимоя менамоянд.
1. Муносибатҳои меҳнатӣ байни корманд ва корфармо дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба вуҷуд меоянд, агар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошанд.
2. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, санадҳои корфармо, омилҳои зерин метавонанд барои бастани шартномаи меҳнатӣ асос гарданд:
- интихоб шудан ба вазифа (мансаб);
- интихоб шудан дар асоси озмун ба вазифа (мансаб);
- ба вазифа (мансаб) таъйин ё тасдиқ шудан;
- фиристодан ба кор аз ҷониби мақомоти ваколатдор аз ҳисоби квотаи муқарраршуда ё роҳхат;
- санади судӣ дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ.
1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои бо кор таъмин намудани гурӯҳи аҳолӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, квота муқаррар менамояд.
2. Корфармо дар доираи квотаи муқарраргардида бо шахсе, ки барои бо кор таъмин намудан фиристода шудааст, ҳангоми ба талаботи корфармо мутобиқат кардани тахассуси ӯ, шартномаи меҳнатӣ мебандад.
3. Бе асос рад намудани корфармо аз бастани шартномаи меҳнатӣ бо шахсе, ки аз ҳисоби квота барои бо ҷойи кор таъмин шудан фиристода шудааст, манъ аст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897).
1. Корманд ҳуқуқ дорад:
- ба бастан, тағйир додан, илова намудан ва бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аз корфармо иҷрои шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективиро талаб кунад, аз ҷумла барои муҳайё намудани кори мувофиқ барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси квотаҳои давлатӣ, роҳхати ташкилот, бо дархости ташкилот, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба кор омадаанд, ба истиснои мансабҳои давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, ки таъйинот ба он тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад;
- ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;
- ба гирифтани иттилооти пурра ва дуруст оид ба шароити меҳнат ва ҳифзи меҳнат;
- ба саривақт ва дар ҳаҷми пурра гирифтани музди меҳнат тибқи шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;
- ба пардохти музди меҳнат ҳангоми бекористӣ мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба истироҳате, ки бо роҳи муқаррар намудани давомнокии вақти корӣ, рӯзҳои истироҳати ҳарҳафтаина, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва пардохтнашаванда, рӯзҳои кӯтоҳи кор барои як қатор ихтисос ва корҳо таъмин карда мешавад;
- ба муттаҳидшавӣ, ба ҳуқуқи таъсис додани иттифоқи касаба ё дигар иттиҳодияҳо, инчунин аъзогӣ ба онҳо, барои муаррифӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии худ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба воситаи мақомоти намояндагии худ дар гуфтушунидҳои коллективона ва таҳияи лоиҳаи шартномаи коллективӣ иштирок намояд, инчунин бо шартномаи коллективии имзошуда шинос шавад;
- ба таҷрибаомӯзӣ (коромӯзӣ), тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси худ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои рӯёнидани ҷуброни зарари ба саломатӣ ва молу мулки ӯ расонидашуда бинобар иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ;
- ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ ва кумакпулиҳо аз рӯи суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳолатҳои муваққатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;
- ба кафолатҳо ва ҷубронпулиҳо, аз ҷумла ҷуброни хароҷоти моддӣ ҳангоми кӯчидан ба ҷойи нави истиқомат вобаста ба кор тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ бо ҳама воситаҳои ба қонун мухолифатнадошта;
- ба пардохти музди баробар барои иҷрои кори якхела;
- муроҷиат намудан барои ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ ба комиссияи созиш ё суд;
- ба ҷойи кори таҷҳизонидашуда тибқи талаботи қоидаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;
- ба таъминоти воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективӣ, либосҳои махсус вобаста ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат мутобиқи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шарномаҳои коллективӣ;
- ба даст кашидан аз иҷрои кор ҳангоми ба вуҷуд омадани вазъияте, ки ба ҳаёт ё саломатӣ таҳдид мекунад, бо хабар додан ба роҳбари бевосита ё намояндаи корфармо;
- ба нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат ҳангоми боздоштани кори ташкилот, бинобар мутобиқат надоштан ба талабот оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;
- ба муроҷиат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар бораи гузаронидани санҷиши шароити бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар ҷойи кор, инчунин ба иштирок дар ҳайати намояндагӣ дар санҷиш ва баррасии масъалаҳои ба беҳдошти шароитҳо, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат алоқаманд;
- ба шикоят аз рӯи амали (беамалии) корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ;
- ба пардохти музди меҳнат мувофиқи тахассус, мураккабии меҳнат, ҳаҷм ва сифати кори иҷрошуда, инчунин шароити меҳнат;
- ба иштирок дар идоракунии ташкилот дар шаклҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;
- ба ҳалли баҳсҳои меҳнатии фардӣ ва коллективӣ, аз ҷумла ба корпартоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дорои дигар ҳуқуқҳое бошад, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
2. Корманд уҳдадор аст:
- уҳдадориҳои меҳнатиро мутобиқи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санади корфармо иҷро намояд;
- интизоми меҳнатиро риоя кунад;
- талаботи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, бехатарии сӯхтор ва санитарияи истеҳсолиро дар ҷойи кор риоя кунад;
- ба молу мулки корфармо ва кормандон эҳтиёткорона муносибат намояд;
- дар бораи вазъи баамаломада, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон, молу мулки корфармо ва кормандон таҳдид мекунад, инчунин дар бораи ба вуҷуд омадани бекористӣ ба корфармо хабар диҳад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1897);
- маълумотҳои дорои сирри давлатӣ, хизматӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, бинобар иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ ба ӯ маълум гардидааст, фош накунад;
- ба корфармо зарари расонидаашро дар доираи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд;
- дигар уҳдадориҳоро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро намояд.
