МУЗДИ МЕҲНАТ | 1994

Моддаи 139. Муқаррар намудани андозаи музди меҳнати кормандон
1. Музди меҳнати кормандон вобаста ба миқдор ва сифати меҳнати сарфшуда муқаррар карда мешавад. Ченаки сарфи меҳнат меъёрҳои меҳнатие (меъёри коркард, меъёри вақт, меъёри хизматрасонӣ) мебошанд, ки онҳоро корфармо дар мувофиқа бо намояндагони кормандон дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат, меъёрҳои тарифӣ ва коэффитсиентҳои байнидараҷавӣ, мувофиқи сатҳи дастовардҳои техникӣ, технологӣ ва ташкили истеҳсолот дар ҳолати барои кормандон муҳайё намудани шароити муътадили кор муқаррар мекунад.
2. Андозаи музди меҳнат бо мувофиқаи байни корманд ва корфармо муқаррар карда мешавад. Музди меҳнат камтар аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи давлат буда наметавонад ва бо ягон ҳадди аксар маҳдуд карда намешавад.
3. Низоми пардохти музди меҳнат, андозаи ставкаҳои тарифӣ, маошҳо ва дигар намуди музддиҳиро муайян мекунанд:
- барои кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд - санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои кормандони ташкилотҳои маблағгузориашон омехта (қисман маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ва қисман аз фаъолияти соҳибкорӣ) - санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотҳо;
- барои кормандони дигар ташкилотҳо - шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотҳо.
4. Корфармо ҳуқуқ дорад, дар мувофиқа бо намояндагони кормандон низоми гуногуни мукофотонидан, ҳавасмандгардонии музднок ва иловапулиро муайян намояд.
Моддаи 140. Кафолати пардохти музди меҳнат
1. Корфармо, сарфи назар аз вазъи молиявиаш уҳдадор аст ба корманд барои кори иҷро намудааш музди меҳнати муқарраршударо пардохт намояд.
2. Табъиз дар пардохти музди меҳнат манъ аст. Корфармо уҳдадор аст ба корманд барои иҷрои кори баробарарзиш музди меҳнати якхела диҳад. Ба зарари корманд тағйир додани шарту шароити пардохти музди меҳнат манъ аст.
3. Андозаи музди меҳнат, ки тарафҳо бо шартномаи меҳнатӣ муайян кардаанд, аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнат камтар буда наметавонад.
Моддаи 141. Кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнати кормандон
1. Низоми кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнати кормандон инҳоро дар бар мегирад:
1) Низоми тарифӣ, ки он аз унсурҳои зерин иборат мебошад:
- меъёрҳои тарифӣ (музди меҳнат);
- ҷадвали тарифӣ;
- коэффитсиентҳои тарифӣ;
- андозаи ҳадди ақали музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- андозаи меъёрҳои тарифии дараҷаи якуми Ҷадвали ягонаи тарифии кормандони соҳаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тарифҳои ҷумҳуриявии музди меҳнат - меъёрҳои соатбайъ ё моҳонаи тарифӣ (маошҳо), ки сатҳи музди меҳнатро барои гурӯҳҳои мушаххаси кормандони касбию дараҷадори ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ва дотатсияҳои давлатиро истифода мебаранд, муайян мекунанд;
- миқдори зиёд намудани музди меҳнат барои кор дар шароитҳое, ки аз шароитҳои меъёрӣ фарқ мекунанд, аз ҷумла барои корҳои шабона, кор дар рӯзҳои истироҳатӣ ва ид, зиёда аз вақти муқаррарӣ кор кардан, маҳалҳое, ки шароити номусоиди табиию иқлимӣ доранд, кор дар шароитҳои зарарноку вазнини меҳнат;
- чораҳо барои нигоҳдории сатҳи воқеии таъмини музди меҳнат дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- маҳдуд кардани нигоҳдории андозаи музди меҳнат, аз ҷумла ҳаҷми андозбандӣ аз даромад;
- назорати давлатии пардохти пурраи саривақтии музди меҳнат ва амалӣ намудани кафолатҳои давлатӣ оид ба қисмати андозаи он;
- ҷавобгарии корфармо барои вайрон кардани шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ оид ба музди меҳнат.
2. Мушкилоти иҷрои кор дар асоси тарифкунонии онҳо муайян карда мешавад. Тарифкунонии кор ва ба кормандон додани дараҷаҳои тарифи аз рӯи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон ва Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабҳои роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиёни давлатӣ сурат мегиранд, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
3. Кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнат ба кормандоне, ки бо корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд, тааллуқ дорад.
