СОДИРОТ | 1994

Моддаи 165. Мазмуни низоми гумрукии содирот
Содирот низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли ватанӣ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе маҳдудият барои истифода ва истеъмол берун аз ин ҳудуд содир карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 166. Шартҳои ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии содирот
1. Содироти мол ба шарти пардохти боҷи гумрукии содиротӣ бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва риояи маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
2. Ҳангоми содироти мол озод кардан аз пардохт, баргардонидан ё ҷуброни андозҳои дохили мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.