ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ИНТИҚОЛИ МОЛ ВА ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ АЗ САРҲАДИ ГУМРУКӢ | 1994

Моддаи 11. Интиқоли мол (аз ҷумла асъор ва сарватҳои асъорӣ) ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ҳамаи шахсон барои интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ҳуқуқи баробар доранд.
2. Мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс интиқол дода мешаванд.
Тартиби интиқоли асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоғазҳои қиматноки бо асъори Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодаёфта, асъори хориҷӣ ва сарватҳои асъории дигар тибқи ҳамин Кодекс ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.
Моддаи 11(1). Пешниҳоди маълумоти пешакӣ ба мақомоти гумрук
1. Мақсади пешниҳоди маълумоти пешакӣ ин аз ҷониби мақомоти гумрук гирифтани маълумот дар бораи моле, ки интиқоли он аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, барои арзёбии таваккал ва қабули қарор оид ба интихоби объектҳо, шаклҳои назорати гумрукӣ ва чораҳои таъминкунандаи гузаронидани назорати гумрукӣ то расидани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои суръатбахшии анҷом додани амалиётҳои гумрукӣ ва муносибгардонии гузаронидани назорати гумрукӣ ба ҳисоб меравад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Маълумоти пешакӣ дар шакли электронӣ тавассути низоми иттилоотии мақомоти гумрук пешниҳод карда мешавад. Дар шакли хаттӣ пешниҳод намудани маълумоти пешакӣ дар ҳолатҳои корношоямии низоми иттилоотии мақомоти гумрук дар натиҷаи камбудиҳои техникӣ, халалдоршавӣ дар кори алоқа (шабакаҳои алоқаи барқӣ ва интернет) ва (ё) дигар ҳолатҳои ғайричашмдошт, ки ба пешниҳоди маълумоти пешакӣ дар шакли электронӣ имкон намедиҳанд, иҷозат дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Маълумоти пешакии дар шакли ҳуҷҷати электронӣ пешниҳодгардида ҳангоми анҷом додани амалиётҳои гумрукии марбут ба огоҳ намудани мақомоти гумрук дар бораи расидани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи расмиёти гумрукии транзити гумрукӣ, ҷойгир кардани мол таҳти нигаҳдории муваққатӣ ва декларатсиякунонии мол истифода бурда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Маълумоти пешакӣ ба таври ҳатмӣ пешниҳод карда мешавад. Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ маълумоти пешакиро декларант пешниҳод менамояд. Ҳангоми ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти дарёӣ, ҳавоӣ ё роҳи оҳан маълумоти пешакӣ аз ҷониби интиқолдиҳанда пешниҳод карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Маълумоти пешакии ба мақоми гумрук пешниҳодгардида тибқи тартиб ва муҳлати муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ба қайд гирифта мешавад ё бақайдгирии он рад карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Маълумоти пешакӣ дар низоми иттилоотии мақомоти гумрук дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи бақайдгирии он нигоҳ дошта мешавад ва баъди гузаштани ин муҳлат чунин маълумот аз ҷониби мақомоти гумрук ба сифати маълумоти пешакӣ истифода бурда намешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Маълумоти пешакӣ метавонад нисбат ба молҳои зерин пешниҳод карда нашавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) молҳое, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ барои истифодаи шахсӣ интиқол дода мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) молҳое, ки дар муросилоти байналмилалии почта ирсол карда мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) молҳое, ки дар қисми 1 моддаи 320 ҳамин Кодекс зикр шудаанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) молҳое, ки барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаҳо ва фалокатҳо интиқол дода мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
5) молҳои таъиноти ҳарбӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
8. Маълумоти пешакӣ нисбат ба молҳое, ки тавассути қубур ё хатти барқ интиқол дода мешаванд, пешниҳод карда намешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
9. Шакл ва таркиби маълумоти пешакӣ, тартиб ва муҳлати пешниҳоди маълумоти пешакӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян карда мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 12. Риояи мамнӯият ва маҳдудиятҳо ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ
