НИЗОМ ДАР МУАССИСАІОИ ИСЛОІЊ ВА ВОСИТАІОИ ТАЪМИНИ ОН | 1994

Моддаи 82. Низом дар муассисаіои ислоіњ ва талаботіои асосии он
1. Низом дар муассисаіои ислоіњ - ин тартиби иїро ва адои їазои маірум
сохтан аз озодњ мебошад, ки аз тарафи ѕонун ва дигар санади меъёрии ба
ѕонун мувофиѕ буда муѕаррар шудаанд ва оніо іифз ва їудо нигоі доштани
маікумшудагон; назорати доимии оніо; иїрои ўідадории ба зиммаи
маікумшудагон гузошташуда; татбиѕи іуѕуѕ ва манфиатіои ѕонунии оніо,
амнияти маікумшудагон ва кормандон; алоіида нигоі доштани категорияіои
гуногуни маікумшудагон; шароитіои гуногуни нигоі доштанро вобаста ба
хели муассисаи ислоіњ, ки суд таъин кардааст ва таљйир додани шароити адои
їазоро таъмин мекунанд.
2. Низом дар муассисаи ислоіњ барои истифода бурдани дигар воситаіои
ислоікунии маікумшудагон шароит фароіам месозад.
3. Дар муассисаіои ислоіњ Ѕоидаіои тартиботи дохилии муассисаіои ислоіњ,
ки Вазорати адлияи Їуміурии Тоїикистон бо мувофиѕаи Прокуратураи
генералии Їуміурии Тоїикистон тасдиѕ менамояд, амал мекунад (Ѕонуни ЇТ
аз 8.12.2003 № 55).
4. Дар муассисаіои ислоіњ маікумшудагон либоси намунаи ягона мепўшанд.
Намунаи либосро Вазорати адлияи дохилии Їуміурии Тоїикистон муѕаррар
мекунад (Ѕонуни ЇТ аз 8.12.2003 № 55).
5. Маікумшудагон, сару либос ва пойафзоли оніо, биное, ки истиѕомат
мекунанд, таіти кофтуков ва азназаргузаронњ ѕарор дода шуданашон мумкин
аст. Кофтукови шахсњ аз їониби ашхоси іамїинс сурат мегирад. Кофтукови
биноіои истиѕоматњ дар іузури маікумшудагон дар іолатіои таъхирнопазир
гузаронида мешавад.
6. Бо маѕсади таъмини тартиботи зарурии иїро ва адои їазо ба маікумшудагон
нигаідошт ва истифодаи пул, кољазіои ѕиматнок ва чизу чораіои ѕиматнок
инчунин асбобу анїоми дар Ѕоидаіои тартиботи дохилии муассисаіои ислоіњ
зикргардида иїозат дода намешавад.
7. Пул, ѕољазіои ѕиматнок ва дигар чизу чораіои ѕиматноке, ки аз
маікумшудагон ёфта ва гирифта шудаанд, мутобиѕи Ѕоидаіои тартиботи
дохилии муассисаіои ислоіотњ аз їониби маъмурияти муассисаи ислоіњ то
озод шудани маікумшуда бидуни іуѕуѕи истифодабарњ ва ихтиёрдории оніо
дар ваѕти адои їазо нигоі дошта мешаванд. Ашё ва моддаіои манъшудае, ки
аз маікумшудагон гирифта шуданд, барои нигоідорњ супорида мешаванд ё бо
ѕарори сардори муассисаи ислоіњ нобуд карда, дар ин бора санади дахлдор
тартиб дода мешавад (Ѕонуни ЇТ аз 29.12.2010 № 648, аз 18.07.2017 № 1444).
8. Ба маікумшудагон иїозат дода мешавад, ки бо ташкилотіои суљурта
шартномаи суљурта банданд, инчунин маблаљіои дар іисобномаіои муассисаи
ислоіњ доштаашонро ба іисобномаіои дар шўъбаи бонки маіаллњ
кушодаашон гузаронанд.
9. Нигоідошти пул, ѕољазіои ѕиматнок ва чизу чораіои ѕиматноки
маікумшудагон, ки тибѕи тартиби муѕарраршуда ба даст овардаанд, аз їониби
маъмурияти муассисаи ислоіњ таъмин гардида, іангоми озод шудан аз
маіалли маірум сохтан аз озодњ ба оніо баргардонида мешавад.
