متاسفانه قانون پیدا نشد
ПУРСИШ, РӮБАРӮКУНӢ, ШИНОХТАН ВА САНҶИШИ НИШОНДОД ДАР ҶОИ ҲОДИСА | 1994
Моддаи 197. Ҷои пурсиш
1. Пурсиш дар ҷои тафтиши пешакӣ анҷом дода мешавад. Муфаттиш, агар зарур шуморад, метавонад шахсро дар ҷои будубош пурсиш намояд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1900).
2. Дар ҳолати берун аз ҷумҳурӣ будани шоҳид ё ҷабрдида пурсиш мумкин аст ба таври фосилавӣ бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсионӣ ва почтаи электронӣ бо тартиб додани протоколи пурсиш ба роҳ монда шуда, бо имзои рақамӣ тасдиқ карда шавад. Муфаттиш метавонад пурсиши фосилавиро бо иштироки шахсони холис гузаронад. Пурсиш бо риояи талаботи моддаҳои 199-203 Кодекси мазкур ва бе тартиб додани протоколи пурсиш анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1900).
1. Шоҳид, ҷабрдида, ҳамчунин гумонбаршуда, айбдоршавандае, ки дар озодӣ мебошанд, барои пурсиш тавассути даъватнома даъват карда шуда, дар он ба ҳайси кӣ, ба назди кӣ, ба кадом суроға, вақти ҳозир шудан, оқибатҳои бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудан қайд карда мешавад.
2. Даъватнома ба шахси даъватшаванда супорида шуда, имзои ӯ гирифта мешавад. Дар сурати набудани даъватшаванда даъватнома барои ба ӯ расонидан ба яке аз аъзои болиғи оила супорида шуда, имзои ӯ гирифта мешавад. Ҳангоми набудани онҳо даъватнома ба ташкилоти истифодаи манзил ё мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва ё маъмурияти ҷои кор супорида мешавад, ки онҳо вазифадоранд, онро ба шахси даъватшуда супоранд. Даъватшавандаро бо воситаҳои дигари алоқа низ даъват кардан мумкин аст.
3. Шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда вазифадоранд, ки мувофиқи даъват ба пурсиш ҳозир шаванд. Дар ҳолати бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудан дар ҳаққи онҳо метавонанд чораҳои маҷбуркунии мурофиавӣ, ки дар моддаи 113 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, татбиқ карда шаванд.
4. Шахсоне, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд ба пурсиш тавассути маъмурияти ҳабсхона даъват карда мешаванд.
5. Шахсе, ки ба синни шонздаҳ нарасидааст, ҳамроҳи падару модар ё дигар намояндагони қонунии ӯ ба ҳайси шоҳид ё ҷабрдида даъват карда мешавад. Тартиби дигари даъват кардани ноболиғ танҳо дар сурате, ки ҳолатҳои парванда тақозо мекунанд, имконпазир аст.
1. Пеш аз пурсиш муфаттиш бояд маълумотро оид ба шахсияти пурсишшаванда муайян намояд. Пурсишшаванда бо забони модарӣ ё забони дигаре, ки медонад, нишондод медиҳад.
2. Ба шахсе, ки ба пурсиш даъват шудааст, хабар дода мешавад, ки ӯ ба ҳайси кӣ, аз рӯи кадом парвандаи ҷиноятӣ пурсиш мешавад, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ӯ, ки дар Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, фаҳмонида, дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад. Шахсоне, ки ба пурсиш ба ҳайси шоҳид ё ҷабрдида даъват шудаанд, дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад кардан ё саркашӣ намудан аз додани нишондод, ҳамчунин барои дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ огоҳ карда мешаванд.
3. Пурсиш аз он оғоз мегардад, ки пурсишшаванда ҳолатҳои ба ӯ маълумбудаи парвандаро баён кунад. Агар пурсишшаванда дар бораи ҳолатҳое сухан гӯяд, ки бо парванда ҳеҷ робитае надорад, ӯ бояд огоҳ карда шавад.
4. Баъди ба охир расидани нақли озод ба пурсишшаванда саволҳое додан мумкин аст, ки мақсад аз онҳо саҳеҳ ва пурра гардонидани нишондод бошад. Додани саволҳои раҳнамункунанда манъ аст.
