НАЗОРАТИ ПАРДОХТИ АНДОЗҲО | 1994
Моддаи 40. Муқаррароти маъмурӣ
Муқаррароти маъмурии дар қисми умумии Кодекси мазкур пешбинигардида нисбат ба андозсупоранда ва нисбат ба ҳамаи намудҳои андозҳо, пардохтҳои гумрукӣ, боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет татбиқ карда мешаванд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.
Моддаи 41. Назорати андозӣ
1. Назорати андозӣ шакли назорати давлатӣ буда, танҳо аз ҷониби мақомоти андоз гузаронида мешавад. Ба истиснои муқаррароти қисми 2 ҳамин модда аз ҷониби дигар мақомоти назоратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ гузаронидани назорати андозӣ манъ мебошад.
2. Мақомоти гумрук назорати андозиро дар доираи ваколатҳои худ мутобиқи Кодекси мазкур ва қонунгузории гумрук амалӣ менамояд.
3. Назорати андозӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) назорати камералӣ;
2) муоинаи хронометражӣ;
3) назорати иловагии молҳои зераксизӣ ва фаъолияти дигар;
4) назорати низоми рамзгузории электронии молҳо;
5) санҷиши сайёри андоз;
6) санҷиши амалиётӣ;
7) мониторинги андозӣ;
8) нархгузории трансфертӣ ва бозорӣ.
4. Назорати риояи қонунгузории андоз, ба истиснои санҷиши сайёри андоз, мунтазам гузаронида мешавад.
Моддаи 42. Назорати камералӣ
1. Назорати камералӣ шакли назорати андозӣ буда, дар мақомоти андоз бе ташриф ба маҳалли фаъолияти андозсупоранда, дар асоси омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи андозсупоранда (агенти андоз) ва иттилооте, ки дар асоси муқаррароти Кодекси мазкур дастрас гардидаанд, бе талаб намудани ҳуҷҷат ва иттилооти иловагӣ аз андозсупоранда анҷом дода мешавад. Назорати камералӣ қисми таркибии низоми идоракунии хавфҳо буда, бо мақсади пешгирии қонунвайронкуниҳои андоз гузаронида мешавад ва ба андозсупоранда имконият медиҳад, ки номутобиқатиҳои ҷойдоштаро мустақилона ислоҳ намояд.
2. Назорати камералӣ метавонад дар шакли автоматӣ бо истифода аз барномаҳои электронӣ бо риояи муқаррароти Кодекси мазкур анҷом дода шавад.
3. Назорати камералӣ дар рафти санҷиши сайёри андоз ва мониторинги андозӣ, инчунин барои давраҳои гузаронидашудаи ин намудҳои назорати андозӣ манъ аст.
4. Дар ҳолати ошкор гардидани номутобиқатӣ дар ҳисоботи андозӣ аз ҷониби мақомоти андоз ба андозсупоранда огоҳинома бо талаби дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ ислоҳ намудани номутобиқатиҳои ошкоргардида дар шакли хаттӣ ё электронӣ ирсол карда мешавад.
5. Андозсупоранда уҳдадор аст, ки дар давоми 10 рӯзи тақвимӣ аз санаи гирифтани огоҳинома иҷрои онро таъмин намояд ё бо ҳуҷҷатҳои асосноккунанда тавзеҳоти дахлдорро пешниҳод намояд. Дар ҳолати мавҷуд будани сабабҳои узрнок, ба монанди бемории бистарии шахси масъул ё фарзандони ӯ, хешони наздики ӯ, сафари хизматӣ, берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштани шахси масъул ва ҳолатҳои дигари шабеҳ, муҳлати иҷрои огоҳинома ба 20 рӯзи тақвимӣ тамдид карда мешавад.
6. Андозсупоранда ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои худ вобаста ба маводи назорати камералӣ метавонад машваратчӣ ё шахси дигарро ҳамчун намоянда дар асоси ваколатнома бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъин намояд.
7. Агар натиҷаи баррасии ҳуҷҷатҳо ва тавзеҳоти пешниҳодшуда боиси тағйир ёфтани уҳдадории андозии андозсупоранда гардад, мақомоти андоз, ки назорати камералиро гузаронидааст, ба андозсупоранда маълумотнома ва огоҳинома ирсол менамояд. Агар андозсупоранда дар муддати 5 рӯзи корӣ пас аз гирифтани огоҳиномаи дуюм уҳдадории андозии худро иҷро накунад, чунин андозсупоранда ба меъёрҳои хавфҳо дохил карда мешавад, ки аз рӯи онҳо санҷиши сайёри андоз вобаста ба ҳамон мавзӯи назорати камералӣ таъин карда мешавад.
8. Бо назардошти талаботи қисмҳои 1-6 ҳамин модда, агар ҳангоми гузаронидани назорати камералӣ муайян карда шавад, ки андозсупоранда ба хато роҳ додааст, нисбат ба ӯ қарор оид ба амалисозии муҷозот, аз ҷумла фоиз ва ҷаримаҳо татбиқ нагардида, натиҷаи назорат дар варақаи ҳисоббаробаркунии андозсупоранда инъикос карда намешавад.
9. Ҳангоми гузаронидани назорати камералӣ риояи шартҳои зерин ҳатмӣ мебошад:
1) нисбати андозсупоранда назорати камералии ҳисоботи андозии ба мақомоти андоз пешниҳодгардида, ки қаблан таҳти назорати камералӣ қарор дода нашудааст, дар 6 моҳи пайдарпай на зиёда аз як маротиба гузаронида шуда, такроран амалӣ намудани он манъ аст;
2) назорати камералии ҳисоботи андозии хоҷагиҳои деҳқонӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки қаблан таҳти назорати камералӣ қарор дода нашудааст, дар як сол як маротиба гузаронида мешавад.
10. Назорати камералӣ оид ба баргардонидани (ҷуброни) маблағи андоз аз арзиши иловашудаи марбут ба содироти мол бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми 30 рӯз аз рӯзи додани ариза гузаронида мешавад.
Моддаи 43. Муоинаи хронометражӣ
1. Муоинаи хронометражӣ - шакли назорати андозӣ буда, бо мақсади муқаррар намудани даромад ва хароҷоти воқеии андозсупоранда дар даврае, ки мавриди муоина қарор мегирад, гузаронида мешавад.
2. Муоинаи хронометражӣ на зиёда аз як маротиба дар як сол бо давомнокии то 3 рӯзи корӣ гузаронида мешавад.
3. Объектҳои муоинаи хронометражӣ инҳо мебошанд:
- мутобиқати маълумоти хотираи фискалии дастгоҳи назоратӣхазинавӣ ба бақияи хазина дар рӯзи муоинашаванда;
- баҳисобгирии амалиётҳои молиявию пулӣ;
- пешбурди китоби баҳисобгирии даромаду хароҷот (ҳангоми фаъолият дар низоми содакардашуда);
- шумораи кормандон.
4. Муоинаи хронометражӣ дар асоси фармоиши мақомоти андоз бо тартибе, ки дар Кодекси мазкур барои гузаронидани санҷиши сайёр муқаррар шудааст, гузаронида мешавад.
5. Татбиқи натиҷаҳои муоинаи хронометражӣ барои давраҳои гузаштаи андоз манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 6 моддаи 37 Кодекси мазкур пешбинишуда.
Моддаи 44. Назорати иловагии молҳои зераксизӣ ва фаъолияти дигар
1. Назорати иловагии молҳои зераксизӣ ва фаъолияти дигар бо тартиби зерин анҷом дода мешавад:
1) тавассути тамғагузории молҳои зераксизӣ;
2) тавассути ташкили дидбонгоҳи андозӣ дар ҳудуд ва ё маҳалли ҷойгиршавии истеҳсолот ё нуқтаҳои барасмиятдарории гумрукӣ;
3) тавассути низоми рамзгузории электронӣ ва ё рамзи эътинои фаврӣ (рамзҳои QR) (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
2. Дидбонгоҳҳои андозӣ дар чунин ҳолатҳо ташкил карда мешаванд, агар:
- истеҳсолкунандаи молҳои зераксизӣ низоми рамзгузории электронии молиро надошта бошад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143);
- андозсупоранда мунтазам ҳисоботи сифрӣ пешниҳод намояд;
- тамоюли коҳишёбии нишондиҳандаҳои молиявии андозсупоранда 3 моҳи пайдарҳамро дар бар гирад;
- муҳлати қарзи андози пардохтнашуда зиёда аз 6 моҳро ташкил кунад;
- дар ҳисоботи андоз ва ҳисоботи расмии омории истифодабарандагони захираҳои табиӣ номутобиқатӣ ошкор гардад.
3. Истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони молҳои зераксизӣ барои тамғагузории молҳои зераксизӣ масъул мебошанд.
4. Тартиби ташкил намудани дидбонгоҳҳои андозиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
5. Назорати тамғагузории молҳои зераксизие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо низоми гумрукии иҷозат ба муомилоти озод ворид карда мешаванд ва ё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низоми дигари гумрукӣ ба фурӯш бароварда мешаванд, аз ҷониби мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Моддаи 45. Назорати низоми рамзгузории электронии молҳо
1. Назорати низоми рамзгузории электронии молҳо, аз ҷумла молҳои зераксизӣ, бо мақсади баҳисобгирии молҳои ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва молҳои зераксизии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, инчунин ҷиҳати пайгирии гардиши минбаъдаи онҳо анҷом дода мешавад.