Моддаи 142. Таркиби музди меҳнат
1. Музди меҳнат аз ҳиссаҳои доимӣ ва тағйирёбанда иборат мебошад.
2. Ҳиссаи доимии музди меҳнат аз ҳиссаи соатбайъ ва ё моҳонаи меъёрҳои тарифӣ (маош) иборат аст.
3. Ҳиссаи тағйирёбандаи музди меҳнат ба натиҷаҳои кор вобастагӣ дошта, иловапулиҳои гуногун, мукофотпулиҳо, ҷубронпулиҳо (барои дараҷаи тахассус, собиқаи корӣ, аз рӯи натиҷаҳои кори солона, унвони илмӣ ва монанди онҳо) ва мукофотпулиро (барои сифати баланди кор, барои аз миқдор зиёд истеҳсол намудани маҳсулот) дар бар мегирад.
Моддаи 143. Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат
1. Андозаи ҳадди ақали музди меҳнатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2. Барои муқаррар намудани сатҳи тарифҳои давлатии музди меҳнат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди ақали музди меҳнат асос мебошад.
3. Ба андозаи ҳадди ақали музди меҳнат пардохтҳои иловагӣ, изофапулӣ, пардохти ҳавасмандгардони, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин пардохти барзиёдатӣ, ки барои аз давомнокии муқаррарии вақти кор зиёдтар кор кардан дода мешаванд, дохил намегарданд.
4. Дар ноҳияҳо ва маҳалҳое, ки ба музди меҳнат коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар биёбон, маҳалҳои беоб ва баландкӯҳ муқаррар гардидаанд, андозаи ҳадди ақали музди меҳнат бо истифодаи ин коэффитсиентҳо ва изофапулиҳо муайян карда мешавад.
5. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ мумкин аст миқдори баландтари ҳадди ақали музди меҳнат пешбинӣ карда шавад, ба истиснои ташкилоте, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад ва аз дотатсияи давлатӣ истифода мебарад.
Моддаи 144. Индексатсияи музди меҳнат
Зиёд шудани музди меҳнат индексатсияи музди меҳнатро дар бар мегирад, ки аз ҷониби корфармо бо тартиби муқаррарнамудаи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ё санадҳои корфармо бо назардошти сатҳи таварруми давраи дахлдори муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 145. Коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ва иловапулӣ ба музди меҳнат
1. Дар ноҳияҳо ва маҳалҳое, ки шароити номусоиди табиию иқлимӣ ва маишӣ доранд, ба музди меҳнат коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо муқаррар карда мешаванд.
2. Номгӯйи минтақаҳое, ки дар онҳо коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо истифода мешаванд, инчунин андоза ва тартиби пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 146. Тарифҳои давлатии пардохти музди меҳнат
1. Тарифҳои давлатии пардохти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳои соатбайъ ва ё моҳона ва маош аз рӯи вазифа (мансаб) иборат мебошанд, ки ҳадди ақали музди меҳнати гурӯҳҳои мушаххаси кормандони дорои дараҷаи тахассусии касбии ташкилотҳои буҷетиро муайян мекунанд.
2. Корфармоёни дигар бояд тарифҳои муқарраршударо барои фарқияти музди меҳнати кормандон ҳамчун кафолати ҳадди ақали музди меҳнат истифода баранд.
3. Тарифҳои давлатии пардохти музди меҳнат дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат аз рӯи коэффитсиентҳои тарифии Ҷадвали ягонаи тарифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарифҳои маоши дараҷаи аввал аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон барои фарқияти ҳадди ақали музди меҳнати гурӯҳҳои кормандони касбию тахассуси муқарраршуда муайян карда мешаванд.
4. Тарифҳои давлатии пардохти музди меҳнат, инчунин меъёрҳои маоши соатбайъ, рӯзбайъ ва дигар тарифҳо, ки бо назардошти ин меъёрҳо ҳисоб карда мешаванд, кам карда намешаванд ва онҳо барои муқаррар намудани андозаи мушаххаси маош дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, инчунин дар сметаҳои дахлдори хароҷоти воситаҳо барои нигоҳдории ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ҳамчун асос ба ҳисоб мераванд.
5. Тарифҳои давлатии пардохти музди меҳнат дар сурати зиёд шудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат тағйир меёбанд.