5. Агар нишондод бо маълумоти рақамӣ ё маълумоти дигар вобаста бошад, ки дар хотир нигоҳ доштани онҳо мушкил аст, пурсишшаванда ҳуқуқ дорад аз ҳуҷҷатҳо ва сабтҳое, ки бо ташаббуси муфаттиш ва бо ризои ё бо хоҳиши пурсишшаванда метавонанд ба парванда дохил карда шаванд, истифода барад.
6. Дар ҷараёни пурсиш муфаттиш метавонад ба пурсишшаванда далелҳои шайъӣ ва ҳуҷҷатҳоро нишон диҳад ва баъди ба охир расидани нақли озод нишондодеро, ки дар маводи парвандаи ҷиноятӣ мавҷуданд, бихонад, сабти овоз ва видео ё маводи наворбардоришударо намоиш диҳад ва шарҳи онҳоро пурсад.
7. Пурсиши бефосила аз 4 соат ва давомнокии он дар як рӯз аз 8 соат зиёд шуда наметавонад.
1. Ҷараён ва натиҷаи пурсиш дар протоколи бо риояи талаботи моддаҳои 172 ва 173 Кодекси мазкур тартиб дода, инъикос карда мешаванд. Нишондод аз забони шахси аввал ва аз рӯи имкон айнан сабт карда мешавад. Саволҳо ва ҷавобҳои онҳо бо ҳамон тартибе, ки дар ҷараёни пурсиш сурат гирифтааст, сабт мегарданд. Дар протокол ҳамчунин бояд саволҳои шахсоне, ки дар пурсиш иштирок кардаанд, саволҳое, ки аз тарафи муфаттиш дур карда шудаанд ё саволҳое, ки пурсишшаванда ба онҳо ҷавоб доданро рад намудааст, бо зикри далелҳои дур ё рад кардан инъикос меёбанд.
2. Нишон додани далели шайъӣ ва ҳуҷҷат, хондани протокол ва намоиши сабти овоз, видео ва наворбардории амалҳои тафтишӣ, ҳамчунин нишондоде, ки вобаста ба он аз тарафи пурсишшаванда дода шудаанд, бояд ҳатман дар протокол инъикос ёбанд.
3. Пурсишшаванда дар ҷараёни тафтиш метавонад тарҳ, нақша, расм, диаграмма тайёр кунад, ки онҳо ба протокол ҳамроҳ карда, дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.
4. Баъди ба охир расидани нақли озод пурсишшаванда ҳуқуқ дорад нишондодашро бо дасти худ нависад. Баъди бо дасти худ навиштани нишондод ва имзо гузоштани пурсишшаванда муфаттиш метавонад саволҳои пурракунанда ва дақиқкунанда диҳад.
5. Баъди ба охир расидани пурсиш протокол барои хондан ба пурсишшаванда пешниҳод мешавад ё бо хоҳиши ӯ хонда мешавад. Талаби пурсишшаванда дар бораи ба протокол дохил намудани иловаҳо ва тасҳеҳот бояд ҳатман иҷро карда шавад.
6. Пурсишшаванда далели шинос шудан бо нишондод ва дурустии сабти онҳоро бо имзои худ дар охири протокол тасдиқ менамояд. Ҳар саҳифаи протокол аз тарафи пурсишшаванда имзо карда мешавад.
7. Агар дар пурсиш тарҷумон иштирок карда бошад, ӯ низ ҳар як саҳифа ва протоколро дар маҷмӯъ имзо мекунад. Тарҷумон ба тарҷумаи нишондоди бо дасти худ навиштаи пурсишшаванда имзо мегузорад.
8. Ҳамаи шахсоне, ки дар пурсиш иштирок карданд, дар протокол имзо мегузоранд.
1. Бо қарори муфаттиш ҳангоми пурсиши гумонбаршуда, айбдоршаванда, шоҳид ё ҷабрдида сабти овоз ва видео истифода шуда метавонад. Сабти овоз ва видео метавонад ҳамчунин бо хоҳиши гумонбаршуда, айбдоршаванда, шоҳид ё ҷабрдида истифода гардад.
