СИСТЕМАҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ | 1994

Моддаи 502. Системаҳои иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳо, ки дар мақомоти гумрук истифода мешаванд
1. Таҳия, эҷод ва истифодаи системаҳои иттилоотӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, ҳамчунин ба усулҳои мубодилаи электронии иттилоот асосёфта ва воситаҳои таъмини онҳоро мақомоти гумрук мувофиқи ҳамин Кодекс ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
2. Ҷори намудани системаҳои иттилоотӣ ва технологияҳои иттилоотм бо истифодаи воситаҳои техникаи ҳисоббарор ва алоқа мувофиқи стандартҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунандаи байналмилали сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
3. Системаҳои иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳо, ки аз тарафи мақомоти гумрук таҳия, эҷод ва ё харида шудаанд, моликияти давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳуқуқи соҳибмулкиро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
4. Истифодаи системаҳои иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳоро, ки моликияти давлатӣ намебошанд, мақомоти гумрук дар асоси шартномаҳо амалӣ менамояд.
5. Шарт ва тартиби истифодаи системаҳои иттилоотм, технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳо барои мақсадҳои гумрукӣ аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 503. Сертификатонии системаҳои иттилоотӣ, технолгияҳои иттилоотӣ, воситаҳои таъмин ва ҳифзи онҳо
Системаҳои иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ, воситаҳои таъмини онҳо, ҳамчунин воситаҳои барномавию техникии ҳифзи иттилоот, ки дар фаъолияти гумрукӣ истифода мешаванд, бояд тибқи ҳолат ва тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия шаванд.
Моддаи 504. Захираҳои иттилоотии мақомоти гумрук
1. Захираҳои иттилоотии мақомоти гумрук маҷмуи муташаккили иттилооти ҳуҷҷатӣ, аз ҷумла махзани маълумоти оморӣ ва дигар ҳуҷҷат ва иттилооте мебошад, ки дар низомҳои иттилоотии мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, коркард ва ҷамъ оварда шудаанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Захираҳои иттилоотии мақомоти гумрук моликияти давлатӣ мебошанд. Ҳуқуқи соҳибмулкро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
3. Тартиби ташаккул ва истифодаи захираҳои иттилоотии мақомоти гумрук, талабот оид ба ҳуҷҷатгузории иттилоот аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
4. Ҳуҷҷатҳое, ки пешниҳод ё тартиби пешниҳоди онҳоро ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, аз ҷумла декларатсияи гумрукӣ, тавассути низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук дар шакли электронӣ бо риояи талабот оид ба иттилои ҳуҷҷатнокшуда, ки мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар намудааст, инчунин талаботи дигари муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Тартиби аз тарафи шахсон гирифтани иттилоотӣ аз захираҳои иттилоотӣ мавҷуда, ки дар ихтиёри мақомоти гумрук мебошанд, аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мувофиқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 505. Системаҳои иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳо, ки иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ истифода менамоянд
1. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ талаботеро муқаррар менамояд, ки системаҳои иттилоотӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва воситаҳои таъмини онҳо бояд ба ин талабот ҷавобгӯ бошанд ва аз ҷониби инҳо истифода гарданд:
1)  аз тарафи танзимгари ваколатдори иқтисодӣ (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678);
2) аз тарафи соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, соҳибони анборҳои гумрукӣ, брокерҳои гумрукӣ ва шахсони дигар бо хоҳиши онҳо, барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешбининамудаи ҳамин Кодекс.
2. Истифодаи объектҳои мазкур барои мақсади гумрукӣ танҳо баъди санҷиши мувофиқати онҳо ба талаботи муқарраршуда иҷозат дода мешавад. Санҷишро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ анҷом медиҳад.
Моддаи 506. Ҳифзи иттилоот ва ҳуқуқҳои субъектҳои дар ҷараёни иттилоотӣ ва иттилоотони иштироккунанда
1. Таҳия, эҷод ва истифодаи воситаҳои махсуси барномавии техникии ҳифзи иттилоот, ки бо воситаҳои таъмини системаҳои иттилоотӣ ва технологияҳои иттилоотӣ мувофиқат мекунанд, аз тарафи мақомоти гумрук бо мақсадҳои ҳифзи иттилоот ва ҳуқуқҳои субектҳои дар ҷараёни иттилоотӣ ва иттилоот иштироккунанда мувофиқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
2. Дараҷаи ҳифзи иттилоотӣ ба воситаи ҳифзи иттилоот таъминшаванда бояд ба категорияи иттилоот мувофиқат намояд. Мувофиқати дараҷаи ҳифзи иттилоот бо категорияи муайяни иттилоотӣ аз ҷониби мақомоти гумрук, ки захираи иттилоотиро дар ихтиёр доранд, таъмин карда мешавад.
3. Назорати риояи талаботи ҳифзи иттилоот ва истифодаи воситаҳои ҳифзи иттилоотро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ва мақомоти дигари давлатӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.