2. Масъулият барои рамзгузории молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда ба зиммаи молистеҳсолкунанда, барои таъмини талаботи рамзгузории молҳои воридотӣ ба зиммаи воридкунанда ва барои ба фурӯш баровардани онҳо ба зиммаи таҳвилкунанда вогузор мегардад.
3. Назорати риояи қоидаҳои рамзгузории молҳо аз ҷониби мақомоти андоз ва гумрук анҷом дода мешавад.
4. Тартиби рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 46. Санҷиши андоз
1. Санҷиши андоз бо мақсади назорати риояи қонунгузории андоз, пардохти боҷи давлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ гузаронида мешаванд. Санҷиши андоз дар шакли санҷиши сайёри андоз ва санҷиши амалиётӣ амалӣ карда мешавад.
2. Асос барои гузаронидани санҷиши андоз фармоиши мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад.
3. Дар асоси як фармоиш танҳо як санҷиши андоз гузаронида мешавад, ба истиснои санҷиши амалиётӣ.
4. Санҷиши андозӣ набояд фаъолияти андозсупорандаро боздорад.
5. Санҷиши андоз танҳо дар рӯзҳои корӣ ва вақти кории андозсупоранда гузаронида мешавад.
6. Санҷиши андозии фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки хусусияти мавсимӣ дорад, дар давраҳои зерин гузаронида намешавад:
- дар хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ - дар мавсими киштукор, аз ҷумла аз 1-уми апрел то 1-уми июн ва дар мавсими ҷамъоварии ҳосил аз 1-уми август то 1-уми ноябри соли тақвимӣ;
- дар корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз 20-уми июн то 20-уми октябри соли тақвимӣ.
7. Санҷиши амалиётиро мақомоти андоз доир ба масъалаҳои риояи талаботи зерини қонунгузории андоз мегузаронанд:
1) ба сифати андозсупоранда ба ҳисоб гузоштан дар мақомоти андоз, дурустии маълумот дар бораи маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда;
2) аз ҷониби корфармо барои иҷрои кор (хизматрасонӣ) ҷалб намудани кормандони кироя;
3) мавҷудият ва истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ - хазинавӣ ё системаи ҳамгирои сеҷузъа;
4) мавҷудияти таҷҳизот (дастгоҳ), ки барои пардохт бо истифодаи кортҳои пластикӣ ва ё шаклҳои дигари пардохти электронӣ пешбинӣ шудаанд;
5) мавҷуд будани борхат ва мувофиқати ном, миқдори (ҳаҷми) мол ба маълумоти дар борхат нишондодашуда;
6) мавҷудият ва саҳеҳии рамзгузории электронӣ барои баҳисобгирии молҳои ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшаванда, аз ҷумла молҳои зераксизӣ;
7) риояи қоидаҳои пуркунии зарф (бастабандӣ), гузоштани тамғаҳои аксизӣ, нигоҳдорӣ, фурӯши молҳои зераксизӣ ва амалӣ кардани намудҳои алоҳидаи фаъолияти зераксизӣ.
8. Санҷиши амалиётӣ аз ҷониби мақомоти андоз дар маҳалли фаъолияти соҳибкорон на зиёда аз як маротиба дар шаш моҳ гузаронида мешавад.
9. Бо ҷорӣ гардидани рамзгузории молҳо амали бандҳои 6) ва 7) қисми 7 ҳамин модда қатъ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
10. Санҷиши амалиётӣ дар асоси фармоиши роҳбари мақомоти андоз гузаронида мешавад, ки он ҳангоми гузаронидани санҷиш ба андозсупоранда супорида мешавад ва дар дафтари бақайдгирии санҷиш сабт карда мешавад.
11. Шахси мансабдори мақомоти андоз, ки санҷиши амалиётиро мегузаронад, ҳуқуқ надорад аз андозсупоранда иттилооти ба мавзӯи санҷиши амалиётӣ алоқаманднабударо талаб намояд.
Моддаи 47. Санҷиши сайёри андоз
1. Санҷиши сайёри андоз танҳо бо мақсади муайян намудани дурустии ҳисоб ва пардохт намудани андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ барои давраи муайян дар маҳалли фаъолияти андозсупоранда ва дар асоси низоми идоракунии хавф гузаронида мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки маҳалли фаъолияти андозсупоранда манзили истиқоматии ӯ мебошад. Дар чунин ҳолати истисноӣ ва дар ҳолати номутобиқатии суроғаи бақайдгирии андозсупоранда ба суроғаи воқеии маҳалли фаъолият санҷиши сайёр дар мақомоти андоз гузаронида мешавад.
2. Санҷиши сайёри андоз аз рӯи дараҷаи хавфҳо, ки онҳо тибқи низоми идоракунии хавфҳо муайян мегарданд, дар асоси фармоиши мақоми ваколатдори давлатӣ гузаронида мешавад. Дар фармоиш ном ва рақами мушаххаси андозсупоранда, насаб, ном, номи падар ва мансаби санҷишгар, муҳлат ва мақсади санҷиши андоз нишон дода мешаванд.
3. Мақомоти андоз на камтар аз 10 рӯзи корӣ то оғози санҷиши сайёрии андоз ба андозсупоранда огоҳинома ирсол менамояд. Огоҳинома ба андозсупоранда (агенти андоз) дар маҳалли ҷойгиршавии дар маълумоти бақайдгирии давлатии нишондодашуда супорида мешавад ё ба ҳуҷраи шахсии андозсупоранда ва ё почтаи фармоишӣ ирсол карда мешавад.
4. Дар огоҳинома асосҳо барои гузаронидани санҷиши сайёри андоз, аз ҷумла мавзӯъ, давраи санҷиш ва муҳлати гузаронидани он, нишон дода мешаванд.
5. Санҷиши сайёри андоз ҳангоми ихтиёран қатъ гардидани фаъолияти андозсупоранда аз лаҳзаи санҷиши охирин, вале на зиёдтар аз муҳлати даъво, гузаронида мешавад.
6. Дар ҷараёни санҷиши сайёри андоз ба андозсупоранда иҷозат дода намешавад, ки ба ҳисоботи андозии давраи санҷишшаванда тағйиру иловаҳо ворид намояд.
7. Дар сурати аз ҷониби андозсупоранда мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ нагардидани баҳисобгирии муҳосибӣ, ки гузаронидани санҷишро имконнопазир менамояд, мақомоти андоз барои муайян намудани уҳдадориҳои андозӣ усулҳои алтернативии андозбандиро истифода мебарад.
8. Зиёда аз як маротиба гузаронидани санҷиши сайёри андоз аз рӯи як намуди андоз ва барои як давра, ба истиснои муқаррароти пешбининамудаи моддаи 49 Кодекси мазкур, манъ аст.
9. Дар ҳолатҳои зерин бе гузаронидани санҷиши сайёри андоз дар давоми то 10 рӯзи корӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ санади дахлдор дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143):
1) ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти воҳиди алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ - резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) ҳангоми барҳамдиҳӣ, ҳамроҳшавӣ ва муттаҳидшавии ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ассотсиатсияҳо, кооперативҳои моликони манзил ва субъектҳои дигари мустақил, ки ба фаъолияти ҷамъиятӣ, эҳсонкорӣ ва (ё) ҳамчун ташкилоти тобеи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз буҷет маблағгузорӣ мешаванд, агар онҳо ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул набошанд;
3) ҳангоми қатъи фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) супорандаи андози ягонаи кишоварзӣ (ба истиснои супорандагони андози ягонаи кишоварзӣ, ки ба коркарди саноатии маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд);
4) ҳангоми гузариши соҳибкорони инфиродии тибқи шаҳодатнома фаъолияткунанда ба шахси ҳуқуқӣ (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
10. Ҳангоми гирифтани маълумоти иловагии бо ҳуҷҷатҳо асосноккардашуда дар бораи аз ҷониби андозсупоранда пинҳонкунии маблағи андозҳо, мақомоти андоз дар фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ санҷиши сайёри андозро танҳо дар муҳлати даъво дар асоси хулосаи комиссия оид ба масъалаҳои канорагирӣ аз андозбандӣ мегузаронанд (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
11. Дастурамал оид ба гузарондани санҷишҳои андоз бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
Моддаи 48. Муҳлати санҷишҳои андоз, тамдид ва мавқуфгузории он
1. Санҷиши сайёри андоз дар муҳлатҳои зерин гузаронида мешавад, агар дар қисмҳои 3 ва 4 ҳамин модда тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад:
1) барои соҳибкорони хурд - то 7 рӯзи корӣ;
2) барои соҳибкорони миёна - то 20 рӯзи корӣ;
3) барои соҳибкорони калон, аз ҷумла:
а) барои шахсони ҳуқуқӣ, ки дорои воҳидҳои алоҳида мебошанд ва ғайрирезидентҳое, ки фаъолияташонро ба воситаи муассисаҳои доимӣ амалӣ менамоянд, то 30 рӯзи корӣ;
б) барои шахсони ҳуқуқии дорои зиёда аз як маҳалли ҷойгиршавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои андозсупорандагоне, ки дар қайди воҳиди сохтории мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба андозсупорандагони калон қарор доранд, то 60 рӯзи корӣ.
