МУҚАРРАРОТИ АСОСИИ БАРАСМИЯТДАРОРИИ ГУМРУКӢ | 1994

Моддаи 58. Доираи истифодаи ҳамин боб
Муқаррароти ҳамин боб ҳамаи амалиёти гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёти аз сарҳади гумрукӣ интиқолшавандаро дар бар мегирад.
Моддаи 59. Тартиби барасмиятдарории гумрукӣ
1. Барасмиятдарории гумруки тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи он қабул гардидаанд, анҷом дода мешавад.
2. Талаботи мақомоти гумрук ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ бояд асоснок ва тибқи талаботи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва зарурияти таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шаванд.
3. Тартиб ва технологияи барасмиятдарории гумрукӣ вобаста ба намуди моли аз сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда, навъи нақлиёти барои чунин интиқол истифодашаванда, гурӯҳи шахсони интиқолдиҳандаи мол ва воситаҳои нақлиёт муқаррар карда мешавад.
4. Амалиёти гумрукӣ сарфи назар аз кишвари истеҳсолкардаи мол, давлати ирсолкунанда ва таъиноти мол баробар татбиқ мешавад.
Моддаи 60. Оғоз ва анҷоми барасмиятдарории гумрукӣ
1. Барасмиятдарори гумрукии мол чунин оғоз меёбад:
1) ҳангоми воридоти мол - дар лаҳзаи пешниҳоди декларатсияи қаблии гумрукӣ ба мақоми гумрук ё ҳуҷҷатҳо тибқи моддаи 72 ҳамин Кодекс (вобаста ба он, ки кадом амал аввал анҷом дода мешавад) ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс бошад, аризаи шифоҳӣ ё анҷоми амалҳои дигаре, ки дар бораи нияти шахс ҷиҳати барасмиятдарории гумрукӣ гувоҳӣ медиҳанд;
2) ҳангоми содироти мол - дар лаҳзаи пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс бошад, - аризаи шифоҳӣ ё анҷоми амалҳои дигаре, ки дар бораи нияти шахс ҷиҳати барасмиятдарории гумрукӣ гувоҳӣ медиҳад.
2. Барасмиятдарории гумрукӣ бо иҷрои амалиёти гумрукӣ, ки тибқи ҳамин Кодекс барои нисбати мол қабул намудани расмиёти гумрукӣ, ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукӣ ё анҷом додани амали ин низом, агар ин низоми гумрукӣ дар мӯҳлати муайян амал намояд, ичунин барои ҳисоб ва пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз заруранд, хотима меёбад.
Моддаи 61. Иҷозати мақоми гумрук барои анҷом додани амалиёти гумрукӣ
1. Агар барои анҷом додани амалиёти гумрукии алоҳида иҷозати мақоми гумрук зарур бошад, чунин иҷозат бетаъхир, баъди он, ки шахси мансабдори ваколатдори мақоми гумрук итминон пайдо намояд, ки шартҳои зарурии муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои гирифтани чунин иҷозат иҷро шудаанд, дар мӯҳлати на дертар аз санҷиши декларатсияи гумрукӣ, ҳуҷҷатҳои дигар ва санҷиши мол (қисми 1 моддаи 400) дода мешавад.
Агар санҷиши риояи шартҳои додани иҷозат баъди додани он тавонад бе зарар барои назорати гумрукӣ анҷом пазирад ва агар ҳангоми минбаъд ошкор намудани риоя нашудани чунин шарт вайрон кардани қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонад бартараф гардад, иҷозат то гузаронидани санҷиш дода мешавад.
2. Иҷозати мақоми гумрук инчунин аз ҷониби мақоми гумрук анҷом додани амалҳои дигар низ ба ҳисоб меравад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 62. Маҳал ва вақти барасмиятдарории гумрукии мол
1. Барасмиятдарории гумрукии мол дар маҳалҳои ҷойгиршавии мақомоти гумрук дар вақти кори ин мақомот анҷом дода мешавад.
2. Бо дархости асосноки декларант ё шахси дигари манфиатдор амалиёти алоҳидаи гумрукӣ ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ метавонад берун аз маҳали ҷойгширшавӣ ва берун аз вақти кори мақомоти гумрук тибқи моддаҳои 465 ва 466 ҳамин Кодекс анҷом дода шаванд.
