МОНИТОРИНГИ АНДОЗӢ | 1994

Моддаи 71. Муқаррароти умумии мониторинги андозӣ
1. Мониторинги андозӣ амали ихтиёрии андозсупоранда буда, он дар асоси созишномаи мутақобилаи байни мақомоти андоз ва андозсупоранда бо мақсади пешгирии ҳолатҳои риоя нагардидани қонунгузории андоз гузаронида мешавад.
2. Мониторинги андозӣ нисбат ба андозсупорандае гузаронида мешавад, ки даромади умумии ӯ дар соли гузаштаи ҳисоботӣ зиёда аз 15 000 000 (понздаҳ миллион) сомониро ташкил медиҳад.
3. Мониторинги андозӣ дар асоси дархости андозсупоранда гузаронида шуда, он давраи аз 1 январи соли навбатии ҳисоботӣ оғоз гардида, муҳлати дар созишнома пешбинишударо дар бар мегирад. Давраи гузаронидани мониторинги андозӣ бояд на камтар аз як соли пурраи молиявиро дар бар гирад.
4. Дар давраи мониторинги андозӣ гузаронидани назорати камералӣ, муоинаи хронометражӣ ва санҷиши андозӣ манъ аст.
5. Шахси масъули мақомоти андоз нисбат ба маълумоте, ки аз ҷониби андозсупоранда дар доираи мониторинги андозӣ пешниҳод гардидааст, ҳар моҳ расман хулоса (дар шакли хаттӣ ё электронӣ) пешниҳод менамояд.
6. Нисбат ба андозсупорандае, ки таҳти мониторинги андозӣ қарор дода мешавад, татбиқи ҷаримаҳо барои маблағҳои илова ҳисобшуда амалӣ карда намешавад, агар шахси масъули мақомоти андоз андозсупорандаро оид ба камбудиҳои муайяншуда расман огоҳ накарда бошад.
  Моддаи 72. Ҳамкории иттилоотӣ
1. Ҳамкории иттилоотӣ байни мақомоти андоз ва андосупорандае, ки дар мониторинги андозӣ иштирок мекунад, дар асоси созишнома амалӣ карда мешавад.
2. Дар созишнома уҳдадориҳои мутақобилаи андозсупоранда ва мақомоти андоз оид ба пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ ва маълумоте, ки барои амалӣ намудани мониторинги андозӣ ҳатмӣ мебошанд, инчунин тартиби дастрасии шахси масъули мақомоти андоз ба низоми иттилоотии андозсупоранда муқаррар карда мешаванд.
3. Шакли намунавии созишномаи дар бораи ҳамкории иттилоотии байни мақомоти андоз ва андозсупорандаро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия тасдиқ менамояд.
  Моддаи 73. Қарор дар бораи гузаронидани мониторинги андозӣ
1. Қарор дар бораи гузаронидани мониторинги андозӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси аризаи андозсупоранда қабул карда мешавад.
2. Шакли ариза дар бораи гузаронидани мониторинги андозӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
3. Ариза барои гузаронидани мониторинги андозӣ бояд аз ҷониби андозсупоранда на дертар аз 1 июли соли қабл аз оғози давраи гузаронидани мониторинги андозӣ пешниҳод карда шавад.
4. Андозсупорандае, ки барои гузаронидани мониторинги андозӣ ариза пешниҳод намудааст, қабл аз қабули қарори мақомоти андоз дар бораи гузаронидан ё рад кардани он, метавонад аризаи худро бозхонд намояд.
5. Мақоми ваколатдори давлатӣ аз рӯи натиҷаҳои баррасии аризаи андозсупоранда то 1 ноябри соле, ки ариза пешниҳод шудааст, дар бораи гузаронидани мониторинги андозӣ ё рад кардани он қарор қабул мекунад.
6. Қарор дар бораи рад кардани гузаронидани мониторинги андозӣ бояд асоснок карда шавад.
7. Асос барои қабули қарори рад кардани гузаронидани мониторинги андозӣ риоя нагардидани муқаррароти пешбининамудаи қисми 2 моддаи 71 Кодекси мазкур мебошад.
8. Қарор дар бораи гузаронидани мониторинги андозӣ ё рад кардани он дар давоми 5 рӯзи пас аз қабули қарор ба аризадиҳанда фиристода мешавад.
  Моддаи 74. Тартиби гузаронидани мониторинги андозӣ
1. Мониторинги андозӣ аз ҷониби шахси ваколатдори мақомоти андоз дар доираи уҳдадориҳои хизматии ӯ ва созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ гузаронида мешавад.
