Роҳбарӣ ва идораи мудофиаи гражданӣ | 1994
Моддаи 14. Роҳбарии мудофиаи гражданӣ
Роҳбарии мудофиаи гражданиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. ӯ роҳбарӣ ва идораи умумӣ ва бевоситаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.
Муовини аввали Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. ӯ роҳбарии ҳамарӯзаи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси нишондодҳои Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ сохта, фармондеҳи қӯшунҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Роҳбарӣ ва идораи мудофиаи гражданӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳо аз ҷониби вазирон, роҳбарони идораҳо ва ташкилотҳо, ки мутобиқан сардорони мудофиаи граждании вазорату идораҳо ва ташкилотҳо мебошанд, амалӣ карда мешавад.
Роҳбарӣ ва идораи мудофиаи гражданӣ дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо, ки мутобиқан сардорони мудофиаи граждании вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо мебошанд, амалӣ карда мешавад.
Сардорони ситодҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бошанд, муовинони аввали сардорони мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо мебошанд ва роҳбарии ҳамарӯза ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданиро дар қаламрави вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ месозанд.
Моддаи 15. Мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ
Мақомоти идораи мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо инҳо мебошанд:
а) дар ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо:
- Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситодҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо;
-комиссияҳои эвакуатсионии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ;
-комиссияҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳо ва ташкилотҳо дар замони ҷанг;
-хадамоти мудофиаи граждании ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ.
б) дар вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон:
-дастгоҳи идораи дахлдор ва ситодҳои оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ;
-комиссияҳои эвакуатсионӣ;
-комиссияҳои оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳо ва ташкилотҳо дар замони ҷангӣ;
-хадамотҳои мудофиаи гражданӣ.
Ба ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро хизматчиёни ҳарбие, ки аз ҷониби раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд, роҳбарӣ менамоянд.
Ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби хизматчиёни ҳарбӣ ва хизматчиён, дар асоси ҷадвали штатии аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияшуда, вобаста ба шумораи штатии ҳайати шахсии барои он муқарраршуда, пурра карда мешаванд.
Ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳо ва хадамотҳои мудофиаи гражданиро муовинони аввали роҳбарони (сармуҳандисони) вазоратҳо, идораҳо ва ташкилотҳо сардорӣ менамоянд.
Вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки ба гурӯҳҳои мудофиаи гражданӣ мансуб дониста шудаанд, ё ин ки дар базаи онҳо хадамоти мудофиаи гражданӣ таъсис дода шудааст, инчунин дар таъмини фаъолияти ҳаётии мамлакат аҳамияти бағоят муҳим доранд, ӯҳдадоранд дар ҷадвали штатиашон кормандони масъулро (сармутахассисро) оид ба мудофиаи гражданӣ дар доираи ҳуқуқҳои шӯъбаҳои асосӣ бо иҷрои вазифаи муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ё дигар вазифаи роҳбарикунанда дар ситоди зикршуда дошта бошанд.
Комиссияҳои эвакуатсионӣ ва комиссияҳои оид ба баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳо ва ташкилотҳо дар замони ҷанг бо мақсади пешакӣ ба нақша гирифтан, тайёрӣ ва амалӣ сохтани вазифаҳои махсуси мудофиаи гражданӣ дар замони ҷанг таъсис дода мешаванд.
Хадамоти мудофиаи гражданӣ баҳри иҷрои чорабиниҳои муҳандисӣ-техникӣ, тиббӣ ва дигар чорабиниҳои махсуси мудофиаи гражданӣ ва вобаста ба ин вазифаҳо тайёр намудани қувва ва воситаҳо, шароитҳо ва инчунин таъмини амалиёти қувваҳои мудофиаи гражданӣ дар рафти гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазир таъсис дода мешаванд.
Мақомоти идораи мудофиаи граждании ҳама гуна дараҷаҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳо бошад, бо фармонҳои алоҳидаи сардорони мудофиаи граждании онҳо таъсис дода мешаванд.
Ҳуқуқ ва вазифаҳои мақомоти идораи мудофиаи гражданӣ, сохтор, тартиби таъсисдиҳӣ ва пуррагардонии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян месозад.