10. Дар іолатіои зарурњ маъмурияти муассисаи ислоіњ іуѕуѕ дорад
азназаргузаронии ашхос, молу мулки оніо, воситаіои наѕлиётеро, ки дар
іудуди муассисаи ислоіњ ё дар ѕаламрави атрофи он мавїуданд ва дар он
талаботи низомњ амал мекунад, анїом диіад, инчунин чизу чораіои
манъшударо, ки номгўи оніоро ѕонунгузории Їуміурии Тоїикистон ва
Ѕоидаіои тартиботи дохилии муассисаи ислоіњ муѕаррар менамоянд, кашида
гирад (Ѕонуни ЇТ аз 29.12.2010 № 648).
11. Тартиби анїом додани кофтуков ва азназаргузарониро Вазорати адлияи
Їуміурии Тоїикистон бо мувофиѕаи Прокуратураи генералии Їуміурии
Тоїикистон муайян мекунад (Ѕонуни ЇТ аз 8.12.2003 № 55).
Моддаи 83. Тартиботи дохилњ дар муассисаіои ислоіњ
1. Дар муассисаіои ислоіњ тартиби ѕатъии танзимшудаи дохилњ муѕаррар
карда мешавад, ки иніоро пешбинњ менамояд: тартиби ѕабули
маікумшудагон ба муассисаіои ислоіњ; ѕоидаіои рафтори маікумшудагон
іангоми кор, истироіат, муолиїаи тиббњ, таісил; номгўи тадбиріои тарбиявњ,
инчунин он коріо ва вазифаіое, ки дар оніо истифодаи маікумшудагон манъ
аст; номгуй ва шумораи асбобу анїом ва чизу чораіое, ки маікумшудагон бо
худ дошта метавонанд; тартиби кашида гирифтани асбобу анїоміое, ки
истифодаашон манъ аст; ѕоидаіои анїом додани санїиш, мулоѕот, ѕабул ва
супоридани фиристаіо, дастовез, баста ва муросилот ба маікумшудагон,
номгўи озуѕаворњ ва маводіои мавриди ниёз ки барои ба маікумшудагон
фурўхтан иїозат дода мешавад (Ѕонуни ЇТ аз 28.12.2013 № 1036).
2. Тартиботи дохилњ бо фармони сардори муассисаи ислоіњ ба іамаи
маікумшудагон эълон карда , дастхати оніо дар ин хусус гирифта мешавад
(Ѕонуни ЇТ аз 28.06.2011 № 732).
Моддаи 84. Воситаіои назорати техникњ
1. Маъмурияти муассисаи ислоіњ їиіати пешгирии фирори маікумшудагон
ва дигар їиноятіо, вайронкунии тартиби муѕарраргардидаи адои їазо ва бо
маѕсади гирифтани маълумоти зарурњ оид ба рафтори маікумшудагон іуѕуѕ
дорад аз воситаіои назорати аудиовизуалњ, электронњ ва дигар воситаіои
назорати техникњ истифода барад.
2. Маъмурияти муассисаіои ислоіњ вазифадор аст таіти имзои
маікумшудагон оніоро дар мавриди истифодаи воситаіои назорати техникњ,
ки іамзамон вазифаи муіофизатро анїом медиіад ва аз кор баровардани оніо
боиси хавф ба іаёт ва саломатии маікумшудагон гардида метавонад, огоі
созад.
3. Номгўи воситаіои назорати техникњ ва тартиби истифодаи онро санадіои
меъёрию іуѕуѕии Їуміурии Тоїикистон муайян мекунад.
Моддаи 85. Фаъолияти оперативию їустуїўњ дар муассисаіои ислоіњ
1. Мувофиѕи ѕонунгузории Їуміурии Тоїикистон дар муассисаіои ислоіњ
фаъолияти оперативию їустуїўњ ба амал бароварда мешавад, ки вазифаіои он
иборат аст аз: таъмини амнияти маікумшудагон, кормандони муассисаи
ислоіњ ва дигар ашхос; ошкор, пешгирњ ва фош кардани тайёрњ ба їиноят ва
їиноятіои дар муассисаіои ислоіњ содиршуда ва вайрон кардани тартиби
муѕарраргардидаи адои їазо; тибѕи тартиби муѕарраршуда їустуїў намудани
маікумшудагоне, ки аз муассисаи ислоіњ фирор кардаанд, инчунин
маікумшудагоне, ки аз адои їазо дар намуди маірум сохтан аз озодњ саркашњ
мекунанд; мусоидат дар ошкор ва фош кардани їинояте, ки маікумшуда то
омадан ба муассисаи ислоіњ содир намудааст.
