МУҚАРРАРОТИ УМУМИИ МАРБУТ БА НИЗОМИ ГУМРУКӢ | 1994

Моддаи 155. Намудҳои низоми гумрукӣ
Бо мақсади татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими гумрукӣ нисбати мол намудҳои зерини низоми гумруки муқаррар карда мешаванд:
1) иҷозат барои муомилоти озод;
2) содирот;
3) коркард дар ҳудуди гумрукӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
4) коркард барои муомилоти озод (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
5) коркард берун аз ҳудуди гумрукӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421аз 01.10.2025 №2186);
6) воридоти муваққатӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
7) анбори гумрукӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
8) реимпорт (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
19) реэкспорт (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
10) нобудкунӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
11) даст кашидан ба манфиати давлат (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
12) содироти муваққатӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
13) савдои бебоҷ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
14) минтақаи озоди гумрукӣ (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
15) анбори озод (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
16) интиқоли захираҳо (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
17) низомҳои гумрукии махсус (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 156. Интихоб ва тағйир додани низоми гумрукӣ
1. Воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз ин ҳудуд шахсро вазифадор менамояд, ки молро таҳти яке аз низоми гумрукии муқаррарнамудаи ҳамин зерфасл ҷойгир кунад ва ин низоми гумрукиро риоя намояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Шахс ҳуқуқ дорад, ки мувофиқи ҳамин Кодекс ҳар навъи низоми гумрукиро дар доираи мӯҳлати барои ҳар низом муқарраргардида интихоб намояд ё низоми онро тағйир диҳад.
Моддаи 157. Ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукӣ
1. Ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумруки аз ҷониби мақоми гумрук мувофиқи ҳамин Кодекс иҷозат дода мешавад.
2. Ҳангоми аз ҷониби шахс риоя кардани низоми гумрукии арзшуда ва шартҳои иҷозати мол (моддаи 149) мақоми гумрук вазифадор аст барои таҳти низоми гумрукии арзшуда ҷойгир намудани мол иҷозат диҳад.
3. Рӯзи ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукӣ рӯзи иҷозати мол аз ҷониби мақоми гумрук ҳисоб мешавад.
Моддаи 158. Риояи мамнӯият ва маҳдудиятҳо ҳангоми таҳти низоми гумруки ҷойгир намудани мол
Мамнӯият ва маҳдудиятҳоеро, ки дорои хусусияти иқтисоди намебошанд ва мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд, шахсон вазифадоранд сарфи назар аз низоми гумрукии арзшуда, риоя намоянд.
Моддаи 159. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоти тасдиқкунандаи риояи низоми гумрукӣ
1. Барои таҳти низоми гумрукӣ ҷойгир намудани мол ба мақомоти гумрук танҳо ҳуҷҷату маълумоте пешниҳод карда мешаванд, ки риояи шартҳои таҳти низоми гумрукӣ ҷойгир намудани молро мувофиқи ҳамин зерфасл тасдиқ менамоянд.
2. Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад танҳо ҳуҷҷату маълумотеро талаб намояд, ки барои тасдиқи риояи шартҳои нигаҳдории мол таҳти низоми гумрукии арзшуда ва риояи ин низоми гумрукӣ мувофиқи ҳамин Кодекс заруранд.
Моддаи 160. Кафолатҳои риояи низоми гумрукӣ
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
Дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ҳангоми додани иҷозат барои ҷойгир кардани мол таҳти низоми гумрукӣ, ки мазмуни он пурра ё қисман озод намудан аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ, ё баргардонидани маблағи пардохташуда ва (ё) татбиқ накардани мамнуияту маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд, пешниҳоди таъмини супоридани пардохтҳои гумрукӣ (боби 46 ҳамин Кодекс) ва дигар кафолатҳои иҷрои дурусти уҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс талаб карда мешавад.
Моддаи 161. ӯҳдадориҳои тасдиқи риояи шартҳои нигаҳдории мол таҳти низоми гумрукӣ
ӯҳдадории тасдиқи риояи шартҳои нигаҳдории мол таҳти низоми гумрукии арзшуда, ки мазмуни он пардохти қисман ё пурраи боҷҳои гумрукӣ ва андоз ё баргардонидани маблағи пардохтшуда ва (ё) истифода набурдани мамнӯият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд, ба зиммаи декларант гузошта мешавад.
Моддаи 161(1). Масъулият барои риоя накардани шарту талаботи низоми гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845)
1. Масъулият барои риоя накардани шарту талаботи низоми гумрукӣ ба зиммаи шахсоне, ки ҳамин Кодекс муайян намудааст, гузошта мешавад.
2. Шахсон барои риоя накардани шарту талаботи низоми гумрукӣ нисбат ба мол ё маҳсули коркарди он, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор доранд, дар ҳолатҳои зерин масъулият надоранд:
- нобудшавӣ, осебпазирӣ, вайроншавӣ ё талафи бебозгашти онҳо дар натиҷаи садама ё таъсири қувваи рафънопазир;
- тағйирёбии теъдод ё ҳолати онҳо дар натиҷаи фарсудашавии табиӣ, талафоташон дар шароити мӯътадили интиқол, нигаҳдорӣ ва истифода (эксплуататсия), агар амалиётҳои мазкур дар доираи низоми гумрукии интихобшуда амалӣ шаванд;
- аз соҳибии шахси ваколатдор бо қарор ё дар натиҷаи амалҳои мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлатҳои хориҷӣ соқит шудани онҳо.
3. ӯҳдадории тасдиқ намудани ҳолатҳое, ки боиси талафот, осебпазирии молҳо, тағйирёбии теъдод ва ҳолати онҳо шудаанд, ба зиммаи шахсоне, ки барои риояи низоми гумрукӣ масъуланд, вогузор мегардад. Ҳолатҳое, ки дар ҳудуди давлатҳои хориҷӣ рух додаанд, аз ҷониби консулгарии дар хориҷа будаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти салоҳиятдори давлате, ки дар ҳудудаш ҳолатҳои зикршуда рух додаанд, тасдиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845, аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 162. Оқибати ситонидани мол аз рӯи парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ
1. Дар сурати ситонидани моли таҳти низоми гумруки ҷойгиршуда оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амали низоми гумрукӣ нисбати ин мол боздошта мешавад.
2. Агар қарори эътибори қонуни пайдокарда оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мусодираи моли таҳти низоми гумрукӣ ҷойгиршударо пешбинӣ накарда бошад, амали низоми гумрукӣ нисбати ин мол барқарор карда мешавад.
Ҳангоми барқарор намудани амали низоми гумрукӣ фоизҳо, ки ҳисоб кардан ва пардохтани онҳо тибқи ҳамин зерфасл пешбинӣ гардидаанд, барои давраи боздоштани амали низоми гумрукӣ ҳисоб карда ва пардохта намешаванд.
3. Агар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудани шахс ба риоя накардани низоми гумрукӣ вобаста бошад ва риоя накардани он боиси имконнопазирии истифодаи минбаъдаи ҳамин низоми гумрукӣ гардад, низоми гумрукӣ бояд мутобиқи зерфасли мазкур дар давоми 15 рӯзи баъди эътибор пайдо кардани қарори дахлдор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, анҷом дода шавад.