2. Муҳлати гузаронидани санҷиши амалиётӣ наметавонад аз 15 рӯзи корӣ зиёд бошад. Санҷиши амалиётии андозсупорандаи инфиродӣ набояд аз чор соати корӣ зиёд давом кунад.
3. Тамдиди муҳлати гузаронидани санҷиши андоз барои соҳибкорони хурду миёна манъ аст.
4. Тамдиди муҳлати гузаронидани санҷиши андоз барои соҳибкорони калон наметавонад аз 30 рӯзи корӣ зиёд бошад.
5. Муҳлати санҷиши андоз дар ҳолатҳои зерин боздошта мешавад, агар:
1) андозсупоранда ҳуҷҷатҳои ба мавзӯи санҷиш алоқамандро пурра пешниҳод нанамояд;
2) барои гирифтани иттилоот аз мақомоти салоҳиятдори (ваколатдори) давлати хориҷӣ дар доираи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурат ба миён ояд;
3) барои гузаронидани экспертизаи соҳавӣ зарурат ба миён ояд;
4) тарҷумаи ҳуҷҷатҳои ба забони хориҷӣ пешниҳодшуда муҳлати иловагӣ талаб намояд.
6. Дар асоси фармоиши дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ тамдиди муҳлати санҷиши андоз на зиёда аз як маротиба ва вобаста ба ҳолатҳои дахлдор мавқуфгузории муҳлати санҷиши андоз на зиёда аз ду маротиба иҷозат дода мешавад.
Моддаи 49. Маҳдудият барои гузаронидани санҷиши сайёри андоз
1. Гузаронидани санҷишҳои такрорӣ барои давраи санҷидашавандаи андоз, ба истиснои ҳолатҳои зерин, манъ аст:
- дар асоси аризаи хаттии андозсупоранда;
- дар асоси муроҷиати расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди андозсупорандае, ки нисбат ба ӯ мавод ё парвандаи ҷиноятӣ бо аломатҳои ҷиноятҳои бо андозбандӣ алоқаманд мавҷуд бошад;
- барои назорати дохилии фаъолияти мақомоти андозе, ки санҷиши сайёри андозро гузаронидааст.
2. Санҷишҳои такрории мутобиқи қисми 1 ҳамин модда амалишаванда бояд танҳо нисбат ба даврае гузаронида шаванд, ки санҷиши сайёри андози охирон гузаронидашударо дар бар мегирад.
Моддаи 50. Воридшавии шахси мансабдор ба маҳалли фаъолияти (ҳудуд ва бинои маъмурии андозсупоранда бо мақсади гузаронидани санҷиши андоз
1. Ба шахси мансабдори мақомоти андоз ворид шудан ба маҳалли фаъолияти андозсупоранда (ба истиснои манзили истиқоматӣ) танҳо дар асоси пешниҳоди фармоиши мақоми ваколатдори давлатӣ ва шаҳодатномаи хизматӣ иҷозат дода мешавад.
2. Дар сурати монеъ шудани андозсупоранда ба воридшавии шахси мансабдори мақомоти андоз ба макони фаъолияти худ (ба истиснои манзили истиқоматӣ) шахси мансабдори мақомоти андоз дар ин хусус санад тартиб дода, ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат менамояд. Дар ин сурат воридшавии шахси мансабдори мақомоти андоз дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин карда мешавад.
3. Андозсупоранда дар ҳолатҳои зерин ҳуқуқ дорад ба ворид шудани шахсони мансабдори мақомоти андоз ба маҳалли фаъолияти худ барои гузаронидани санҷиши андоз иҷозат надиҳад, агар:
- талаботи моддаҳои 47 ва 48 Кодекси мазкур риоя карда нашавад;
- муҳлати санҷиши дар фармоиш нишондодашуда фаро нарасида ё гузашта бошад;
- шахсони мансабдори мақомоти андоз барои ворид шудан ба маҳалли дорои махсуси махфият рухсатномаи дахлдор надошта бошанд.
Моддаи 51. Талаб намудани ҳуҷҷатҳо ҳангоми гузаронидани санҷиши андоз
1. Шахси мансабдори мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронад, ҳуқуқ дорад аз андозсупоранда пешниҳоди ҳуҷҷатҳои марбут ба санҷишро талаб намояд.
2. Талабномаи шахси мансабдори мақомоти андоз аз андозсупоранда ё шахси ваколатдори ӯ оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо бо имзои шахсӣ супорида мешавад. Агар ба ин тариқ супоридани талабнома оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ғайриимкон бошад, он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур фиристода мешавад.
3. Ҳуҷҷатҳои талабшуда ба мақомоти андоз дар шакли электронӣ тавассути шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ё ҳуҷраи шахсии андозсупоранда, бо почта бо мактуби фармоишӣ, инчунин шахсан ё тавассути намоянда пешниҳод карда мешаванд.
4. Ҳангоми пешниҳод гардидани нусхаи ҳуҷҷатҳои талабнамудаи мақомоти андоз дар шакли коғазӣ, чунин нусхаҳо бояд аз ҷониби андозсупоранда тасдиқ карда шаванд. Талаби аз ҷониби нотариус тасдиқ кардани нусхаи ҳуҷҷатҳои ба мақомоти андоз (шахси мансабдор) пешниҳодшаванда иҷозат дода намешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.
5. Ҳангоми дар шакли электронӣ тартиб додани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ андозсупоранда уҳдадор аст дар ҷараёни санҷиши андоз бо талаби шахсони мансабдори андоз нусхаҳои чунин ҳуҷҷатҳоро, ба истиснои ҳисобнома-фактураҳое, ки дар низоми иттилоотии ҳисоботи электронии ҳисобнома-фактураҳо сабт шудаанд, дар ҳомилҳои коғазӣ пешниҳод намояд.
6. Дар ҳолати зарурӣ мақомоти андоз ҳуқуқ дорад бо ҳуҷҷатҳои аслӣ шинос шавад.
7. Ҳуҷҷатҳои дар ҷараёни санҷиши андоз талабшуда бо риояи талаботи ҳамин модда на дертар аз як рӯзи корӣ пас аз санаи гирифтани талабномаи дахлдор пешниҳод карда мешаванд. Агар андозсупоранда дар муҳлати муқарраршуда ҳуҷҷатҳои талабшударо пешниҳод карда натавонад, ӯ дар ин бора шахси мансабдори мақомоти андозро дар шакли хаттӣ хабардор менамояд.
8. Огоҳиномаро дар бораи имконнопазир будани пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар муҳлати муқарраршуда бо нишон додани сабабҳои пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои дархостшуда андозсупоранда бояд дар давоми як рӯзи пас аз гирифтани талабнома оид ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳо фиристад. Дар огоҳинома бояд муҳлате нишон дода шавад, ки андозсупоранда метавонад ҳуҷҷатҳои талабшударо пешниҳод кунад.
9. Дар муҳлати ду рӯз аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома аз андозсупоранда мақомоти андоз ҳуқуқ дорад дар асоси ин огоҳинома муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро тамдид кунад ё онро рад намояд.
10. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои талабшударо рад намудани андозсупоранда дар санаде, ки шахси мансабдори мақомоти андоз тартиб додааст, сабт карда мешавад. Санадро шахси мансабдори мақомоти андоз ва андозсупоранда имзо мекунанд. Дар сурати аз имзои санад саркашӣ кардани андозсупоранда сабти дахлдор ворид карда мешавад. Рад кардан ё пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои зикршуда аз ҷониби андозсупоранда барои гирифтани онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 53 Кодекси мазкур асос мебошад.
11. Дар ҷараёни санҷиши андоз ва чорабиниҳои дигари назоратии андозӣ мақомоти андоз ҳуқуқ надоранд аз андозсупоранда ҳуҷҷатҳоро, ки қаблан ба мақомоти андоз ҳангоми назорати камералӣ ё санҷиши сайёр ва ё дар ҷараёни мониторинги андозӣ пешниҳод карда шудаанд, дар шакли аслӣ талаб намояд. Ҳуҷҷатҳо метавонанд аз андозсупоранда такроран гирифта шаванд, агар онҳо қаблан ба мақомоти андоз дар шакли аслӣ ба андозсупоранда баргардонида шуда бошад, инчунин дар ҳолате, ки ҳуҷҷатҳои ба мақомоти андоз додашуда бо сабаби ҳолатҳои фавқулода гум шуда бошанд.
Моддаи 52. Талаб намудани ҳуҷҷатҳо ва иттилоот аз шахсони сеюм
1. Шахси мансабдори мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронад, ҳуқуқ дорад аз контрагент ё шахсони дигар ҳуҷҷатҳо ва иттилооти марбут ба фаъолияти андозсупорандаи санҷишшаванда (минбаъд - иттилоот)-ро талаб кунад.
