НИЗОМИ ИДОРАИ ТАВАККАЛ | 1994

(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
Моддаи 427. Истифодаи низоми идораи таваккал
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Низоми идораи таваккал маҷмуи тадбирҳое мебошад, ки мақомоти гумрук барои ноил шудан ба мақсадҳои муқаррарнамудаи ҳамин боб анҷом медиҳанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Низоми идораи таваккал бо истифодаи самараноки захираҳои иттилоотии мақомоти гумрук барои пешгирии вайронкунии қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбад, ки (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
- хусусияти устувор дорад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
- бо саркашӣ аз пардохти боҷҳои гумрукӣ, андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳо алоқаманд аст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
- рақобатпазирии молистеҳсолкунандагони ватаниро халалдор мекунад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
- ба дигар манфиатҳои барои давлат муҳим, ки таъмини риояи он ба зиммаи мақомоти гумрук гузошта шудааст, таъсир мерасонад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 428. Мафҳумҳои асосие, ки дар низоми идораи таваккал истифода мешаванд
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
Дар низоми идораи таваккал мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) таваккал – эҳтимоли риоя накардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) таваккали муайяншуда – далеле, ки нишон медиҳад, ки вайронкунии конунгузории гумрук, аллакай, рух додааст ва дар ин бора мақомоти гумрук маълумот доранд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) таваккали эҳтимолӣ – таваккали муайяннашуда, вале шароити ба амал омадани он мавҷуд аст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) дараҷаи таваккал – андозаи таносуби басомади рух додани ҳодиса вобаста ба риоя накардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оқибатҳо (зарар)-и эҳтимолии пайдоиши ин ҳодисаро тавсифкунанда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
5) намуди таваккал – маҷмуи маълумот дар бораи минтақаи таваккал, нишондиҳандаҳои таваккал, инчунин дар бораи тадбирҳо оид ба кам кардани таваккал (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
6) меъёрҳои дараҷаи таваккал – маҷмуи хусусиятҳое, ки аз рӯйи онҳо ба шахсони анҷомдиҳандаи амалиёти гумрукӣ бо мақсади татбиқи шаклҳои назорати гумрукӣ ва (ё) тадбирҳои таъмини назорати гумрукӣ баҳо дода мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
7) тадбирҳо оид ба кам кардани таваккал – маҷмуи чорабиниҳое, ки аз ҷониби шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти гумрук бо мақсади ошкор ва пешгирии вайронкунии қонунгузории гумрукӣ анҷом дода мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
8) идораи таваккал – фаъолияти низомкардашудаи мақомоти гумрук оид ба кам кардани эҳтимолияти ҳодисаҳои вобаста ба риоя накардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оқибатҳо (зарар) - и эҳтимолии пайдоиши онҳо (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
9) арзёбии таваккал – амалҳо оид ба ҳаммонандсозӣ, таҳлили таваккал ва муайян кардани дараҷаи таваккал (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
10) ҳаммонандсозии таваккал – амалҳое, ки ба ошкорсозӣ, шинохтан ва тавсифи таваккал нигаронида шудаанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
11) таҳлили таваккал – истифодаи маълумоти дар ихтиёри мақомоти гумрук мавҷудбуда барои муайян намудани соҳа ва нишондиҳандаҳои таваккал (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
12) нишондиҳандаи таваккал – меъёрҳои муайян бо параметрҳои пешакӣ муқарраршуда, ки дурӣ аз онҳо ё мувофиқатӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки объекти назорати гумрукӣ интихоб карда шавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
13) соҳаи таваккал – тавсифи таваккал ва шароите, ки дар он таваккал ба вуҷуд меояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 429. Объектҳои таҳлили таваккал
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
Ба объектҳои таҳлили таваккал дохил мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) намуди мол (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) рамзи мол тибқи Номгӯйи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) кишвари истеҳсолкардаи мол (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) кишвари интиқолкардаи мол (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
5) кишвари таъиноти мол (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
6) воситаи нақлиёт (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
7) арзиши гумрукӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
8) хатти сайри интиқоли мол (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
9) иштирокчии фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
10) ҳуҷҷатҳое, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ пешниҳод шудаанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 4291. Истифодаи низоми идораи таваккал аз ҷониби мақомоти гумрук
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Мақомоти гумрук низоми идораи таваккалро барои интихоби объектҳои назорати гумрукӣ ва чораҳои кам кардани таваккал, инчунин гузаронидани назорати гумрукӣ дар давраи таҳти назорати гумрукӣ қарор доштани мол ва дар давоми муҳлати даъвои муқаррарнамудаи моддаи 394 ҳамин Кодекс истифода мебаранд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Мақсадҳои асосии истифодаи низоми идораи таваккал аз ҷониби мақомоти гумрук (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) таъмини самаранокии назорати гумрукӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) таваҷҷуҳ ба соҳаҳои таваккал бо сатҳи баланд ва таъмини самаранокии истифодаи захираҳои иттилоотии мақомоти гумрук (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) муҳайё намудани шароит барои тезонидан ва содагардонии интиқоли мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои онҳо зарурати татбиқи тадбирҳо оид ба кам кардани таваккал ошкор карда нашудааст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Стратегия ва тарзи татбиқи низоми идораи таваккал аз ҷониби мақомоти гумрук, тартиби ҷамъоварӣ ва коркарди иттилоот, гузаронидани таҳлил ва арзёбии таваккал, таҳия ва татбиқи тадбирҳои идораи таваккал аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ тасдиқ карда мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 4292. Ташкили раванди идораи таваккал аз ҷониби мақомоти гумрук
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Раванди идораи таваккал аз ҷониби мақомоти гумрук инҳоро дар бар мегирад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот дар бораи объектҳои назорати гумрукӣ, амалиёти гумрукӣ ва натиҷаҳои назорати гумрукӣ, ки ҳам то иҷозати мол ва ҳам пас аз он гузаронида шудаанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) арзёбии таваккал (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) тавсифи нишондиҳандаи таваккал (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
4) муайян намудани тадбирҳо оид ба кам кардани таваккал ва тартиби татбиқи онҳо (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
5) таҳия ва тасдиқи намудҳои таваккал (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
6) интихоби объектҳои назорати гумрукӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
7) татбиқи тадбирҳо оид ба кам кардани таваккал (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
8) таҳлил ва назорати натиҷаҳои татбиқи тадбирҳо оид ба кам кардани таваккал (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
9) арзёбии самаранокии чорабиниҳои дар бандҳои 1) – 8) ҳамин қисм пешбинишуда (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Намудҳои таваккал, муҳлат, меъёрҳои муайян ва татбиқи онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Маълумоти дар намудҳо ва нишондиҳандаҳои таваккал мавҷудбуда махфӣ мебошад, ба истиснои маълумоти зерин (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) дар бораи далел оид ба кашида шудан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ва (ё) маъмурӣ барои вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) дар бораи мавҷуд будани қарз оид ба пардохтҳои гумрукӣ, андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳо (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Ҳангоми пешбурди фаъолият оид ба идораи таваккал мақомоти гумрук, асосан, низомҳои иттилоотӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро истифода мебаранд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).