2. Муфаттиш дар бораи сабти овоз ва видео қарор қабул мекунад ва дар ин бобат ба пурсишшаванда то оғози пурсиш хабар медиҳад.
3. Сабти овоз ва видео маълумотеро, ки дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 172 Кодекси мазкур зикр шудаанд, бояд тамоми ҷараёни пурсишро инъикос намояд. Сабти овоз ва видеои як қисми пурсиш, ҳамчунин такрори маълумоте, ки дар ҷараёни ҳамон пурсиш дода шудаанд, махсус барои сабти нишондод мумкин нест.
4. Баъди ба охир расидани пурсиш сабти овоз ва видео ба пурсишшаванда пурра шунавонида ва нишон дода мешавад. Баъди ба охир расидани намоиш ё шунидани сабт аз пурсишшаванда пурсида мешавад, ки оё ӯ гуфтаҳои худро пурра ё аниқ карда метавонад ва оё ӯ дурустии сабтро тасдиқ мекунад. Иловаҳои пурсишшаванда ба нишондодҳои сабти овоз ва видео, ҳамчунин ба фонограмма ва видеограммаҳо дохил карда мешаванд. Сабти овоз ва видео бо изҳороти пурсишшаванда, ки дурустии онро тасдиқ мекунад, ба охир мерасад.
5. Нишондоди дар ҷараёни пурсиш бо истифодаи сабти овоз ва видео гирифташуда мутобиқи қоидаҳои Кодекси мазкур ба протокол дохил карда мешаванд. Дар протоколи пурсиш ҳамчунин инҳо зикр мегардад:
- қайди татбиқи сабти овоз ва видео ва огоҳ кардани пурсишшаванда дар ин бобат;
- маълумот оид ба воситаҳои техникӣ ва шароити сабти овоз ва видео;
- изҳори пурсишшаванда доир ба татбиқи сабти овоз ва видео нисбати ӯ;
- тасдиқи дурустии протокол, сабти овоз ва видео аз тарафи пурсишшаванда ва муфаттиш.
6. Фонограмма ва видеограмма ҳамроҳи парванда нигоҳ дошта, баъди ба охир расидани тафтиши пешакӣ мӯҳр карда мешаванд.
1. Шоҳид ва ҷабрдидае, ки аз рӯи як парванда даъват шудаанд, дар алоҳидагӣ ва дар набудани дигар шоҳид ва ҷабрдида пурсиш карда мешаванд. Муфаттиш чора меандешад, ки шоҳидон ва ҷабрдидагони як парванда бо ҳамдигар гуфтугӯ карда натавонанд (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755).
2. Пеш аз пурсиш муфаттиш ба шахсияти шоҳид ё ҷабрдида боварӣ ҳосил карда, муносибати онҳоро бо айбдоршаванда ё гумонбаршуда муайян менамояд,, ба онҳо ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мурофиавиро мефаҳмонад, доир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад кардан аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ онҳоро огоҳ мекунад. Зимнан муфаттиш вазифадор аст фаҳмонад, ки шоҳид ё ҷабрдида ҳуқуқ дорад аз додани нишондоде, ки худи онҳо ё хешованди наздики онҳоро барои содир намудани ҷиноят айбдор мекунад, рад намояд. Шоҳид ё ҷабрдидае, ки аз ин ҳуқуқ истифода набурдааст, доир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ огоҳ карда мешавад. Дар бобати ба шоҳид ё ҷабрдида фаҳмонидани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо огоҳӣ доир ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои рад кардан ё саркашӣ намудан аз додани нишондод, ҳамчунин дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ дар протокол қайд намуда, бо имзои шахси пурсишшаванда тасдиқ карда мешавад.
3. Пурсиши шоҳид ва ҷабрдида мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 199 Кодекси мазкур сурат мегирад.
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1275)
1. Ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ба синни шонздаҳ нарасида, инчунин шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғе, ки бинобар ҳолати ҷисмонӣ ё рӯҳии худ имконияти мустақилона ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро надорад, иштироки омӯзгор ва (ё) равоншинос ҳатмӣ мебошад. Омӯзгор ё равоншинос ҳангоми пурсиши шоҳид ва ҷабрдидаи синнаш аз шонздаҳ боло бо салоҳдиди прокурор, муфаттиш ва ё бо дархости ҳимоятгар иштирок мекунад. Ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ иштироки намояндагони қонунии он ҳатмист (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1811).