2. Фаъолияти оперативию їустуїўњ аз їониби дастгохи оперативию їустуїўии
муассисаи ислоіњ, инчунин дигар маѕомот дар доираи салоіияташон анїом
дода мешавад.
Моддаи 86. Низоми шароитіои махсус дар муассисаіои ислоіњ
1. Іангоми офатіои табињ, дар минтаѕаи їойгиршавии муассисаи ислоіњ їорњ
кардани іолати фавѕулодда, махсус ё іолати іарбњ, іангоми бетартибиіои
оммавњ,гурўіона итоат накардани маікумшудагон, инчунин іангоми аз берун
сар задани таідиди воѕеъии іуїуми мусаллаіона ба муассисаи ислоіњ низоми
шароитіои махсус їорњ карда шуданаш мумкин аст.
2. Дар давраи амали низоми шароитіои махсус дар муассисаи ислоіњ татбиѕи
баъзе іуѕуѕіои маікумшудагон, ки моддаіои 89-99 іамин Кодекс пешбинњ
намудаанд мумкин аст боз дошта шуда, тариѕи ѕавии ( пурзўр) муіофизат ва
назорат, тартиби махсуси ворид шудан ба иншоот (объектіо ) їорњ карда ва
тартиби рўз таљьир дода шавад, фаъолияти хадамоти истеісолњ, коммуналњмаишњ, маданњ-маърифатњ, тиббиву беідорњ ва дигар хадамот маідуд ё
боздошта шавад.
3. Низоми шароитіои махсус бо амри Вазири адлияи Їуміурии Тоїикистон
бо мувофиѕаи Прокурори генералии Їуміурии Тоїикистон ба мўілати то сњ
шабонарўз їорњ карда мешавад. Дар іолатіои мустасно мутобиѕи асосіои
муайяннамудаи ѕисми 1 іамин модда мўілати амали низоми шароитіои
махсус аз їониби ашхоси мансабдори зикргардида иловагњ ба сњ шабонарўз
дароз шуданаш мумкин аст (Ѕонуни ЇТ аз 8.12.2003 № 55, аз 14.05.2016 №
1307).
4. Дар сурати ба миён омадани хавфи бевосита ба іаёт ва саломатии
маікумшудагон, кормандон ё дигар ашхос дар муассисаіои ислоіњ сардори
муассисаи ислоіњ метавонад мустаѕилона, бо огоіонии фаврии шахси
мансабдоре, ки барои ѕабули чунин ѕарор ваколатдор аст, чораіои
пешбининамудаи ѕисми 2 іамин моддаро їорњ намояд. Дар чунин іолат
шахси мансабдори дар ѕисми 3 іамин модда зикргардида дар давоми се
шабонарўз аз лаізаи гирифтани огоіинома оиди їорњ намудани низоми
шароитіои махсус ё бекор кардани чораіои андешидашуда ѕарор ѕабул
мекунад (Ѕонуни ЇТ аз 14.05.2016 № 1307).
Моддаи 87. Чораіои амниятњ ва асосіои татбиѕи оніо
1. Нисбат ба ашхоси ба маірум сохтан аз озодњ маікумшуда, агар оніо ба
кормандони муассисаіои ислоіњ муѕобилият нишон диіанд, аз иїрои
талаботи ѕонунии оніо ашаддњ саркашњ намоянд, тундхўњ зоіир намоянд, дар
бетартибиіои оммавњ, љасби гаравгон иштирок кунанд, ба шаірвандон іуїум
оваранд ва ё дигар іаракати барои їомеа хавфнокро содир кунанд, инчунин
іангоми фирор ё дастгир кардани маікумшудагони аз муассисаи ислоіњ
фирорнамуда бо маѕсади пешгирии чунин кирдоріои љайриѕонунњ, инчунин
рафъи расонидани зарар аз їониби ин ашхос ба атрофиён ва ё ба худ,
истифодаи ѕувваи їисмонњ, воситаіои махсус ва силоі иїозат дода мешавад
(Ѕонуни ЇТ аз 22.07.2013 № 979).
2. Ѕувваи їисмонњ, воситаіои махсус ва силоі тибѕи тартиби
муѕаррарнамудаи ѕонунгузории Їуміурии Тоїикистон истифода бурда
мешавад (Ѕонуни ЇТ аз 22.07.2013 № 979)