МИНТАҚАИ ОЗОДИ ГУМРУКӢ | 1994

Моддаи 264. Таъиноти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ
1. Минтақаи озоди гумрукӣ низоми гумрукие мебошад, ки ҳангоми он молҳои хориҷӣ ва ватанӣ дар ҳудуди сарҳади дахлдор дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, бо роҳи пурра ё қисман озод намудан аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз, инчунин бе истифодаи мамнӯият ва маҳдудияти дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир ва истифода бурда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845, аз 30.05.2017 № 1421).
2. Минтақаи озоди иқтисодӣ ҳамчун ҳудуде, ки дар он низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ амал мекунад, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845, аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 265. Моле, ки барои ҷойгир намудан таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ иҷозат дода мешавад
1. Таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ моле иҷозат дода мешавад, ки барои ноил шудан ба мақсадҳои ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ зарураст, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845).
2. Номгӯи молҳои барои ноил шудан ба мақсадҳои ташкили минтақаи озоди иқтисодӣ зарурӣ тибқи Низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
Моддаи 266. Амалҳое, ки нисбат ба молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиршуда ва молҳое, ки зимни амалиёти коркарди молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиршуда ҳосил шудаанд, анҷом дода мешаванд
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845)
1. Бо молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиршуда иҷрои амалиёти истеҳсолӣ ва тиҷоратии дигар, ба истиснои фурӯши чаканаи онҳо, мувофиқи номгӯи муқаррарнамудаи Низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ иҷозат дода мешавад.
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад номгӯи молҳоеро, ки барои ҷойгир карданашон таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ иҷозат дода намешавад, муайян намояд, инчунин мамнӯият ва маҳдудиятҳоро барои анҷом додани амалиёти алоҳида бо молҳое, ки таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгир карда шудаанд, муқаррар намояд.
3. Молҳое, ки таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгир карда шудаанд, метавонанд таҳти низоми гумрукии дигар, аз ҷумла низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ бо мақсади ҷойгир карданашон дар минтақаи озоди иқтисодии дигар ё таҳти расмиёти гумрукӣ бо риояи талаботу шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва (ё) санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ҷойгир карда шаванд.
4. Молҳое, ки дар натиҷаи амалиёти коркарди молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиркардашуда ҳосил шудаанд, метавонанд таҳти низомҳои гумрукии иҷозат барои муомилоти озод, содирот, реэкспорт, нобудкунӣ, даст кашидан ба манфиати давлат, инчунин таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ бо мақсади ҷойгир карданашон дар минтақаи озоди иқтисодии дигар бо риояи талаботу шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва (ё) санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ҷойгир карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845, аз 23.07.2016 № 1347).
Моддаи 267. Мӯҳлати ҷойгир намудани мол таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ
1. Мол метавонад таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ бе маҳдудияти мӯҳлат ҷойгир карда шавад, ба шарте агар минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
2. Ҳангоми барҳам додани минтақаи озоди иқтисодӣ, молҳое, ки таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгир карда шудаанд ва молҳое, ки дар натиҷаи амалиёти коркарди молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиркардашуда ҳосил шудаанд, бояд дар давоми мӯҳлати анҷомёбии расмиёти барҳамдиҳии минтақаи озоди иқтисодӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, таҳти низоми гумрукӣ ё расмиёти гумрукӣ мутобиқи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 266 ҳамин Кодекс ҷойгир карда шаванд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
3. Содироти берун аз ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии молҳое, ки таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгир карда шудаанд ва молҳое, ки дар натиҷаи амалиёти коркарди молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиркардашуда ҳосил шудаанд, ба шарте иҷозат дода мешавад, ки молҳои мазкур таҳти низоми гумрукӣ ё расмиёти гумрукӣ мутобиқи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 266 ҳамин Кодекс ҷойгир карда шаванд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
Моддаи 268. Тадбирҳо оид ба таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳои озоди гумрукӣ
1. Ҳудуде, ки барои ташкил кардани минтақаи озоди иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, бояд тарзе ободу таҷҳизонида шавад, ки тавонад риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла имконияти анҷом додани назорати гумрукиро нисбат ба молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиршуда таъмин намояд. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ талаботи ҳатмиро дар хусуси ободу таҷҳизонидани ҳудуде, ки барои ташкил кардани минтақаи озоди иқтисодӣ пешбинӣ шудааст, муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
2. Роҳбари маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ вазифадор аст (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845):
1) имконияти интиқоли молу воситаҳои нақлиётро аз ҳудуди озоди иқтисодӣ бидуни назорати гумрукӣ истисно намояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012 № 845);
2) ба мақомоти гумрук ҷиҳати фаъолият оид ба назорати гумрукии воридоту содироти мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади минтақаи озоди иқтисодӣ шароити зарурӣ фароҳам орад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845);
3) талаботи мақомоти гумрукро оид ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ иҷро намояд.
