МУҚАРРАРОТИ МАХСУС ДОИР БА ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ АНДОЗБАНДӢ | 1994
Моддаи 171. Тартиби татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ
1. Шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ бо мақсади пешгирии андозбандии дукарата ва саркашӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва молу мулк (сармоя) дар асоси шартномаҳои эътирофнамудаи Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.
2. Дастурамал дар бораи татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ бо мақсади пешгирии андозбандии дукарата ва саркашӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва молу мулк (сармоя) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 172. Андозбандии даромадҳои ғайрирезидентҳо аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсиси муассисаи доимӣ
1. Андозбандии даромадҳои ғайрирезидентҳо аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси таъсис додани муассисаи доимӣ намегардад, тибқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ амалӣ карда мешавад, ба истиснои даромадҳое, ки дар моддаҳои 173-177 Кодекси мазкур муқаррар шудаанд.
2. Ғайрирезидентҳое, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсиси муассисаи доимӣ даромад мегиранд, ҳуқуқ доранд пардохти андозҳоро тибқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон анҷом диҳанд.
3. Дар ҳолати амалӣ нагардидани муқаррароти ҳамин модда нисбат ба ғайрирезидентҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда ва нисбат ба резидентҳои давлатҳои хориҷие, ки бо Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаҳои байналмилалӣ оид ба пешгирии андозбандии дукарата ва саркашӣ аз пардохти андозҳо ба имзо расонида нашудаанд, агентҳои андоз уҳдадоранд андозро аз манбаи пардохт нигоҳ доранд ва бо тартиби муқарраргардида пардохт намояд.
4. Ғайрирезидентҳое, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе таъсиси муассисаи доимӣ даромад мегиранд, дар ҳолати истифода намудани шартномаи байналмилалӣ оид ба пешгирии андозбандии дукарата ва саркашӣ аз пардохти андозҳо уҳдадоранд, ба мақомоти андоз бо тартиби муқарраргардида ариза, нусхаи аслии ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ дар давлати аҳдкунандаро барои соли дахлдори тақвимӣ (бо тарҷумаи ба тариқи нотариалӣ тасдиқшуда ё апостилшуда) пешниҳод намоянд.
5. Агенти андоз ҳангоми ба ғайрирезидент пардохт намудани даромад уҳдадор аст, муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандиро иҷро намояд. Дар ҳолати аз ҷониби агенти андоз иҷро нагардидани муқаррароти ҳамин модда, уҳдадорӣ оид ба нигоҳдории андоз дар манбаи пардохт, инчунин пардохти ҷарима ва фоизҳо барои дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро нагардидани уҳдадориҳои андозӣ ба зиммаи агенти андоз вогузор карда мешавад.
6. Мақомоти андоз пешбурди баҳисобгирии маблағҳои зеринро анҷом медиҳад:
- маблағи даромадҳо аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста ба маҳалли пардохти онҳо, ки аз ҷониби агентҳои андоз ба ғайрирезидентҳо пардохт шудааст;
- маблағҳои андозҳои ба ғайрирезидентҳои дорои ҳуқуқ ба татбиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ пардохтшуда (баргардонидашуда);
- маблағи андозҳое, ки агентҳои андоз аз даромадҳои ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доштаанд ва ба буҷет пардохт намудаанд.
Моддаи 173. Тартиби татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандии даромадҳо аз хизматрасонии нақлиётӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ
1. Даромадҳои шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент аз фаъолияти хизматрасонии нақлиётӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бе пешниҳоди ариза дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ аз андозбандӣ озод карда мешаванд, агар шартҳои зерин иҷро шаванд:
- нисбат ба шахси ҳуқуқӣ - ғайрирезидент муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ амалӣ гардад;
- шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани чунин фаъолият муассисаи доимӣ дошта бошад.
2. Бо назардошти муқаррароти қисми 1 ҳамин модда, шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент уҳдадор аст баҳисобгирии маблағи даромадҳо аз хизматрасонии нақлиётӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ, ки мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ андозбандӣ намегарданд ва аз хизматрасонии нақлиётӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар алоҳидагӣ анҷом дода, дар эъломияи андоз аз даромади муассисаи доимӣ даромади умумиро дарҷ намояд.
3. Ҳангоми ҳисоб кардани андоз аз даромад аз маблағи умумии даромади дар қисми 2 ҳамин модда муайяншуда даромаде, ки мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ андозбандӣ намегардад, тарҳ карда мешавад.
4. Дар ҳолати риоя нагардидани муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ, ки боиси қисман ё пурра пардохт нагардидани андозҳо ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад, шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент (муассисаи доимӣ) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
5. Даромади шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент, ки фаъолияти хизматрасонии нақлиётиро дар ҳамлу нақли байналмилалие, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бе таъсиси муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад ва барои иҷрои муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ ҳуқуқ дорад, мутобиқи муқаррароти моддаи 172 Кодекси мазкур аз андозбандӣ озод карда мешавад.
