МУАЙЯН НАМУДАНИ АРЗИШИ ГУМРУКИИ МОЛ | 1994

Моддаи 352. Арзиши гумрукии мол
Арзиши гумрукии мол арзиши молест, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол ёфта, мутобиқи ҳамин боб муайян мегардад ва ба мақсадҳои зерин истифода бурда мешавад:
1) таҳти пардохтҳо ва хироҷҳои гумрукӣ қарор додани мол;
2) ба кор бурдани тадбирҳои дигари танзими давлатии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 353. Муайян кардани арзиши гумрукии моли содиротӣ
1. Арзиши гумрукии моле, ки аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мешавад, дар асоси нархи муомилотие, ки воқеан пардохта шудааст ва ё ҳангоми фурӯши он барои содирот бояд пардохта шавад, муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол хароҷоти зерин ба нархи муомилот дохил карда мешавад, ба шарте агар он қаблан дохил карда нашуда бошад:
1) хароҷоти расондани мол то фурудгоҳ, бандар ё маҳали дигари содироти мол аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421):
- арзиши ҳамлу нақл;
- хароҷоти борбардорӣ ва борфарорӣ, аз нав бор кардан ва аз ҷое ба ҷое кашондани мол:
2) арзиши суғурта;
3) хароҷоти фурӯшанда:
- музди комиссионӣ ва брокерӣ;
- арзиши контейнер ё зарфҳои дигари серистифода, ба шарте, агар мутобиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии он ҳамчун воҳиди тому ягона бо моли арзёбишаванда баррасӣ гардад;
- арзиши бастабандӣ, аз ҷумла арзиши масолеҳи бастабандӣ ва корҳои вобаста ба бастабандӣ;
4) роялтӣ ва хироҷи додани иҷозатнома барои моли арзёбишавандае, ки бояд фурӯшанда мустақиман ва ё ғайримустақим ҳамчун шарти фурӯши моли арзёбишаванда супорад, ба шарте, агар чунин роялти ва хироҷ ба нархе, ки воқеан супурда шудааст ё бояд супорида шавад, дохил нашуда бошад;
5) қисми даромад аз фурӯши минбаъда, ки мустақиман ва ё ғайримустақим фурӯшанда мегирад.
6) андозҳое, ки дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд, ба шарте, ки мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ё санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо ба фурӯшанда вобаста ба баровардани мол аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда намешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
3. Ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол аз нархи муомилоти пардохту хароҷоти зерин хориҷ карда мешаванд, ба шарте агар онҳо қаблан ба нархи муомила дохил шуда, бо ҳуҷҷат тасдиқ карда шуда бошанд:
1) хароҷоти насб, васл, танзими таҷҳизот ё расонидани кӯмаки техникии баъди содир кардани чунин таҷҳизот аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
2) хароҷоти расондани мол баъди содир кардани он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
3) арзиши суғуртаи расондани мол баъди содироти он аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
4) боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки дар давлати воридкунанда пардохта мешаванд.
4. Дар сурати вуҷуд надоштани нархи муомилоти арзиши гумрукии моли содиротӣ дар асоси нусхаи ҳуҷҷати муҳосибавии фурӯшандаи содиркунанда дар бораи хароҷоти вобаста ба истеҳсол ё харид, нигоҳдорӣ ва интиқоли моли содиротӣ, ки аз тарафи декларант пешниҳод мешавад, муайян карда мешавад. Дар баробари ин хароҷоти дар қисми 2 ҳамин модда зикршуда низ ба ҳисоб гирифта мешавад.
5. Дар сурати мавҷуд набудани маълумоти тасдиқкунандаи арзиши гумрукии арзшудаи моли содироти арзиши гумрукии чунин мол тибқи маълумот дар бораи моли шабеҳ ва ё ҳамҷинс, ки мақоми гумрук дар ихтиёр дорад, аз ҷумла тибқи маълумоте, ки бо истифода аз натиҷаи экпертизаи мустақил пешниҳод шудаааст, муайян мегардад.
Моддаи 354. Усулҳои муайян кардани арзиши гумрукии моли воридотӣ
1. Арзиши гумрукии моле, ки ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мешавад, бо истифодаи усулҳои зерин муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421):
1) тибқи нархи муомилоти моли воридшаванда;
2) тибқи нархи муомилоти моли шабеҳ;
3) тибқи нархи муомилоти моли ҳамҷинс;
4) тарҳи арзиш;
5) ҷамъ кардани арзиш;
6) усули эҳтиётӣ.
2. Усули асосии муайян кардани арзиши гумрукии мол усулест, ки ба нархи муомилотии моли воридотӣ асос ёфтааст.
3. Дар сурати имконнопазирии истифодаи усули асоси паёпай усулҳои номбаршуда ба кор бурда мешаванд. Зимнан кадом усули минбаъда баъди он истифода мешавад, ки арзиши гумрукии молро бо истифода аз усули қабли муайян кардан имконнопазир бошад. Дар асоси аризаи декларант усулҳои тарҳ ва ҷамъ кардани арзиш бо тартиби баръакс анҷом дода мешавад.
4. Маълумот барои муайян кардани арзиши гумрукии мол бо яке аз усулҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида бояд мутобиқи принсипҳои ҳисоби муҳосибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Моддаи 355. Усули муайян кардани арзиши гумрукӣ тибқи нархи муомилотии моли воридотӣ
1. Арзиши гумрукии моли ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда нархест, ки воқеан пардохт шудааст ё бояд ҳангоми фурӯши он барои содирот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шавад. Арзиши воқеан пардохтшуда ё пардохтшаванда маблағи пурраи пардохт барои молҳои воридотӣ мебошад, ки аз тарафи харидор ба фурӯшанда ё ба манфиати фурӯшанда ба амал бароварда шудааст ё ба амал бароварда мешавад. Шарт нест, ки пардохт танҳо дар шакли гузаронидани маблағ ифода ёбад, он метавонад ба воситаи аккредитив ё ҳуҷҷатҳои гардишӣ гузаронида шавад. Пардохт метавонад мустақим ё ғайримустақим амалӣ карда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845, аз 30.05.2017 № 1421).
2. Ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол хароҷоти зерин ба нархи муомила илова карда мешавад, ба шарте агар он қаблан дохил карда нашуда бошад:
1) хароҷоти расонидани мол ба фурудгоҳ бандар ё маҳали дигари ворид кардани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421):
- арзиши интиқол;
- хароҷоти борбардорӣ, борфарорӣ, аз нав бор кардан ва аз ҷое ба ҷое кашондани мол;
2) арзиши суғурта;
3) хароҷоти харидор;
- музди комиссионӣ ва брокерӣ, ба истиснои музди комиссионии хариди мол;
- арзиши контейнер ё зарфҳои дигари серистифода, ба шарте агар мутобиқи Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷи он ҳамчун воҳиди тому ягона бо моли арзёбишаванда баррасӣ гардад;
- арзиши бастабанд, аз ҷумла арзиши масолеҳи бастабандӣ ва корҳои вобаста ба бастабандӣ;
4) қисми дахлдори арзиши зерини моле (кору хизматрасоние), ки мустақиман ё ғайримустақим аз тарафи харидор ба фурӯшанда ройгон ё бо нархи арзон барои истифода вобаста ба истеҳсол ё фурӯши моли арзёбишавандаи содироти пешниҳод шуда буд:
- ашёи хом, қисмҳо, моли нимтайёр ва маҳсулоти дигари такмилӣ, ки қисми таркибии моли арзёбишаванда ба шумор меравад;
- асбобу анҷом, штампу қолабҳо ва ашёи шабеҳи дигаре, ки ҳангоми истеҳсоли моли арзёбишаванда ба кор бурда шудаанд;
- масолеҳе, ки дар истеҳсоли моли арзёбишаванда харҷ шудааст (равғанҳои молиданӣ, сӯзишворӣ ва ғайра);
- тадқиқоти муҳандисӣ, корҳои конструкторию таҷрибавӣ, дизайн, ороиши бадеӣ, нигораву нақшаҳое, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шуда, бевосита барои истеҳсоли моли арзёбишаванда заруранд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
5) роялтӣ ва хироҷ барои додани иҷозатнома ба моли арзёбишавандае, ки бояд харидор мустақиман ё ғайримустақим ҳамчун шарти фурӯши моли арзёбишаванда супорад, ба шарте агар чунин роялти ва хироҷ ба нархе, ки воқеан супурда шудааст ё бояд супорида шавад, дохил нашуда бошад;
6) ҳаҷми қисми даромади мустақим ё ғайримустақими фурӯшанда аз ҳама гуна фурӯши минбаъда, супурдан ё истифодаи моли арзёбишаванда.
3. Дар сурати расондани як партия моли номгӯи гуногун хароҷоте, ки бояд ба арзиши гумрукии ҳар яке аз моли воридоти дохил карда, барои тамоми партияи мол таъин гардидааст, мутаносибан тибқи ҳаҷме, ки бо таносуби арзиши ҳар мол нисбати арзиши партияи мол муайян мегардад, муқаррар карда мешавад.
4. Ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол пардохтҳо ва хароҷот бо шарте дохил карда намешаванд, ки онҳо аз нархи барои моли воридоти воқеан пардохтшуда ё пардохтшаванда тарҳ карда шуда бошанд:
1) хароҷоти насб, васл, танзими таҷҳизот ё расонидани ёрии техникӣ баъди ворид кардани чунин таҷҳизот ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
2) хароҷоти расонидан баъди ворид шудани мол ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
3) боҷҳои гумрукӣ ва андозе, ки дар давлати воридоти мол супурда мешаванд.
5. Усули вобаста ба нархи муомилоти моли воридоти барои муайян кардани арзиши гумрукии мол истифода бурда намешавад, агар:
1) нисбати ҳуқуқ барои ихтиёрдорӣ ё истифода мавҷуд будани маҳдудият аз ҷониби харидори моли арзёбишаванда, ба истисноӣ:
- маҳдудиятҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд;
- маҳдудиятҳои минтақаи ҷуғрофӣ, ки дар он мумкин аст мол бозфурӯши шавад;
- маҳдудиятҳое, ки ба арзиши мол таъсири ҷиддӣ намерасонанд;
2) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи муомилоте, ки нишонаҳои хариду фурӯш надорад, мол чунин ворид карда шудааст:
- ройгон;
- бо шарти консигнатсия, ки молрасониро барои фурӯш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бе гузаштани ҳуқуқи моликият ба воридкунанда пешбинӣ менамояд;
- ба унвони филиалҳои (намояндагиҳои) худ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, аз тарафи шахси ҳуқуқии хориҷӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
- мувофиқи қарордоди иҷораи молиявии молу мулк (лизинг);
- бо мақсади нигаҳдошти муваққатӣ;
- ҳамчун партови истеҳсолот бо мақсади истифодабарии ғайритиҷории он;
- бо мақсади ивази кардани моли (маснуоти такмили) дорои сифати номатлубе, ки барояш мӯҳлати кафолат муқаррар шудааст;
- тибқи дигар муомилот;
3) фурӯш ё нархи муомилот ба риояи шартҳое вобастаги дорад, ки баҳисобгирии таъсири онҳо имконнопазир аст, ва аз ин сабаб арзиши муомилот барои муайян кардани арзиши гумрукӣ қобили қабул намебошад:
- шартномаи мубодила (мена);
- шартномаҳои пешбиникунандаи амалиёти толлингӣ;
- шартномаҳои контрактатсия;
- дигар намудҳои шартномаҳо;
4) маълумоте, ки декларант ҳангоми арзи арзиши гумрукӣ истифода бурдааст, бо санадҳо тасдиқ нашудааст ва ё миқдоран муайяншаванда ва эътимодбахш намебошанд;
5) иштирокчиёни муомила шахсони ба якдигар вобастаанд ва арзиши муомила барои муайян кардани арзиши гумрукӣ мутобиқи талаботи ҳамин модда ҳамчун асос қобили қабул намебошад. Зимнан мафҳуми шахсони ба якдигар вобаста ба манъои шахсонест, ки яке аз нишонаҳои зеринро қонеъ мекунанд:
- яке аз иштирокчиёни муомила ё шахси мансабдори яке аз иштирокчиёни муомила ҳамзамон шахси мансабдори иштирокчии дигари муомила мебошад;
- ширкаткунадагони муомила соҳиби муштараки корхона ҳисоб мешаванд;
- иштирокчиёни муомила бо муносибатҳои меҳнатӣ алоқаманданд;
- яке аз шахсон мустақиман ва ё ғайримустақим панҷ ва ё бештар аз панҷ фоизи саҳмияҳои овоздиҳандаи дар муомилаи ҳар яке аз иштирокчиёни муомила буда ё аъзоҳақии дар сармояи оинномавии ҳар кадоми иштирокчиёни муомиларо молик аст ё назорат менамояд;
- иштирокчиёни муомила таҳти назорати мустақим ва ё ғайримустақими шахси сеюм қарор доранд;
- иштирокчиёни муомила муштаракан шахси сеюмро ба таври мустақим ва ё ғайримустақим назорат менамоянд;
- яке аз иштирокчиёни муомила таҳти назорати мустақим ва ё ғайримустақими иштирокчии муомила қарор дорад;
- иштирокчиёни муомила ё шахсони мансабдори онҳо хешовандони наздиканд.
