Мафҳумҳои асосӣ | 1994
Мафҳумҳои асосие, ки дар Кодекси мазкур истифода шудаанд, дорои мазмуни зайланд:
- айбдоркунандаи давлатӣ - шахси мансабдори мақомоти прокуратура, ки аз номи давлат дар мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ айбдоркуниро дастгирӣ менамояд;
- айбдоркунандаи хусусӣ - шахсе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба суд ариза дода, дар суд айбдоркуниро дастгирӣ мекунад, инчунин ҷабрдидае, ки ҳангоми аз айбдоркунӣ даст кашидани айбдоркунандаи давлатӣ дар суд айбдоркуниро дастгирӣ мекунад;
- вақти шабона - фосилаи вақтест, ки аз соати 22.00 то 6.00 рӯзи дигарро дар бар мегирад;
- иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ - мақомот ва шахсоне, ки таъқиби ҷиноятӣ ва тақвияти айбдоркуниро дар суд анҷом медиҳанд, инчунин шахсоне, ки худро аз айбдоркунӣ ҳимоя намуда, ҳуқуқ ва манфиатҳояшонро муҳофизат менамоянд (прокурор-айбдоркунандаи давлатӣ, ҷабрдида-айбдоркунандаи хусусӣ, даъвогари гражданӣ, намояндагони қонунӣ ва намояндагони онҳо, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндагони қонунии онҳо, ҳимоятгар, ҷавобгари гражданӣ, намояндаи қонунӣ ва намояндаи ӯ)(Қонуни ҶТ аз 02.08.2011 № 755);
- иштирокчиёни дигари мурофиаи ҷиноятӣ - коршинос (эксперт), мутахассис, шоҳид, шахси холис, тарҷумон;
- қарор - санаде, ки аз ҷониби таҳқиқбаранда, муфаттиш, прокурор дар рафти пешбурди таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ қабул карда шудааст, инчунин санаде, ки судяи суди марҳилаи якум танҳо қабул кардааст ё санаде, ки судяи суди марҳилаи назоратӣ оид ба ҳалли шикоят ё эътирози назоратӣ қабул кардааст ё санаде, ки раёсати суд дар вақти аз нав дида баромадани санадҳои эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои поёнӣ қабул кардааст;
- қонуни ҷиноятӣ - Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- лаҳзаи дастгиркуиии воқеӣ - лаҳзаи воқеан маҳдуд кардани озодии шахс, аз ҷумла имконияти озодона ҳаракат намудан, маҷбуран дар ҷои муайян нигоҳ доштан, маҷбуран овардан ба мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ё мамониат кардан ба анҷом додани дигар ҳаракатҳои шахс тибқи иродаи худ новобаста ба расман додани ягон мақоми мурофиавӣ ба шахси дастгиршуда ё иҷро намудани дигар расмиёти муқарраршуда (Қонуни ҶТ аз 14.05.2016 № 1306);
- мурофиаи судии ҷиноятӣ - пешбурди тосудӣ ва мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ;
- муфаттиш - шахси мансабдори давлатӣ буда, дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ваколатдор аст тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро анҷом диҳад;
- намояндагони қонунӣ - падару модар, фарзандон, васиён, парасторони гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё ҷабрдида, намояндагони муассиса ва ташкилот, ки гумонбаршуда, айбдоршаванда ё ҷабрдида таҳти парастории онҳо қарор дорад;
- прокурор - Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони ӯ, Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон, прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони онҳо, сардорони раёсатҳо (шӯъбаҳо), муовини якум ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни Прокурори генералӣ, прокурорҳои калон ва прокурорҳои раёсатҳо (шӯъбаҳо), ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни прокурорҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, прокурори нақлиёти Тоҷикистон, прокурорҳои калон ва прокурорҳои шӯъбаҳои прокуратураҳои вилоятҳо, прокурорҳои шаҳру ноҳияҳо ва прокурорҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки прокурорҳои нақлиёт, ҳарбии гарнизонҳо ва назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳиро дар бар мегиранд, муовини якум ва муовинони онҳо, ёрдамчиёни калон ва ёрдамчиёни онҳо, прокурор - криминалистҳои калон ва прокуроркриминалистҳо, ки дар доираи салоҳияташон фаъолият мекунанд (Қонуни ҶТ аз 04.07.2020 № 1702);
