РАСОНИДАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ | 1994

(Қонуни ҶТ аз 03.01.2014 № 2017)
Моддаи 478. Дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ
1. Дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ маълумоти зеринро дарбар мегирад:
1) номи мақомоте, ки дархостро мефиристад;
2) ном ва суроғаи мақомоте, ки дархост ба он фиристода мешавад;
3) истинод ба шартномаи байналмилалии дахлдор ё риояи принсипи мутақобила;
4) парвандаи ҷиноятие, ки нисбат ба он дархост фиристода мешавад;
5) маълумоти мухтасар оид ба кирдори ҷиноятӣ, ки мавзуи пешбурди парвандаи ҷиноятӣ мебошад ва банду басти ҳуқуқии он бо зикри матни пурраи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолатҳои зарурӣ - маълумот дар бораи андозаи зарари расонидашуда;
6) маълумот дар бораи айби эълоншуда бо зикри матни пурраи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) маълумот дар бораи шахси дахлдор, аз ҷумла насаб, ном, номи падар (ҳангоми мавҷуд будан), вазъи мурофиавӣ, ҷойи зист ё будубош, шаҳрвандӣ, барои шахсони ҳуқуқӣ - ном ва маҳалли ҷойгиршавӣ, маълумоти дигар, ки метавонанд барои иҷрои дархост мусоидат намоянд, ҳамчунин алоқамандии ин шахс бо пешбурди парвандаи ҷиноятӣ;
8) баёни ҳолатҳое, ки бояд муайян карда шаванд, ҳамчунин номгӯйи амалҳои тафтишотии дархостшаванда, ҳуҷҷатҳо, далелҳои шайъӣ ва далелҳои дигар, инчунин асосноккунии ҳамбастагии онҳо бо пешбурди парвандаи ҷиноятӣ;
9) маълумот дар бораи шахсоне, ки иштироки онҳо ҳангоми иҷрои амалҳои мурофиавӣ зарур мебошад ва асосноккунии чунин зарурат.
2. Ба дархост оид ба пурсиши шахс ба сифати шоҳид, ҷабрдида, коршинос (эксперт), гумонбаршуда ва айбдоршаванда иқтибоси аз тарафи мақомоти ваколатдор тасдиқшудаи моддаҳои Кодекси мазкур бо мақсади фаҳмондани ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо замима карда мешавад. Ба дархост инчунин номгӯйи саволҳое, ки ба шахс дода мешаванд ё маълумоте, ки бояд аз шахс гирифта шаванд, замима карда мешаванд.
3. Ба дархост оид ба гузаронидани амалҳои мурофиавие, ки тибқи Кодекси мазкур барои гузаронидани онҳо розигии прокурор ё иҷозати суд зарур аст ва ё барои мусодираи молу мулк, нусхаи аслӣ ё нусхаи тасдиқшудаи қарори асоснокшудаи мақомоти ваколатдор оид ба гузаронидани онҳо замима карда мешавад.
Моддаи 479. Тартиби иҷрои дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ
1. Мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқиро, ки мувофиқи қоидаҳои муқарраргардида ба онҳо супорида шудааст, аз рӯйи талаботи Кодекси мазкур иҷро мекунад.
2. Ҳангоми иҷрои дархост мумкин аст меъёрҳои қонунгузории давлати хориҷӣ истифода шаванд, агар ин дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он давлат басташуда пешбинӣ шуда бошад.
3. Агар иҷрои дархост дар бораи расонидани ёрии ҳуқуқӣ ғайриимкон бошад, мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои воридшударо бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти дархосткунанда бо нишон додани сабабҳое, ки ба иҷрои он монеа гардидаанд, бармегардонад.
Моддаи 480. Баррасии дархостҳо оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ
1. Мақомоти марказӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба иҷрои дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ваколатдор мебошанд, пас аз гирифтани дархост онро баррасӣ намуда, масълаҳои зеринро муайян менамоянд:
1) имконияти иҷрои дархост бо дарназардошти меъёрҳои қонунгузории мурофиавии давлати хориҷӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) имконияти иҷрои дархост дар ҳолати ҷой доштани монеа ба пешбурди таъқиби ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) мавҷуд будани асосҳои пешбининамудаи моддаи 482 Кодекси мазкур барои рад кардани иҷрои дархост;
4) зарур будани хароҷоти иловагӣ ё ғайричашмдошт барои иҷрои дархост.
