ПРИНСИПҲОИ АНДОЗБАНДӢ | 1994

  Моддаи 7. Принсипҳои андозбандӣ
Андозбандӣ ба принсипҳои қонуният, ҳатмият, асоснокии андозбандӣ ва ҳамкории мақомоти андоз бо андозсупоранда, адолат, ягонагии низоми андоз ва шаффофият асос меёбад.
  Моддаи 8. Принсипи қонуният
1. Андоз мутобиқи Кодекси мазкур муқаррар карда мешавад ва меъёрҳои қонунгузории андоз наметавонанд ба принсипҳои бо ҳамин Кодекс муқарраршуда мухолифат кунанд.
2. Ба ҳеҷ шахс наметавонад уҳдадории пардохти андоз, ки мутобиқи Кодекси мазкур муқаррар нашудааст ё бе риояи меъёрҳои он муқаррар гардидааст, вогузор карда шавад.
  Моддаи 9. Принсипи ҳатмият
Ҳамаи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ уҳдадоранд андозҳои тибқи Кодекси мазкур муқарраршударо пардохт намоянд ва меъёрҳои қонунгузории андозро риоя кунанд.
  Моддаи 10. Принсипи асоснокии андозбандӣ ва ҳамкории мақомоти андоз бо андозсупоранда
1. Асоснокии андозбандӣ маънои дар қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани ҳамаи унсурҳои андоз, андозсупоранда, имтиёзҳои андозӣ, тартиб, иҷро ва қатъ намудани уҳдадориҳои андозро ифода менамояд.
2. Дар доираи муносибатҳои андозӣ мақомоти андоз уҳдадоранд бо мақсади иҷрои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андозсупоранда ҳамкорӣ намоянд. Дар баробари ин, мақомоти андоз ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти қонунии андозсупоранда монеаи сунъӣ эҷод намоянд, андозсупоранда бошад уҳдадор аст ба мақомоти андоз барои амалӣ намудани ваколатҳояшон мусоидат кунад.
  Моддаи 11. Принсипи адолат
1. Андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон умумӣ мебошад ва ҳамаи андозсупорандагон андозҳоро муносиб ба даромад ва молу мулк пардохт мекунанд.
2. Муқаррар намудани меъёрҳои фарқкунандаи андоз, имтиёзҳои андоз ё дигар афзалиятҳо вобаста ба шакли моликият, манбаи маблағгузорӣ, инчунин андозҳое, ки барои амалинамоии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон монеа эҷод мекунанд, манъ аст.
  Моддаи 12. Принсипи ягонагии низоми андоз
1. Низоми андоз дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона мебошад.
2. Муқаррар намудани андозҳое, ки фазои ягонаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бевосита ё бавосита озодона интиқол додани мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) ё воситаҳои молиявиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд менамоянд, манъ аст.
  Моддаи 13. Принсипи шаффофият
1. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ ҳатман интишор карда мешаванд.
2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ, ки расман интишор нашудаанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.