2. Шоҳид ва ҷабрдидаи синнашон ба шонздаҳ нарасида, инчунин шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғе, ки бинобар ҳолати ҷисмонӣ ё рӯҳии худ имконияти мустақилона ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро надорад, доир ба ҷавобгарӣ барои надодани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ огоҳ карда намешаванд. Ҳангоми ба чунин шоҳидон ва ҷабрдидагони ноболиғ фаҳмонидани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Мурофиавии онҳо таъкид карда мешавад, ки танҳо ҳақиқатро гӯянд. Ба шоҳидон ва ҷабрдидагони ноболиғ ҳуқуқи надодани нишондоде, ки худи онҳо ва хешовандони наздики онҳоро ба содир кардани ҷиноят айбдор мекунанд, фаҳмонида мешавад. Дар бораи фаҳмонидани ҳуқуқу ӯҳдадориҳо дар протокол қайд гузошта, он бо имзои шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ, намояндаи қонунии ӯ, омӯзгор ва ё равоншинос тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1811).
3. Омӯзгор ва ё равоншинос ҳуқуқ доранд бо иҷозати муфаттиш ба шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ саволҳо диҳанд ва баъди ба охир расидани пурсиш бо протоколи пурсиш шинос шаванд ва доир ба дурустӣ ва пуррагии сабтҳои он мулоҳизаҳояшонро пешниҳод намоянд. Ин ҳуқуқро муфаттиш пеш аз пурсиши шоҳид ва ҷабрдидаи ноболиғ ба омӯзгор ё равоншинос мефаҳмонад. Дар ин хусус дар протоколи пурсиш сабт карда мешавад.
4. Ба шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда, ки ҳангоми пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ иштирок кардаанд, ҳуқуқи пешниҳоди мулоҳизоти ба протокол воридшаванда оид ба вайрон гардидани ҳуқуқу манфиатҳои пурсишшавандагон, додани саволҳо бо иҷозати муфаттиш фаҳмонида мешавад. Муфаттиш метавонад саволро рад намояд, вале бояд онро ба протокол ворид намуда, сабаби радкуниро зикр кунад (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1275).
5. Пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғи то ҳафтсола наметавонад дар як рӯз бе танаффус зиёда аз 30 дақиқа ва дар маҷмӯъ бештар аз як соат, аз ҳафт то чордаҳсола дар як рӯз бе танаффус зиёда аз як соат ва дар маҷмӯъ бештар аз ду соат, аз чордаҳ то шонздаҳсола дар як рӯз бе танаффус зиёда аз як соату 30 дақиқа ва дар маҷмӯъ бештар аз се соат ва аз шонздаҳ то ҳаждаҳсола дар як рӯз бе танаффус зиёда аз ду соат ва дар маҷмӯъ бештар аз чор соат давом ёбад. Давомнокии пурсиши шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғе, ки бинобар ҳолати ҷисмонӣ ё рӯҳӣ имконияти мустақилона ҳимоя кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худро надорад, аз тарафи муфаттиш дар асоси тавсияи омӯзгор ё равоншинос муқаррар карда мешавад, вале он набояд аз меъёри пешбинигардидаи ҳамин қисм, зиёд бошад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1811).
6. Муқаррароти қисми 5 моддаи мазкур дар рафти гузаронидани дигар амалҳои тафтишӣ (рӯбарӯкунӣ, нишон додан барои шинохтан, озмоиши тафтишотӣ, санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса ва ғайра), ки бо иштироки шоҳид ё ҷабрдидаи ноболиғ гузаронида мешаванд, татбиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 23.12.2021 № 1811).
1. Муфаттиш ҳуқуқ дорад, ки ду шахси қаблан пурсишшударо, агар дар нишондоди онҳо мухолифати ҷиддӣ вуҷуд дошта бошад, рубарӯ кунад.