6. Вобастагии мутақобилаи иштирокчиёни муомила барои ғайри қобили қабул ҳисоб кардани нархи муомила асоси кофи буда наметавонад. Дар ин ҳолат мақоми гумрук бояд ҳолатҳои иловагии муомиларо омӯзад ва нархи онро, агар вобастагии мутақобила ба нарх таъсир накарда бошад, мумкин аст барои муайян кардани арзиши гумрукии мол истифода барад.
7. Агар мақоми гумрук далел ва асосе дошта бошад, ки вобастагии мутақобилаи иштирокчиёни муомила ба нархи мол таъсир кардааст, ба декларант бо шакли электронӣ ё хаттӣ дар хусуси имконияти пешниҳоди маълумоти иловагӣ тавсия медиҳад, ки ба нархи мол таъсир нарасондани вобастагии мутақобиларо тасдиқ менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
8. Бо ташаббуси декларант мумкин аст арзиши муомила ҳамчун асоси муайян кардани арзиши гумрукии мол қабул шавад, ба шарте агар декларант исбот намояд, ки ин арзиш ба яке аз арзишҳои зерини тақрибан муқарраршуда наздик аст;
1) ба арзиши муомилотии моли шабеҳ ё ҳамҷинс ҳангоми содир намудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон байни иштирокчиёне, ки ба ҳамдигар вобастагӣ надоранд;
2) арзиши гумрукии моли шабеҳ ё ҳамҷинсе, ки бо усули тарҳ кардани арзиш муайян шудааст;
3) арзиши гумрукии моли шабеҳ ё ҳамҷинс, ки бо усули ҷамъ кардани арзиш муайян шудааст.
9. Нархҳое, ки декларант барои муқоиса пешниҳод кардааст, бо назардошти тафовутҳои зерин тасҳеҳ карда мешаванд:
1) тафовут дар сатҳи тиҷоратӣ;
2) тафовут дар миқдор;
3) тафовут дар унсурҳо (хароҷот), ки дар қисми 2 ҳамин модда зикр шудаанд;
4) тафовут дар хароҷоти дигари фурӯшанда, ки ҳангоми муомилаи шахсони ба ҳамдигар новобаста ба миён меояд, ба шарте, ки фурӯшанда ҳангоми муомила бо шахси вобаста чунин хароҷот накунад.
10. Нархи моли шабеҳ ё ҳамҷинсе, ки декларант барои муқоиса пешниҳод кардааст, наметавонад бар ивази нархи муомила барои муайян кардани арзиши гумрукии мол истифода бурда шавад.
Моддаи 355(1). Хароҷоти созишномаҳои молиявӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845)
1. Хароҷотҳо барои пардохти фоизҳо тибқи созишномаҳои молиявие, ки харидор онҳоро бастааст ва ба хариди молҳо барои ворид намудан тааллуқ доранд, новобаста ба он ки маблағгузорӣ аз тарафи фурӯшанда, бонк ё дигар шахс таъмин шудааст, набояд ба арзиши гумрукӣ ҳамроҳ карда шаванд, ба шарте ки созишномаи молиявӣ хаттӣ анҷом дода шудааст ва харидор ҳангоми зарурат метавонад тасдиқ намояд, ки:
- нархи нишондодашудаи мол ба арзиши воқеан пардохтшуда ё пардохтшаванда баробар аст;
- меъёри фоиз аз меъёри маъмули барои аксарияти чунин созишномаҳо дар кишваре, ки ҳамон вақт бо маблағгузорӣ таъмин шудааст, зиёд намебошад.
2. Хароҷотҳо барои пардохти фоизҳои созишномаҳои молиявӣ аз арзиши воқеан пардохтшуда ё пардохтшаванда алоҳида нишон дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
Моддаи 355(2). Арзиши ҳомили таъминоти барномавӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845)
1. Ҳангоми муайян намудани арзиши гумрукии ҳомили ахборотии воридшаванда, ки маълумот ё дастурамалҳои барномавӣ барои истифодаи таҷҳизот барои коркарди маълумотро доро мебошанд (таъминоти барномавӣ), нарх ё арзиши таъминоти барномавӣ набояд ба арзиши гумрукӣ ҳамроҳ карда шаванд, ба шарте ки нарх ё арзиш аз арзиши ҳомили таъминоти барномавӣ алоҳида нишон дода шуда бошанд.
2. Мафҳуми "ҳомили таъминоти барномавӣ", ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр гардидааст, маънои схемаи интегралӣ, нимноқил ва дастгоҳҳои амсоли он ё маҳсулотҳое, ки чунин схема ва дастгоҳҳоро дар бар мегиранд, надорад.
3. Мафҳуми "маълумот ё дастурамалҳои барномавӣ", ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр гардидааст, маънои маълумот ё дастурамалҳои овозӣ, кино ё видеоиро надорад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
Моддаи 356. Усули муайян кардани арзиши гумрукӣ тибқи нархи муомилоти моли шабеҳ
1. Ҳангоми истифодаи усули муайян кардани арзиши гумрукии нархи муомилоти моли шабеҳ ҳамчун асоси муайян намудани арзиши гумрукии мол нархи муомилоти моли шабеҳ бо шарти риояи ҳолатҳои дар ҳамин модда зикргардида истифода карда мешавад.
