НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ | 1994

Моддаи 361. Назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат
Назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатии ваколатдор бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.Моддаи 362. Назорати давлатии пешбурди бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ
Назорати давлатии риояи қоидаҳои пешбурди бехатарии корҳоро дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва мақомоти маҳаллии он амалӣ менамоянд.
Моддаи 363. Назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат
1. Назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва қоидаҳои ҳифзи меҳнатро иттифоқҳои касаба, нозирон ва комиссияҳои мақомоти дахлдори интихобии иттифоқи касабаи ташкилот ё дигар намояндагони кормандон амалт менамоянд.
2. Назорати ҷамъиятии санитариро нозирони ҷамъиятии санитарии ташкилот амалӣ мегардонанд.