Моддаи 63. Ҳуҷҷатҳо ва маълумоте, ки барои барасмиятдарории гумрукӣ заруранд
(Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186)
1. Ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ шахсоне, ки ҳамин Кодекс муайян намудааст, уҳдадоранд ҳуҷҷатҳо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро ба мақомоти гумрук пешниҳод намоянд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Ҳангоми анҷом додани барасмиятдарории гумрукӣ мақомоти гумрук пешниҳоди танҳо он ҳуҷҷатҳо ва маълумотеро талаб менамоянд, ки барои таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон заруранд ва пешниҳоди онҳо мутобиқи ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Мутобиқи қисми 2 моддаи мазкур мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ номгӯйи ҳуҷҷатҳо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро барои расмиёти гумрукӣ ва низомҳои гумрукии алоҳида, бо дар назар доштани шакли декларатсиякунонии мол (электронӣ ё хаттӣ), категорияҳои шахсоне, ки молҳо ва воситаҳои нақлиётро интиқол медиҳанд, намудҳои нақлиёте, ки ҳангоми интиқоли мол аз сарҳади гумрукӣ истифода мешаванд, навъҳои молҳо, мақсадҳои истифодаи мол ва талаботи ин расмиётҳои гумрукӣ ва низомҳои гумрукӣ муайян менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи молҳои алоҳидаро бо нишон додани рамзи мол тибқи Номгӯйи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи мамнуият ва маҳдудиятҳо, ки пешниҳоди онҳо ҳангоми воридот, содирот ва транзити мол тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» зарур аст, муайян менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
5. Номгӯйи ҳуҷҷатҳо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ бояд расман интишор карда шаванд, аз ҷумла дар сомонаи расмии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҷой дода шаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ, ки номгӯйи ҳуҷҷатҳо ва маълумоти барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро муқаррар менамоянд, тибқи моддаи 4 ҳамин Кодекс эътибори қонунӣ пайдо менамоянд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
6. Шакл, таркиби маълумот ва тартиби пур кардани ҳуҷҷатҳои гумрукиро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд, агар дар ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
7. Бо мақсади содагардонӣ ва суръатбахшӣ ба раванди барасмиятдарории гумрукӣ мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ дар бораи эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои барои мақсадҳои гумрукӣ истифодашаванда созишномаҳо мебандад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
8. Мақомоти гумрук ҳуқуқ надоранд, ки қабули ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро бинобар дар онҳо мавҷуд будани носаҳеҳӣ, ки ба муайян намудани андозаи пардохтҳои гумрукии пардохтшаванда ё ба қабули қарори мақомоти гумрук оид ба татбиқи мамнуият ва маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир намерасонанд, рад намоянд. Агар мақоми гумрук қабули ҳуҷҷатҳои зикршударо рад намояд, ин мақоми гумрук бояд дар бораи сабабҳои рад намудани қабули ҳуҷҷатҳо шахси пешниҳоднамудаи ин ҳуҷҷатҳоро огоҳ намояд. Бо дархости ин шахс мақоми гумрук огоҳиномаи мазкурро дар шакли электронӣ ё хаттӣ пешниҳод менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
9. Ҳангоми анҷом додани барасмиятдарории гумрукӣ дар шакли электронӣ тавассути низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук шахсони муайяннамудаи ҳамин Кодекс ба мақоми гумрук нусхаи электронии ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро пешниҳод менамоянд. Шахсони мазкур уҳдадоранд пешниҳоди нусхаҳои электронии ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва имзои электронӣ тасдиқ намоянд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
10. Ҳангоми анҷом додани барасмиятдарории гумрукӣ дар шакли хаттӣ ба мақоми гумрук нусхаҳои коғазии ҳуҷҷатҳои зикршуда, ки аз ҷониби шахси чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳоднамуда, декларант ё мақомоти ваколатдори чунин ҳуҷҷатҳоро содирнамуда ё аз ҷониби мақомоти нотариалӣ тасдиқ карда шудаанд, пешниҳод карда мешаванд. Намудҳои ҳуҷҷатҳо ва ҳолатҳои тасдиқи ҳатмии нотариалии нусхаҳои онҳоро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
11. Ҳолатҳои анҷом додани барасмиятдарории гумрукиро дар шакли электронӣ ва хаттӣ ҳамин Кодекс муқаррар менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