2. Таҳти моли шабеҳ моле фаҳмида мешавад, ки бо моли арзишашон муайяншаванда тибқи хусусиятҳои зерин шабеҳ аст:
1) хусусияти физикӣ;
2) сифат ва қурб дар бозор.
3. Ҳангоми истифодаи усули арзиши гумрукӣ дар асоси ҳамин модда:
1) мол ба моли арзёбишаванда шабеҳ ҳисоб намеёбад, агар мол дар давлати истеҳсолшудаи моли арзишашон муайяншаванда истеҳсол нашуда бошад;
2) моле, ки онро на истеҳсолкунандаи моли арзишаш муайяншаванда, балки шахси дигар истеҳсол кардааст, ба инобат гирифта мешавад, ба шарте, агар моли шабеҳи арзишаш муайяншавандаи шахси истеҳсолкарда мавҷуд набошад;
3) мол шабеҳ ҳисобида намешавад, агар корҳои тарҳрези таҷрибавӣ, озмоишию конструкторӣ, ороиши бадеӣ, дизайн, ангора ё нақшаҳои он:
- ба харидор аз тарафи фурӯшанда ройгон ё бо нархи арзон ба мақсади истифода дар истеҳсолот ва фурӯш барои содирот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда бошад;
- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шуда, аз ҳамин сабаб арзиши он ба арзиши гумрукии мол дар асоси сархати панҷуми банди 4 қисми 2 моддаи 355 ҳамин Кодекс ҳамроҳ карда нашудааст.
4. Фарқияти ночиз дар намуди зоҳири барои баррасӣ нашудани ин мол ҳамчун моли шабеҳ асос шуда наметавонад, ба шарте агар ин гуна мол ба талаботи ҳамин модда ҷавобгӯ бошад.
5. Нархи муомилоти моли шабеҳ барои муайян намудани арзиши гумрукии онҳо ҳамчун асос қабул карда мешавад, ба шарте агар ин мол:
1) барои ворид намудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта шуда бошад;
2) ҳамзамон бо моли арзиши гумрукиаш муайяншаванда ё камаш то 90 рӯзи тақвими пеш аз воридоти моли арзишаш муайяншаванда ворид карда шуда бошад;
3) тақрибан ба ҳамон миқдор ва ҳамон сатҳи тиҷоратӣ ворид карда шуда бошанд;
6. Агар мол ба ҳамон миқдор ва сатҳи тиҷоратӣ (яклухт, чакана) ворид нашуда бошад, мумкин аст арзиши моли монанди ба миқдори дигар ва дараҷаи тиҷоратии дигар воридшуда (яклухт, чакана) бо тасҳеҳи нарх бо назардошти ин фарқиятҳо истифода карда шавад.
7. Агар арзиши хароҷоте, ки дар бандҳои 1 ва 2 қисми 2 моддаи 355 ҳамин Кодекс зикр шуда барои моли шабеҳ ба сабаби фосилаи роҳ ва навъи воситаи нақлиёт аз арзиши чунин хароҷоти моли арзишашон муайяншаванда бисёр фарқ кунад, арзиши гумрукӣ, ки тибқи муомилоти моли шабеҳ муайян карда мешавад, бояд ба таври дахлдор тасҳеҳ карда шавад.
8. Молҳои шабеҳ бояд мувофиқи талаботи пешбининамудаи қисмҳои 6 ва 7 ҳамин модда дар асоси маълумоти аниқ ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшуда тасҳеҳ карда шаванд.
9. Агар дар натиҷаи истифодаи усули мазкур зиёда аз як нархи муомилоти моли шабеҳ пайдо шавад, барои муайян намудани арзиши гумрукии моли воридоти нархи аз ҳама пасти онҳо истифода карда мешавад.
Моддаи 357. Усули муайян намудани арзиши гумрукӣ тибқи нархи муомилоти моли ҳамҷинс
1. Ҳангоми истифодаи усули муайян намудани арзиши мол тибқи нархи муомилоти моли ҳамҷинс ҳамчун асос барои муайян намудани арзиши гумрукии мол бо риояи шартҳои дар ҳамин модда нишондодашуда нархи муомилоти моле истифода мешавад, ки бо моли воридшаванда ҳамҷинс мебошад.
2. Молҳои ҳамҷинс моли ба ҳам шабеҳ нест, вале хусусиятҳои ба ҳам монанд дошта, аз унсурҳои ба ҳам монанд иборат аст, ки ба онҳо имконият медиҳад ба мисли моли арзишаш муайяншаванда вазифаҳои якхеларо иҷро намояд ва дар доду гирифт якдигарро иваз карда тавонад.
3. Ҳангоми муайян намудани ҳамҷинсии мол хусусиятҳои зерини он ба инобат гирифта мешаванд:
1) сифат ва нишони молӣ;
2) қурб дар бозор.
4. Ҳангоми истифодаи усули муайян намудани арзиши гумрукии мол тибқи нархи муомилоти моли ҳамҷинс муқаррароти қисмҳои 4 - 9 моддаи 356 ҳамин Кодекс татбиқ карда мешавад.
5. Ҳангоми истифодаи усули мазкури муайян намудани арзиши гумрукӣ:
1) мол бо моли арзишаш муайяншаванда ҳамҷинс ҳисоб карда намешавад, ба шарте агар он дар кишвари истеҳсолкардаи моли арзишаш муайяншаванда истеҳсол нашуда бошад;
2) моле, ки онро на истеҳсолкунандаи моли арзишаш муайяншаванда, балки шахси дигар истеҳсол намудааст, ба инобат гирифта мешавад, ба шарте агар моли ҳамҷинси истеҳсолкардаи арзишаш муайяншавандаи ҳамон истеҳсолкунанда мавҷуд набошад;
3) мол ҳамҷинс ҳисобида намешавад, ба шарте агар корҳои тарҳрезӣ, таҷрибавӣ, озмоишию конструкторӣ, ороиши бадеӣ, дизайн, ангора ё нақшаҳои он:
- ба харидор аз тарафи фурӯшанда ройгон дода ё бо нархи арзон ҷиҳати истифода дар истеҳсолот ва барои содир кардан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта шуда бошад;
- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шуда, аз ҳамин сабаб арзиши он ба арзиши гумрукии мол дар асоси сархати панҷуми банди 4 қисми 2 моддаи 355 ҳамин Кодекс ҳамроҳ карда нашуда бошад.