Моддаи 174. Тартиби татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ нисбат ба андозбандии суди саҳмияҳо, фоизҳо ва роялти
1. Агенти андоз ҳангоми пардохти даромад ба ғайрирезидент дар шакли суди саҳмияҳо, фоизҳо ва роялти ҳуқуқ дорад муқаррароти шартномаҳои байналмилалиро дар самти андозбандӣ нисбат ба ғайрирезидент дар асоси ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин татбиқ намояд:
- аризаи ғайрирезидент барои татбиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ;
- агар ғайрирезидент гирандаи охирини даромад бошад;
- агар ғайрирезидент барои татбиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ ҳуқуқ дошта бошад.
2. Агенти андоз уҳдадор аст ҳангоми ҳисобкунии андоз аз манбаи пардохт, ки ба мақомоти андоз пешниҳод мешавад, маблағи даромади пардохтшуда (ҳисобшуда) ва (ё) андозҳои мутобиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ ситонидашуда, инчунин меъёрҳои андоз, номи шартномаҳои байналмилалӣ ва иттилоотро аз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентии ғайрирезидент дарҷ намояд.
3. Дар ҳолати риоя нагардидани муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ, ки боиси қисман ё пурра пардохт нагардидани андозҳо ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст, агенти андоз мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 175. Тартиби татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ нисбат ба андозбандии фоидаи соф аз фаъолият тавассути муассисаи доимӣ
1. Ғайрирезидент ҳуқуқ дорад муқаррароти шартномаҳои байналмилалиро нисбат ба андозбандии фоидаи соф аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ бе пешниҳоди ариза дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ татбиқ намояд, агар чунин ғайрирезидент гирандаи ниҳоии фоидаи соф ва дорои ҳуқуқи татбиқи муқаррароти шартномаҳои дахлдори байналмилалӣ дар самти андозбандӣ бошад.
2. Шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент уҳдадор аст дар эъломия оид ба андоз аз фоидаи софи муассисаи доимӣ меъёри андоз, маблағи андоз аз фоидаи соф ва мушаххасоти шартномаи байналмилалиро, ки дар асоси он меъёри дахлдори андоз татбиқ шудааст, дарҷ намояд.
3. Дар сурати риоя нагардидани муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ, ки боиси қисман ё пурра пардохт нагардидани андозҳо ба буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст, агенти андоз мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
Моддаи 176. Тартиби татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ нисбат ба андозбандии даромадҳои дигар аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Ғайрирезиденте, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегирад, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои 173-175 Кодекси мазкур пешбинишуда, ҳуқуқ дорад то аз ҷониби агенти андоз пардохт гардидани даромад ба мақомоти андози маҳалли бақайдгирии агенти андоз оид ба татбиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ ариза пешниҳод намояд.
2. Мақомоти андоз дар давоми 5 рӯзи тақвимӣ нисбат ба аризаи ғайрирезидент оид ба татбиқ гардидани (нагардидани) муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ хулосаи асоснок пешниҳод менамоянд.
3. Бо назардошти муқаррароти қисми 2 ҳамин модда ғайрирезидент ҳуқуқ дорад нисбат ба хулосаи мақомоти андоз ба мақоми ваколатдори давлатӣ бо ҷалби мақомоти салоҳиятдори мамлакати резидент ҷиҳати баррасии такрории ариза муроҷиат намояд.
Моддаи 177. Талаботи умумӣ ҳангоми пешниҳоди ариза барои татбиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ
1. Ғайрирезидент уҳдадор аст якҷоя бо ариза оид ба татбиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалӣ дар самти андозбандӣ ҳуҷҷатҳои зеринро ба мақомоти андоз пешниҳод намояд:
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентии ба расмият даровардашуда ё апостил гузошташудаи ғайрирезидент, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад;
- нусхаҳои ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;
- нусхаи шартномаҳо барои иҷрои кор (хизматрасонӣ) ё барои фаъолияти (амалҳои) дигар;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иҷрои кор (хизматрасонӣ) ва фаъолияти (амалҳои) дигар аз ҷониби ғайрирезидент;
- маълумот дар бораи даромадҳо аз хизматрасониҳои нақлиётӣ дар ҳамлу нақли байналмилалӣ ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. Агенти андоз ба мақомоти андоз ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии тасдиқкунандаи маблағи ҳисобшуда ва (ё) пардохтшудаи даромадҳо ва андозҳои нигоҳдошташударо пешниҳод менамояд.
3. Ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои чорум ва панҷуми қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ баъди иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 178. Маълумотнома оид ба маблағҳои андозҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшуда
Дар асоси дархости ғайрирезидент мақомоти андоз бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи даромад ва андозҳои аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшуда маълумотнома пешниҳод менамояд.