2. Дар сурати имконпазир будани иҷрои дархост мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостро иҷро менамояд ё онро барои иҷро ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи тобеияти тафтишотӣ мефиристад.
3. Дар доираи ваколатҳои худ прокурор ҳуқуқ дорад оид ба таъмини иҷрои пурра, ҳаматарафа ва саривақтии дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ дастур диҳад. Иҷрои дастури прокурор ба мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 481. Махфияти маълумот ҳангоми расонидани ёрии ҳуқуқӣ
1. Бо хоҳиши тарафи дархосткунанда мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти барои ҳамкорӣ ваколатдор ҳуқуқ дорад барои таъмини махфияти ҳолати гирифтани дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ, мазмун ва маълумоти зимни иҷрои он бадастомада, тадбирҳои иловагӣ андешад.
2. Дар ҳолати зарурӣ шартҳо ва муҳлатҳои нигоҳдории махфияти маълумоти зимни иҷрои дархост бадастомада мувофиқа карда мешаванд.
3. Ҳангоми супоридани маводҳо ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти дигари ваколатдор метавонад нисбат ба истифодаи чунин маводҳо дар асоси Кодекси мазкур ва шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдудият муқаррар намояд.
4. Агар дар натиҷаи иҷрои дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоте гирифта шавад, ки дорои сирри давлатӣ бошад, онҳо ба тарафи дархосткунанда дар ҳолате метавонанд дода шаванд, ки ин маълумот ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати дигар, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро додааст, зарар нарасонад ва танҳо дар сурати мавҷуд будани шартнома дар хусуси ҳимояи мутақобилаи иттилооти махфӣ ва мутобиқ ба талабот ва қоидаҳои дар онҳо пешбинишуда дода мешаванд.
Моддаи 482. Рад кардани иҷрои дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ
1. Дархости тарафи дархосткунанда оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ метавонад дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда шавад.
2. Дар сурати мавҷуд набудани шартномаи байналмилалӣ, иҷрои дархост бояд бо асосҳои зерин рад карда шавад, агар:
1) иҷрои дархост ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат кунад ё ин ки ба соҳибихтиёрӣ, амният, тартиботи ҷамъиятӣ ё манфиатҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонад;
2) тарафи дархосткунанда ҳамкории мувофиқро дар ин самт таъмин накунад;
3) дархост кирдореро дар бар гирад, ки он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят ба ҳисоб наравад;
4) асосҳои кофӣ мавҷуд бошанд, ки дархост бо мақсади таъқиби ҷиноятӣ, маҳкумкунӣ ё ҷазо додани шахс аз рӯйи баромади иҷтимоӣ, вазъи иҷтимоӣ, хизматӣ ва молумулкӣ, ҷинс, нажод, миллат, забон, муносибат ба дин, ақида ва маҳалли зист ё бо дилхоҳ асосҳои дигар фиристода шуда бошад.
Моддаи 483. Хабар додани натиҷаи баррасии дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ
1. Дар сурати қонеъ гардонидани дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ, мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоте, ки барои амалӣ намудани ҳамкорӣ ваколатдор аст, супоридани ҳуҷҷатҳои зимни иҷрои дархост бадастомадаро ба тарафи дархосткунанда таъмин менамояд.
2. Дар сурати рад кардани дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ба ҳамкорӣ ваколатдор ба тарафи дархосткунанда оид ба сабабҳои рад кардан, инчунин шартҳое, ки дархост такроран баррасӣ шуда метавонад, хабар медиҳад ва дархостро бозпас мегардонад.
3. Дар сурати мавҷуд будани асосҳо барои рад намудани иҷрои дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ё ба таъхир гузоштани иҷрои он мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоте, ки барои амалӣ намудани ҳамкорӣ ваколатдор аст, метавонад бо тарафи дархосткунанда тартиби иҷрои дархостро бо маҳдудиятҳои муайяншуда мувофиқа намояд. Агар тарафи дархосткунанда ба шартҳои муайяншуда розӣ бошад, дархост пас аз тарафи дархосткунанда таъмин намудани иҷрои ин шартҳо, қонеъ карда мешавад.