2. Талаби иттилооти марбут ба фаъолияти андозсупорандаи санҷишшаванда ҳангоми баррасии маводи санҷиши андоз метавонад инчунин дар асоси қарори мақомоти андоз дар бораи таъини чораҳои иловагии назорати андозӣ низ анҷом дода шавад.
3. Мақомоти андозе, ки санҷиши андоз ё чорабиниҳои дигари назоратии андозиро мегузаронад, супоришро барои талаб намудани иттилоот оид ба фаъолияти андозсупорандаи санҷишшаванда ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии шахсе, ки аз ӯ иттилооти зикршуда талаб карда мешавад, мефиристад.
4. Дар давоми 3 рӯз аз рӯзи гирифтани супориш, мақомоти андози маҳалли бақайдгирии шахсе, ки аз ӯ иттилоот талаб карда мешавад, ба андозсупоранда талабномаро оид ба пешниҳоди иттилоот мефиристад.
5. Ба талабнома нусхаи супориш оид ба талаби иттилоот замима карда мешавад.
6. Шахсе, ки оид ба пешниҳоди иттилоот талабнома гирифтааст, онро дар давоми 5 рӯз аз рӯзи гирифтани он иҷро мекунад ё дар ҳамон муҳлат хабар медиҳад, ки ӯ иттилооти талабшударо надорад. Агар андозсупоранда имконияти дар муҳлати муқарраршуда пешниҳод намудани иттилооти талабшударо надошта бошад, мақомоти андоз ҳуқуқ дорад, ки муҳлати пешниҳоди ин иттилоотро тамдид кунад.
7. Ҳуҷҷатҳои талабшаванда бо назардошти муқаррароти қисмҳои 3, 5 ва 11 моддаи 51 Кодекси мазкур пешниҳод карда мешаванд.
8. Тартиби талаб кардани иттилоот, ки дар ҳамин модда пешбинӣ шудааст, инчунин ҳангоми талаб кардани иттилооти марбут ба иштирокчиёни гурӯҳи ширкатҳо истифода карда мешавад.
9. Ҳангоми амалӣ намудани назорати андозӣ мақомоти андоз ҳуқуқ дорад бо роҳи фиристодани талабномаи хаттӣ аз ҳар шахс талаб намоянд, ки дар муҳлати 10 рӯз:
- иттилоотро дар бораи даромад ва хароҷоти андозсупоранда барои давраи муайяни андоз, дар бораи хароҷоте, ки бинобар муносибатҳои мутақобила бо андозсупорандаи дар талабнома зикршуда анҷом додааст, пешниҳод намояд, ба истиснои иттилооте, ки дар шакли электронӣ дар барномаҳои мақомоти андоз вуҷуд доранд;
- ба маҳал ва дар муҳлати дар талабнома зикршуда барои аниқ намудани иттилооте, ки дар мақомоти андоз мавҷуданд ё барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ё иттилооти дигари марбут ба андозбандии ҳамин андозсупоранда ва андозсупорандагони дигар ҳозир шавад.
10. Корманди ваколатдори мақомоти андоз дар ҷараёни санҷиши андоз бо мақсади ҷамъоварии маълумот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:
- ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба андозбандиро нусхабардорӣ намояд;
- дар асоси санад оид ба гирифтан ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ё ҳуҷҷатҳои дигари марбут ба ҳамин санҷиши андозро гирад;
- ба ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва ҳуҷҷатҳои дигар муҳр гузошта, истифодаи онҳоро ба муҳлати на зиёда аз нисфи муҳлати ин санҷиш манъ намояд.
11. Агар корманди ваколатдори мақомоти андоз ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ё ҳуҷҷатҳои дигарро дар асоси ваколатҳои пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда гирад, мақомоти андоз бояд ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ё ҳуҷҷатҳои дигарро нусхабардорӣ намуда, нусхаҳои аслии онҳоро дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз санаи гирифтан баргардонанд.
12. Ҳангоми талаб кардани ҳуҷҷатҳои марбут ба агентҳои андоз тартиби талаб намудани ҳуҷҷатҳо, ки дар ҳамин модда пешбинӣ шудааст, анҷом дода мешавад.
13. Шахсе, ки оид ба пешниҳоди иттилоот дархост гирифтааст, ҳуқуқ дорад пешниҳод кардани иттиолоотро рад кунад, агар дархост хилофи муқаррароти ҳамин модда бошад.
14. Дар ҳолати аз ҷониби андозсупоранда иҷро нагардидани талаботи моддаи мазкур, корманди ваколатдори мақомоти андоз ҳуқуқи тибқи муқаррароти моддаи 50 Кодекси мазкур дастрасӣ ба бино ва моликияти андозсупорандаро дорад.
Моддаи 53. Гирифтани ҳуҷҷатҳо ва ашё
1. Гирифтани ҳуҷҷатҳо ва ашё дар асоси қарори мақомоти андозе, ки санҷишро мегузаронад, ба амал бароварда мешавад.
2. Берун аз реҷаи корӣ гирифтани ҳуҷҷатҳо ва ашё манъ аст.
3. Гирифтани ҳуҷҷатҳо ва ашё дар ҳузури шахсони холис ва шахсоне, ки аз онҳо ҳуҷҷатҳо ва ашё гирифта мешаванд, амалӣ карда мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои иштирок дар ҷараёни гирифтан мутахассис даъват карда мешавад.
4. То оғози расмиёти гирифтани ҳуҷҷатҳо ва ашё шахси мансабдори мақомоти андоз қарор оид ба гирифтани ҳуҷҷатҳо ва ашёро нишон медиҳад ва ба шахсони ҳузурдошта ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро мефаҳмонад.
5. Шахси мансабдори мақомоти андоз ба шахсе, ки аз ӯ ҳуҷҷатҳо ва ашё гирифта мешаванд, пешниҳод менамояд, ки онҳоро ихтиёран супорад ва дар ҳолати рад кардани пешниҳоди мазкур, шахси мансабдори мақомоти андоз бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани онҳоро ба анҷом мерасонад. Ғайр аз ин, андозсупоранда уҳдадор аст:
- дастрасӣ ба иттилоотеро, ки дар дастгоҳи нигоҳдории маълумот ё дар анбори нигоҳдории электронии маълумот (монанд ба анборҳои интернетӣ) нигоҳ дошта шудаанд, аз ҷумла ворид кардани рамз ё асоси дигари тасдиқи дастрасӣ ба дастгоҳ ё воситаҳоро, таъмин кунанд;
- дастрасӣ ба иттилооти рамзкушоиро, ки барои рамзгузории маълумоти тибқи моддаи мазкур дархостшуда зарур аст, пешкаш намояд.
6. Дар сурати саркашӣ намудани шахс аз кушодани биноҳо ё ҷойҳои дигаре, ки дар он ҷо ҳуҷҷатҳо ва ашёи гирифташаванда ҷойгиранд, барои таъмини дастрасии шахсони мансабдори мақомоти андоз ба чунин ҳудуд ва биноҳо мақомоти андоз ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё суд муроҷиат менамояд.
7. Ҳуҷҷатҳо ва ашёе, ки ба мавзӯи санҷиши андоз алоқамандӣ надоранд, гирифта намешаванд.
8. Оид ба гирифтани ҳуҷҷат ва ашё бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 59 Кодекси мазкур ва ҳамин модда санад тартиб дода мешавад.
9. Ҳуҷҷатҳо ва ашёи гирифташуда дар санад дар бораи гирифтан ё дар сабтҳои замимашаванда бо дақиқан ишора намудани номгӯ, миқдор, хусусиятҳои хос ва агар имконпазир бошад, арзиши ашё номбар ва тавсиф карда мешаванд.
10. Агар барои гузаронидани чорабиниҳои назорати андозӣ нусхаи ҳуҷҷатҳои андозсупоранда кифоя набошад ва мақомоти андоз асоси кофӣ дошта бошад, ки ҳуҷҷатҳои аслӣ метавонанд нобуд, пинҳон, ислоҳ ё иваз карда шаванд, шахси мансабдори мақомоти андоз ҳуқуқ дорад ҳуҷҷатҳои аслиро бо тартиби пешбининамудаи ҳамин модда гирад.
11. Ҳангоми имконнопазир будани нухсабардорӣ ва интиқоли нусхаҳо дар як вақт бо гирифтани ҳуҷҷатҳо, мақомоти андоз нусхаҳоро ба шахсе, ки аз ӯ ҳуҷҷатҳо гирифта шудаанд, дар давоми 5 рӯз баъд аз гирифтан бармегардонад.
12. Ҳамаи ҳуҷҷатҳо ва ашёи гирифташуда ба шахсони холис ва иштирокчиёни дигар нишон дода мешаванд ва ҳангоми зарурат дар макони гирифтани ҳуҷҷатҳо ва ашё бастабандӣ мешаванд.
13. Ҳуҷҷатҳои гирифташуда бояд рақамгузорӣ, ресмонбандӣ ва бо муҳр ё имзои шахсе, ки аз ӯ ҳуҷҷатҳо гирифта мешаванд, тасдиқ карда шаванд. Агар шахс муҳр ё имзо гузоштани ҳуҷҷатҳои гирифташударо рад кунад, дар санади гирифтани ҳуҷҷатҳо дар ин хусус қайди махсус гузошта мешавад.