2. Пеш аз оғози рӯбарӯкунӣ муфаттиш ба иштирокчиёни ин амал ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшон, ҳамчунин тартиби ба ҷо овардани ин амали тафтиширо мефаҳмонад. Агар рӯбарӯкунӣ бо иштироки шоҳид ва ҷабрдида гузаронида шавад, онҳо дар бораи ҷавобгарии ҷиноятӣ барои саркашӣ намудан аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ огоҳ карда мешаванд ва дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755).
3. Муфаттиш аз шахсоне, ки дар байни онҳо рӯбарӯкунӣ сурат мегирад, мепурсад, ки оё онҳо ҳамдигарро медонанд ё не ва ба ҳамдигар чӣ гуна муносибат доранд. Ба иштирокчиён бо навбат пешниҳод карда мешавад, ки оид ба муайян кардани ҳолатҳои рӯбарӯкунӣ нишондод диҳанд. Баъди додани нишондод муфаттиш метавонад ба ҳар кадоме аз пурсишшавандагон савол диҳад. Шахсоне, ки бо ҳамдигар рӯбарӯ карда мешаванд, метавонанд бо иҷозати муфаттиш ба якдигар саволҳо диҳанд. Дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755).
4. Ҳангоми рӯбарӯкунӣ муфаттиш ҳуқуқ дорад, ки далелҳои шайъӣ ва ҳуҷҷатҳои ба парванда дохил кардашударо нишон диҳад.
5. Хонда додани нишондоди иштирокчиёни рӯбарӯкунӣ, ки дар протоколҳои пурсишҳои пешина мавҷуданд, ҳамчунин шунавонидан ва намоиш додани сабти овозӣ ва видеоии нишондоди мазкур танҳо баъди аз тарафи онҳо дода шудани нишондод дар вақти рӯбарӯкунӣ ва сабти онҳо дар протокол мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755).
6. Дар протоколи рӯбарӯкунӣ нишондоди шахсони пурсишшаванда бо ҳамон навбат сабт карда мешаванд, ки онҳо нишондод додаанд. Ҳар як иштирокчии рӯбарӯкунӣ нишондоди худ ва ҳар як саҳифаи протоколро дар алоҳидагӣ имзо мегузорад (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755).
7. Агар муқаррар карда шуда бошад, ки рӯбарӯкунии айбдоршаванда бо ҷабрдида ва шоҳид метавонад ба шоҳид ва ҷабрдида зарар расонад ё онҳоро тарсонад, рӯбарӯкунӣ бояд истисно карда шавад.
1. Муфаттиш метавонад шахс ё ашёро барои шинохтан ба шоҳид, ҷабрдида, гумонбаршуда ё айбдоршаванда нишон диҳад. Барои шинохтан ҷасадро низ нишон додан мумкин аст.
2. Шиносшавандагон қаблан дар бораи ҳолатҳое, ки онҳо шахс ё ашёи дахлдорро дидаанд, оид ба нишонаҳо ва мушаххасоте, ки аз рӯи онҳо метавонанд шахс ё ашёро шиносанд, пурсида мешаванд.
1. Шахс барои шинохтан яқҷоя бо шахсони дигаре, ки аз рӯи имкон зоҳиран ба ӯ монанд бошанд, нишон дода мешавад. Теъдоди умумии шахсоне, ки барои шинохтан нишон дода мешаванд, набояд аз се нафар кам бошад. Ин қоида дар мавриди шинохтани ҷасад татбиқ намегардад.
2. Пеш аз нишон додан барои шинохтан ба шахси шинохташаванда пешниҳод карда мешавад, ки дар байни нишондодашавандагон ҳар ҷоеро, ки хоста бошад, ишғол намояд ва дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.
3. Ҳангоми ғайриимкон будани нишондиҳии шахс барои шинохтан, ин амал метавонад аз рӯи акси ӯ, ки якҷоя бо аксҳои шахсони аз рӯи имкон зоҳиран ба ӯ монанд, бо теъдоди на кам аз се акс анҷом дода мешавад.
4. Ашё якҷоя бо ашёи якхела бо теъдоди на камтар аз се ашё барои шинохтан пешниҳод карда мешавад.
5. Агар шиносанда шоҳид ё ҷабрдида бошад, ӯ пеш аз шинохтан дар бораи ҷавобгарӣ барои рад кардан ё саркашӣ кардан аз додани нишондод ва дидаю дониста додани нишондоди бардурӯғ огоҳ карда мешавад, ки дар ин бобат дар протокол қайд карда мешавад.