Моддаи 484. Иштироки намояндагони мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар рафти иҷрои дархост
1. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар рафти иҷрои дархост танҳо бо иҷозати мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд.
2. Намояндагони мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ, ки тибқи талаботи Кодекси мазкур ба онҳо иҷозати иштирок дар рафти иҷрои дархост дода шудааст, ҳуқуқ надоранд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои мурофиавиро мустақилона анҷом диҳанд.
3. Шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур зикршуда ҳуқуқ доранд ҳангоми пешбурди парванда иштирок намоянд, ариза ё эродҳо пешниҳод кунанд, бо иҷозати таҳқиқбаранда, муфаттиш ва прокурор саволҳо диҳанд ва тавассути воситаҳои техникӣ рафти амалҳои тафтишотиро сабт намоянд. Ҳангоми иштирок дар рафти гузаронидани амалҳои мурофиавӣ чунин намояндагон бояд қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.
Моддаи 485. Даъвати шахси берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта
1. Шахси берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, барои гузаронидани амалҳои тафтишотӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъватнома дар асоси дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ даъват карда мешавад. Чунин шахс оид ба даъват шуданаш қаблан хабардор карда мешавад. Ба шахси даъватшуда, ғайр аз гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшуда, оид ба андоза ва тартиби пардохти хароҷот вобаста ба даъват хабар дода мешавад.
2. Шоҳид, ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ, намояндаҳои онҳо, коршинос (эксперт), ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва дар асоси дархост ҳозир шудаанд, новобаста аз шаҳрвандии худ, барои кирдор ё дар асоси ҳукмҳое, ки то убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуданд ё ҷой доштанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд. Инчунин ин шахсон барои нишондодашон ба сифати шоҳид, ҷабрдида ё барои хулосаҳо ба сифати эксперт вобаста ба парвандаи ҷиноятие, ки онҳо даъват карда шудаанд, ба ҷавобгарӣ кашида намешаванд.
3. Шахси даъватшуда кафолати дар моддаи мазкур пешбинишударо аз даст медиҳад, агар дар муҳлати понздаҳ шабонарӯз ё муҳлати дигар, ки шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, аз лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи мақомоти дахлдор дар хусуси ҷой надоштани зарурати гузаронидани амалҳои тафтишотӣ бо иштироки ӯ ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк накунад ё ба таври ихтиёрӣ баргардад. Ба ин муҳлат вақте, ки дар давоми он шахс бо сабабҳои ба ӯ вобастанабуда ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк карда наметавонист, баҳисоб гирифта намешавад.
Моддаи 486. Супоридани муваққатии шахс, ки ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида намешавад
1. Агар барои додани нишондод ё ин ки иштирок дар гузаронидани амалҳои дигари мурофиавӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ зарурати иштироки шахс, ки таҳти ҳабс қарор дорад ё ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро дар ҳудуди давлати хориҷӣ адо мекунад ва бо парвандаи ҷиноятии мазкур ба ҷавобгарӣ кашида намешавад, мақомоти пешбарандаи мурофиаи ҷиноятӣ оид ба супоридани муваққатии шахси мазкур ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод менамояд.
2. Дар ҳолати аз ҷониби дархостшаванда қонеъ гардидани дархост оид ба супоридани муваққатии шахс, ӯ пас аз гузаронидани амалҳои мурофиавӣ, ки барои иштирок дар онҳо супорида шуда буд, дар муҳлати бо давлати хориҷӣ мувофиқашуда бояд бозпас гардонида шавад.
3. Дар ҳолати кифоя набудани муҳлати муофиқашудаи супоридани муваққатӣ, мақомоти пешбарандаи мурофиаи ҷиноятӣ бояд дар муҳлати на дертар аз бист шабонарӯз то ба охир расидани муҳлат ба мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост оид ба дароз намудани ин муҳлатро барои мувофиқа бо давлати хориҷӣ пешниҳод намояд.
4. Қарори мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ оид ба таҳти ҳабс қарор додани шахс ё ин ки нисбат ба ӯ татбиқ намудани ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ, барои таҳти ҳабс қарор додани шахсе, ки муваққатан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудааст, асос мешавад.
