МУҚАРРАРОТИ ИЛОВАГИИ МАРБУТ БА НАЗОРАТИ ГУМРУКӢ | 1994

Моддаи 430. Озод кардан аз шаклҳои муайяни назорати гумрукӣ
1. Озод кардан аз татбиқи шаклҳои муайяни назорати гумрукӣ танҳо тибқи ҳамин Кодекс, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
2. Бағоҷи шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилааш муоинаи гумрукӣ карда намешаванд.
3. Бағоҷи шахсии аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаашон, ки бо онҳо ҳамсафаранд, мавриди муоинаи гумрукӣ қарор намегиранд.
Бағоҷи шахсии аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон агар шахсони мазкур вобаста ба вазифаҳои хизматиашон аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранд, мавриди муоинаи гумрукӣ қарор намегиранд.
4. Роҳбари мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ё шахси ивазкунандаи ӯ ҳуқуқ дорад шахсони ҷудогона, молу воситаҳои алоҳидаи нақлиётро дар ҳолатҳое, ки он ба таъмини бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд бошад, аз шаклҳои муайяни назорати гумрукӣ озод намояд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 431. Маълумот дар бораи шахс
1. Маълумотро дар бораи шахсоне, ки молу воситаҳои нақлиётро аз сарҳади гумрукӣ мегузаронанд, дар бораи шахсоне, ки дар соҳаи гумрук фаъолият доранд (боби 3), мақомоти гумрук ҳангоми назорати гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёте, ки аз сарҳади гумрукӣ гузаронида мешаванд, тибқи ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс ҷамъ меоваранд.
2. Бо мақсади назорати гумрукӣ ва ситонидани пардохтҳои гумрукӣ, мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бора маълумот ҷамъоварӣ намоянд, ки иттилооти зайлро дар бар гирад:
1) дар бораи муассисони ташкилот;
2) дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба сифати шахси ҳуқуқӣ ё ба сифати соҳибкори инфиродӣ;
3) дар бораи таркиби амволе, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешавад;
4) дар бораи суратҳисобҳои бонкии кушодашуда;
5) дар бораи фаъолияти шахс дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;
6) дар бораи маҳали ҷойгиршавии ташкилот;
7) дар бораи гузаштан аз қайди мақоми андоз ба сифати андозсупоранда ва рақами мушаххаси андозсупоранда;
8) дар бораи қобилияти пардохтпазирии шахсоне, ки ба феҳристи шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрук амалкунанда дохил карда шудаанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845, аз 19.07.2022 № 1906);
9) нисбати шахсони воқеӣ дар бораи маълумоти шахсии шаҳрвандон (ному насаб, шаҳрвандӣ, санаи таваллуд, ҷинс, рақами мушаххаси андозсупоранда (агар бошад), суроғаи ҷои истиқомат), инчунин чанд маротиба аз сарҳади гумрукӣ мол гузарондани онҳо.
3. Шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ҳуқуқ доранд маълумоти ҳуҷҷаткардаи мақомоти гумрукро дар бораи худ дастрас намоянд ва бо мақсади пурраву боэътимод гардонидани он маълумотро аниқу саҳеҳ кунанд. Мақомоти гумрук ба шахсон маълумоти оид ба онҳо мавҷударо ба таври ройгон медиҳанд.
Моддаи 432. Истифодаи воситаҳои техникӣ, киштию ҳавопаймоҳо ҳангоми назорати гумрукӣ
1. Мақомоти гумрук бо мақсади кӯтоҳ кардани вақти назорати гумрукӣ, самаранокӣ ё муносиб гардонидани он метавонанд воситаҳои техникиеро, ки рӯйхаташ аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад, истифода баранд.
Воситаҳои техникии мазкур бояд барои ҳаёт ва саломатии инсон безарар бошанд.
2. Молу воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди обҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар маҳалҳои назди сарҳади гумрукӣ бо истифодаи киштиву ҳавопаймоҳои мақомоти гумрук мавриди назорати гумрукӣ қарор мегиранд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Тартиби истифодаи киштиву ҳавопаймоҳои мақомоти гумрук бо мақсади назорати гумрукӣ мутобиқи ҳамин Кодекс аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 433. Бор кардану фаровардани молу воситаҳои нақлиёт ва дигар амалиёти барои назорати гумрукӣ зарурӣ
1. Бо талаби мақомоти гумрук декларант, соҳиби анбори нигоҳдории муваққатӣ, соҳиби анбори гумрукӣ, соҳиби анбори озод, брокери гумрукӣ ва дигар шахси нисбати мол ваколатдор вазифадоранд моли таҳти назорати гумрукӣ бударо интиқол диҳанд, баркашида ё шуморида миқдорашро аниқ кунанд, бор кунанд ва фароранд, аз як нақлиёт ба дигар нақлиёт бор кунанд, бастабанди осебдидаро ба тартиб биёранд, бастабандро кушоянд, ба бастабанд ҷой кунанд ё аз нав бастабанди кунанд, инчунин дари бино, сарпӯши зарф ва дигар ҷоеро, ки чунин мол мавҷуд ҳаст ва буда метавонад, кушоянд.
2. Интиқолдиҳанда вазифадор аст ба борбардорӣ ва борфарории молу воситаҳои нақлиёте, ки аз сарҳади гумрукӣ мегузаронад, мусоидат намояд.