Моддаи 147. Тартиби пардохти музди меҳнати кормандон
1. Музди меҳнати кормандон дар асоси меъёрҳои (маошҳои) соатбайъ ва (ё) моҳонаи тарифӣ пардохт карда мешавад, ки онҳоро шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ва дар ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда бошанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
2. Ба дараҷаи мушаххаси тарифӣ (вазифа) мансуб донистани корҳои иҷрошаванда ва ба кормандон додани дараҷаи тахассусии мувофиқ аз рӯи тартибе сурат мегирад, ки онро созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ё корфармо мутобиқи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон, Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабҳои роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиёни давлатӣ, дигар маълумотномаҳои тахассусие, ки тибқи тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд, муқаррар намудаанд.
3. Ба кормандоне, ки меъёрҳои меҳнатиашонро иҷро менамоянд, дараҷаи нисбатан баланди тахассусӣ дар навбати аввал дода мешавад.
4. Агар корманд дар давоми як сол на камтар аз се моҳ корҳои дараҷаи баландтари тахассусиро бомуваффақият иҷро карда бошад, ҳуқуқ дорад аз корфармо тибқи тартиби муқарраршуда талаб намояд, ки ба ӯ дараҷаи баландтари тахассусӣ дода шавад.
Моддаи 148. Музди меҳнат дар шароити махсус
Барои корҳои вазнин, корҳо дар шароити меҳнати зарарнок ва махсусан зарарнок аз рӯи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин аз рӯи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ музди меҳнати баланд муқаррар карда мешавад.
Моддаи 149. Шакл, низом ва андозаи музди меҳнат
1. Шакл, низом ва андозаи музди меҳнати кормандон, аз ҷумла пардохтҳое, ки хусусияти ҳавасмандгардонӣ ва ҷубронӣ доранд, аз тарафи корфармо дар асоси шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муқаррар карда мешаванд.
2. Шакл ва низоми музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашударо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
3. Шакл ва низоми музди меҳнати кормандони дигар ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро корфармо, андозаи музди меҳнати онҳоро бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.
4. Тафриқабандии (дифференсатсияи) андозаи музди меҳнат вобаста ба мураккабӣ ва вазнинии кор, шароитҳои он ва дараҷаи касбии кормандон сурат мегирад.
Моддаи 150. Тағйир додани шартҳои музди меҳнат
1. Шартҳои музди меҳнат бо ҳамон тартибе, ки муқаррар шуда буданд, тағйир дода мешаванд.
2. Тағйир додани шартҳои музди меҳнат ба тарафе, ки барои корманд номусоид аст, бе розигии ӯ роҳ дода намешавад, агар тағйирот ба технологияи истеҳсолот ва ташкили меҳнат нигоҳ доштани шартҳои музди меҳнати пешинаро имконият надиҳад.
3. Дар бораи тағйирёбии шартҳои музди меҳнат бояд корманд на дертар аз ду моҳ огоҳ карда шавад.
Моддаи 151. Музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун
1. Ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун музди меҳнати кормандони вақтбайъ, инчунин кормандони дигар аз рӯи кори дараҷаи баландтари тахассусӣ дода мешавад.
2. Ба кормандони корбайъ аз рӯи нархномаи корҳои иҷрошуда музд дода мешавад.
3. Дар ҷойе, ки аз рӯи хусусияти истеҳсолот ба кормандони корбайъ иҷрои корҳои тарифашон аз дараҷаҳои ба онҳо додашуда пасттар супорида мешавад, таносуби байнидараҷавӣ пардохт карда мешавад.
Моддаи 152. Музди меҳнат ҳангоми якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо) ва муваққатан иҷро намудани уҳдадории кормандони ба кор ҳозирнабуда
1. Ба кормандоне, ки дар як муассиса дар баробари кори асосии бо шартномаи меҳнатӣ тасдиқшудаи худ аз рӯи ихтисос, дараҷа ва вазифа (мансаб) дар муддати бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардаи давомнокии рӯзи корӣ (басти корӣ) бе озодшавӣ аз кори асосӣ корҳои иловагиро аз рӯи дигар ихтисос иҷро мекунанд, барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои уҳдадории кормандони муваққатан ба кор ҳозирнабуда иловапулӣ дода мешавад.
2. Андозаи иловапулӣ барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои уҳдадории кормандони муваққатан ба кор ҳозирнабуда аз тарафи корфармо бо розигии корманд, барои ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда бошад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо миқдори иловапулӣ бояд на камтар аз понздаҳ фоизи маоши кори якҷояшавандаро ташкил диҳад.
