НИЗОМҲОИ ГУМРУКИИ МАХСУС | 1994
Моддаи 290. Моле, ки таҳти низомҳои гумрукии махсус қарор дода мешавад
Низоми гумрукии махсус нисбати моли зерине, ки аз сарҳади гумруки интиқол дода мешавад, муқаррар мегардад:
1) моли аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршаванда, ки барои таъмини фаъолияти сафоратҳо, консулгариҳо, намояндагиҳои назди созмонҳои байналмилалӣ ва дигар намояндагиҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа таъин гардидааст (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
2) моле, ки аз сарҳади гумрукӣ байни қисмҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ин ҳудуд қарордошта интиқол дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
3) моле, ки аз сарҳади гумрукӣ интиқол дода шуда, барои пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда таъин гардидааст, аз ҷумла моле, ки барои тақсими ройгон ба шахсони дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда зарардида таъин шудааст ва моле, ки барои амалиёти садамавию наҷотдиҳӣ, дигар амалҳои таъхирнопазир ва фаъолияти ташкилотҳои садамавию наҷотдиҳӣ зарураст;
4) моле, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешавад ва барои таъмини фаъолияти муассисаҳои тиббиӣ, варзишию табобатӣ ва муассисаҳои дигари иҷтимои таъин гардида, амволи онҳо таҳти моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, инчунин барои аз ҷониби корхонаҳои ватани гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ба манфиати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
5) моли ватанӣ, ки байни мақомоти гумрук аз ҳудуди давлати хориҷм интиқол дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 291. Мазмуни низоми гумрукии махсус, тартиб ва шартҳои таҳти низоми гумрукии махсус қарор додани мол
1. Низоми гумрукии махсус озодкунии пурраи молро аз боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, инчунин нисбати онҳо истифода нашудани мамнӯият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодӣ, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, пешбинӣ менамояд.
2. Баргардонидани маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин озод намудан аз пардохт, баргардонидан ё ҷуброни андозҳои дохили ҳангоми ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии махсус анҷом дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар низоми гумрукии махсус интихобшуда ба низоми гумрукии содирот тағйир дода шуда бошад.
3. Талабот ва шартҳои дигари ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии махсус, инчунин маҳдудиятҳо барои истифода ва ихтиёрдории мол, ки таҳти низоми гумрукии зикргардида қарор дода шудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукм муқаррар карда мешавад.