14. Нусхаи санад дар бораи гирифтани ҳуҷҷатҳо ва ашё бо имзо ба шахсе, ки аз ӯ ҳуҷҷатҳо гирифта шудаанд, супорида ё ирсол карда мешавад.
Моддаи 54. Иштироки шоҳид
1. Ҳар шахси воқеии болиғ, ки аз ҳама гуна ҳолатҳои марбут ба амалисозии назорати андозӣ огоҳ мебошад, метавонад ба сифати шоҳид даъват карда шавад. Баёноти шоҳид дар санад сабт карда мешавад.
2. Баёноти шоҳид метавонад дар маҳалли истиқомат гирифта шавад, агар ӯ бо сабаби беморӣ, пирӣ ё маъюбӣ ба мақомоти андоз омада натавонад.
3. Музди меҳнати кормандоне, ки ба сифати шоҳид ба мақомоти андоз даъват шудаанд, барои давраи бо ин сабаб дар кор ҳозир набудан, дар ҷои кори асосӣ нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 55. Экспертиза
1. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои иштирок дар рафти гузаронидани амалҳои мушаххас оид ба амалӣ намудани санҷиши андозӣ метавонад эксперт ҷалб карда шавад.
2. Ҷалби шахс ба сифати эксперт дар асоси шартнома байни мақомоти андоз ва эксперт ба амал бароварда мешавад.
3. Экспертиза дар вақте таъин карда мешавад, ки агар барои шарҳдиҳии саволҳои бавуҷудомада дониши махсус дар соҳаҳои илм, техника, санъат ё ҳунар зарур бошад. Дониши махсус доштани шахси мансабдори мақомоти андоз аз ҷалби эксперти тахассусӣ озод намекунад.
4. Саволҳои дар назди эксперт гузошташуда ва хулосаи ӯ наметавонанд берун аз доираи дониши махсуси эксперт бошанд.
5. Қарор дар бораи таъин кардани экспертиза аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси дархости шахси мансабдоре, ки санҷиши андозро мегузаронад, қабул карда мешавад.
6. Дар қарор асосҳои таъин шудани экспертиза, номи ташкилоте, ки бояд экспертиза гузаронад ё насаб, номи (номи падари) эксперт, саволҳо ва маводи ба эксперт пешниҳодшуда нишон дода мешаванд. Эксперт ҳуқуқ дорад бо маводи санҷиш марбут ба мавзӯи экспертиза шинос шавад ва дар хусуси ба ӯ пешниҳод гардидани маводи иловагӣ дархост кунад.
7. Эксперт хулосаро дар шакли хаттӣ пешниҳод менамояд. Дар хулоса таҳқиқоти эксперт, хулосаҳо ва ҷавобҳои асоснокшуда ба саволҳои гузошташуда дарҷ карда мешаванд.
8. Эксперт ҳуқуқ дорад пешниҳоди хулосаро рад кунад, агар маводи ба ӯ пешниҳодшуда барои додани хулосаи асоснок кифоя набошанд.
9. Шахси мансабдори мақомоти андоз, ки санҷиши андозро мегузаронад, андозсупорандаро бо қарор дар бораи таъин кардани экспертиза шинос мекунад, ҳуқуқҳои дар қисми 10 ҳамин модда муқаррарнамударо шарҳ дода, санад тартиб медиҳад.
10. Ҳангоми таъин ва гузаронидани экспертиза андозсупоранда ҳуқуқ дорад:
- ба далелҳои эксперт ҷавоб гардонад;
- таъин намудани экспертро аз байни шахсони зикргардида талаб кунад;
- барои гирифтани хулосаи эксперт саволҳои иловагӣ пешниҳод кунад;
- бо иҷозати шахси мансабдори мақомоти андоз дар ҷараёни экспертиза ҳузур дошта, ба эксперт тавзеҳот диҳад;
- бо хулосаи эксперт шинос шавад;
- дар бораи хулосаи экспертиза фикру ақидаи асоснок пешниҳод намояд.
11. Эксперте, ки мақомоти андоз ҷалб кардааст, бояд махфияти маълумоти марбут ба экспертизаро дар баробари корманди мақомоти андоз таъмин намояд.
Моддаи 56. Ҷалби мутахассис
1. Дар ҳолати зарурӣ барои иштирок дар амалҳо оид ба татбиқи назорати андозӣ аз ҷониби мақомоти андоз метавонад мутахассис ҷалб карда шавад.
2. Мутахассис бояд дорои дониш ва малакаи махсус бошад ва ба натиҷаи кор манфиатдор набошад.
3. Ҷалби шахс ба сифати мутахассис дар асоси шартнома байни мақомоти андоз ва мутахассис амалӣ карда мешавад.
4. Иштироки шахс ба сифати мутахассис имконияти пурсиши ӯро вобаста ба ҳамин ҳолатҳо ҳамчун шоҳид истисно намекунад.
5. Мутахассисе, ки мақомоти андоз ҷалб кардааст, бояд махфияти маълумоти марбут ба санҷишро дар баробари корманди мақомоти андоз таъмин намояд.
Моддаи 57. Иштироки тарҷумон
1. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои иштирок дар амалҳо оид ба гузаронидани назорати андозӣ метавонад тарҷумон ҷалб карда шавад.
2. Ба сифати тарҷумон метавонад шахсе баромад кунад, ки ба натиҷаи кор манфиатдор намебошад, забони барои тарҷума зарурро медонад ё ишораҳои шахсони воқеии гунг ва ё ношунаворо мефаҳмад.
3. Ҷалби шахс ба сифати тарҷумон дар асоси шартнома байни мақомоти андоз ва тарҷумон амалӣ карда мешавад.
4. Тарҷумон уҳдадор аст, ки бо даъвати шахси мансабдори мақомоти андоз ҳозир шавад ва тарҷумаи ба ӯ вогузоршударо дақиқан анҷом диҳад.
5. Тарҷумоне, ки мақомоти андоз ҷалб кардааст, бояд махфияти маълумоти марбут ба санҷишро дар баробари корманди мақомоти андоз таъмин намояд.
Моддаи 58. Иштироки шахси холис
1. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои иштирок дар амалҳо оид ба гузаронидани назорати андозӣ мутобиқи муқаррароти пешбининамудаи Кодекси мазкур шахсони холис ҷалб карда мешаванд.
2. Шахсони холис бо теъдоди на камтар аз ду нафар ҷалб карда мешаванд.
3. Ба сифати шахси холис метавонанд ҳама гуна шахсони воқеии болиғ, ки ба натиҷаи кор манфиатдор намебошанд, ҷалб карда шаванд.
4. Ба сифати шахсони холис иштирок намудани шахсони мансабдори мақомоти андоз роҳ дода намешавад.
5. Шахсони холис уҳдадоранд дар санад далел, муҳтаво ва натиҷаҳои амалҳоеро, ки дар ҳузури онҳо иҷро шудаанд, тасдиқ намоянд.
6. Шахсони холис ҳуқуқ доранд оид ба амалҳои анҷомёфта эрод гиранд, ки он дар санад дарҷ карда мешавад.
7. Ҳангоми зарурат шахсони холис метавонанд вобаста ба ҳолатҳои муайяншуда пурсиш карда шаванд.
8. Шахсони холисе, ки барои иштирок дар амалҳо оид ба гузаронидани назорати андозӣ ҷалб карда мешаванд, бояд махфияти маълумоти марбут ба санҷишро дар баробари корманди мақомоти андоз таъмин намоянд.
Моддаи 59. Талаботи умумӣ нисбат ба санаде, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳо дар доираи назорати андозӣ тартиб дода мешавад
1. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои назорати андозӣ санад тартиб дода мешавад, ки дар он маълумоти зерин дарҷ карда мешавад:
- асос, намуд ва даврияти гузаронидани санҷиш;
- макон ва санаи иҷрои амали мушаххас;
- вақти оғоз ва итмоми амал;
- мансаб, насаб, номи (номи падари) шахси тартибдодаи санад;
- насаб, номи (номи падари) ҳар шахси дар чорабинӣ иштироккарда ё дар рафти он ҳузурдошта, дар ҳолатҳои зарурӣ суроғаи ӯ;
- таркиби амалҳо ва пайдарпаии гузаронидани онҳо;
- далелҳо ва ҳолатҳои барои санад заруре, ки дар ҷараёни иҷрои амал ошкор гардидаанд.
2. Санад ба ҳамаи шахсоне, ки ба ин раванд ҷалб ё муаррифӣ шудаанд, хонда мешавад. Шахсони мазкур ҳуқуқ доранд, фикру мулоҳизаҳо баён кунанд, ки онҳо бояд ба санад ворид ё ба мавод замима карда шаванд.
3. Ба санад аз ҷониби шахси мансабдори мақомоти андоз, ки онро тартиб додааст ва инчунин шахсоне, ки дар рафти гузаронидани назорати андозӣ иштирок ё ҳузур доштаанд, имзо мегузоранд. Ба санад сурат, сабти видеоӣ ва дигар маводе, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои назорати андозӣ дастрас шудаанд, замима карда мешаванд.