Моддаи 153. Музди меҳнат ҳангоми муваққатан ба ҷойи корманди дигар кор кардан
1. Дар вақти муваққатан ба ҷойи корманди дигар кор кардан дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, музди меҳнат барои корманди ивазкунанда ба андозаи маоши вазифавии (мансабии) кормандони ивазшаванда бо воҳиди корӣ (бе илова ва зиёдшавӣ) пардохт карда мешаванд.
2. Корманди ивазкунанда аз рӯи шарт ва ба андозаи барои вазифаи (мансаби) корманди ивазшаванда муқарраргардида ҳавасманд гардонида мешавад.
3. Шарт ва тартиби пардохти музди меҳнат дар вақти муваққатан ба ҷойи корманди дигар дар дигар ташкилотҳо кор кардан, ки аз тарафи корфармо муқаррар гардидааст, дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ карда мешаванд.
Моддаи 154. Пардохти изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид
1. Ҳар соати кории зиёда аз вақти муқаррарӣ чунин пардохт карда мешавад:
- ба кормандони музди меҳнаташон корбайъ - на камтар аз нархномаи дукаратаи корбайъ;
- ба кормандони музди меҳнаташон вақтбайъ, инчунин ба онҳое, ки маоши вазифавӣ (мансабӣ) мегиранд - на камтар аз меъёри (маоши) дукаратаи соатбайъ.
2. Мувофиқи созиш бо корфармо ба корманде, ки зиёда аз вақти муқаррарӣ кор кардааст, рӯзи дигари истироҳат додан мумкин аст.
3. Барои дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ ва дар рӯзҳои истироҳат кор кардан музди меҳнат мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур на камтар аз андозаи дукарата пардохт карда мешавад. Дар ин маврид ба кормандоне, ки дар доираи меъёри якмоҳаи вақти корӣ кор карда, моҳона мегиранд, музди меҳнат илова ба моҳона на камтар аз андозаи яккаратаи ставкаи соатбайъ ё рӯзбайъ ва агар кор зиёда аз меъёри якмоҳа иҷро шуда бошад, музди меҳнат ба андозаи на кам аз ставкаи дукаратаи соатбайъ ё рӯзбайъ илова ба моҳона пардохт карда мешавад.
4. Барои кори зиёда аз вақти муқаррарӣ, дар рӯзҳои иди ғайрикорӣ ва истироҳат мукофот аз рӯи музди яккаратаи нархномаи вақти корбайъ ё аз рӯи меъёри тарифии яккарата ҳисоб карда мешавад.
5. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дигар андозаҳои пардохти кори зиёда аз вақти муқаррариро низ муқаррар кардан мумкин аст, вале на камтар аз андозаҳое, ки дар қисмҳои 1, 3 ва 4 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд.
Моддаи 155. Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд
1. Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, мутаносибан бо вақти иҷрошудаи кор аз рӯи натиҷаи кор ё дигар шартҳои пешбининамудаи шартномаҳои меҳнатӣ пардохт карда мешавад.
2. Ҳангоми барои кормандони бо музди меҳнати вақтбайъ дар ду (якчанд) ҷой коркунанда муқаррар намудани супоришҳои меъёрӣ, музди меҳнат барои натиҷаи ниҳоии ҳаҷми кори иҷрошудаи воқеӣ пардохт карда мешавад.
3. Ба шахсони дар ду (якчанд) ҷой коркунандаи ноҳияҳое, ки дар онҳо ба музди меҳнат коэффитсиенти ноҳиявӣ ва иловапулиҳо муқаррар шудаанд, музди меҳнат бо назардошти ҳамин коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо пардохт карда мешавад.
Моддаи 156. Пардохти музди кори шабона
1. Музди ҳар соати кори шабона ба андозаи на камтар аз якуним баробари меъёри муқарраршуда пардохт карда мешавад.
2. Пардохти афзудашудаи музди кори шабона ба ставкаи тарифӣ (маоши хизматӣ) дохил намешавад.
3. Андозаи мушаххаси пардохт бо созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, агар онҳо баста нашуда бошанд, аз тарафи корфармо баъд аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон, муқаррар карда мешавад.
Моддаи 157. Пардохти музди меҳнат ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард, истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор, бекористӣ, инчунин дар ҳолати азхудкунии истеҳсолоти (маҳсулоти) нав
1. Ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард, истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор ва бекористӣ, ки бо айби корманд сар назадаанд, музди миёнаи моҳонаи ӯ пардохт карда мешавад.
2. Ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард бо айби корманд музд аз рӯи кори иҷрошудаи воқеӣ пардохт карда мешавад.
3. Барои нуқсони пурраи маҳсулот ва бекористӣ, ки бо айби корманд сар задааст, музди меҳнат дода намешавад. Барои нуқси қисман бо айби корманд рухдода музди меҳнат бо нархи пасттар, вобаста ба дарачаи коршоямии арзиши маҳсулот, ки корфармо баъд аз мувофиқа бо намояндагони кормандон муайян мекунад, пардохт карда мешавад.
4. Нуқси маҳсулот дар натиҷаи мавҷуд будани нуқсони ниҳонӣ дар маводи коркардашаванда, ҳамчунин нуқсон бе айби корманд, ки баъд аз қабули маҳсулот аз ҷониби мақомоти назорати техникӣ маълум гардидааст, баробар бо маҳсулоти коршоям пардохт карда мешавад.
5. Андозаи музди меҳнати кормандон дар давраи азхудкунии истеҳсолоти (маҳсулоти) нав дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 158. Муҳлатҳои пардохти музди меҳнат
1. Муҳлати пардохти музди меҳнатро шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ва ё дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) муқаррар менамоянд, вале он дар ҳар ним моҳ камтар аз як маротиба буда наметавонад.
2. Дар сурати мувофиқ омадани рӯзи пардохти музди меҳнат ба рӯзҳои истироҳат ё иди ғайрикорӣ маош дар арафаи чунин рӯзҳо пардохт карда мешавад.
3. Ҳангоми аз кор озод намудани корманд ҳамаи маблағҳои ӯ дар рӯзи охирини кор пардохт карда мешаванд.
4. Музди меҳнате, ки корманд то рӯзи фавт нагирифтааст, ба аъзои оилаи ӯ ё шахсе дода мешавад, ки хароҷоти дафнро ба зимма гирифтааст.
5. Агар музди меҳнат бо гуноҳи корфармо аз муҳлати муқарраргардида дертар пардохт карда шавад, ӯ уҳдадор аст ба андозаи фоизи меъёри бонкӣ, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рӯзи пардохти маош мавҷуд аст, барои ҳар рӯзи таъхири пардохти маош маблағи иловагӣ диҳад.
6. Корфармо барои сари вақт напардохтани музди меҳнат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст.
Моддаи 159. Шаклҳои пардохти музди меҳнат
1. Музди меҳнат бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.
2. Бо розигии корманд ба ивази пардохти пулӣ қисман ба пардохти аслӣ (шакли омехтаи пардохт) роҳ дода мешавад, вале он аз 20 фоизи маблағи умумии музди меҳнати якмоҳаи ӯ зиёд буда наметавонад.
3. Пардохти аслӣ ба ҷойи пардохти пулӣ бояд ба арзиши пулии музди меҳнат баробар буда, барои истеъмоли шахсӣ мувофиқ ва ба корманд ва аҳли оилаи ӯ фоиданок бошад.
4. Музди меҳнати аслиро бо молу ашёе, ки муомилоти озоди онҳо тибқи номгӯйи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ шудааст, пардохтан мумкин нест.
5. Пардохти музди меҳнат дар шакли уҳдадориҳои қарзӣ, забонхатҳо ва купонҳо манъ аст.
Моддаи 160. Ҷойи пардохти музди меҳнат
1. Музди меҳнат ба корманд бевосита дар ҷойи кор (дар ташкилот) пардохт карда мешавад.
2. Агар корманд дар рӯзи дода шудани музди меҳнат супориши корфарморо дар ҷойи дигар иҷро намояд (дар ташкилоти фармоишгар, сафари хизматӣ, дар курсҳои такмили ихтисос ва монанди онҳо), он гоҳ бо хоҳиши корманд корфармо бояд аз ҳисоби худ ба ӯ музди меҳнаташро равон кунад ё маблағро бо розигии корманд ба шахсони бовариноки ӯ супорад.
3. Бо хоҳиши корманд музди меҳнат пурра ё қисман ба суратҳисоби бонкии ӯ гузаронида мешавад.
4. Музди меҳнат мумкин аст тариқи кортҳои бонкӣ пардохт карда шавад. Барои чунин хизматрасонӣ аз корманд маблағ ситонида намешавад.
Моддаи 161. Сарчашмаи воситаҳо барои музди меҳнат
Сарчашмаи воситаҳо барои музди меҳнати кормандони ташкилотҳое, ки тибқи ҳисоби хоҷагӣ фаъолият мекунанд, як қисми даромади аз фаъолияти хоҷагидории онҳо ба дастомада ба ҳисоб рафта, барои ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, воситаҳои аз буҷети дахлдор ҷудогардида мебошад.