5. Муваққатан ба давлати хориҷӣ супоридани шахсе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҷазо мекунад бо дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ бо риояи муқаррароти қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур имкон дорад. Супоридани муваққатии шахс танҳо дар ҳолати мавҷуд будани розигии хаттии ин шахс ва розигии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муовинони ӯ ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 487. Гузаронидани амалҳои мурофиавӣ тавассути алоқаи видеоӣ
1. Амалҳои мурофиавӣ дар асоси дархости мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ бо розигии мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути алоқаи видеоӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешаванд:
1) имконнопазир будани ба мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ ҳозир шудани шахсони даъватшуда;
2) таъмини амнияти шахсон;
3) асосҳои дигари дар шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда.
2. Сабти амалҳои мурофиавӣ тавассути алоқаи видеоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии тарафи дархосткунанда гузаронида мешаванд, агар ин тартиб ба принсипҳои қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошад.
3. Мақомоти ваколатдори тарафи дархосткунанда ҳангоми гузаронидани амалҳои мурофиавӣ тавассути алоқаи видеоӣ иштироки тарҷумонро бояд таъмин намояд.
4. Агар зимни гузаронидани амалҳои мурофиавӣ ҳолатҳои вайрон намудани тартиби дар қисми 2 моддаи мазкур зикршуда ошкор гарданд, мақомоте, ки амалҳои мурофиавиро мегузаронад ба иштирокчиён оид ба ин ҳолатҳо хабар дода, ҷараёни онро то бартараф намудани камбудиҳои роҳдода, манъ менамояд. Амалҳои мурофиавӣ танҳо пас аз бо ҷониби дархосткунанда мувофиқа намудани тағйироти ба рафти амалиёт воридгардида идома дода мешаванд.
5. Протоколи амалҳои мурофиавӣ ва маҳфузнигоҳдорандаи иттилооти видеоӣ ба мақомоти ваколатдори ҷониби дархосткунанда ирсол карда мешавад.
6. Аз рӯйи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи мазкур амалҳои тафтишотӣ тавассути алоқаи видеоӣ бо дархости мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
Моддаи 488. Кофтуков, ҳабси молу мулк ва мусодираи он
1. Дар асоси дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ мақомоти марказӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои мурофиавии дар Кодекси мазкур пешбинишударо бо мақсади ошкор ва ба ҳабс гирифтани молу мулк, маблағҳои пулӣ ва ашёҳои қимматбаҳои бо роҳҳои ҷиноят бадастомада, инчунин молу мулки ба гумонбаршуда, айбдоршаванда ё маҳкумшуда тааллуқдошта мегузаронанд.
2. Ҳангоми ҳабс гузоштан ба молу мулки дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, барои ҳифзи он то баровардани қарори ниҳоии суд вобаста ба молу мулки мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ин хусус тарафи дархосткунанда огоҳ карда мешавад.
3. Бо дархости тарафи дархосткунанда молу мулки дарёфтгардида мумкин аст:
1) бо риояи талаботи Кодекси мазкур ба ҳабс гирифта шуда, ба мақомоти ваколатдори тарафи дархосткунанда ҳамчун далели шайъӣ бо парвандаи ҷиноятӣ ё барои баргардонидан ба соҳибмулк супорида шавад;
2) мусодира карда шавад, агар ин дар ҳукм ё қарори дигари эътибори қонунӣ пайдокардаи суди тарафи дархосткунанда пешбинӣ шуда бошад.
4. Молу мулке, ки ба он мутобиқи банди 1) қисми 3 моддаи мазкур ҳабс гузошта шудааст, ба тарафи дархосткунанда дода намешавад ё интиқоли он мумкин аст ба таъхир гузошта шавад ё муваққатан дода шавад, агар ин молу мулк барои мақсадҳои баррасии парвандаҳои гражданӣ ё ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур бошад ё бо асосҳои дигари пешбининамудаи қонун берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварданаш номумкин бошад.
5. Молу мулки тибқи банди 2) қисми 3 моддаи мазкур мусодиракардашуда, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи мазкур, ба фоидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
6. Бо муроҷиати мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд метавонад дар бораи супоридани молу мулки тибқи банди 2) қисми 3 моддаи мазкур мусодирашуда ба тарафи дархосткунанда, инчунин оид ба супоридани арзиши пулии он қарор қабул кунад. Тартиби тақсимоти молу мулки мусодирашуда ё арзиши пулии онро шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мекунанд.
