ОЗОД КАРДАН АЗ ҶАЗО | 1994

Моддаи 76. Шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан

1) Шахсе, ки ҷазоро дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян, корҳои ислоҳӣ, маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ, маҳдуд кардани озодӣ, маҳрум сохтан аз озодӣ ё нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ адо карда истодааст, агар ӯ бо рафтори намунавӣ ва муносибати софдилона ба меҳнат ислоҳ шудани худро исбот кунад, суд метавонад ӯро шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кунад. Дар айни замон ин шахсро пурра ё қисман аз адои ҷазои иловагӣ озод намудан мумкин аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Суд шахсро шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карда метавонад ба зиммааш ӯҳдадориҳои пешбининамудаи қисми панҷуми моддаи 71 ҳамин Кодексро гузорад, ки шахс бояд дар давоми қисми адонашудаи ҷазо онҳоро иҷро кунад.

3) Шартан пеш аз мӯҳлат озод кардани маҳкумшуда танҳо дар мавриди воқеан мӯҳлати зеринро адо намудани ӯ имконпазир аст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35):

а) на камтар аз нисфи ҷазое, ки барои ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна таъин гардидааст;

б) на камтар аз се ду қисми ҷазое, ки барои ҷинояти вазнин таъин шудааст;

в) на камтар аз чор се ҳиссаи ҷазои барои ҷинояти махсусан вазнин таъиншуда, инчунин ҷазое, ки ба шахси қаблан шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озодгардида таъин шудааст, агар шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод намудан тибқи асосҳои дар қисми шашуми ҳамин модда пешбигардида бекор карда шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

4) Мӯҳлати ҷазои воқеан адонамудаи шахс дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ аз шаш моҳ камтар буда наметавонад.

5) Ба рафтори шахсе, ки шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карда шудааст, мақоми давлатии ваколатдор ва ба рафтори хизматчиёни ҳарбӣ фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ назорат мекунанд.

6) Агар дар давоми мӯҳлати боқимондаи ҷазои адонашуда:

а) маҳкумшуда тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда ва барои он ба ӯ ҷазои маъмурӣ татбиқ шуда бошад ё аз иҷрои ӯҳдадориҳое, ки суд ҳангоми шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардани ӯ ба зиммааш гузоштааст, ашаддӣ саркашӣ намояд, суд бо дархости мақомоти дар қисми панҷуми ҳамин модда зикргардида дар хусуси бекор кардани шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан ва татбиқи қисми ҷазои адонашуда қарор қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);

б) маҳкумшуда ҷиноят содир намояд, суд мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 68 ҳамин Кодекс ба ӯ ҷазо таъин мекунад.

7) Шахсони зайл дар ҳолатҳои зерин шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386):

а) шахсе, ки нисбати ӯ ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин шудааст ё ҷазои қатл ба тариқи бахшиши ҷазо бо маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 86);

б) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок;

в) ташкилкунанда, иштирокчиёни гурӯҳи муташаккил ё иттиҳоди ҷиноятӣ (ташкилоти ҷиноятӣ);

г) шахсе, ки барои ҷинояти пешбининамудаи қисмҳои 2) ва 3) моддаи 138, қисмҳои 2) - 4) моддаи 139, моддаҳои 141 - 142 ва қисмҳои 2) ва 3) моддаи 142(1) Кодекси мазкур ё ба муқобили сулҳ ва амнияти башарият маҳкум карда шудааст (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 №1896).

Моддаи 77. Ба намуди ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо

1) Ба шахсе, ки барои содир намудани ҷиноят ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо мекунад, суд бо дарназардошти рафтори ӯ дар давраи адои ҷазо, қисми адонашудаи ҷазоро бо намуди ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда метавонад. Дар айни замон шахс метавонад пурра ё қисман аз намуди адои ҷазои иловагӣ озод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Дар сурати иваз намудани қисми адонашудаи ҷазо суд метавонад мутобиқи намудҳои ҷазоҳое, ки дар моддаи 47 ҳамин Кодекс нишон дода шудаанд, намуди сабуктари ҷазоро дар доираи ин намуди ҷазои пешбиникардаи ҳамин Кодекс интихоб намояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз кардани ҷазо пас аз воқеан мӯҳлати зеринро адо намудани маҳкумшуда татбиқ шуда метавонад, ба истиснои муқаррароти пешбининамудаи қисми 8 моддаи 49 Кодекси мазкур (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617):