Моддаи 358. Усули муайян намудани арзиши гумрукӣ дар асоси тарҳи арзиш
1. Арзиши гумрукии мол тибқи усули нархгузорӣ дар асоси тарҳи арзиш дар он ҳолате муайян карда мешавад, ки моли нархгузоришавандаи шабеҳ ва ҳамҷинс бе тағйири ҳолати аввалиаш фурӯхта шавад.
2. Ҳангоми истифодаи усули тарҳи арзиш барои муайян намудани арзиши гумрукии мол нархи воҳиди моле чун асос қабул карда мешавад, ки тибқи он моли шабеҳ ва ҳамҷинс дар баробари воридоти моли нархгузоришаванда ба шахсони бо фурӯшанда новобаста ба миқдори хеле зиёд яклухт фурӯхта мешавад.
3. Дар баробари ин мол бояд ҳамзамон бо воридоти моли нархгузоришаванда дар як вақт фурӯхта шавад ва дар сурати дар ин муддат фурӯхта нашуданаш бояд дар давраи наздиктари воридоти моли нархгузоришаванда, яъне дар муддати на дертар аз 90 рӯзи тақвимии воридоти моли нархгузоришаванда фурӯхта шавад.
4. Аз нархи воҳиди мол хароҷоти зерин тарҳ мешавад:
1) хароҷоти комиссионии пардохтшаванда ё мувофиқашудаи пардохт ё иловапулӣ бо мақсади гирифтани фоида ва пӯшонидани тамоми хароҷоти марбути фурӯши моли воридотии ҳамин навъ ё намуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) маблағи боҷҳои воридотӣ, андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми воридот ё фурӯши он супурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
3) хароҷоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшаванда барои борбарӣ, суғурта, корҳои борбардорӣ ва борфарории дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашаванда (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
5. Моли ҳамон як намуд ё гурӯҳ ҳамон молест, ки ба гурӯҳ ва дараҷаи моли дар соҳаи муайяни саноат истеҳсолшуда марбутаст, моли шабеҳ ё ҳамҷинсро дар бар мегирад, вале танҳо бо ин хусусиятҳо маҳдуд намешавад.
6. Ҳангоми дар фурӯш набудани моли шабеҳ ё ҳамҷинси нархгузоришаванда дар ҳамон ҳолате, ки ҳангоми воридот қарор дошт, бо хоҳиши декларант нархи моли коркардшуда бо тарҳи арзиши иловашуда ва риояи талаботи қисмҳои 2-4 ҳамин модда истифода шуда метавонад.
Моддаи 359. Усули муайян намудани арзиши гумрукӣ дар асоси ҷамъи арзиш
1. Ҳангоми истифодаи усули баҳодиҳӣ дар асоси ҷамъи арзиш асос барои муайян намудани арзиши гумрукии мол нархи мол бо роҳи ҷамъ кардани арзишҳои зерин истифода мешавад:
1) арзиши масолеҳ ва хароҷоти истеҳсолкунанда ҳангоми истеҳсоли моли нархгузоришаванда;
2) маблағи даромад ва хароҷоти умумии ба нарх ҳамроҳшаванда ҳангоми фурӯши моли ҳамин навъ ва намуд, мисли моли нархгузоришавандае, ки дар кишвари истеҳсолкунанда барои содирот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол шудааст;
3) арзиши хароҷоти дар бандҳои 1 ва 2 қисми 2 моддаи 355 ҳамин Кодекс зикргардида.
2. Мақомоти гумрук ҳуқуқ надоранд аз шахсони хориҷӣ бе розигии онҳо пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро барои тасдиқи арзиши гумрукӣ тибқи усули муайян намудани арзиши гумрукӣ дар асоси ҷамъи арзиш талаб намоянд. Маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки истеҳсолкунанда пешниҳод намудааст ё аз номи вай пешниҳод шудаанд, мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон метавонанд аз тарафи мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 874).
Моддаи 360. Усули эҳтиётии муайян намудани арзиши гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1298)
1. Агар арзиши гумрукии молҳо мутобиқи моддаҳои 355-359 ҳамин Кодекс муайян карда нашавад, арзиши гумрукии молҳои арзёбишаванда (воридотӣ) дар асоси маълумоте, ки дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст, бо роҳи истифодаи тарзу усулҳои ба принсипҳо ва муқаррароти ҳамин Кодекс мувофиқ муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
2. Усулҳои муайян кардани арзиши гумрукии молҳои мутобиқи ҳамин модда истифодашаванда усулҳое мебошанд, ки бо моддаҳои 355-359 ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидаанд. Ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии молҳо мутобиқи ҳамин модда зимни татбиқи усулҳои мазкур ба амалҳои зерин иҷозат дода мешавад:
1) барои муайян кардани арзиши гумрукии молҳои нархгузоришаванда (воридотӣ) метавонад арзиши аҳд бо молҳои шабеҳ ё ҳамҷинсе, ки дар кишвари дигар нисбат ба кишвари истеҳсолкунандаи молҳои арзёбишаванда истеҳсол гардидаанд, ба асос гирифта шавад;
2) ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии молҳо дар асоси арзиши аҳдҳо бо молҳои шабеҳ ё ҳамҷинс ба инҳирофи оқилонаи талаботи муқаррарнамудаи моддаҳои 356 ва 357 ҳамин Кодекс дар хусуси он, ки молҳои шабеҳ ё ҳамҷинс бояд дар худи ҳамон давра ё давраи ба он мувофиқ чун молҳои арзёбишаванда ворид карда шаванд;
3) барои муайян кардани арзиши гумрукии молҳо метавонад арзиши гумрукии молҳои шабеҳ ё ҳамҷинс, ки мутобиқи моддаҳои 358 ва 359 ҳамин Кодекс муайян гардидааст, ба асос гирифта шавад;
4) ҳангоми муайян кардани арзиши гумрукии молҳо дар асоси усули тарҳи арзиш ба инҳирофи мӯҳлати муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 358 ҳамин Кодекс роҳ дода мешавад.
