ОГОҲИНОМА ВА ТАВЗЕҲОТ ОИД БА ИҶРОИ УҲДАДОРИИ АНДОЗ | 1994
Моддаи 87. Огоҳиномаи мақомоти андоз
1. Огоҳинома хабари аз ҷониби мақомоти андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) дар шакли хаттӣ ё электронӣ фиристодашуда эътироф карда мешавад.
2. Огоҳиномаҳо ба андозсупоранда (агенти андоз) аз ҷониби мақомоти андоз дар бораи маълумоти зерин фиристода мешаванд:
- маблағи ҳисобкардаи мақомоти андоз;
- натиҷаҳои назорати камералӣ;
- пешниҳод нагардидани ҳисоботи андоз;
- пардохт намудани қарзи андоз;
- бартараф намудани қонунвайронкуниҳои андоз;
- ба Номгӯи андозсупорандагони бемасъулият дохил гардидани андозсупоранда бо дарҷи асосҳо ва талаби бартараф намудани қонунвайронкунии ошкоршуда.
3. Агар дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, дар огоҳинома маълумоти зерин нишон дода мешавад:
- рақами мушаххаси андозсупоранда;
- насаб, ном, номи падар ё номи пурраи андозсупоранда;
- ном ва суроғаи мақомоти андоз;
- санаи бақайдгирии огоҳинома;
- асос барои фиристодани огоҳинома;
- муҳтавои огоҳинома;
- муҳлати иҷрои огоҳинома;
- тартиби пешниҳоди шикоят.
4. Огоҳинома ба андозсупоранда (агенти андоз) дар шакли электронӣ ё коғазӣ ирсол карда мешавад.
Моддаи 88. Тафсири расмии Кодекси мазкур ва тавзеҳот оид ба иҷрои уҳдадории андозӣ
1. Тафсири расмии Кодекси мазкур аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
2. Тавзеҳоти хаттӣ оид ба иҷрои уҳдадории андозӣ ба андозсупорандаи мушаххас тибқи дастурамалҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати иҷрои Кодекси мазкур қабул шудаанд, аз ҷониби роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешавад.
3. Тавзеҳоти хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ дар сурате ба дархости хаттии андозсупоранда асос меёбад, ки агар андозсупоранда хусусияти тамоми ҷанбаҳои амалиёти (шартномаи) хоҷагидории марбут ба андозбандӣ ва унсурҳои андозро, ки ба ӯ ба таври иловагӣ тавзеҳ дода мешаванд, пурра ва дуруст инъикос намуда бошад.
4. Тавзеҳот оид ба масъалаҳое, ки нисбати онҳо андозсупорандагон бештар муроҷиат менамоянд, бо тартиби муқарраргардида, дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда мешавад.
ФАСЛИ III. БАҲИСОБГИРӢ ВА ҲИСОБОТДИҲӢ