Моддаи 489. Таъсис ва фаъолияти гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ ва тафтишотӣ-оперативӣ
1. Гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ ва тафтишотӣ-оперативӣ барои гузаронидани тафтиши пешакии ҷиноятҳое, ки дар ҳудуди якчанд давлатҳо содир шудаанд ё ин ки манфиатҳои якчанд давлатҳо поймол карда шудаанд, мумкин аст созмон дода шаванд.
2. Мақомоти марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостҳои мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ оид ба таъсиси гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ ва тафтишотӣоперативиро баррасӣ намуда, дар ин хусус қарор қабул менамояд.
3. Аъзои гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ ва тафтишотӣоперативӣ байни ҳамдигар бевосита робита менамоянд, самтҳои асосии тафтишот ва гузаронидани амалҳои тафтишотиро мувофиқа мекунанд, табодули иттилоот анҷом медиҳанд. Фаъолияти онҳоро роҳбарони гурӯҳҳои муштараки тафтишотӣ аз ҳар кадом тараф ё дар асоси мувофиқа бо онҳо ташаббускори созмон додани гурӯҳҳои тафтишотӣ, тафтишотӣ-оперативӣ ё яке аз аъзои онҳо ҳамоҳанг менамоянд.
4. Амалҳои тафтишотӣ-оперативӣ ва амалҳои дигари мурофиавӣ аз ҷониби гурӯҳи муштараки тафтишотӣ, гурӯҳи тафтишотӣ-оперативии он давлате иҷро мегарданд, ки дар ҳудуди он амалҳо бояд гузаронида шаванд.
Моддаи 490. Супоридани ҳуҷҷатҳо
1. Бо дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳо ва қарорҳои ба ин дархост замимашуда ба шахсе, ки дар дархост нишон дода шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур супорида мешаванд.
2. Муфаттиш, мақомоти таҳқиқ, прокурор ё суд барои иҷрои дархост оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ шахсро барои супоридани ҳуҷҷатҳо даъват менамояд. Агар шахс бе сабабҳои узрнок ҳозир нашавад, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба таври маҷбурӣ оварда мешавад.
3. Муфаттиш, таҳқиқбаранда, прокурор ё суд дар бораи супоридани ҳуҷҷатҳо ба шахс бо нишон додани ҷой ва санаи супоридани онҳо протокол тартиб медиҳад. Протоколро шахсе, ки ба ӯ ҳуҷҷатҳо супорида шудаанд, бо илова намудани ариза ё эродҳояш, ки ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо изҳор кардааст, имзо мекунад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санад тартиб дода мешавад, ки онро шахси қабулкунандаи ҳуҷҷатҳо ва шахси супоранда имзо мекунанд.
4. Агар шахс аз гирифтани ҳуҷҷатҳое, ки бояд супорида шаванд, саркашӣ кунад, дар ин бора дар протокол нишон дода мешавад. Дар ин ҳолат, ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда супоридашуда ҳисобида шуда, он дар протокол қайд карда мешавад.
5. Агар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда бо забони тоҷикӣ ё русӣ тарҷума надошта бошанд ва ба забоне тартиб дода шуда бошанд, ки шахси дар дархост нишондодашуда онро надорад, чунин шахс ҳуқуқ дорад аз гирифтани ҳуҷҷатҳо даст кашад. Дар ин ҳолат, супоридани ҳуҷҷатҳо иҷронашуда ҳисобида мешавад.
Моддаи 491. Амалҳои мурофиавие, ки иҷозати махсусро талаб мекунанд
Агар барои иҷрои дархост гузаронидани амалҳои мурофиавӣ, ки розигии прокурор ё иҷозати судро талаб кунанд, чунин амалҳо танҳо дар сурати гирифтани иҷозати дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур сурат мегиранд, ҳатто агар қонунгузории тарафи дархосткунанда инро пешбинӣ накарда бошад. Асосҳо барои ҳалли масъалаи иҷозат додани чунин амалҳои мурофиавӣ маводи дархости тарафи дархосткунанда мебошад.