Моддаи 60. Барасмиятдарории натиҷаҳои санҷиши сайёри андоз
1. Аз рӯи натиҷаҳои ҳар санҷиши сайёри андоз шахсони мансабдори мақомоти андоз, ки санҷиши мазкурро гузарондаанд, бояд санади санҷиши андозро тартиб диҳанд.
2. Дар санади санҷиши сайёри андоз маълумоти зерин дарҷ мегардад:
1) санаи тартибдиҳии санади санҷиши андоз, яъне санаи имзокунии санад аз ҷониби шахсоне, ки санҷиши мазкурро гузаронданд;
2) номи пурра ва ихтисоршуда ё насаб, ном ва номи падари шахси санҷидашаванда. Дар ҳолати санҷиши шахси ҳуқуқӣ дар маҳалли ҷойгиршавии воҳиди алоҳидаи он, ба ғайр аз номи шахси ҳуқуқӣ, номи пурра ва ихтисоршудаи воҳиди алоҳидаи санҷидашаванда ва маҳалли ҷойгиршавии он зикр карда мешаванд;
3) насаб, ном, номи падари шахсоне, ки санҷиши сайёри андозро гузарондаанд, мансабҳои онҳо ва номи мақомоти андозе, ки онҳо намояндагӣ мекунанд;
4) сана ва рақами фармоиши мақомоти андоз дар бораи гузаронидани санҷиши сайёри андоз;
5) номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки дар рафти санҷиши сайёри андоз аз ҷониби андозсупоранда пешниҳод карда шудаанд;
6) даврае, ки барои он санҷиши сайёри андоз гузаронида шуд;
7) номгӯи андоз, ки нисбат ба он санҷиши сайёри андоз гузаронида шуд;
8) санаи оғоз ва анҷомёбии санҷиши сайёри андоз;
9) суроғаи маҳалли ҷойгиршавии андозсупоранда;
10) маълумот дар бораи чорабиниҳои назорати андоз, ки ҳангоми амалисозии санҷиши сайёри андоз гузаронида шудаанд;
11) тавсифи муфассали вайронкунии андоз (дар ҳолати мавҷуд будани он) бо истинод ба меъёри дахлдори қонунгузории андоз;
12) хулосаҳо ва пешниҳодҳо аз рӯи натиҷаҳои санҷиши сайёри андоз.
3. Агар дар натиҷаи санҷиши сайёри андози гузаронидашуда вайронкунии қонунгузории андоз ошкор нашуда бошад, дар санад дар ин бора сабти дахлдор ворид карда мешавад.
4. Ба санад ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи далелҳои вайронкунии қонунгузории андоз замима карда мешаванд.
5. Шакл ва талаботи тартибдиҳии санади санҷиши сайёри андоз аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
6. Санад ба миқдори на камтар аз се нусха тартиб дода мешавад.
7. Ҳамаи нусхаҳои санад аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти андозе, ки санҷиши сайёри андозро гузаронидаанд, имзо карда мешаванд. Як нусхаи санад дар давоми се рӯз баъд аз тартиб додани он ба андозсупоранда супорида мешавад. Андозсупоранда уҳдадор аст, ки доир ба гирифтани он дар ҳамаи нусхаҳои санад бо нишон додани санаи гирифтан имзо гузорад. Нусхаҳои санад дар мақомоти андоз боқӣ монда, ба маводи санҷиш ҳамроҳ карда мешаванд.
8. Имзои андозсупоранда дар санад маънои розигии ӯро бо натиҷаҳои санҷиш надорад.
9. Ҳангоми саркашии андозсупоранда (намояндаи ӯ) аз гирифтани санад, шахси мансабдори мақомоти андоз дар ин бора сабти дахлдорро ба санад ворид мекунад. Дар ин сурат як нусхаи санад ба андозсупоранда бо мактуби фармоишӣ ба маҳалли ҷойгиршавии ӯ ирсол карда мешавад.
10. Натиҷаи санҷиши сайёри андоз ба маълумот дар бораи андозсупоранда, ки аз мақомоти андоз, шахси сеюм гирифта шудааст ва маълумоти дигари дар ҷараёни мониторинг, санҷиш ва баҳисобгирии муҳосибӣ ҷамъоваришуда асос меёбад.
Моддаи 61. Тартиби баррасии маводи санҷиши сайёри андоз
1. Санади санҷиши сайёри андоз, ки дар ҷараёни он вайронкунии қонунгузории андоз ошкор карда шудааст, на дертар аз 15 рӯз аз санаи тартибдиҳии санади санҷиши андоз, бояд аз ҷониби мақомоти андозе, ки чунин санҷишро гузаронидааст, мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиши сайёри андоз бояд на дертар аз 20 рӯз пас аз баррасии маводи санҷиши сайёри андоз қабул карда шавад.
2. Агар андозсупоранда (намояндаи ӯ) дар муҳлати пешбининамудаи ҷумлаи якуми қисми 1 ҳамин модда ба санад норозигии хаттӣ пешниҳод карда бошад, ин норозигӣ низ ба назар гирифта мешавад.
3. Мақомоти андоз андозсупорандаро дар бораи сана, вақт ва ҷойи баррасии маводи санҷиш на камтар аз ду рӯзи корӣ пеш аз санаи баррасӣ огоҳ менамояд.
4. Агар андозсупоранда ба мақомоти андоз дар бораи бо сабабҳои узрнок имконнопазир будани иштирок дар баррасии маводи санҷиши сайёри андоз хабар диҳад, мақомоти андоз баррасии маводи санҷишро ба муҳлати на зиёда аз 5 рӯз ба таъхир гузошта, дар ин бора андозсупорандаро огоҳ менамояд.
5. Андозсупорандае, ки нисбати ӯ санҷиши сайёри андоз гузаронида шудааст, ҳуқуқ дорад дар ҷараёни баррасии маводи санҷиш шахсан ва (ё) тавассути намояндаи ҳуқуқии худ иштирок намояд.
6. Ҳозир нашудани андозсупорандае, ки нисбати ӯ санҷиши сайёри андоз гузаронида шуда (намояндаи ӯ) оид ба вақт ва ҷойи баррасии маводи санҷиш ба таври зарурӣ огоҳ гардидааст, барои баррасии маводи санҷиши сайёри андоз монеа шуда наметавонад, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар иштироки ин шахсро мақомоти андоз барои баррасии ин мавод ҳатмӣ эътироф намояд.
7. Пеш аз оғози баррасии маводи санҷиш мақомоти андоз уҳдадор аст:
- шахси ваколатдорро, ки маводи санҷишро баррасӣ менамояд, муайян кунад;
- ҳозиршавии шахсонеро, ки барои иштирок дар баррасӣ даъват шудаанд, таъмин намояд. Бо назардошти ҳолатҳои ҳозир нашудани ин шахсон, мақомоти андоз дар бораи баррасии маводи санҷиши андоз дар вақти набудани ин шахсон ё ба таъхиргузоштани баррасии зикргардида қарор қабул менамояд;
- ваколати иштироки шахсеро, ки нисбати ӯ санҷиши сайёри андоз гузаронида шудааст, санҷад;
- ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсонеро, ки дар расмиёти баррасӣ иштирок мекунанд, муайян кунад ва фаҳмонад.
8. Ҳангоми баррасии маводи санҷиши сайёри андоз метавонад санади санҷиши андоз ва ҳангоми зарурат маводи дигари санҷиши сайёри андоз, инчунин норозигии хаттии шахсе, ки нисбати ӯ санҷиш гузаронида шудааст, хонда шаванд.
9. Мавҷуд набудани норозигии хаттӣ ин шахс (намояндаи ӯ)-ро аз ҳуқуқи додани тавзеҳот дар марҳилаи баррасии маводи санҷиши сайёри андоз маҳрум намекунад.
10. Ҳангоми баррасии маводи санҷиши сайёри андоз далелҳои пешниҳодшуда, аз ҷумла ҳуҷҷатҳое, ки қаблан аз шахсе дархост шудаанд, ки нисбати ӯ санҷиш гузаронида шудааст, ҳуҷҷатҳои ҳангоми гузаронидани ин санҷиши андоз ба мақомоти андоз пешниҳодшуда ва ҳуҷҷатҳои дигар, ки мақомоти андоз доранд, мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.
11. Истифодаи далелҳое, ки хилофи муқаррароти Кодекси мазкур гирифта шудаанд, иҷозат дода намешавад.
12. Ҳуҷҷатҳои (маълумотҳои) иловагӣ оид ба фаъолияти андозсупоранда, ҳатто агар онҳо ба мақомоти андоз бо вайронкунии муҳлатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниҳод карда шуда бошанд, метавонанд баррасӣ карда шаванд.
13. Ҳангоми баррасии маводи санҷиши сайёри андоз, дар ҳолати зарурат метавонад қарор оид ба ҷалби шоҳид, эксперт ё мутахассис барои иштирок дар ҷараёни ин баррасӣ, қабул карда шавад.
14. Ҳангоми баррасии маводи санҷиши сайёри андоз протокол тартиб дода мешавад.