Моддаи 269. Баҳисобгирии моле, ки дар минтақаҳои озоди гумрукӣ мавҷудаст
1. Шахсоне, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолият доранд, баҳисобгирии молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиршуда ва амалиёт бо онҳоро ба роҳ мемонанд ва ба мақомоти гумрук дар хусуси онҳо бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳисобот медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
2. Ҳама гуна тағйироте, ки бо молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиршуда рух додааст, дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ бояд инъикос карда шавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
Моддаи 270. Ситонидани боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва истифодаи тадбирҳои мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодӣ
1. Ҳангоми ҷойгиронии молҳо таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумруки озодкунии пурра ва ё қисман аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз амалӣ гардида, вале тадбирҳои мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намешаванд. Ҳангоми содироти ин мол аз минтақаи озоди иқтисодӣ ба қисмати дигари ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷҳои гумрукӣ ва андоз ситонида мешаванд ва тадбирҳои мамнӯият ва маҳдудиятҳои дорои хусусияти иқтисодии муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартҳои арзшудаи низоми гумрукӣ татбиқ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
2. Далели истеҳсоли мол дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ бо сертификати истеҳсоли мол тасдиқ карда мешавад. Ҳангоми набудани сертификати мазкур мол ба таври зайл баррасӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845, аз 30.05.2017 № 1421):
1) ҳангоми содироти мол берун аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ситонидани боҷҳои гумрукии содиротӣ ва қабули тадбири мамнӯият ва маҳдудиятҳо, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, ҳамчун молҳои ватанӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
2) ҳангоми воридоти мол ба қисми дигари ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ситонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ ва қабули тадбири мамнӯият ва маҳдудиятҳо, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, ҳамчун молҳои хориҷӣ (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 271. Хусусиятҳои барасмиятдарории гумрукии мол таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ
1. Барасмиятдарории гумрукии молҳое, ки ба ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ ворид мешаванд ва таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ қарор мегиранд, инчунин молҳое, ки нисбат ба онҳо низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ тағйир меёбад, бояд бо тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ амалӣ гардад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
2. Ҳангоми тағйир додани низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ба низоми дигари гумрукӣ барасмиятдарории гумрукии молҳо, истифодаи тадбирҳои мансуб ба мамнӯияту маҳдудиятҳои мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, супоридани боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо мувофиқи шарту талаботи низоми гумрукии интихобгардида амалӣ мегардад. Ҳамзамон арзиши гумрукии мол нисбати моли истифодашаванда бо назардошти меъёрҳои амортизатсиони ҳангоми истифода (ба кор бурдан) тибқи низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ, ки мувофиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
Моддаи 272. Анҷоми низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845)
Низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҳангоми таҳти низоми гумрукӣ ё расмиёти гумрукӣ мутобиқи қисмҳои 3 ва 4 моддаи 266 ҳамин Кодекс ҷойгир кардани молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиркардашуда ва (ё) молҳое, ки дар натиҷаи амалиёти коркарди молҳои таҳти низоми гумрукии минтақаи озоди гумрукӣ ҷойгиркардашуда ҳосил шудаанд, анҷом меёбад (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).