12. Пас аз қабули нусхаҳои ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ бо мақсади таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси низоми идораи таваккал, мақоми гумрук пешниҳоди нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои зеринро талаб менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) ҳуҷҷатҳое, ки арзиши гумрукии арзнамудаи декларант ва усули интихобкардаи ӯро барои муайян намудани арзиши гумрукӣ асоснок мекунанд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) сертификати истеҳсоли мол, агар мутобиқи ҳамин Кодекс пешниҳоди сертификати истеҳсоли мол шарти татбиқи имтиёзи тарифии арзнамудаи декларант ба ҳисоб равад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи риояи шартҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи имтиёзҳои арзнамудаи декларант оид ба пардохтҳои гумрукӣ ва хироҷҳо (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
13. Дар ҳолати аз ҷониби мақоми гумрук гирифтани нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳо, мақоми гумрук барои декларант дар нусхаи ҳуҷҷатҳо сабт мегузорад. Сабти мазкур бо муҳри шахсии рақамдори шахси мансабдори мақоми гумрук тасдиқ карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
14. Дар ҳолати аз ҷониби мақоми гумрук гирифтани нусхаҳои аслии шартнома, ҳисобнома-фактура (инвойс) ва ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ, пас аз иҷозати мол нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳо бояд ба декларант баргардонида шаванд ва дар давоми панҷ сол аз рӯзи бақайдгирии декларатсияи гумрукӣ нигоҳ дошта шаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
15. Ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумоти барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ ба мақоми гумрук пешниҳод карда намешаванд, агар мақомоти гумрук тавонад маълумот дар бораи чунин ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумоти онҳо ва (ё) дигар маълумоти ба мақомоти гумрук барои барасмиятдарории гумрукӣ заруриро аз низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук ва дигар мақомоти давлатӣ, инчунин аз низомҳои иттилоотии мақомоти гумруки давлатҳои хориҷӣ дар доираи созишномаҳои дахлдори басташуда дастрас намоянд. Дар чунин ҳолат шахсони муайяннамудаи ҳамин Кодекс маълумотро дар бораи ин ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумот дар декларатсияи гумрукӣ нишон медиҳанд ё бо тарзи дигар ба мақомоти гумрук мутобиқи ҳамин Кодекс пешниҳод менамоянд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 64. Иштироки шахсони манфиатдор ва намояндагони онҳо ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ
Шахсони манфиатдор ё намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд ва бо талаботи мақомоти гумрук вазифадоранд ҳангоми барасмиятдарории гумрукӣ иштирок намоянд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
Моддаи 65. Забони барасмиятдарории гумрукӣ
Барасмиятдарории гумрукӣ, аз ҷумла пур кардани ҳуҷҷатҳои барои барасмиятдарории гумрукӣ зарурӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс, бо забони давлатӣ ё забони муоширати байни миллатҳо анҷом дода мешавад. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад ҳолатҳои дигареро муайян намояд, ки мақомоти гумрук барои мақсадҳои гумрукӣ метавонанд ҳуҷҷатҳо ва маълумотро бо забонҳои хориҷие, ки шахсони мансабдори гумрукӣ ин забонро медонанд, қабул кунанд.
Моддаи 66. Барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати дигар мақомоти давлатӣ
Барасмиятдарори танҳо баъди анҷом додани назорати давлатии санитарию карантинӣ, карантинию фитосанитарӣ, байторӣ ва намудҳои дигари назорати давлатии воридоти мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё содироти онҳо аз ин ҳудуд сурат гирад, агар мол тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти муқаррароти пешбининамудаи қисми 3 моддаи 77 ҳамин Кодекс бояд ҳатман мавриди чунин назорат қарор гиранд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 67. Тартиби дар навбати аввал барасмиятдарории гумрукӣ
Ҳангоми ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз ҳудуди он содир намудани моле, ки барои рафъи оқибати офатҳои табиӣ, садамаҳо ва фалокат заруранд, инчунин моли зудвайроншаванда, ҳайвоноти зинда, маводи радиоактивӣ, муросилоти байналмилалии почта, бори экпресс, иттилоот ва маводи дигар барои воситаҳои ахбори омма, маводи барои мақомоти олии ҳокимият таъингардида ва дигар моли шабеҳ, ҳамчунин нисбати моле, ки аз сарҳади гумрукӣ танзимгари ваколатдори иқтисодӣ интиқол медиҳад, барасмиятдарории гумрукии онҳо ба таври соддагардонидашуда ва дар навбати аввал анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421, аз 2.01.2020 № 1678).
Моддаи 68. хориҷ карда шуд
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678)