СИТОНИДАНИ ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ | 1994
Моддаи 392. Қоидаҳои умумии ситонидани маҷбурии боҷҳои гумрукӣ ва андоз
1. Дар сурати дар мӯҳлати муқарраршуда насупоридан ё пурра напардохтани боҷи гумрукӣ, андоз мақомоти гумрук боҷҳои гумрукӣ ва андозро маҷбуран, тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон меситонанд.
2. Ситонидани маҷбурии боҷҳои гумрукӣ ва андоз нисбати шахсони барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз масъул ё аз ҳисоби арзиши моле, ки боҷҳои гумрукӣ ва андози он супорида нашудааст, анҷом дода мешавад
3. Ситонидани маҷбурии боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз шахсон бо роҳи ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз ҳисоби маблағҳои дар суратҳисобҳои дар бонкҳо будаи пардохткунанда ё аз ҳисоби амволи дигари пардохткунанда тибқи тартиби судӣ анҷом мегирад.
4. Мақоми гумрук пеш аз истифодаи чораҳои вобаста ба ситонидани маҷбурии боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба шахси масъули пардохткунандаи онҳо талаби супоридани пардохтҳои гумрукиро пешниҳод мекунад.
1. Ҳангоми дар мӯҳлати муқарраршуда (гузаштани мӯҳлат) напардохтани боҷҳои гумрукӣ ва андоз фоизҳо супорида мешаванд.
2. Ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 3-5 ҳамин модда барои ҳар рӯзи гузаштани мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз рӯзи дигари гузаштани мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз то рӯзи иҷрои ӯҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё то рӯзи қабул шудани қарор дар бораи батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлат барои супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андоз фоиз ҳисоб карда мешавад. Фоиз ба андозаи муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
3. Ҳангоми ба кафил ё зомин пешниҳод кардани талабнома оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз фоизҳо барои на бештар аз се моҳи баъди рӯзи гузаштани мӯҳлати иҷроиши ӯҳдадории бо кафолат ё замонати бонкӣ таъмингардида, ҳисоб карда мешаванд.
4. Ҳангоми пешниҳоди талабнома оид ба пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ба шахси масъули пардохткунандаи фоизҳо то рӯзи пешниҳоди талабнома ҳисоб карда мешаванд. Ҳангоми напардохтани боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар мӯҳлатҳои дар талабнома муқарраршуда фоизҳо мувофиқи талаботи қисми 2 ҳамин модда ҳисоб карда мешаванд.
5. Дар ҳолати вайрон кардани мӯҳлати пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ҳангоми дар анбори нигоҳдории муваққати будани мол (боби 12) барои давраи нигаҳдории муваққати фоизи пардохтҳои гумрукӣ ҳисоб ва пардохт намешаванд.
6. Фоизҳо, сарфи назар аз бақияпулиҳо, новобаста аз андешидани тадбирҳои дигари ҷавобгарӣ барои вайронкунии қоидаҳои гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
7. Фоизҳо дар баробари пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё баъди пардохти ин маблағҳо, вале дар давоми як моҳи баъди супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андоз пардохта мешаванд.
8. Додани ариза барои батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлат барои пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз ҳисоб кардани фоизи бақияпулиро бознамедорад.
9. Супоридан, ситонидан ва баргардонидани фоиз тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс нисбати супоридан, ситонидан ва баргардонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз амали карда мешаванд.
1. Талабномаи супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз огоҳномаи мақоми гумрук аст, ки ба таври хаттӣ дар бораи дар мӯҳлати муқарраршуда насупоридани маблағи боҷи гумрукӣ ва андоз, инчунин ӯҳдадориҳои супоридани маблағи боҷи гумрукӣ, андоз ва фоизҳо дар мӯҳлатҳои дар ин талабнома омадаро дар бар мегирад.