3. Барои муайян кардани арзиши гумрукии молҳо мутобиқи ҳамин модда истифода шуда наметавонанд:
1) нархи молҳо дар бозори дохштаи кишвари содирот (кишваре, ки аз он мол бароварда шудааст);
2) нархи моли аз кишвари содирот ба кишварҳои сеюм таҳвилшаванда;
3) нархи молҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) хароҷоти дигар нисбат ба арзиши ҳисобӣ барои молҳои шабеҳ ё ҳамҷинс мутобиқи моддаи 359 ҳамин Кодекс муайян гардидааст;
5) нархе, ки барои мақсадҳои гумрукӣ қабули арзиши баландтаринро аз байни ду арзиши алтернативӣ пешбинӣ менамояд;
6) арзиши худсарона ё қалбакӣ;
7) арзиши ҳадди ақалли гумрукӣ.
4. Дар сурати татбиқ намудани моддаи мазкур мақомоти гумрук ӯҳдадор аст дар шакли электронӣ ё хаттӣ манбаи маълумоти истифодашударо ишора кунанд, инчунин ҳисоби дақиқи дар асоси он баровардашударо пешниҳод намоянд (Қонуни ҶТ аз 15.03.2016 № 1298аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 361. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои тасдиқи арзиши гумрукии арзшуда
1. Барои тасдиқи маълумоти арзшуда оид ба арзиши гумруки декларант бояд ҳуҷҷатҳои зеринро дар шакли электронӣ тавассути низомҳои иттилоотии мақомоти гумрук пешниҳод намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) шакли варақаи арзиши гумрукӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 4 моддаи 362 ҳамин Кодекс (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
2) шартнома ва созишномаҳои иловаги ба он, ки маълумоташон барои муайян намудани арзиши гумрукии мол таъсир мерасонад;
3) ҳисобнома-фактура (инвойс) ё ҳисобнома - проформа (барои муомилоти ғайри хариду фурӯш);
4) ҳуҷҷатҳои пардохт, ки арзиши молро тасдиқ мекунанд, агар тибқи шарти пардохт оид ба муомилот дар рӯзи пешниҳоди декларатсияи гумрукӣ арзиши мол пурра ё қисман пардохта шуда бошад;
5) ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ ва суғуртавӣ, агар хароҷоти интиқол ва суғуртаро тибқи шартҳои молрасони харидор пардохт намояд.
6) ҳисобнома барои интиқол ё гувоҳномаи расман тасдиқшуда дар бораи хароҷоти нақлиёти дар ҳолатҳое, ки хароҷоти нақлиёти ба ҳисобнома - фактура дохил карда нашуда, вале аз тарафи харидор пардохта шуда бошад;
7) нусхаи декларатсияи гумрукии кишвари фиристонандаи мол, агар декларант онро пешниҳод карда тавонад;
2. Агар барои тасдиқи арзиши гумрукии арзгардида ҳуҷҷатҳои дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда нокифоя бошанд, декларант метавонад ҳуҷҷатҳои зерини иловагиро дар шакли электронӣ пешниҳод намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) ҳуҷҷатҳои таъсисотии шахси интиқолдиҳандаи бор;
2) қарордодҳо бо тарафи сеюм, ки ба муомила дахл доранд;
3) ҳисобномаҳои пардохтӣ ба шахсони сеюм ба фоидаи фурӯшанда;
4) ҳисобномаҳои хизмати комиссионӣ ва миёнаравӣ (брокерӣ), ки ба муомилоти моли нархгузоришаванда дахл доранд;
5) нусхаҳо (иқтибос) аз ҳуҷҷатҳои бухгалтерии харидор, ки арзиши молро тасдиқ мекунанд;
6) шартномаҳои иҷозатномадиҳӣ ва муаллифӣ;
7) расидҳои анборӣ;
8) фармоиш барои фиристодани мол;
9) феҳрастҳо (каталогҳо), номнависи (спетсификатсияи) бор нархномаҳои ширкатҳои истеҳсолкунанда;
10) калкулятсияи ширкати истеҳсолкунанда ҷиҳати моли нархгузоришаванда;
11) ҳуҷҷатҳои дигаре, ки барои тасдиқи маълумоти дар шакли варақаи арзгардидаи арзиши гумрукӣ истифода карда мешаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
3. Дар сурати аз ҷониби мақоми гумрук гирифтани ҳуҷҷатҳои аслии дар ин модда номбаршуда, пас аз баровардани мол ин ҳуҷҷатҳо бояд ба декларант баргардонида шаванд ва дар давоми панҷ сол аз рӯзи бақайдгирии декларатсияи гумрукӣ нигоҳ дошта шаванд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
Моддаи 362. Шартҳои арзи арзиши гумрукии мол
1. Арзиши гумрукии молро декларант ҳангоми декларатсиякунонии мол бо пур кардани шакли электронии варақаи арзиши гумрукӣ, ки намуна ва тартиби пур кардани онро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар намудааст, арз менамояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
2. Арзиши гумрукии арзнамудаи декларант ва маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, ки ба муайян кардани арзиши гумрукии мол дахл доранд, бояд ба маълумоти дурусти миқдоран аниқ ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшуда асос ёбанд.
3. Шакли варақаи арзиши гумрукӣ ба ҳамаи молҳои аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқолшаванда тибқи низоми гумрукии иҷозати мол дар муомилоти озод ё содироти мол, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 4 ҳамин модда зикршуда, пур карда мешавад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4. Шакли варақаи арзиши гумрукӣ пур карда намешавад, агар (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) арзиши гумрукии партияи моли воридотӣ аз маблағи баробар ба 400- нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд набошад, ба истиснои молрасонии чандинкарата тибқи як қарордод, ҳамчунин молрасонии чандинкаратаи моли якхела аз тарафи як фиристонанда ба унвони як гиранда тибқи қарордодҳои мухталиф (Конун аз 06.10.2008с. № 437);
2) меъёру шартҳои муқаррарнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати моле, ки шахсони воқеӣ аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳанд, риоя шаванд.
5. Дар ҳолатҳои дар қисми 4 ҳамин модда зикршуда арзиши гумрукӣ дар декларатсияи гумрукӣ арз карда мешавад.