- раисикунанда - судяе, ки дар маҷлиси суд ҳангоми дастаҷамъона ё танҳо баррасӣ намудани парвандаи чиноятӣ раисӣ мекунад;
- сардори воҳиди тафтишот - шахси мансабдоре, ки ба раёсат, шӯъба ва дигар воҳидҳои тафтишот дар доираи ҳуқуқу ваколатҳои худ сарварӣ менамояд;
- суд - мақомоти ҳокимияти судӣ, ки ба низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил буда, парвандаҳои ҷиноятиро ба таври дастачамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунад (Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди ҳарбӣ, суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия);
- суди марҳилаи кассатсионӣ - суде, ки парвандаро аз рӯи шикоят ва эътироз нисбат ба ҳукм, таъинот ва қарори эътибори қонунӣ пайдонакардаи суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад;
- суди марҳилаи назоратӣ - суде, ки парвандаи ҷиноятиро аз рӯи шикоят, эътироз нисбат ба ҳукм, таъинот ва ё қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суди марҳилаи якум ва ё таъиноти суди марҳилаи кассатсионӣ баррасӣ менамояд;
- суди марҳилаи якум - суде, ки ваколати моҳиятан баррасӣ ва қабул кардани қарори нахустинро оид ба парвандаи ҷиноятӣ дорад;
- судя -шахси мансабдоре, ки барои ба амал баровардани адолати судӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ё интихоб гардидааст;
- тарафи айбдоркунанда - прокурор (айбдоркунандаи давлатӣ), ҷабрдида (айбдоркунандаи хусусӣ), даъвогари гражданӣ, намояндагони қонунӣ ва намояндагони ҷабрдида ва даъвогари гражданӣ;
- тарафи ҳимоя - гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда, намояндаи қонунӣ ва намояндаи ӯ, ҳимоятгар, ҷавобгари гражданӣ ва намояндаи қонунии ӯ (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1333).
- тарафҳо - иштирокчиёни мурофиа, ки дар муҳокимаи судӣ дар асоси мубоҳиса ва баробарҳуқуқӣ айбдоркуниро дастгирӣ мекунанд ва ё ҳимояро аз айбдоркунӣ анҷом медиҳанд;
- таҳқиқ - шакли тафтиши тосудӣ буда, таҳқиқбаранда парвандаи ҷиноятиеро, ки тафтиши пешакии он шарт нест, анҷом медиҳад;
- таъинот - қарори судие, ки (ғайр аз ҳукм) суди марҳилаи якум дар вақти мурофиаи судӣ оид ба парвандаи ҷиноятӣ баровардааст, инчунин ҳама гуна санаде, ки судҳои марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ, ғайр аз раёсати судҳо дар вақти аз нав дида баромадани санадҳои эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд қабул кардааст;
- таъқиби ҷиноятӣ - фаъолияти мурофиавиест, ки прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо мақсади муайян кардани кирдори бо қонуни ҷиноятӣ манъшуда ва шахсе, ки онро содир кардааст, ба сифати айбдоршаванда ҷалб кардани ӯ, ҳамчунин барои таъмин намудани татбиқи ҷазо ва ё дигар чораҳои маҷбурӣ нисбат ба чунин шахс анҷом медиҳад;
- хешовандони наздик - падару модар, фарзандон, фарзандхондагон, фарзандхондашудагон, бародарон ва ҳоҳарон, бобо, бибӣ (модаркалон), набера, инчунин ҳамсар;
- ҳабс - чораи пешгириест, ки бо қарори судя ё таъиноти суд танҳо нисбат ба шахсони гумонбаршуда, айбдоршаванда ё судшаванда татбиқ карда мешавад;
- ҳимоятгар - шахсест, ки ҳангоми пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дастгиршуда, гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ва маҳкумшударо ҳифз намуда, ба онҳо бо ҳар восита ва усули манънакардаи қонун ёрии ҳуқуқӣ мерасонад;
- ҳукм - қароре, ки суди марҳилаи якум дар бораи гунаҳгор ё бегуноҳ будани судшаванда баровардааст.
БОБИ 2. ПРИНСИПҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ МУРОФИАИ ҶИНОЯТӢ