ОЗОД КАРДАН АЗ ҶАВОБГАРИИ ҶИНОЯТӢ | 1994
Моддаи 72. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ, бо сабаби пушаймонӣ аз кирдор
(Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617)
1) Шахсе, ки бори аввал ҷинояти начандон вазнин ва ё дараҷаи миёна содир кардааст, агар пас аз содир намудани ҷиноят ихтиёрӣ омада, ба гуноҳи худ иқрор шавад ё ба ошкор намудани ҷиноят фаъолона мусоидат кунад ё зарари расонидаашро талофӣ намояд ё ин ки ба тариқи дигар зиёни расонидаашро рафъ кунад, мумкин аст аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617).
2) Шахсе, ки категорияи дигари ҷиноятро содир намудааст, танҳо дар ҳолатҳое, ки махсус дар моддаи Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидаанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 21.07.2010 № 617, аз 14.11.2016 № 1359).
Моддаи 73. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби оштӣ шудан бо ҷабрдида
(Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35)
Агар шахси ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна содирнамуда бо ҷабрдида оштӣ шуда, зарари ба ҷабрдида расонидаашро талофӣ карда бошад, мумкин аст аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 74. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби тағйир ёфтани вазъият
Шахси бори аввал содиркардаи ҷинояти начандон вазнин ё дараҷаи миёна мумкин аст, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад, агар муқаррар гардад, ки бо сабаби тағйир ёфтани вазъият ин шахс ва ё кирдори содирнамудаи ӯ дигар барои ҷамъият хавфнок нест (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 75. Озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан
1) Агар аз рӯзи содир шудани ҷиноят мӯҳлати зерин гузашта бошад, шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад:
а) ду сол пас аз содир намудани ҷинояти начандон вазнин;
б) шаш сол пас аз содир намудани ҷинояти дараҷаи миёна;
в) даҳ сол пас аз содир намудани ҷинояти вазнин;
г) понздаҳ сол пас аз содир намудани ҷинояти махсусан вазнин ба истиснои нишондоди қисми панҷуми ҳамин модда (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
2) Мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рӯзи содир шудани ҷиноят то рӯзи эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳукм ҳисоб карда мешавад.
3) Агар шахс аз тафтишот ё суд саркашӣ намояд, ҷараёни мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан боздошта мешавад. Дар ин ҳолат мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рӯзи дастгир кардани шахс ё омада, ба гуноҳи худ иқрор шудани ӯ барқарор карда мешавад. Зимнан, агар аз вақти содир намудани ҷиноят бист сол гузашта, мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан бо содир намудани ҷинояти нав қать нагардида бошад, ин шахсро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан мумкин нест.
4) Агар то гузаштани мӯҳлати дар ҳамин модда зикрёфта шахс қасдан ҷинояти нави дараҷаи миёна, вазнин ё махсусан вазнин содир намояд, мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз рӯзи содир намудани ҷиноятҳои мазкур аз нав шурӯъ гардида, мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан барои ҳар ҷиноят алоҳида ҳисоб карда мешавад.
5) Масъалаи истифодаи мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашиданро нисбати шахси содирнамудаи ҷинояте, ки барои он ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан пешбинӣ шудааст, суд ҳал менамояд. Агар суд бо сабаби гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсро имконнопазир донад, ба ӯ ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин карда намешавад (Қонуни ЧТ аз 1.03.2005 № 86).
6) Нисбати шахсоне, ки ҷинояти пешбининамудаи қисмҳои 2) ва 3) моддаи 138, қисмҳои 2) - 4) моддаи 139, моддаҳои 141 - 142 ва қисмҳои 2) ва 3) моддаи 142(1) Кодекси мазкур ё ба муқобили сулҳ ва амнияти башарият ҷиноят содир кардаанд, мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан татбиқ карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 №1896)