1. Корфармо ҳуқуқ дорад:
- ба интихоби озод ҳангоми қабул ба кор, ба истиснои баъзе гурӯҳи шахсон, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо имтиёз муқаррар кардааст;
- ба бастан, тағйир додан, илова намудан ва бекор кардани шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба идоракунии ташкилот ва қабули санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) дар доираи ваколатҳои худ, ки иҷрои онҳо барои кормандон ҳатмист;
- бо мақсади муаррифӣ ва ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ, иттиҳодияҳо таъсис диҳад, ба чунин иттиҳодияҳо шомил гардад ва дар кори онҳо иштирок намояд;
- аз кормандон иҷрои шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва дигар санадҳои корфарморо талаб намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хавасмандгардонӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани кормандон чораҳо андешад;
- ба рӯёнидани ҷуброни зарар, ки корманд ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ расондааст;
- барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниаш дар соҳаи меҳнат ба суд муроҷиат намояд;
- ба корманд бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати санҷишӣ муқаррар намояд;
- ба рӯёнидани хароҷотҳои худ ҳангоми аз тарафи корманд вайрон намудани шартҳои шартномаи таҳсил;
- дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
2. Корфармо уҳдадор аст:
- талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ)-ро риоя намояд;
- ҳангоми қабул ба кор бо кормандон бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи меҳнатӣ бандад;
- талаботи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, бехатарии сӯхтор ва санитарию гигиениро дар ҷойи кор таъмин намояд;
- ба корманд кореро, ки шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ намудааст, пешниҳод намояд;
- сари вақт ва дар ҳаҷми пурра ба корманд музди меҳнат ва дигар иловапулиҳоро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои корфармо пешбинӣ намудаанд, пардохт намояд;
- кормандро бо қоидаҳои тартиботи дохилии ташкилот, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, дигар санадҳои корфармо, ки бевосита ба кори корманд алоқаманд мебошад, шинос намояд;
- ба намояндагони кормандон иттилооти пурра ва дурустро барои пешбурди гуфтушунидҳои коллективӣ, бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, инчунин назорати иҷрои онҳо пешниҳод кунад;
- таклифҳои намояндагони кормандонро баррасӣ ва гуфтушунидҳои коллективиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуда, шартномаи коллективӣ бандад;
- шароити меҳнати кормандонро мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ таъмин намояд;
- кормандонро бо таҷҳизот, асбобҳо, ҳуҷҷатҳои техникӣ ва дигар воситаҳо, ки барои иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ заруранд, аз ҳисоби воситаҳои худӣ таъмин намояд;
- санадҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ҷамъиятиро дар соҳаи меҳнат иҷро намояд;
- корро боздорад, агар давом ёфтани он ба амният, ҳаёт, саломатии кормандон ва дигар шахсон таҳдид намояд;
- суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоии кормандонро амалӣ намояд;
- кормандро аз ҳодисаҳои нохуш ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ суғурта намояд;
- ба корманд тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатиҳо диҳад;
- ҳифз ва ба бойгонии давлатӣ супоридани ҳуҷҷатҳоро, ки фаъолияти меҳнатии кормандонро тасдиқ мекунанд ва маълумот дар бораи нигоҳ доштан ва гузаронидани маблағро ба таъминоти нафақа таъмин намояд;
- дар бораи меҳнати зарарнок (махсусан зарарнок), шароитҳои хавфноки меҳнатӣ ва эҳтимолияти бемориҳои касбӣ ба корманд хабар расонад;
- оид ба рафъи хавф дар ҷойи кор ва дар равандҳои технологӣ чораҳо андешида, бо назардошти пешравии илмию техникӣ ва истеҳсолӣ корҳои пешгирикунанда гузаронад;
- вақти кор, аз ҷумла изофакорӣ, меҳнати зарарнок (махсусан зарарнок), шароитҳои хавфноки меҳнат, корҳои вазнинро, ки ҳар як корманд иҷро менамояд, дақиқ ба ҳисоб гирад;
- таҷрибаомӯзӣ, тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кормандонро тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;
- зарари ба ҳаёт ва саломатии корманд ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ расидаро тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд;
- ба таъсиси иттифоқи касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон мамониат накунад;
- шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, намояндагони кормандон, нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнатро барои гузаронидани санҷиши ҳолати бехатарӣ, шароит ва ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо, риояи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои тафтишоти ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ бемамониат роҳ диҳад;
- пешбурди махзани маълумоти кормандонро таъмин намояд;
- ба бархӯрди манфиатҳо, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардаанд, роҳ надиҳад;
- дигар уҳдадориҳоро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро намояд.