15. Дар ҷараёни баррасии санади санҷиши сайёри андоз мақомоти андоз муқаррар мекунад:
- оё шахсе, ки нисбати ӯ санади санҷиш тартиб дода шудааст, қонунгузории андозро вайрон кардааст ё не;
- оё вайронкуниҳои ошкоршуда таркиби ҳуқуқвайронкунии андозро ташкил медиҳанд ё не;
- оё барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахс барои ҳуқуқвайронкунии андоз асос мавҷуд аст ё не;
- асоснокии норозигии андозсупоранда.
16. Дар сурати мавҷуд будани таркиби ҳуқуқвайронкунии андоз роҳбари (муовини роҳбари) мақомоти андоз ҳолатҳои истиснокунандаи гуноҳи шахс дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз ё ҳолатҳоеро, ки ҷавобгариро барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз сабук ё вазнинтар мекунанд, муайян менамояд.
17. Новобаста ба муқаррароти қисми 1 ҳамин модда, ҳангоми пайдо шудани зарурати ба даст овардани далелҳои иловагӣ барои тасдиқ намудани далели вайрон кардани қонунгузории андоз ё мавҷуд набудани он, роҳбари (муовини роҳбари) мақомоти андоз ҳуқуқ дорад дар муддати на зиёда аз як моҳ дар бораи гузаронидани чорабиниҳои иловагии назорати андоз қарор қабул кунад.
18. Дар қарор дар бораи таъин намудани чорабиниҳои иловагии назорати андозӣ ҳолатҳое, ки гузаронидани чунин чораҳои иловагиро тақозо мекунанд, ифода ёфта, сана ва шакли мушаххаси гузаронидани онҳо нишон дода мешаванд.
19. Ҳамчун чорабиниҳои иловагии назорати андозӣ мақомоти андоз метавонад мутобиқи моддаҳои 51 ва 52 Кодекси мазкур ҳуҷҷатҳоро (маълумотро) дархост карда гирад, пурсиши шоҳидон ва экспертиза гузаронад.
20. Оғоз ва анҷоми чораҳои иловагии назорати андозӣ, маълумот дар бораи чорабиниҳои иловагии гузаронидаи назорати андозӣ, инчунин далелҳои иловагии ба даст овардашуда барои тасдиқи далели вайрон кардани қонунгузории андоз ё мавҷуд набудани он, хулоса ва таклифу пешниҳодҳои аудиторҳо оид ба рафъи вайронкуниҳои ошкоршуда ва истинод ба моддаҳои Кодекси мазкур, агар барои чунин вайронкунии қонунгузории андоз дар Кодекси мазкур ҷавобгарӣ пешбинӣ шуда бошад, дар илова ба санади санҷиши сайёри андоз сабт карда мешаванд.
21. Илова ба санади санҷиши сайёри андоз бояд аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти андоз, ки чорабиниҳои иловагии назорати андозиро гузарониданд, дар давоми даҳ рӯзи пас аз ба охир расидани чунин чорабиниҳо тартиб дода шуда, имзо карда шавад.
22. Илова ба санади санҷиши сайёри андоз бо замимаи маводе, ки дар натиҷаи чорабиниҳои иловагии назорати андозӣ гирифта шудааст, дар давоми се рӯзи пас аз таҳия намудани ин илова бояд ба шахсе, ки нисбати ӯ санҷиш гузаронида шудааст (намояндаи ӯ), бо имзо ё ба тариқи дигар, ки санаи гирифтани онро тасдиқ менамояд, супорида шавад.
23. Агар шахсе, ки нисбати ӯ санҷиш гузаронида шудааст (намояндаи ӯ) аз гирифтани илова ба санади санҷиши сайёри андоз саркашӣ кунад, далели мазкур дар илова ба санади санҷиши сайёри андоз инъикос карда мешавад. Дар ин ҳолат, илова ба санади санҷиши сайёри андоз тавассути почта бо мактуби фармоишӣ ба маҳалли ҷойгиршавии ташкилот (воҳиди алоҳида) ё маҳалли истиқомати шахси воқеӣ ирсол мегардад ва дар рӯзи панҷум аз санаи фиристодани мактуби фармоишӣ қабулшуда ба ҳисоб меравад.
24. Шахсе, ки нисбати ӯ санҷиши сайёри андоз гузаронида шудааст (намояндаи ӯ) метавонад дар давоми даҳ рӯз аз лаҳзаи гирифтани илова ба санади санҷиш ба мақомоти андоз оид ба чунин илова ба санади санҷиш дар маҷмӯъ ё муқаррароти алоҳидаи он норозигии хаттӣ пешниҳод намояд.
Моддаи 62. Қабули қарор оид ба натиҷаи баррасии маводи санҷиши сайёри андоз ва санҷиши амалиётӣ
1. Оид ба натиҷаи баррасии маводи санҷиши сайёри андоз бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 61 Кодекси мазкур роҳбари (муовини роҳбари) мақомоти андоз қарор қабул мекунад (минбаъд қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиши андоз), ки чораҳои зеринро пешбинӣ мекунад:
- ҳисобкунии иловагии андозҳо ва фоизҳо (пеня) ё рад кардани он аз рӯи маводи санҷиши андоз;
- ба ҷавобгарӣ кашидани андозсупоранда барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз ё рад кардани он.
2. Ҳангоми мавҷуд будани аломатҳои таркиби ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати андозсупоранда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода мешавад. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва қабули қарор дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории маъмурӣ баррасӣ карда мешавад.
3. Дар қарор оид ба рад кардани ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкунии андоз муқаррарот ва ҳолатҳое, ки барои қабули қарори мазкур асос шудаанд, қайд карда мешаванд.
4. Дар қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиши андоз муҳлате, ки дар давоми он шахс ҳуқуқ дорад аз болои ин қарор шикоят намояд ва тартиби муроҷиат ба мақомоти болоии андоз нишон дода мешавад.
5. Агар ҳангоми санҷиши андоз ошкор гардад, ки бо қарори мақомоти андоз маблағи андоз барзиёд баргардонида шудааст, дар қарор оид ба ҳисобкунии иловагии андозҳо маблағи мазкур ҳамчун қарзи андоз аз рӯи ин андоз эътироф карда мешавад. Агар ин маблағи андоз ба андозсупоранда баргардонида шавад, он аз рӯзи воқеан гирифтани маблағ ва дар сурати қабули маблағи андоз барои баҳисобгирӣ, аз рӯзи қабули маблағи андоз барои баҳисобгирӣ ҳамчун қарзи андоз эътироф мегардад.
6. Баъди қабули қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиши андоз, роҳбари (муовини роҳбари) мақомоти андоз ҳуқуқ дорад бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи моддаи 121 Кодекси мазкур барои иҷрои ин қарор чораҳо андешад.
7. Баъди ба охир расидани санҷиши амалиётии андоз дар ҳолати ошкор гардидани ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби мақомоти андоз бо тартиби муқаррарнамудаи боби 20 Кодекси мазкур истеҳсолот оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниҳои андоз амалӣ карда мешавад.
Моддаи 63. Эътибор пайдо кардани қарор оид ба натиҷаҳои баррасии маводи санҷиши сайёри андоз
1. Қарор оид ба натиҷаҳои санҷиши сайёри андоз, ки бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 62 Кодекси мазкур қабул шудааст, баъд аз супоридан ба шахсе, ки нисбати ӯ қарор қабул шудааст (намояндаи шахс) эътибор пайдо мекунад.
2. Қарор оид ба натиҷаҳои санҷиши сайёри андоз дар давоми 2 рӯз аз рӯзи қабули он ба шахсе, ки нисбати ӯ қарор қабул карда шудааст (намояндаи шахс) бо гирифтани имзо ё тарзи дигар бо нишон додани санаи қабул ирсол карда мешавад.
3. Агар супоридан ё ба тарзи дигар расонидани қарор бо нишон додани санаи қабули он ғайриимкон бошад, он тавассути мактуби фармоишӣ ба маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ (воҳиди алоҳида) ё маҳалли зисти шахси воқеӣ ирсол мегардад. Ҳангоми ирсоли қарор тавассути мактуби фармоишӣ санаи супоридани он рӯзи панҷум аз санаи ирсоли мактуби фармоишӣ маҳсуб меёбад.
4. Дар сурати шикоят овардан аз болои қарори мақомоти андоз, қарори мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи 65 Кодекси мазкур эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 64. Хусусиятҳои иҷрои қарорҳои мақомоти андоз
1. Корманди ваколатдори мақомоти андоз, ки санҷиши андозро гузаронидааст, барои қонунвайронкуниҳои аз ҷониби мақомоти андоз ошкоршуда, ки барои онҳо шахсони воқеӣ ё шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ бояд ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шаванд, дар доираи ваколатҳои худ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тартиб медиҳад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
2. Баррасии парвандаҳо дар бораи ин ҳуқуқвайронкуниҳо ва татбиқи муҷозоти маъмурӣ нисбати шахсони воқеӣ, шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки дар содир кардани онҳо гунаҳкоранд, мутобиқи қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
3. Агар мақомоти андоз пас аз қабули қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахси воқеӣ ё шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқӣ барои ҳуқуқвайронкунии андоз маводро ба мақомоти прокуратура фиристад, мақомоти андоз уҳдадор аст, ки иҷрои қарор дар бораи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани шахси воқеӣ барои ҳуқуқвайронкунии андозро боздорад.