Моддаи 434. Ҳаммонандсозии молу воситаҳои нақлиёт
1. Барои ҳаммонандсозии (идентификатсияи) молу воситаҳои нақлиёти таҳти назорати гумрукӣ буда мӯҳру тамғагузорӣ, маркировкаи ҳарфӣ ва дигар намуди маркировка, аломатҳои ҳаммонандсозӣ, ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ (борбарӣ), тиҷоратӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, гузоштани штамп, гирифтани чошнӣ ва намунаҳои мол, рӯйихаткунии пурраи молу воситаҳои нақлиёт, нақшаҳои кашидашуда, тасвири манзараҳои калонҳаҷм, суратҳо, тасвирҳо ва дигар воситаҳои ҳаммонандсозӣ истифода шуда метавонанд.
2. Воситаҳои ҳаммонандсозӣ ба истиснои таҳдиди хатари воқеии нобуд шудан, тамоман аз даст рафтан ё хароб гардидани молу воситаҳои нақлиёт, танҳо аз тарафи мақомоти гумрукӣ ё бо иҷозати онҳо тағйир дода ё нобуд карда мешаванд. Дар бораи тағйир додан, нобуд кардан канда гирифтан ва ё осеб расонидан ба воситаҳои ҳаммонандсозӣ ба мақоми гумрук фавран хабар дода, барои исботи таҳдиди хатари зикршуда далелҳо пешниҳод карда мешаванд. Оид ба тағйир додан, канда гирифтан, нобуд ё иваз кардани воситаҳои ҳаммонандсози тибқи намунаи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ аз ҷониби мақомоти гумрук санад тартиб дода мешавад.
3. Агар ба мақсадҳои гумрукӣ тамға, мӯҳр ё дигар воситаҳои ҳаммонандсозии мақомоти гумрукии давлатҳои хориҷӣ ба сифати воситаҳои ҳаммонандкуни истифода гардад, муқаррароти қисми 2 ҳамин модда истифода карда мешавад.
4. Бо хоҳиши декларант мақомоти гумрук моли ватаниеро, ки барои баровардан аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, дар ҷои декларатсиякунониашон ҳаммонанд мекунанд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 435. Ваколатҳои иловагии мақомоти гумрук ҳангоми ошкор кардани моли ғайриқонунӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421)
1. Ҳангоми аз тарафи мақомоти гумрук ошкор кардани моли ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукӣ гузаронидашуда, ки онро шахсон дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми машғул шуданашон ба фаъолияти соҳибкорӣ харидаанд ва барояш боҷҳои гумрукӣ ва андоз супорида нашудааст ё мамнӯият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя нагардидааст, нисбати ин мол муқаррароти пешбининамудаи моддаи 418 ҳамин Кодекс татбиқ мегардад. Моли мазкур барои мақсадҳои гумрукӣ ҳамчун моли таҳти назорати гумрукӣ қарордошта дониста мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда ҳуқуқ доранд мутобиқи моддаи 372 ҳамин Кодекс боҷи гумрукиро супоранд ва шарту талаботи барасмиятдарории гумрукии молро бо тартиби соддагардонидашудаи муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ иҷро намоянд. Дар ин ҳолат мол ситонида намешавад, ба шарте ки агар шахсон пардохтҳои гумрукиро дар давоми панҷ рӯзи ошкор шудани молашон супоранд ё пардохти онро мутобиқи боби 46 ҳамин Кодекс таъмин намоянд. Ба маблағи зикргардидаи пардохтҳои гумрукӣ фоиз ҳисоб карда намешавад.
3. Муқаррароти қисми 2 ҳамин модда дар бобати ба шахсон додани ҳуқуқи супоридани пардохтҳои гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукии моли ғайриқонунӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон овардашуда нисбати молҳои манъшуда, нисбати молҳои воридоташон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муомилоташон мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда, инчунин нисбати молҳое, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташон ҳангоми воридот маҳдудияти миқдорӣ муқаррар шудааст, татбиқ намегардад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
4. Ҳангоми супоридани пардохтҳои гумрукӣ ва барасмиятдарории гумрукии он аз тарафи шахсони дар қисми 1 ҳамин модда зикршуда, мол барои мақсадҳои гумрукӣ ҳамчун моли барои муомилоти озод иҷозатдодашуда ҳисоб мешавад, ки ин ба мақомоти гумрук оид ба иҷрои амалҳои зарурӣ барои ошкор кардани шахсоне, ки молро ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукӣ мегузаронанд, монеа намебошад.
5. Агар шахсон аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ ва иҷрои амалиёти гумрукӣ нисбати моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонуни воридшуда саркаши кунанд, ихтиёрдории чунин мол мутобиқи ҳамин Кодекс сурат мегирад. Моли дар қисми 3 ҳамин модда зикршуда дар асоси қарори суд, бо дархости мақомоти гумрук ба моликияти давлатӣ гузаронида мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 436. Истифодаи натиҷаи назорати гумрукӣ ҳангоми пешбурди парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, баррасии парвандаҳои гражданӣ ва ҷиноятӣ
Натиҷаи назорати гумрукӣ, ки мутобиқи муқаррароти ҳамин фасл ба расмият дароварда шудааст, мумкин аст ҳангоми оғоз намудани парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ ва ҳуқуқию маъмурӣ ба сифати далел қабул карда шавад ва бояд аз ҷониби суд ё шахсони мансабдор ҳангоми баррасии парвандаҳои зикргардида, даъво ба қарор, амали (беамалии) мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори он ё парвандаҳои дахлдори баҳсҳои иқтисодӣ, ки суди иқтисодӣ ҳал мекунад, дар қатори дигар далелҳо мутобиқи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда шавад.