а) на камтар аз сеяки мӯҳлати ҷазое, ки суд барои ҷинояти начандон вазнин ва дараҷаи миёна таъин кардааст;

б) на камтар аз нисфи ҷазое, ки суд барои ҷинояти вазнин таъин кардааст, инчунин ба шахсе, ки қаблан барои қасдан содир намудани ҷиноят ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ адо мекунад;

в) на камтар аз се ду ҳиссаи ҷазое, ки суд барои ҷинояти махсусан вазнин таъин кардааст, инчунин ба шахсе, ки қаблан шартан пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод кардан, ё ҷазояш ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз шуда, дар давоми қисми адонашудаи ҷазо қасдан ҷинояти нав содир кардааст.

4) Нисбати шахсоне, ки ҷазояшон ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз карда шудааст, шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод кардан мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 76 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).

5) Агар шахс ҳангоми адои ҷазои нисбатан сабуктар ҷинояти нав содир кунад, суд мувофиқи қоидаҳои дар моддаи 68 ҳамин Кодекс пешбинигардида қисми адонашудаи ҷазои сабуктарро ба ҷазои барои содир намудани ҷинояти нав таъиншуда ҳамроҳ мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

6) Қисми ҷазои адонакардаи шахсони дар қисми ҳафтуми моддаи 76 ҳамин Кодекс номбаршуда бо ҷазои нисбатан сабук иваз карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).

7) Дар мавриди аз тарафи маҳкумшуда пурра талофӣ намудани зарари моддӣ тартиби пешбининамудаи қисми 8 моддаи 49 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).

Моддаи 78. Мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати занони ҳомила ва заноне, ки кӯдакони то синни ҳаштсола доранд

(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)

1) Занони ҳомилаи маҳкумшуда ё занони дорои фарзандони то синни ҳаштсоларо ба истиснои заноне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум гардидаанд, суд метавонад то ҳаштсола шудани кӯдак адои ҷазоро нисбати онҳо мавқуф гузорад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Нисбати зани маҳкумшуда адои ҷазо дар сурате мавқуф гузошта мешавад, ки оила ё хешовандонаш барои якҷоя бо ӯ зиндагӣ кардан розигӣ додаанд ё барои мустақилона таъмин намудани шароити лозимаи тарбияи кӯдак имконият доранд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

3) Агар зани маҳкумшудаи ки нисбати он адои ҷазо мавқуф гузошта шудааст аз кӯдак даст кашад ё ӯро ба ятимхона супорад, аз маҳалли сукунат ғайб зада бошад ё аз тарбияи кӯдак ва нигоҳубини ӯ саркашӣ намояд, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кунад ва дар ин хусус мақоми ба ӯ назораткунанда зиёда аз ду маротиба ӯро хаттӣ огоҳ карда бошад, суд метавонад зани маҳкумшударо барои адо намудани ҷазои бо ҳукм таъиншуда фиристад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

4) Пас аз ҳаштсола шудани кӯдак ё дар ҳолати вафот кардани ӯ, суд вобаста ба рафтори зани маҳкумшуда метавонад ӯро аз адои ҷазо озод кунад ё онро бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз намояд ва ё зани маҳкумшударо барои адо намудани ҷазои бо ҳукм таъиншуда фиристад. Дар ин ҳолат суд метавонад вақтеро, ки дар давоми он зани маҳкумшуда мӯҳлати ҷазоро адо накарда аст, пурра ё қисман ба мӯҳлати адои ҷазо ба ҳисоб гирад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

5) Агар зани маҳкумшуда дар давраи мавқуф гузоштани адои ҷазо ҷинояти нав содир кунад, суд мувофиқи қоидаҳои дар моддаи 68 ҳамин Кодекс пешбинигардида ба ӯ ҷазо таъин мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 79. Бо сабаби беморӣ аз ҷазо озод кардан

1) Суд шахсеро, ки пас аз баромадани ҳукм ба бемории рӯҳӣ гирифтор шуда, имконияти дарки воқеии амалҳои худ ва идора кардани онҳоро аз даст додааст, аз ҷазо ё адои минбаъдаи он озод мекунад. Ба чунин шахс суд метавонад чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббиро таъин намояд.