2. Ҳангоми гузаронидани мониторинги андозӣ шахси ваколатдори мақомоти андоз ҳуқуқ дорад аз андозсупоранда маълумот, ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва тавзеҳот вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ва пардохтҳои ҳатмиро талаб намояд.
3. Маълумот, ҳуҷҷатҳо ва тавзеҳоти дархостшударо андозсупоранда ба таври хаттӣ ё электронӣ пешниҳод менамояд. Тасдиқи нотариалии нусхаи ҳуҷҷатҳои ба шахси ваколатдори мақомоти андоз пешниҳодшаванда ҳатмӣ намебошад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.
4. Дархост дар бораи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба андозсупоранда аз ҷониби шахси ваколатдори мақомоти андоз дар шакли электронӣ ирсол карда мешавад.
5. Маълумот, ҳуҷҷатҳо ва тавзеҳот, ки дар ҷараёни гузаронидани мониторинги андозӣ мутобиқи қисми 3 ҳамин модда дархост шудаанд, аз ҷониби андозсупоранда дар давоми 5 рӯз пас аз санаи гирифтани дархост пешниҳод карда мешаванд.
6. Агар дархости шахси ваколатдори мақомоти андоз дар муҳлати муқарраршуда иҷро карда нашавад, андозсупоранда дар бораи имконнопазирии иҷрои он бо нишон додани сабабҳо ва муҳлате, ки ӯ метавонад маълумот, ҳуҷҷатҳо ва тавзеҳоти дархостшударо пешниҳод кунад, шахси ваколатдори мақомоти андозро расман огоҳ менамояд.
7. Агар аз ҷониби шахси ваколатдори мақомоти андоз ҳангоми гузаронидани мониторинги андозӣ ихтилофот ё тафовут байни маълумоти ба мақомоти андоз пешниҳоднамудаи андозсупоранда ошкор гардад, дар чунин ҳолат шахси ваколатдори мақомоти андоз расман андозсупорандаро барои пешниҳод намудани тавзеҳоти зарурӣ ё ислоҳоти дахлдор огоҳ менамояд. Андозсупоранда уҳдадор аст, ки аз лаҳзаи гирифтани огоҳинома дар давоми 10 рӯз маълумоти ислоҳшуда ва ё тавзеҳоти заруриро пешниҳод намояд.
8. Дар ҷараёни гузаронидани мониторинги андозӣ мақомоти андоз ҳуқуқ надорад ҳуҷҷатҳои қаблан дар шакли нусха ба он пешниҳодшударо такроран талаб намояд.
9. Агар пас аз баррасии тавзеҳоти пешниҳоднамудаи андозсупоранда ихтилофот ё тафовути ошкоршуда ислоҳ нашуда бошад, шахси ваколатдори мақомоти андоз тибқи муқаррароти моддаи 76 Кодекси мазкур дар ин бора хулосаи асоснок тартиб медиҳад.
  Моддаи 75. Пеш аз муҳлат қатъ кардани мониторинги андозӣ
1. Мониторинги андозӣ дар ҳолатҳои зерин пеш аз муҳлат қатъ карда мешавад, агар:
1) аз ҷониби андозсупоранда талаботи созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ таъмин нагардад ё иҷро нагардидани он барои гузаронидани мониторинги андозӣ монеъ шуда бошад;
2) маълумоти пешниҳодшуда бо маълумоти расмии дар мақомоти андозӣ мавҷудбуда мутобиқат накунад;
3) андозсупоранда дар ҷараёни гузаронидани мониторинги андозӣ зиёда аз се маротиба ҳуҷҷат (маълумот) ва тавзеҳоти заруриро пешниҳод накунад.
2. Мақомоти андоз дар давоми 10 рӯзи пас аз санаи муайян шудани ҳолатҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, аммо на дертар аз 1 июни соли баъди даврае, ки барои он мониторинги андозӣ гузаронида мешавад, андозсупорандаро дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани мониторинги андозӣ дар шакли хаттӣ огоҳ менамояд.
  Моддаи 76. Хулосаи мақомоти андоз
1. Ҳангоми гузаронидани мониторинги андозӣ мақомоти андоз бо дархости андозсупоранда ё ташаббуси худ хулоса тартиб медиҳад.
2. Хулосаи пешниҳодшуда мавқеи мақомоти андозро аз рӯи натиҷаҳои мониторинги андозӣ инъикос менамояд.
3. Шакл ва талаботи тартиб додани хулосаро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд.
4. Хулосаи мақомоти андоз ба андозсупоранда дар давоми 5 рӯз пас аз рӯзи тартиб додани он ирсол карда мешавад.
