ОШКОР ВА ҶОБАҶОКУНИИ КӮДАКОНЕ, КИ БЕ ПАРАСТОРИИ ПАДАРУ МОДАР МОНДААНД | 1994
Моддаи 122. Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд
- Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон дар ҳолатҳои фавти падару модар, аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум кардани онҳо, маҳдуд кардани ҳуқуқи падару модарӣ, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо, беморӣ ва муддати тӯлонӣ ғайриҳозир будани падару модар, саркашии падару модар аз тарбияи фарзандон ё аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо, аз ҷумла ҳангоми аз ҷониби падару модар рад кардани гирифтани кӯдакони худ аз муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд, инчунин ҳолатҳои дигари набудани парастории падару модар, ба зимаи мақомоти васояту парасторӣ гузошта мешавад.
Мақомоти васояту парасторӣ кӯдаконеро, ки бе парастории падару модар мондаанд, ошкор намуда, баҳисобгирии онҳо ва бо назардошти ҳолатҳои мушаххаси маҳрум шудан аз парастории падару модар усули ҷобаҷосозии кӯдакони бе парастории падару модар мондаро (моддаи 124 ҳамин Кодекс) интихоб менамоянд ва ҳамчунин назорати минбаъдаи шароити таъминот, тарбия ва таълими онҳоро амалӣ менамоянд.
Ба ғайр аз мақомоти васояту парасторӣ ба дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои ошкор намудан ва ҷобаҷокунии кӯдакони бе парастории падару модар монда, иҷозат дода намешавад.
- Мақомоти васояту парасторӣ мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд. Масъалаҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалӣ намудани васояту парастории кӯдакони бе парастории падару модар монда аз ҷониби мақомоти зикргардида, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №791; ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
Моддаи 123. Ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдакони бе парастории падару модар монда
- Шахсони мансабдори муассисаҳо (муассисаҳои таълимии томактабӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои табобатӣ ва дигар муассисаҳо) ва дигар шаҳрвандоне, ки оид ба кӯдакони дар қисми 1 моддаи 122 ҳамин Кодекс зикргардида маълумот доранд, ӯҳдадоранд ба мақомоти васояту парастории маҳали воқеии зисти кӯдакон хабар диҳанд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
Мақоми васояту парасторӣ дар мӯҳлати се рӯз аз лаҳзаи гирифтани чунин хабар ӯҳдадор аст шароити зисти кӯдакро санҷида, дар сурати муқаррар намудани далели аз парастории падару модар ё хешу ақрабо маҳрум будани ӯ, то ҳал гардидани масъалаи ҷобаҷокунии кӯдак ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои ӯро таъмин намояд.
- Роҳбарони муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд, ки дар онҳо кӯдакони бе парастории падару модар монда ҷойгир карда шудаанд, вазифадоранд дар мӯҳлати ҳафт рӯз аз рӯзи барояшон аён гардидани он, ки кӯдак метавонад барои тарбия ба оила супурда шавад, дар ин бора ба мақоми васояту парастории маҳали ҷойгиршавии муассисаи мазкур хабар диҳанд.
- Барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда, барои дидаю дониста пешниҳод намудани маълумоти бардурӯғ, инчунин барои дигар кирдоре, ки ҷиҳати пинҳон кардани кӯдак аз супоридан ба тарбияи оила нигаронида шудааст, роҳбарони муассисаҳои дар қисми 2 ҳамин модда зикргардида ва мақомоти васояту парасторӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
- Тартиби ошкоркунӣ ва баҳисобгирии кӯдаконе, ки бепарастории падару модар мондаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.11.15 с., №1239)
Моддаи 124. Ҷобаҷокунии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд
- Кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, бояд барои тарбия ба оила (барои фарзандхондӣ), тaҳти васоят (парасторӣ) супурда шаванд ва дар сурати мавҷуд набудани чунин имконият чунин имконият» калимаҳои «тибқи шартнома барои тарбия ба оилаҳои (мураббии) парастор дода шаванд ё дар муассисаҳои кӯдакони ятим ё ҳар навъи муассисаҳо барои кӯдакони бе парастории падару модар монда (муассисаҳои тарбиявӣ, муассисаҳои табобатӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар муассисаҳои ба ин монанд) ҷойгир карда шаванд. (ҚҶТ аз 14.11.16 с., №1365)
Ҳангоми ҷобаҷо намудани кӯдак бояд баромади этникии кӯдак, мансубияти мазҳабӣ ва фарҳангӣ, забони модарӣ, имконияти таъмини идомати тарбия ва таълим ба назар гирифта шавад.
- То лаҳзаи дар оила ё дар муассисаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида ҷобаҷокунии кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, иҷрои вазифаи ваcӣ (парастор) муваққатан ба зиммаи мақоми васояту парасторӣ гузошта мешавад.