1. Моле, ки воридоташ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, аз ҷониби мақомоти гумрук боздошта шуда, нисбати онҳо тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд. Агар дар ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, чунин мол бояд бетаъхир аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шавад. Ин молро интиқолдиҳанда мебарорад. Ҳангоми набудани имконоти баровардан ё фавран набаровардан ин мол бояд дар анбори нигаҳдории муваққатӣ ё маҳали дигаре, ки минтақаҳои назорати гумрукӣ мебошанд (моддаи 403), аз ҳисоби шахсони дар моддаи 15 ҳамин Кодекс зикргардида ҷойгир карда шавад. Мӯҳлати ниҳоии нигаҳдории чунин мол 3 шабонарӯз муайян карда шудааст, агар мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати моли алоҳида мӯҳлати дигаре муқаррар нашуда бошад. Моли мазкур ҳангоми ба охир расидани ин мӯҳлат мувофиқи боби 58 ҳамин Кодекс ихтиёрдорӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моле, ки воридоти он ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст (ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс аз ҷониби мақомоти гумрук иҷозат дода мешавад), бо риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои воридот иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Моле, ки содироташ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, бояд аслан содир карда нашавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моле, ки содироташ аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шудааст, бо риояи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содирот иҷозат дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Хароҷоти декларантҳо, интиқолдиҳандагон ё шахсони алоҳида вобаста ба риояи мамнӯият ва маҳдудиятҳо барои воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё содироти он аз ин ҳудуд мувофиқи моддаи 15 ҳамин Кодекс аз ҷониби мақомоти гумрук ҷуброн карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 13. Расмиёти гумрукӣ ва назорати гумрукӣ
1. Ҳамаи мол ва воситаҳои нақлиёте, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода мешаванд, тибқи тартиб ва шартҳои муайяннамудаи ҳамин Кодекс бояд ҳатман мавриди барасмиятдарорӣ ва назорати гумрукӣ қарор гиранд.
2. Ҳангоми амалӣ намудани расмиёт ва назорати гумрукӣ мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо ҳуқуқ надоранд талабот ва маҳдудиятҳоеро муқаррар намоянд, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии гумрук ва ё дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд.
Моддаи 14. Истифодабарӣ ва ихтиёрдории мол ва воситаҳои нақлиёт
1. Ҳеҷ кас ба истифодабарӣ ва ихтиёрдории мол ва воситаҳои нақлиёт то замони иҷозати онҳо ҳуқуқ надорад, ба истиснои тартиб ва шартҳое, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст.
2. Баъди иҷозати мол ва воситаҳои нақлиёт истифодабарӣ ва ихтиёрдории онҳо тибқи низоми арзгардидаи гумрукӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 15. ӯҳдадорӣ оид ба татбиқи амалиёти гумрукӣ барои иҷозати мол
Агар ҳамин Кодекс тартиби дигаре муқаррар накарда бошад, ӯҳдадорӣ оид ба татбиқи амалиёти гумрукиро барои иҷозати мол инҳо ба зимма мегиранд:
1) агар мол аз сарҳади гумрукӣ тибқи аҳди фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз ҷониби шахси ватанӣ басташуда интиқол дода шавад - шахси ватание, ки чунин аҳдро бастааст ё аз номи ӯ ё бо супориши ӯ аҳд ба имзо расидааст;
2) агар мол аз сарҳади гумрукӣ бе бастани аҳд аз ҷониби шахси ватанӣ интиқол дода шавад - шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи соҳибӣ ё ҳуқуқи истифодабарии молро дорад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
3) шахсони дигаре, ки тибқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ҳамин Кодекс бо моли таҳти назорати гумрукӣ қарордошта барои иҷрои амали дорои аҳамияти ҳуқуқӣ аз номи худ ба сифати дахлдор баромад карда метавонанд.
Моддаи 16. Кафолатҳо барои иҷрои пурраи ӯҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати мол мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд аз шахси кафолатдиҳанда иҷрои ӯҳдадориҳояшро мувофиқи муқаррароти ҳамин Кодекс, аз ҷумла ҷиҳати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи боби 46 ҳамин Кодекс талаб намоянд.