2) Шахсеро, ки пас аз баромадани ҳукм мубталои бемории дигари вазнине гардидааст, ки монеи адои ҷазо мебошад, суд метавонад аз адо намудани ҷазо озод кунад ё ин ҷазоро бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз намояд. Зимнан вазнинии ҷинояти содиршуда, шахсияти маҳкумшуда, хусусияти беморӣ ва ҳолатҳои дигар ба назар гирифта мешаванд.

3) Хизматчиёни ҳарбие, ки ба маҳдуд кардан дар хизмати ҳарбӣ ё нигоҳ доштан дар қисми харбии интизомӣ маҳкум шудаанд, дар ҳолати мубталои беморие шуданашон, ки дар натиҷаи он барои хизмат ношоям эътироф мегарданд, аз ҷазо ё адои минбаъдаи он озод карда мешаванд. Ҳамчунин қисми адонашудаи ҷазо мумкин аст ба ҷазои дигари нисбатан сабуктар иваз карда шавад.

4) Шахсони дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда зикргардида, дар ҳолати шифо ёфтанашон, агар мӯҳлати дар моддаи 81 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, нагузашта бошад, мумкин аст ҷазо дода шаванд. Дар айни замон вақте, ки дар давоми он нисбати онҳо чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ андешида шудаанд, ба мӯҳлати ҷазо ҳисоб карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).

Моддаи 80. Озод кардан аз ҷазо дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда

Шахсе, ки барои содир намудани ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна маҳкум шудааст мумкин аст аз ҷазо озод карда шавад, агар ҷазоро адо намуданаш дар натиҷаи сӯхтор ё офати табиӣ, бемории вазнин ё фавти ягона узви қобили меҳнати оила ё ҳолатҳои дигари фавқулодда метавонад барои маҳкумшуда ё оилаи ӯ боиси оқибатҳои хеле вазнин гардад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

Моддаи 81. Озод кардан аз адои ҷазо бо сабаби гузаштани мӯҳлати иҷрои ҳукми айбдоркунӣ

1) Агар хукми айбдоркунӣ аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо карданаш дар мӯҳлати зерин ба иҷро расонида нашуда бошад, шахси барои ҷиноят маҳкумшуда аз адои ҷазо озод карда мешавад:

а) ду сол дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти начандон вазнин;

б) шаш сол дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти дараҷаи миёна;

в) даҳ сол дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти вазнин;

г) понздаҳ сол дар ҳолати маҳкум кардан барои ҷинояти махсусан вазнин ба истиснои нишондоди қисми чоруми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

2) Агар маҳкумшуда аз адои ҷазо саркашӣ кунад, мӯҳлати иҷрои ҳукм боздошта мешавад. Дар ин ҳолат мӯҳлати иҷрои ҳукм аз рӯзи дастгир кардани шахс ё омада ба гуноҳи худ иқрор шудани ӯ барқарор мешавад. Дар айни замон, агар аз вақти баровардани ҳукм бист сол гузашта, мӯҳлати иҷрои ҳукм қатъ нашуда бошад, ҳукми айбдоркунӣ ба иҷро расонида намешавад.

3) Агар то гузаштани мӯҳлати дар ҳамин модда зикргардида шахс қасдан ҷинояти нави дараҷаи миёна, вазнин ё махсусан вазнин содир кунад, мӯҳлати иҷрои ҳукм қатъ мегардад. Дар ин ҳолат ҳисоби мӯҳлати иҷрои ҳукм аз сари нав аз рӯзи содир намудани ҷинояти нав шурӯъ мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).

4) Масъалаи нисбати шахси ба ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкумшуда татбиқ намудани мӯҳлати иҷрои ҳукмро суд ҳал мекунад. Агар суд татбиқи мӯҳлати иҷрои ҳукмро имконнопазир донад, ин намуди ҷазо бо маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 1.03.2005 № 86).

5) Нисбати шахсоне, ки барои ҷинояти пешбининамудаи қисмҳои 2) ва 3) моддаи 138, қисмҳои 2) - 4) моддаи 139, моддаҳои 141 - 142 ва қисмҳои 2) ва 3) моддаи 142(1) Кодекси мазкур ё ба муқобили сулҳ ва амнияти башарият маҳкум карда шудаанд, мӯҳлати иҷрои ҳукм татбиқ карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 №1896).