6. Ба шиносанда пешниҳод карда мешавад, ки шахс ё ашёи дар нишондоди худ зикркардаашро нишон диҳад. Додани саволҳои раҳнамункунанда мумкин нест.
7. Агар шиносанда яке аз шахсон ё ашёи ба ӯ нишондодашударо шиносад, аз ӯ пурсида мешавад, ки аз рӯи кадом нишонаҳо ё мушаххасот он шахс ё ашёро шинохтааст.
8. Нишон додан барои шинохтан дар ҳузури шахсони холис гузаронида мешавад.
9. Бо мақсади таъмини амнияти шиносанда нишон додани шахс барои шинохтан метавонад дар шароите доир гардад, ки шинохташаванда шиносандаро дида натавонад. Дар чунин ҳолатҳо шахсони холис бояд дар ҷойи қарордоштаи шиносанда қарор дошта бошанд. Ба шахсони холис ва шиносанда бояд имкон фароҳам оварда шавад, ки шахсони шинохташавандаро дида тавонанд.
10. Дар бораи нишон додан барои шинохтан бо риояи талаботи моддаҳои 172, 187 Кодекси мазкур протокол тартиб дода мешавад. Дар протокол шароит, ҷараён, натиҷаҳои шинохтан зикр ва аз рӯи имкон шарҳҳои шиносанда айнан баён карда мешаванд. Агар пешниҳоди шахсе, ки барои шинохтан нишон дода шудааст, дар шароите анҷом дода шуда бошад, ки шинохташаванда имкони дидани шиносандаро надошт, ин ҷиҳат ҳам дар протокол зикр карда мешавад.
1. Нишондоди гумонбаршуда, айбдоршаванда,_ҷабрдида ва шохид мумкин аст дар ҷое, ки 6а ҳодисаи тафтишшаванда вобаста аст, барои муқаррар намудани маълумоти нави воқеӣ, нишон додани хатти сайр ва ҷойҳое, ки амали тафтишшаванда содир карда шудааст, ҳамчунин барои муайян намудани эътимоднокии онҳо бо роҳи муқоиса бо вазъи ҳодиса тафтиш ё аниқ карда шаванд.
2. Санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса метавонад аз инҳо иборат бошад:
- шахси нишондоддода дар ҷои ҳодиса, вазъ ва ҳолатҳои ҳодисаи тафтишшавандаро барқарор мекунад;
- ашё, ҳуҷҷатҳо ва нишонаҳоеро, ки барои парванда аҳамият доранд, кофта меёбад ва нишон медиҳад;
- амалҳои муайянро намоиш медиҳад;
- нишон медиҳад, ки дар воқеаи таҳқиқшаванда ин ё он ашё кадом нақшро иҷро кардааст;
- ба тағйири вазъи ҷои ҳодиса таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд;
- нишондоди пешинаи худро мушаххас ва аниқ месозад.
3. Ба ин амалҳо ягон дахолати беруна ва саволҳои раҳнамункунанда додан мумкин нест.
4. Санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса дар ҳузури шахсони холис ва дар мавриди зарурӣ бо иштироки мутахассис гузаронида мешавад.
5. Дар ҷои ҳодиса дар як вақт санҷидани нишондоди якчанд шахс мумкин нест.
6. Баъди аниқ кардани нишондод ва нишон додани амалҳо ба шахсе, ки нишондодаш санҷида мешавад, саволҳои марбут ба амалҳои тафтишӣ додан мумкин аст.
7. Дар ҳолатҳои зарурӣ ҳангоми гузаронидани санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса андозагирию, аксбардорӣ, сабти овоз, сабти видео анҷом дода, нақшаҳо ва тарҳҳо тартиб дода мешаванд.
8. Доир ба гузаронидани санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса бо риояи талаботи моддаҳои 172, 187 Кодекси мазкур протокол тартиб дода мешавад. Дар протокол шароит, ҷараён ва натиҷаҳои санҷиши нишондод дар ҷои ҳодиса муфассал инъикос карда мешаванд.