НОБУДКУНӢ | 1994
Моддаи 243. Мазмуни низоми гумрукии нобудкунӣ
Нобудкуни низоми гумрукие мебошад, ки мувофиқи он моли хориҷӣ таҳти назорати гумрукӣ, бе пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бе татбиқи мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда мешавад.
1. Нобудкунии мол иҷозат дода мешавад, агар моли таҳти нобудкунӣ қарордошта бо усули аз нигоҳи иқтисоди судманд ба шакли аввалааш барқарор карда нашавад.
2. Нобудкунӣ нисбати гурӯҳи молҳои зерин иҷозат дода намешавад:
1) арзиши фарҳангӣ;
2) намудҳои ҳайвонот ва растаниҳое, ки таҳти хатари нобудшавӣ қарор доранд, узв ва маҳсули онҳо (дериватҳо), ба истиснои ҳолатҳое, ки нобудкунии онҳо барои мақсадҳои пешгирии эпидемия ва ҳолатҳои эпизоотӣ анҷом дода мешавад;
3) моли аз ҷониби мақомоти гумрук ба сифати гарав қабулшуда, то анҷоми муносибатҳои вобаста ба гарав;
4) моли аз ҷониби мақоми давлатии ваколатдор ситонидашуда ё моле, ки нисбати он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳабси амвол пешбинӣ шудааст;
5) дигар молҳое, ки номгӯи онҳоро метавонад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намояд.
3. Нобудкунии мол иҷозат дода намешавад, агар:
1) нобуд кардани мол ба муҳити зист зарари ҷиддӣ расонад ё мустақиман ё ғайримустақим ба ҳаёт ва саломатии одамон хатари ҷиддӣ дошта бошад;
2) мол бо роҳи истеъмол аз рӯи таъиноти муқаррариаш нобуд карда шавад;
3) барои мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси хароҷот гардад.
1. Мӯҳлати нобудкунии молро мақоми гумрук дар асоси аризаи декларант, бо назардошти вақти дахлдор барои гузаронидани амали нобудкунии намуди моли арзшуда ва мӯҳлате, ки барои интиқоли мол бо воситаи нақлиёт аз маҳали ҷойгиршавӣ ба маҳали нобудкунӣ зарур аст, муқаррар карда мешавад.
2. Маҳали нобудкунии молро декларант бо розигии мақоми гумрук бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист муайян менамояд.
Моддаи 246. Татбиқи низоми гумрукии нобудкунӣ нисбати моле, ки дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир талаф ёфтааст
1. Низоми гумрукии нобудкунӣ метавонад нисбати моли нобудкардашуда, тамоман талафшуда ё дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир харобгардида татбиқ карда шавад.
2. Ҳангоми ҷойгир намудани моли нобудшаванда ё харобгашта таҳти низоми гумрукии нобудкунӣ муқаррароти қисми 1 моддаи 244 ва моддаи 247 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад.
1. Аз партовҳое, ки дар натиҷаи нобудкунии моли хориҷӣ ба миён омадаанд, бояд боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида шаванд, чуноне, ки агар партовҳои мазкур ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин ҳолат ворид гардида бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин партовҳо аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудаанд ё чунон коркард шудаанд, ки барои истифодаи минбаъдаи тиҷоратӣ дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон корношоям буда, онҳоро бо усули аз нигоҳи иқтисоди судманд барқарор кардан ва ба ҳолати аввала баргардонидан имконнопазир аст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Партовҳое, ки аз онҳо боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида мешаванд, бояд декларатсия карда шаванд.
2. Барои мақсадҳои ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз партовҳо чун моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида дониста мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Арзиши гумрукии партовҳо тибқи қоидаҳои пешбининамудаи моддаи 183 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад.
4. Масъулияти пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз барои партовҳо ба зиммаи декларант гузошта мешавад.