ПЕШБУРДИ СУРЪАТНОК | 1994
Моддаи 453. Тартиби пешбурди суръатнок
1. Ҳангоми мавҷуд будани аломатҳои ҷиноятҳои бо қисми 1 моддаи 111, қисми 1 моддаи 125, қисми 1 моддаи 126, қисми 1 моддаи 131,қисми 4 моддаи 195, қисми 4 моддаи 196, қисми 1 моддаи 230, қисми 1 моддаи 232, қисми 1 моддаи 234, қисми 1 моддаи 237, қисми 1 моддаи 247, қисми 1 моддаи 253, қисми 1 моддаи 254, қисми 1 моддаи 255, қисми 1 моддаи 294, моддаи 334 ва моддаи 339 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, дар ҳолатҳое ки воқеияти ҷиноят аён асту шахси гумонбар барои содир кардани ҷиноят маълум ва ӯ дар содир кардани ҷиноят алоқаманд будани худро рад намекунад, мақомоти таҳқиқ дарҳол ба пешбурди суръатнок шурӯъ менамояд (Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755, аз 29.01.2021 № 1755).
2. Тартиби пешбурди суръатнок бо қоидаҳои умумии Кодекси мазкур, бо назардошти муқаррароти моддаҳои ҳамин боб муайян карда мешаванд.
3. Ҳангоми пешбурди суръатнок мақомоти таҳқиқ то оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ дар муддати ҳафт шабонарӯз аз шахси ҷиноят содиркарда, шоҳидон ва дигар шахсон дар бораи ҳолатҳои ҷинояти содиршуда баёнот мегирад, маълумотро дар бораи мавҷуд будан ё набудани доғи судии шахси ҷиноят содиркарда, маълумот доир ба шахсият ва дигар маълумотҳоро, ки барои баррасии парванда дар маҷлиси суд аҳамият дорад, талаб менамояд.
4. Шахси ҷиноят содиркарда барои аз рӯи даъват ҳозир шудан ба мақомоти таҳқиқ ва суд, хабар додан аз тағйири ҷои истиқомат ӯҳдадор карда мешавад. Дар ҳолати ҳозир нашудан ба мақомоти таҳқиқ ё ба маҷлиси суд шахс маҷбуран оварда мешавад.
Пешбурди суръатнок бояд на дертар аз даҳ шабонарӯз аз рӯзи ба мақомоти таҳқиқ ворид шудани ариза ё хабар дар бораи ҷиноят то ба прокурор фиристодани парванда тамом карда шавад.
1. Мақомоти таҳқиқ маводи ҷамъовардаро барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ва ба суд равон кардани он кифоя эътироф карда, дар бораи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ қарор қабул карда, онро ба пешбурди худ қабул мекунад,ва шахси ҷиноят содиркардаро бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 221 -228 Кодекси мазкур ба сифати айбдоршаванда ҷалб менамояд, масъаларо дар бораи чораи пешгирӣ нисбат ба айбдоршаванда мутобиқи моддаҳои 101-111 Кодекси мазкур ҳал менамояд, ҳамчунин дар бораи эътироф намудани шахс ба сифати ҷабрдида, даъвогари гражданӣ, ҷавобгари гражданӣ қарор қабул мекунад.
2. Мақомоти таҳқиқ амалиёти дар қисми 1 ҳамин модда зикршударо иҷро намуда, аз рӯи асосҳо ва бо тартиби пешбининамудаи моддаҳои 239-246 Кодекси мазкур мурофиаи суръатнокро ба анҷом мерасонад.
Ҳангоми аз мақоми таҳқиқ ворид шудани парвандаи ҷиноятӣ, ки бо тартиби пешбурди суръатнок анҷом дода шудааст, прокурор ё муовини ӯ вазифадоранд дар муддати на зиёда аз 24 соат парвандаро санҷида, бо асосҳо ва бо тартиби дар моддаҳои 247-250 Кодекси мазкур пешбинишуда дар бораи он қарор қабул намояд.
1. Таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятӣ дар бораи ҷиноятҳои дар моддаи 453 Кодекси мазкур номбаркардашуда аз ҷониби мақомоти таҳқиқ аз рӯи қоидаҳои умумии Кодекси мазкур дар ҳолатҳои зерин анҷом дода мешавад:
- ҳангоми аз ҷониби сардори мақомоти таҳқиқ оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ, ба шарте, ки дар давоми ҳафт шабонарӯз муайян намудани ҳолатҳои муҳими содир шудани ҷиноят аз имкон берун бошад;
- ҳангоми аз ҷониби прокурор барои пешбурди таҳқиқ баргардонидани парвандаи ҷиноятие, ки бо тартиби пешбурди суръатнок анҷом дода шудааст;
- ҳангоми дар муддати се шабонарӯз аз имкон берун будани иҷрои амалҳои мурофиавии дар моддаи 453 Кодекси мазкур пешбинишуда.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур таҳқиқ бояд на дертар аз бист шабонарӯз аз рӯзи оғози парвандаи ҷиноятӣ ё баргардонидани он анҷом дода шавад.
1. Доир ба ҷиноятҳои дар моддаи 453 Кодекси мазкур пешбинишуда, ба шарте, ки онҳо аз ҷониби ноболиғон содир шуда бошанд, ҳамчунин дар бораи кирдори барои ҷамъият хавфноки бо қонуни ҷиноятӣ пешбининамудаи номукаллафон ё шахсоне, ки баъди содир кардани ҷиноят ба касалии рӯҳӣ дучор шудаанд, тафтиши пешакӣ анҷом дода мешавад.
2. Тафтиши пешакӣ бояд на дертар аз як моҳ аз рӯзи оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ анҷом дода шавад.
1. Доир ба парвандаи ҷиноятии аз прокурор ба суд воридшуда судя амалиёти тайёриро гузаронида, мутобиқи қоидаҳои боби 31 Кодекси мазкур қарор қабул менамояд.
2. Доир ба парвандаи ҷиноятӣ судя бояд на дертар аз панҷ шабонарӯз аз рӯзи ба суд ворид шудани он қарор қабул кунад.
Баррасии парвандаи ҷиноятӣ дар маҷлиси суд аз ҷониби судя мутобиқи қоидаҳои умумии муҳокимаи судӣ анҷом дода мешавад.