4. Бо пешниҳоди мавод ба мақомоти прокуратура иҷрои қарор дар бораи ситонидани ҷаримаи маъмурӣ аз шахсони воқеӣ ва шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродӣ боздошта мешавад. Чунин боздошт бо қарори роҳбари (муовини роҳбари) мақомоти андоз на дертар аз рӯзи дигари пас аз ба мақомоти прокуратура пешниҳод шудани мавод сурат мегирад. Дар баробари ин ситонидани қарзи андоз, ки Кодекси мазкур пешбинӣ намудааст, ба давраи боздоштани иҷрои қарор оид ба ситонидани ин қарзи андоз боздошта мешавад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
5. Агар дар асоси маводи ба мақомоти прокуратура ирсолшуда қарор оид ба рад кардани оғози парвандаи ҷиноятӣ ё қарор оид ба қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсони воқеӣ ё шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқӣ қабул шавад, амали қарорҳои боздоштшудаи мақомоти андоз барқарор карда мешавад. Барқарор намудани амал бо қарори роҳбари (муовини роҳбари) мақомоти андоз на дертар аз рӯзи дигари рӯзи гирифтани огоҳинома аз мақомоти прокуратура анҷом дода мешавад. Агар нисбати парвандаи ҷиноятии дахлдор ҳукми сафедкунанда қабул гардад, қоидаи шабеҳ татбиқ карда мешавад.
6. Агар амалҳои (беамалии) шахс, ки барои ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани ӯ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз асос шудаанд, асос барои баровардани ҳукми айбдоркунанда нисбати ин шахс гарданд, мақомоти андоз қарорро дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани ин шахс барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз бекор мекунад.
7. Мақомоти прокуратура оид ба натиҷаҳои баррасии маводи аз мақомоти андоз гирифташуда, на дертар аз 3 рӯзи пас аз қабули қарори дахлдор, ба мақомоти андоз хабарнома ирсол менамояд.
8. Нусхаи қарорҳои мақомоти андози дар ҳамин модда зикргардида аз ҷониби мақомоти андоз ба шахсе (ба намояндаи ӯ), ки нисбати ӯ қарори дахлдор қабул шудааст, дар давоми 5 рӯз аз рӯзи қабули қарори дахлдор супорида мешаванд.
9. Муқаррароти ҳамин модда нисбат ба шахсоне, ки андозсупоранда, супорандаи пардохтҳо ва (ё) агенти андоз мебошанд, татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 65. Иҷрои қарорҳои мақомоти андоз ҳангоми овардани шикоят
1. Ҳангоми овардани шикояти хаттӣ аз болои қарори мақомоти андоз, ки аз рӯи натиҷаҳои санҷиши андоз қабул шудааст, иҷрои он нисбат ба қисми шикоятшуда то баррасии шикоят ва ирсоли огоҳиномаи хаттӣ ба андозсупоранда дар бораи натиҷаҳои шикоят боздошта мешавад. Қисми шикоятнашудаи қарори мақомоти андоз аз рӯи натиҷаҳои санҷиши андоз аз санаи қабули чунин қарор эътибор пайдо мекунад.
2. Агар мақомоти болоии андоз қарори мақомоти поёнии андозро дар асоси шикояти андозсупоранда бекор намуда, қарори нав қабул намояд, чунин қарори мақомоти болоии андоз аз санаи қабули он эътибор пайдо мекунад.
3. Агар мақомоти болоии андоз баррасии шикояти андозсупорандаро рад намояд, қарори мақомоти поёнии андоз аз санаи қабули қарори мақомоти болоии андоз дар бораи рад кардани баррасии шикоят, вале на пештар аз анҷом ёфтани муҳлати пешниҳоди шикоят, эътибор пайдо мекунад.
Моддаи 66. Иҷрои қарорҳои мақомоти андоз
1. Қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиши андоз бояд аз рӯзи эътибор пайдо намудани он иҷро карда шавад.
2. Таъмини иҷрои қарори дахлдор ба мақомоти андозе вогузор карда мешавад, ки ин қарорро қабул кардааст.
3. Дар ҳолати баррасии шикоят аз ҷониби мақомоти болоии андоз, қарори ин мақомоти болоии андоз, ки эътибор пайдо кардааст, дар давоми 3 рӯзи пас аз эътибор пайдо намудани он ба мақомоти андозе фиристода мешавад, ки қарори ибтидоиро қабул кардааст.
Моддаи 67. Қабули қарор оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии андоз
1. Дар асоси натиҷаҳои баррасии санад ҳуҷҷатҳо ва маводи ба он замимагардида бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур роҳбари (муовини роҳбари) мақомоти андоз қарор қабул мекунад, ки инҳоро пешбинӣ менамояд:
1) ҳисобкунии иловагии андозҳо, фоизҳо (пеня), ҷарима ё рад кардани он;
2) ба ҷавобгарӣ кашидани андозсупоранда барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз ё рад кардани он.
2. Қарори дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида дар давоми 10 рӯзи пас аз баррасии санад қабул карда мешавад.
3. Дар қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахс барои ҳуқуқвайронкунии андоз ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии андоз ифода ёфта, ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дигари тасдиқкунандаи ин ҳолатҳо, далелҳои барои ҳимояи худ овардаи шахси ба ҷавобгарӣ кашидашаванда ва натиҷаи санҷиши ин далелҳо дарҷ мегарданд.
4. Дар қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахс барои ҳуқуқвайронкунии андоз моддаҳои Кодекси мазкур ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин ҳуқуқвайронкуниҳо ва андешидани чораҳои дахлдори ҷавобгариро пешбинӣ мекунанд, дарҷ мегарданд.
5. Дар қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахс барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз муҳлате, ки дар давоми он шахсе, ки нисбати ӯ қарор қабул шудааст, ҳуқуқ дорад аз болои ин қарор шикоят намояд ва тартиби шикоят ба мақомоти болоии андоз дарҷ мегарданд.
6. Аз рӯи вайронкуниҳои ошкоршудаи қонунгузории андоз, ки барои онҳо шахсон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, шахси ваколатдори мақомоти андоз протокол оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб медиҳад. Баррасии парвандаҳои ин ҳуқуқвайронкуниҳо ва татбиқи муҷозоти маъмурӣ нисбати шахсоне, ки дар содир кардани онҳо гунаҳгоранд, тибқи қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 68. Тартиби муроҷиат дар бораи ситонидани маблағи муҷозоти молиявӣ
1. Баъд аз қабули қарор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони воқеӣ, шахсони мансабдори шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ барои ҳуқуқвайронкунии андоз, мақомоти андоз барои иҷрои маҷбурӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иҷро дар бораи аз ин шахсон ситонидани маблағи муҷозоти молиявии татбиқгардида муроҷиат менамояд. Айнан чунин тартиби ситонидани маблағи муҷозоти молиявӣ дар ҳолатҳое, ки тартиби мурофиаи ғайрисудӣ барои ситонидани маблағи муҷозоти молиявӣ манъ мебошад, татбиқ мегардад (Қонуни ҶТ аз 11.02.2025 № 2143).
2. Мақомоти андоз уҳдадор аст дар муҳлати 20 рӯзи тақвимӣ пеш аз муроҷиат ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи иҷро, шахсонеро, ки барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд, оид ба ихтиёран пардохт кардани маблағи дахлдори муҷозоти молиявӣ дар шакли хаттӣ огоҳ намояд.
3. Ҳангоми зарурат, ҳамзамон бо пешниҳоди ариза дар бораи ситонидани маблағи муҷозоти молиявӣ нисбати шахсе, ки барои ҳуқуқвайронкунии андоз ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, мақомоти андоз метавонад бо тартиби муқарраргардида оид ба таъмини даъво ба суд дархост пешниҳод кунад.
Моддаи 69. Баррасии парвандаҳо ва иҷрои қарорҳо оид ба ситонидани маблағи муҷозоти молиявӣ
1. Маблағи муҷозоти молиявӣ аз рӯи қарорҳои мақомоти андоз, ки татбиқи муҷозоти молиявиро нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ пешбинӣ менамоянд, аз ҷониби мақомоти андоз мустақилона бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 144, 145 ва 152 Кодекси мазкур ситонида мешавад.
2. Парвандаҳо оид ба татбиқи муҷозоти молиявӣ нисбат ба ҳуқуқвайронкунанда аз ҷониби мақомоти андоз мутобиқи талаботи Кодекси мазкур ва қонунгузории мурофиавӣ баррасӣ ва маблағи муҷозоти молиявӣ ситонида мешавад.
3. Парвандаҳо оид ба ситонидани маблағи муҷозоти молиявӣ бо аризаи мақомоти андоз нисбат ба шахсони воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ нестанд, аз ҷониби суд баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 70. Назорат аз болои мақомоти ваколатдор
Мақоми ваколатдори давлатӣ иҷрои талаботи қонунгузории андозро аз ҷониби мақомоти ваколатдор вобаста ба масъалаҳои баҳисобгирии объектҳои андоз, пардохтҳои андозӣ, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин дар муҳлатҳои муқарраршуда ба буҷети давлатӣ гузаронидани онҳоро таҳти назорат қарор медиҳад.