2. Талабномаи супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андоз бояд маълумотро дар бораи маблағи пардохтшавандаи боҷи гумрукӣ ва андоз, андозаи фоизи дар рӯзи пешниҳоди талабнома ҳисобшуда, мӯҳлати супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз мувофиқи ҳамин Кодекс, мӯҳлати иҷрои талабнома, ҳамчунин тадбирҳои маҷбурии ситонидани боҷи гумрукӣ, андоз ва таъмини ситонидани онҳоро, ки дар сурати насупоридани боҷу андозҳои гумрукӣ аз тарафи пардохткунанда истифода мегарданд, инчунин дар бораи асосҳои пешниҳоди талабномаро дар бар гирад. Намунаи талабнома дар бораи супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
3. Талабнома дар бораи супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз ба пардохткунанда бояд дар давоми 10 рӯзи баъд аз ошкор шудани далели насупоридан ё пурра насупоридани боҷи гумрукӣ ва андоз фиристода шавад.
4. Мӯҳлати иҷрои шартҳои талабнома дар бораи супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз на зиёда аз 20 рӯзро аз рӯзи қабули талабнома ташкил медиҳад. Ҳангоми иҷро накардани талабномаи мазкур мақомоти гумрук дар бобати маҷбуран ситонидани боҷи гумрукӣ ва андоз мувофиқи талаботи ҳамин Кодекс чора меандешанд.
5. Талабномаи супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз ба роҳбар ё шахси ваколатдори намояндаи ташкилот ё шахси воқеӣ бо имзои шахсӣ ё ба тариқи дигар, ки далели гирифтан ва рӯзи гирифтани онро тасдиқ менамояд, супорида мешавад. Агар шахсони мазкур аз гирифтани талабномаи мазкур саркаши намоянд, пас он тавассути почта бо мактуби фармоиши фиристода мешавад. Талабномаи супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз баъд аз шаш рӯзи фиристодани мактуби фармоиши дастрасшуда ҳисоб меёбад.
6. Ҳангоми дар мӯҳлати дар қисми 4 ҳамин модда пешбинишуда иҷро накардани шартҳои талабномаи супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз мақомоти гумрук тадбирҳои пешбининамудаи моддаи 395 ҳамин Кодексро амали менамоянд.
7. Талабномаи супоридани боҷи гумрукӣ ва андоз ба пардохткунанда сарфи назар аз ҷалби ӯ ба ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷиноятӣ фиристода мешавад.
8. Мӯҳлати даъво бо талаби мақомоти гумрук нисбати пардохти маблағи боҷи гумрукӣ, андоз ва фоизҳо аз ҷониби пардохткунанда аз рӯзи ба анҷом расидани барасмиятдарории мол ҳисоб карда шуда, панҷ солро ташкил медиҳад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1298).
9. Мақомоти гумрук дар давраи муҳлати даъво ҳуқуқ доранд, ки маблағи пардохтҳои гумрукии аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пардохтшавандаро ҳисоб намоянд (иловатан ҳисоб намоянд), пардохтҳои гумрукии ҳисобшударо (иловатан ҳисобшударо) тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1932).
10. Иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ҳуқуқ дорад, ки дар давраи муҳлати даъво мустақилона уҳдадории пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозро аз нав бозҳисобӣ ва ислоҳ намояд, инчунин баргардонидан ё ба ҳисоб гирифтани маблағи барзиёд пардохтшуда ё ситонидашудаи боҷҳои гумрукӣ ва андозро тибқи моддаи 396 ҳамин Кодекс талаб намояд.
11. Муҳлати даъво дар давраи амали мораторияи санҷишҳои гумрукӣ боздошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1932).
12. Беэътимод эътироф намудани қарзи пардохткунанда оид ба маблағи боҷи гумрукӣ, андоз ва фоизҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1298, аз 24.12.2022 № 1932).
Моддаи 395. Чораҳое, ки мақомоти гумрук ҳангоми иҷро накардани талабномаи супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андоз меандешанд
Боздоштани амалиёти хароҷоти аз рӯи ҳисобномаҳои шахс дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ, ҳабси амвол ва ситонидани маблағҳои ба шахс тааллуқдоштаро мақоми гумрук тибқи ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.