Муқаррароти умумӣ | 1994
Моддаи 1. Мафҳуми мудофиаи гражданӣ
Мудофиаи гражданӣ – маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатии мудофиавӣ ва муҳофизатие мебошад, ки баҳри ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва қаламрави Тоҷикистон то оғоз ва ҳангоми сар задани амалиётҳои ҷангӣ равона шудаанд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Вазифаҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазифаҳои асосии мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
- пешакӣ, дар замони осоишта, ба нақша гирифтан ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ оид ба омода сохтани аҳолӣ ва қаламрави Тоҷикистон баҳри ҳимоя ҳангоми сар задани амалиётҳои ҷангӣ ва баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёт дар замони ҷанг;
- таъсис додан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани мақомоти идора, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, системаи идора, алоқа ва огоҳонӣ, барои иҷрои вазифаҳо дар замони ҷанг;
- ташкил, омода сохтан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои зудамали қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, сохторҳои наҷотдиҳӣ ва нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ баҳри иҷрои вазифаҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Тоҷикистон дар замони ҷанг;
- ташкили захираҳои эҳтиётии сафарбарсозии амволи молу мулки махсуси мудофиаи гражданӣ; (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)
- ташкили фонди зарурии иншоотҳои муҳофизатии (паноҳгоҳҳо) мудофиаи гражданӣ;
- ташкили захираҳои эҳтиётии озуқа ва доруворӣ;
- ташкили тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ – сардорони мақомоти идора ва қувваҳои мудофиаи гражданӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳояшон дар замони ҷанг;
- ташкили омӯзиши аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ;
- анҷом додани назорати давлатӣ ба риоя намудани талаботҳои муҳандисӣ – техникии мудофиаи гражданӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои сохтмони иншоотҳо, биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ ва ба истифода додани онҳо;
- ташкили шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лаборатории мудофиаи гражданӣ;
- сари вақт огоҳонидани аҳолӣ аз таҳдиди сар задани амалиётҳои ҷангӣ, хатари ҳавоӣ, радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ (бактериологӣ) ва хатари дигар;
- ҷойгиронӣ ва эвакуатсияи аҳолӣ аз шаҳрҳои ба гурӯҳи мудофиаи гражданӣ мансубдонисташуда ва дигар маҳалҳои аҳолинишини дорои иншоотҳои махсусан муҳим, инчунин аз минтақаҳои таҳти таҳдиди зериобмонӣ қарордошта ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба маҳалҳои бехатар;
- ташкили паноҳ намудани аҳолӣ дар иншоотҳои муҳофизатӣ ва таъмини онҳо бо воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва доруворӣ;
- гузаронидани чорабиниҳои рӯшноипинҳонкунӣ дар маҳалҳои аҳолинишин ва иншоотҳои иқтисодиёт;
- анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазир;
- таъминоти аввалиндараҷаи аҳолии дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ зарардида, аз он ҷумла бо хизматрасонии тиббӣ, ҳамчунин расонидани ёрии аввалиндараҷаи тиббӣ, таъминот бо ҷои зист ва дидани чораҳои дигари зарурӣ;
- мубориза бар зидди сӯхторҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ ба вуқӯъ меоянд;
- муайян намудан ва нишон додани маҳалҳое, ки дучори заҳролудшавии радиоактивӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва дигарҳо гаштаанд;
- безараргардонии аҳолӣ, техника, биноҳо, ҳудуд ва гузаронидани чорабиниҳои дигари зарурӣ;
- барқарор кардан ва нигоҳ доштани тартибот дар маҳалҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ зарар дидаанд;
- таъмини фаъолияти хадамоти мудофиаи гражданӣ ҳангоми ҷанг;
- дафн намудани ҷасадҳо ҳангоми ҷанг;
- таҳия ва амалӣ намудани чораҳо баҳри нигоҳ доштани иншоотҳое, ки барои фаъолияти устувори иқтисодиёт ва зисту зиндагонии аҳолӣ, ки дар ҳолати ҷангӣ заруранд;
- таъмини омодагии доимии қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ.
Моддаи 4. Асосҳои ташкил ва ҷорӣ намудани мудофиаи гражданӣ
Ташкил ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиавӣ, таъмини бехатарии давлат ба шумор меравад.
Мудофиаи гражданӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи принсипи ҳудудию истеҳсолӣ ва бо назардошти хусусиятҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон ташкил карда мешавад.
Тайёрии давлат ба мудофиаи гражданӣ пешакӣ дар замони осоишта бо дарназардошти тараққиёти силоҳу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои ҳифзи аҳолӣ аз воситаҳои ҳозиразамони ҳуҷум ва хатарҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ ба вуқуъ меоянд, амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1147)
Ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар маҳалҳои алоҳидаи он аз лаҳзаи эълон шудани ҳолати ҷангӣ, амалан оғоз ёфтани амалиётҳои ҳарбӣ ё аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудани вазъияти ҳарбӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар маҳалҳои алоҳидаи он оғоз меёбад.
Моддаи 5. Дараҷабандии ҳудудҳо ва иншоотҳои мудофиаи гражданӣ
Дараҷабандии шаҳрҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва объектҳои иқтисодиёт бо мақсади ба таври комплексӣ ва тафриқавӣ гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ амалӣ карда мешавад.
Дараҷабандии шаҳрҳо, маҳалҳои аҳолинишин ва объектҳои иқтисодиёт вобаста ба аҳамияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мудофиавӣ доштани онҳо, мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.