5. Хулосаи ниҳоии мақомоти андоз аз рӯи натиҷаҳои давраи мониторинги андозӣ дар давоми 3 моҳ, вале на дертар аз 1 майи соли пас аз соли ҳисоботӣ тартиб дода мешавад.
6. Дар ҳолати норозӣ будан бо хулосаи пешниҳоднамудаи мақомоти андоз, андозсупоранда дархостро барои баррасии минбаъдаи хулоса ба Шӯрои ҳалли пешазсудии баҳсҳо ирсол менамояд.
7. Андозсупоранда бояд дар муҳлати на дертар аз 1 июни пас аз давраи мониторинги андозӣ тавзеҳоти худро нисбат ба хулосаи пешниҳодгардида ба мақомоти андоз ирсол намояд.
8. Хулосаи асосноки мақомоти андоз бо дархости шахси ҳуқуқӣ дар давоми 15 рӯз аз санаи гирифтани дархост ба ин шахси ҳуқуқӣ фиристода мешавад. Ин муҳлатро мақомоти андоз метавонад барои аз ин шахси ҳуқуқӣ ё шахси дигар дархост намудани ҳуҷҷатҳои (маълумоти) зарурӣ барои омода намудани хулосаи асоснок ба 1 моҳ тамдид намояд.
9. Мақомоти андоз дар давоми 3 рӯз аз рӯзи қабули қарори дахлдор шахси ҳуқуқиро дар шакли хаттӣ дар бораи тамдиди муҳлати пешниҳоди хулосаи асоснок хабардор менамояд.
10. Шахси ҳуқуқӣ мақомоти андозро оид ба розигии худ бо хулосаи асосноки мақомоти андоз, ки ин хулосаи асоснокро тартиб додааст, дар давоми 1 моҳ аз рӯзи гирифтани он бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иҷрои хулосаи асосноки зикршуда (агар мавҷуд бошанд), огоҳ менамояд.
11. Андозсупоранда хулосаро бо назардошти мавқеи мақомоти андоз, ки дар он дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ (андозӣ) ва ҳисоботи андоз нишон дода шудааст, бо роҳи пешниҳоди ҳисоботи аниқшуда ё бо тартиби дигар ба расмиёт медарорад.
12. Дар сурати норозӣ будани андозсупоранда бо хулосаи мақомоти андоз, андозсупоранда тавзеҳоти расмии худро дар давоми 1 моҳ пас аз рӯзи гирифтани он ба мақомоти андоз пешниҳод менамояд. Мақомоти андозе, ки чунин тавзеҳотро гирифтааст, дар давоми 3 рӯз маводи дахлдорро ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои оғоз намудани расмиёти мусолиҳаи мутақобила ирсол менамояд.
13. Мақомоти андоз дар муҳлати на дертар аз 2 моҳ пас аз санаи ба охир расидани мониторинги андозӣ андозсупорандаро дар бораи мавҷуд будани (мавҷуд набудани) хулосаҳои иҷронашуда, ки ба ин андозсупоранда дар ҷараёни мониторинги андозӣ фиристода шудаанд, хабардор менамояд.
  Моддаи 77. Расмиёти мусолиҳаи мутақобила
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ пас аз гирифтани мавод оид ба натиҷаи мониторинги андозии гузаронидашуда, ки тибқи қисми 12 моддаи 76 Кодекси мазкур пешниҳод шудааст, расмиёти мусолиҳаи мутақобиларо оғоз менамояд.
2. Расмиёти мусолиҳаи мутақобила дар мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми 1 моҳ пас аз рӯзи гирифтани мавод оид ба натиҷаи мониторинги андозии гузаронидашуда бо иштироки андозсупоранда (ё намояндаи ӯ) ва мақомоти андоз, ки хулоса тартиб додааст, гузаронида мешавад.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ пас аз анҷоми расмиёти мусолиҳаи мутақобила мавқеи расмии худро бо огоҳинома дар давоми 3 рӯз ба андозсупоранда дар бораи тағйир додани хулоса ё бетағйир гузоштани он ирсол мекунад.
4. Андозсупоранда дар давоми 1 моҳ пас аз гирифтани огоҳиномаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи тағйир додан ё бетағйир мондани хулоса мавқеи худро расман ба мақомоти андоз ва мақоми ваколатдори давлатӣ ирсол менамояд.
5. Дар ҳолати норозӣ будан ба хулосаи ниҳоии мақомоти андоз ва мавқеи дар огоҳинома инъикосёфтаи мақоми ваколатдори давлатӣ, андозсупоранда ҳуқуқ дорад ба Шӯрои ҳалли пешазсудии баҳсҳо ё мақомоти судӣ муроҷиат намояд