РЕЭКСПОРТ | 1994
Моддаи 239. Мазмуни низоми гумрукии реэкспорт
Реэкспорт низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли қаблан ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида аз ин ҳудуд бидуни пардохт ё баргардонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо, бе татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусиятҳои иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
1. Таҳти низоми гумрукии реэкспорт мол бо шартҳои зайл ҷойгир карда мешавад:
1) баровардани молҳое, ки дар ҷойҳои нигаҳдории муваққатӣ қарор доранд то ҷойгиркунии онҳо таҳти низоми муайяни гумрукӣ;
2) баровардани моли қаблан барасмиятдаровардашуда таҳти низоми гумрукии иҷозати мол барои муомилоти озод, бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 242 ҳамин Кодекс;
3) содироти молҳои хориҷӣ, ки таҳти амалиёти коркард қарор нагирифтаанд ва қаблан таҳти низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукӣ ва коркарди мол барои муомилоти озод ҷойгир карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
4) содироти молҳои хориҷӣ, ки қаблан таҳти низомҳои гумрукии анбори гумрукм, минтақаи озоди гумрукӣ, анбори озод, воридоти муваққатӣ ва савдои бебоҷ қарор дода шудаанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845);
5) содироти молҳои хориҷии ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридкардашуда бо вайрон кардани талаботи манъи воридоти онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми 1 моддаи 12) (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Тартиби барасмиятдарории гумрукии моли реэкспортшаванда аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
3. Реэкспорти моли зераксизӣ дар сурати таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ё мушоияти гумрукӣ анҷом дода мешавад.
4. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд шартҳои иловагии ҷойгир намудани молро таҳти низоми гумрукии реэкспорт муқаррар намоянд.
1. Ҳангоми реэкспорти мол озодкунӣ аз пардохти боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андозҳо фароҳам оварда мешавад ё баргардонидани таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз анҷом дода мешавад, агар чунин озодкунӣ ё баргардонидан ҳангоми анҷоми низоми гумрукӣ, ки тибқи он мол дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, пешбинӣ шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845, аз 30.05.2017 № 1421).
2. Ҳангоми содир намудани моли реэкспортшаванда боҷҳои гумрукии содиротӣ пардохта намешаванд.
Моддаи 242. Татбиқи низоми гумрукии реэкспорт нисбати моле, ки барои муомилоти озод иҷозат дода шудааст
1. Молҳои барои муомилоти озодиҷозатдодашуда, ки онҳо дар рӯзи убури сарҳади гумрукӣ дорои камбудиҳо буданд ё ба тарзи дигар ба теъдод, сифат, тавсиф, бастабанди ё дигар шартҳои муомилоти иқтисодии хориҷӣ мувофиқат намекарданд ва аз ҳамин сабабҳо ба ирсолкунандаи бор ё ба шахси дигари зикрнамудаи он баргардонида мешаванд, метавонанд таҳти низоми гумрукии реэкспорт ҷойгир карда шаванд, агар ин молҳо:
1) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода ва таъмир нашуда бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки мол барои муайян намудани камбудӣ ё дигар ҳолатҳое, ки боиси баргардонидани онҳо гардидаанд, истифода шуда бошанд;
2) метавонанд аз ҷониби мақомоти гумрук ҳаммонанд карда шаванд;
3) дар давоми 6 моҳ аз рӯзи иҷозати онҳо барои муомилоти озод бароварда шаванд.
2. Ҳангоми реэкспорти мол тибқи қисми 1 ҳамин модда маблағи пардохтшудаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мутобиқи моддаи 397 ҳамин Кодекс баргардонида мешаванд.