НАЗОРАТ ВА БАҚАЙДГИРИИ СОЗИШНОМА ВА ШАРТНОМАҲОИ КОЛЛЕКТИВӢ | 1994

Моддаи 314. Назорати татбиқи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ
1. Назорати татбиқи созишнома ва шартномаҳои коллективиро комиссияҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, тарафҳо (намояндагони онҳо), инчунин мақомоти аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда амалӣ менамоянд.
2. Назорати рафти иҷрои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дар асоси Низомномаи комиссияи сетарафаи ҷумҳуриявӣ оид ба шарикии иҷтимоӣ ва танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 315. Бақайдгирии созишнома ва шартномаҳои коллективӣ
1. Созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дар давоми даҳ рӯзи баъд аз имзо шуданашон бо намояндаи корфармо (корфармоён) барои бақайдгирии огоҳонӣ ба мақомоти дахлдор оид ба меҳнат фиристода мешавад.
2. Бақайдгирӣ ба эътибори қонунӣ пайдо кардани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ таъсир намерасонад.
3. Шартҳои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, ки ҳолати кормандонро нисбат ба санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бад мекунанд, эътибор надоранд ва татбиқ карда намешаванд.
Моддаи 316. Масъулияти тарафҳои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ
Дар сурати саркашӣ намудан аз музокирот ва бо гуноҳи яке аз тарафҳо иҷро нагардидани шартҳои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тарафи дигар ҳуқуқ дорад дар бораи ҷуброни зарари моддии дар натиҷаи ин амал расонидашуда тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи даъвогӣ пешниҳод намояд.