Моддаи 162. Фонди захиравии музди меҳнат
1. Барои таъмини пардохти музди меҳнате, ки ба корманд ҳисобӣ мешавад, ҳамчунин пардохтҳои кафолатнок ва ҷубронпулии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективи пешбинигардида дар ҳолатҳои муфлисшавии корфармо, барҳамхӯрии ташкилот, қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва дар дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор аст, ки фонди захиравии музди меҳнатро таъсис диҳад.
2. Андозаи фонди захиравии музди меҳнат, асосҳо ва тартиби истифодаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 163. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат
1. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
2. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати корманд барои ҷуброни қарзҳояш дар назди корфармо тибқи амри корфармо дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:
- барои баргардонидани пешпардохти коркарданашуда, ки ба ҳисоби музди меҳнат ба корманд дода шудааст;
- барои баргардонидани маблағе, ки дар натиҷаи ҳисоби нодуруст зиёдатӣ дода шудааст;
- барои ҷуброни пешпардохти истифоданашуда ва сари вақт барнагардонидае, ки барои сафари хизматӣ ё барои гузаронидан ба кори дигар, ҷойи дигар ва эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ дода шудааст, агар корманд аз асос ва андозаи нигоҳ доштани маблағ норозигӣ баён накунад. Дар чунин ҳолатҳо корфармо ҳуқуқ дорад, дар бораи нигоҳ доштани маблағ дар муддати на камтар аз як моҳи рӯзи охирини муҳлати муайяншудаи баргардонидани пешпардохт, ҷуброни қарзҳо ва ё аз рӯзи нодуруст гузаронидани маблағ супориш диҳад;
- ҳангоми аз кор озод намудани корманд то охири соли корие, ки дар он корманд аллакай рухсатии меҳнатӣ гирифтааст, барои рӯзҳои корнакардаи рухсатӣ. Агар корманд бо асосҳои дар сархатҳои якум, дуюм ва панҷуми қисми 1 моддаи 42 ва сархати якуми моддаи 48 Кодекси мазкур аз кор озод шуда бошад, инчунин ҳангоми фиристонидан ба таҳсил, ба нафақа баромадани корманд ва дар ҳолате, ки дар рӯзи аз кор озод шудан корманд маблағи барои пардохт ҳисобшударо надошта бошад, маблағ барои ин рӯзҳо аз музди меҳнат нигоҳ дошта намешавад;
- ҳангоми ҷуброни зараре, ки бо гуноҳи корманд ба корфармо расонида шудааст, ба андозаи на зиёдтар аз музди миёнаи моҳонаи корманд (моддаи 189 Кодекси мазкур).
3. Музди меҳнатеро, ки корфармо ба корманд. барзиёд пардохтааст, аз ҷумла ҳангоми истифодаи нодурусти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои ҳисоби нодуруст аз корманд рӯёнидан мумкин нест.
4. Корфармо уҳдадор аст, ки маблағро дар асоси аризаи хаттии корманд аз музди меҳнати ӯ бо тартиби ҳисоби ғайринақдӣ нигоҳ дорад.
5. Андозаи умумии нигоҳдошташаванда аз музди меҳнат ва дигар намудҳои даромадҳои корманд аз 20 фоиз ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 50 фоизи музди меҳнати корманд зиёд буда наметавонад.
6. Ҳангоми нигоҳ доштан аз музди меҳнат барои якчанд ҳуҷҷатҳои иҷро бояд барои корманд на камтар аз 50 фоизи музди меҳнати барои пардохт пешбинишуда мононда шавад.
7. Маҳдудиятҳое, ки дар қисмҳои 5 ва 6 моддаи мазкур муқаррар шудаанд, барои нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои ислоҳкунӣ ва рӯёнидани алимент, ҷуброни зарари ба саломатӣ расонидашуда, ҷуброни зарар ба шахсоне, ки ба онҳо дар натиҷаи вафоти саробон зарар расонида шудааст ва ҷуброни зарари дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда татбиқ намегарданд. Дар ин ҳолатҳо андозаи нигоҳдошташаванда аз 70 фоизи музди меҳнат зиёд буда наметавонад.
8. Ба нигоҳ доштани маблағ аз кӯмакпулиҳои яквақта, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯёнидани маблағ аз онҳо манъ аст, роҳ дода намешавад.