Моддаи 363. Тасҳеҳи арзиши гумрукии мол
1. Арзиши гумрукии мол дар ҳолатҳои зерин тасҳеҳ карда мешавад, агар:
1) дар рафти барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукии арзиши гумрукӣ:
- номувофиқии усули муайян кардани арзиши гумрукии моли арзнамудаи декларант, миқдор ва (ё) сохтори арзиши гумрукии мол дар ҳуҷҷатҳои барои тасдиқи онҳо пешниҳодшуда ошкор шуда бошад, ба истиснои ҳолатҳои муқарраркардаи қисми 3 ҳамин модда;
- дар шакли варақаи арзиши гумрукӣ хатои техникӣ ошкор шудааст, ки ба андозаи арзиши гумрукии арзшуда таъсир расонидааст (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
- мол мувофиқи моддаи 366 ҳамин Кодекс бо истифодаи маълумоти нархгузории дар ихтиёри мақомоти гумрук буда шартан ба муомилоти озод иҷозат дода шуда, ба ихтиёри декларант вогузошта шуда бошад;
2) баъди иҷозати мол:
- дар асоси маълумоти иловагии пешниҳоднамудаи декларант ҳангоми муайян намудани арзиши пурраи (ниҳоии) гумрукии моли шартан иҷозат додашуда ё ҳангоми нархгузории гумрукие, ки мақомоти гумрук нисбати моли шартан ҷавоб додашуда анҷом додааст;
- саҳви техникие, ки ҳангоми декларатсиякунонии мол ошкор гардида, ба андоза ва ё сохтори арзиши гумрукӣ таъсир расонидааст;
- мол нодуруст декларатсия карда шуда бошад, ки дар рафти тафтиши навбати (ҳангоми тафтиши бастаи ҳуҷҷатҳои назоратии дар мақомоти гумрук маҳфузбуда ва ҳангоми тафтиши иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва фаъолияти дигар) ошкор шуда бошад;
- номувофиқии арзиши гумрукии арзшуда дар рӯзи бақайдгирии декларатсияи гумрукӣ бо арзиши ҳақиқии мол, аз сабаби номувофиқии моли воридотӣ ё содиротӣ тибқи миқдор ва (ё) сифат бо шартҳои қарордоди (шартномаи) савдои хориҷӣ;
3) нархи муомила бинобар назорати давлатии нархгузории трансфертӣ тағйир ёфта бошад;
2. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи номувофиқии миқдори мол инҳо мебошанд:
1) нисбати молҳое, ки аз пардохтҳои гумрукӣ озоданд, даъвосанади (санади қабули) мувофиқашудаи содиркунанда (воридкунанда) оид ба миқдор бо иштироки намояндаи содиркунанда (воридкунанда) ва санади муоинаи мақоми гумрук мувофиқа шудааст;
2) нисбати моли дигар - хулосаи (санади) экспертизаи мустақил ва санади муоинаи мақоми гумрук.
3. Ҳангоми ошкор намудани далели гум шудан, камомад, осеб дидани (вайрон шудани) мол то лаҳзаи арз намудани арзиши гумрукии он номувофиқии арзиши арзнамудаи декларант ба андозаи дар ҳисобномафактура зикршуда боиси тасҳеҳи арзиши гумрукии мол намегардад, ба шарте агар арзиши арзгардида аз арзиши дар ҳисобнома-фактура зикршуда ба андозаи моли гумшуда, камомад, осебдида (вайроншуда) фарқ намояд. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воқеияти гум шудан, камомад ва осеб дидани (вайрон шудани) мол хулосаи (акти) экспертизаи мустақил ва санади муоинаи гумрукӣ мебошад.
Фарқият тибқи миқдор ва сифат, ки андозааш аз доираи маблағи франшизи дар шартнома мувофиқашуда намебарояд ё дар созишномаи нарх баён гардидааст, барои мақомоти гумрук барои пасту баланд кардани нарх асос шуда наметавонад.
4. Ҳангоми тағйир ёфтани нарх вобаста ба назорати давлатии трансфертии нархгузорӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи тасҳеҳи нархи муомилоти мол қарори мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар бораи ҳисоби маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мебошад.
5. Ҳангоми тасҳеҳи нарх баъди барасмиятдарории гумрукии мол дар низоми гумрукии содирот ё иҷозат барои муомилоти озод бо ҳисоб намудани боҷҳои гумрукӣ ва андози пардохтшаванда (ҳамчунин бо ташаббуси декларант то давраи фаро расидани тафтиши молиявӣ) ба фарқияти байни ҳисобшуда ва воқеан пардохт гардидаи боҷҳои гумрукӣ ва андоз барои ҳар рӯзи таъхири пардохт ба миқдори фоизи муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ҳисоб карда мешавад. Фоиз аз рӯзи бақайдгирии декларатсияи гумрукӣ ҷиҳати барасмиятдарории гумрукӣ ҳисоб карда мешавад.
6. Намунаи варақаҳои тасҳеҳи арзиши гумрукӣ танҳо барои моле пур карда, мешавад, ки арзиши гумрукии он ва (ё) пардохтҳои гумрукӣ ва (ё) андозҳо тасхеҳ карда мешаванд. Намунаи варақаи тасҳеҳи арзиши гумрукӣ ва тартиби пур кардани он аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад. Намунаҳои мазкури тасҳеҳи арзиши гумрукӣ қисми таркибии декларатсияи гумрукӣ мебошад.
7. Баъд аз қабули ҳуҷҷатҳо барои барасмиятдарории гумрукӣ ҳамаи тасҳеҳоти арзиши гумрукии анҷомдодаи мақоми гумрук, ки аз ҷониби декларант арз шудаанд, ҳамчун арзиши гумрукии мол ҳисоб шуда, декларант метавонад нисбати онҳо тибқи тартиби муқарраршуда шикоят намояд.
