ОМОРИ ГУМРУКИ | 1994

Моддаи 25. Омори гумрукии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ба мақсади таҳлили вазъи тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати воридоти пардохтҳои гумрукӣ ба буҷети давлатӣ, назорати асъор, таҳлили ҳолат, афзоиш ва рушди тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланси савдою пардохт ва дар маҷмӯъ иқтисодиёт мақомоти гумрук ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотро оид ба интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ анҷом дода, маълумоти омори тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, пешниҳод мекунанд.
Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ маълумоти омори гумрукиро оид ба тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои байналмилалӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ маълумоти омори мақомоти гумрукро оид ба тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиб ва мӯҳлати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор менамояд.
2. Омори гумрукии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда мешавад.
3. Омори гумрукии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи методологияе, ки муқоисаи маълумотро оид ба тиҷорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкорони тиҷорати хориҷии он таъмин менамояд, пеш бурда мешавад.
Моддаи 26. Омори гумрукии махсус
1. Мақомоти гумрук бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда омори гумрукии махсусро мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрук ба роҳ мемонанд.
2. Маълумоти омори гумрукии махсус аз ҷониби мақомоти гумрук танҳо барои мақсадҳои гумруки истифода бурда мешавад.
Моддаи 27. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки барои мақсадҳои омори истифода мешаванд
1. Барои мақсадҳои омор ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки шахсон тибқи муқаррароти ҳамин Кодекс пешниҳод мекунанд, истифода бурда мешаванд.
2. Нисбати иттилооте, ки барои мақсадҳои омор истифода мешавад, муқаррароти пешбининамудаи моддаи 9 ҳамин Кодекс татбиқ мегардад.