Моддаи 364. Ҳуқуқу вазифаҳои декларант ҳангоми муайян намудани арзиши гумрукии мол
1. Декларант ҳуқуқ дорад:
1) дурустии маълумоти пешниҳоднамудаашро оид ба муайян намудани арзиши гумрукии мол ҳангоми шубҳа намудани мақомоти гумрук ба дурустии он исбот намояд;
2) ҳангоми зарурати аниқ намудани арзиши гумрукии арзшуда моли декларатсияшавандаро бо шарти пешниҳод намудани таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз тибқи нархгузории анҷомдодаи мақоми гумрук гирад. Ҳангоми зарурати аниқ намудани арзиши гумрукии арзнамудаи моле, ки аз он боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида намешаванд, моли декларатсияшавандаро дар сурати ӯҳдадор будан ба пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақомоти гумрук гирад;
3) аз мақомоти гумрук эзоҳи электронӣ ё хаттии сабаби қабул нашудани арзиши гумрукии молро талаб намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186).
4) дар сурати рози набудан бо қарори мақоми гумрук нисбати муайян намудани арзиши гумрукии мол аз ин қарор мувофиқи тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят пеш оварад.
5) аз мақомоти гумрук нисбати арзиши гумрукии моле, ки аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи моддаҳои 41-44 ҳамин Кодекс интиқол дода мешавад, қарори пешакӣ гирад.
2. Декларант вазифадор аст:
1) арзиши гумрукии молро арз намояд ва маълумоти дахлдори муайянкунандаи онро, ки ба маълумоти дуруст ва миқдоран муайян ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқгардида асос ёфтааст, пешниҳод намояд;
2) ҳангоми зарурати тасдиқи арзиши гумрукии арзшуда мувофиқи талаби мақоми гумрук ба он маълумоти зарурии тасдиқиро пешниҳод намояд;
3) тамоми хароҷоти иловагии аниқ намудани арзиши гумрукии арзкардаи худ ё хароҷоти ба мақоми гумрук пешниҳод намудани маълумоти иловагиро ба зимма гирад.
Моддаи 365. Ҳуқуқу вазифаҳои мақоми гумрук ҷиҳати муайян намудани арзиши гумрукии мол
1. Мақоми гумруки барасмиятдарорандаи мол ҳуқуқ дорад:
1) дар бораи раво будани усули муайян намудани арзиши гумрукии мол, ки декларант интихоб намудааст ва дурустии муайян намудани арзиши гумрукии мол аз тарафи декларант дар асоси ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешниҳоднамудаи декларант, ҳамчунин дар асоси маълумоти дар ихтиёри худ доштааш, ки барои муайян кардани арзиши гумрукӣ истифода мешавад, қарор қабул кунад;
2) ба таври лектронӣ ё хаттӣ аз декларант ҳуҷҷату маълумоти иловагиро талаб намояд, ба шарте ки ҳуҷҷатҳо ва маълумоти пешниҳоднамудаи декларант барои қабули қарор оид ба арзиши гумрукии арзшуда нокифоя бошанд ва барои пешниҳод намудани онҳо мӯҳлати кифояро муқаррар намояд. Дар ин ҳолат талаби ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои ба қайд нагирифтани декларатсияи гумрукӣ ва иҷозати мол асос шуда наметавонад (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186);
3) ҳангоми набудани ҳуҷҷату маълумоте, ки дурустии муайян намудани арзиши гумрукии арзнамудаи декларантро тасдиқ мекунанд ё ҳангоми мавҷуд будани асоси он ки маълумоти пешниҳодкардаи декларант боэътимод ва кофи нест, арзиши гумрукии моли декларатсияшавандаро мустақилона бо истифодаи пайдарҳамии усулҳои муайян кардани арзиши гумрукии мол, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, дар асоси маълумоти дар ихтиёрдоштааш (аз ҷумла маълумоти нархгузории моли шабеҳ ва ҳамҷинс) мувофиқи ҳамин Кодекс тасҳеҳ карда, мустақилона муайян намояд;
2. Мақоми гумрук вазифадор аст бо дархости электронӣ ё хаттии декларант маълумоти зеринро дар шакли электронӣ ё хаттӣ пешниҳод намояд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2025 №2186):
1) маълумот дар бораи тартиб ва усули муайян намудани арзиши гумрукии мол ҳангоми муайян намудани он аз тарафи мақомоти гумрук;
2) шарҳи сабабҳое, ки арзиши гумрукии арзнамудаи декларантро мақомоти гумрук қабул карда наметавонад.
Моддаи 366. Иҷозати шартии мол бо истифодаи маълумоти нархгузории мақомоти гумрук
1. Ҳангоми ғайриимкон будани усули муайян намудани арзиши гумрукии мол тибқи нархи муомилоти моли воридотӣ аз сабаби набудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи арзиши гумрукӣ, инчунин ҳангоми зарурати муайян кардани арзиши гумрукии арзнамудаи декларант мақоми гумрук ҳуқуқ дорад иҷозати шартии молро анҷом диҳад, ба шарте ки пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз дар асоси нархгузории мол тибқи маълумоти нархгузории дар ихтиёрдоштаи мақоми гумрук таъмин шуда бошад.
2. Маълумоти нархгузории дар ихтиёри мақомоти гумрук буда аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо истифодаи маълумоти омории декларатсияҳои мол, ки дар асоси маълумоти дуруст, миқдоран муайяншуда ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқшуда барасмият дароварда шудаанд, ташаккул меёбад (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906аз 01.10.2025 №2186).
3. Мӯҳлати амали таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз рӯзи иҷозати мол 60 рӯзи тақвими аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки ҳуҷҷатҳои пардохт бояд ба сифати ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда пешниҳод шуда бошанд ва тибқи шарти муомила мӯҳлати пардохт аз мӯҳлати мазкур зиёд бошад.
4. Баъди аз тарафи декларант пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи арзиши гумрукии арзшуда таъмини пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи боби 46 ҳамин Кодекс бо пур кардани намунаи варақаи тасҳеҳи арзиши гумрукӣ баргардонида ё ба ҳисоб гирифта мешавад.
5. Ҳангоми пешниҳод нашудани ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи арзиши гумрукии мол, баъди гузаштани мӯҳлати муқарраршуда маблағи пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, ки бо истифода аз нархи шартии мол ҳисоб карда шудааст, бо роҳи аз тарафи шахси мансабдори мақомоти гумрук пур кардани намунаи варақаи тасҳеҳи арзиши гумрукии мол, ки қарори ниҳои нисбати арзиши гумрукии мол мебошад, ба буҷети давлати гузаронида мешавад.