МАҚСАД, АСОС, ТАЪИН КАРДАН ВА ТАРТИБИ ТАТБИҚИ ЧОРАҲОИ МАҶБУРИИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТИББӢ | 1994
Моддаи 96. Мақсади татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ
Мақсад аз татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ - ин муолиҷаи шахсоне, ки дар қисми 1 моддаи 97 ҳамин Кодекс зикргардида ё беҳбуди ҳолати рӯҳии онҳо, инчунин пешгирии кирдорҳои наве, ки метавонад аз ҷониби онҳо содир шавад ва дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 23.07.2016 № 1330).
Моддаи 97. Асосҳо барои татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ
1) Чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро суд метавонад ба шахсони зерин таъин намояд, ки кирдорҳои дар ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дар ҳолатҳои зерин содир намудаанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386):
а) дар ҳолати номукаллафӣ;
б) пас аз содир намудани ҷиноят мубталои бемориҳои рӯҳие гардидаанд, ки таъин ё иҷрои ҷазоро имконнопазир месозанд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35);
в) дар ҳолати ҷой доштани мукаллафии маҳдуд;
г) ҷиноят содир намуда, мӯҳтоҷи табобат аз майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикомания ё бемории сил, мебошанд (Қонуни ҶТ аз 23.11.2015 № 1228, аз 23.07.2016 № 1330).
2) Тартиби ба иҷро расонидани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Нисбати шахсони дар қисми якуми ҳамин модда номбаршудае, ки ҷинояти начандон вазнин содир намудаанд, инчунин шахсоне, ки аз рӯи ҳолати рӯҳияшон хавфе надоранд, суд метавонад маводҳои заруриро ба мақомоти тандурустӣ барои ҳалли масъалаи табобати ин шахсон ё фиристонидани онҳо ба муассисаҳои бемориҳои рӯҳу асаб мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).
Моддаи 98. Намуди чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ
1) Суд намудҳои зерини чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро таъин карда метавонад:
а) назорати маҷбурии амбулаторӣ ва табобат дар назди духтури бемориҳои рӯҳӣ (психиатр);
б) табобати маҷбурӣ дар шифохонаи умумии бемориҳои рӯҳӣ;
в) табобати маҷбурӣ дар шифохонаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рӯҳӣ;
г) табобати маҷбурӣ дар шифохонаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рӯҳӣ таҳти назорати пуршиддат.
2) Ба шахсоне, ки барои дар ҳолати мукаллафӣ содир намудани кирдорҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс маҳкум шудаанд, вале ба табобати майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикомания, ё бемории сил ва ё бемориҳои рӯҳии мукаллафиро истиснонакунанда эҳтиёҷ доранд, суд дар баробари ҷазо чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббиро дар шакли назорати маҷбурии амбулаторӣ ва табобатро дар назди духтури бемориҳои рӯҳӣ ё сил таъин карда метавонад (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 23.11.2015 № 1228, аз 23.07.2016 № 1330).
Моддаи 99. Таъин намудани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ
1) Дар ҳолати ҷой доштани асосҳои пешбининамудаи моддаи 97 ҳамин Кодекс, агар шахс тибқи ҳолати рӯҳии худ барои ҷойгиркунӣ дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ эҳтиёҷ надошта бошад, мумкин аст назорати маҷбурии амбулаторӣ ва табобат дар назди духтури бемориҳои рӯҳӣ таъин карда шавад.
2) Дар ҳолати ҷой доштани асосҳои пешбининамудаи моддаи 97 ҳамин Кодекс, агар хусусият ва вазнинии бемории рӯҳии шахс чунин шароити табобат, нигоҳубин, нигоҳдорӣ ва назоратро талаб кунад, ки танҳо дар шароити шифохона имконпазир бошад, метавонад табобати маҷбурӣ дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ таъин карда шавад.
3) Табобати маҷбурӣ дар шифохонаи умумии бемориҳои рӯҳӣ танҳо ба шахсе таъин кардан мумкин аст, ки аз рӯи ҳолати рӯҳии худ ба ҷой кардан дар шифохона эҳтиёҷ дорад, вале назорати пуршиддатро талаб намекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
4) Табобати маҷбурӣ дар шифохонаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рӯҳӣ ба шахсе таъин кардан мумкин аст, ки аз рӯи ҳолати рӯҳии худ назорати доимиро талаб мекунад.
5) Табобати маҷбурӣ дар шифохонаи махсусгардонидашудаи бемориҳои рӯҳӣ таҳти назорати пуршиддат метавонад ба шахсе таъин карда шавад, ки аз рӯи ҳолати рӯҳиаш барои худ ва шахсони дигар махсусан хавфнок буда, назорати доимию шадидро талаб мекунад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 100. Дароз кардани мӯҳлат, тағйир додан ва қатъ намудани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ
1) Дароз кардани мӯҳлат, тағйир додан ва қатъ намудани татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дар асоси хулосаи комиссияи духтурони бемориҳои рӯҳӣ аз ҷониби суд ба амал бароварда мешавад.
2) Дар ҳолати ба татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ эҳтиёҷ надоштани шахси рӯҳан бемор, инчунин дар ҳолати бекор карда шудани онҳо суд метавонад чунин шахсро барои ҳалли масъалаи тибқи асосҳои умумӣ табобат кардан ба мақомоти тандурустӣ супорад ё ба муассисаи таъминоти иҷтимоӣ фиристад ё ин ки ӯро бо шарти назорати ҳатмии духтурон ба парастории хешовандон ё васиён диҳад.
Моддаи 101. Татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ нисбати шахсони гирифтори майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикомания ё бемории сил
(Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 23.11.2015 № 1228, 23.07.2016 № 1330))
1) Дар ҳолати ҷиноят содир намудани шахсони гирифтори майзадагӣ, нашъамандӣ, токсикомания ё бемории сил суд дар ҳолати мавҷуд будани хулосаи тиббӣ метавонад дар баробари ҷазо ба онҳо чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро низ таъин намояд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386, аз 23.11.2015 № 1228, аз 23.07.2016 № 1330).
2) Шахсони дар қисми якуми ҳамин модда номбаршудае, ки ба намуди ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ вобастанабуда маҳкум шудаанд, бояд дар муассисаҳои тиббӣ маҷбуран табобат карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).
3) Шахсони дар қисми якуми ҳамин модда номбаршудае, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, бояд дар маҳалли адои ҷазо ва пас аз озод шуданашон, дар ҳолати ҷой доштани зарурат барои идома додани табобат, тибқи асосҳои умумӣ дар муассисаҳои тиббӣ табобат карда шаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386).
Моддаи 102. Ба ҳисоб гарифтани вақти татбиқи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ
Мӯҳлате, ки дар давоми он ба шахси пас аз содир намудани ҷиноят ба бемории рӯҳӣ гирифторшуда чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ татбиқ шудаанд, дар ҳолати шифо ёфтани ӯ ва таъин шудани ҷазо ё барқарор намудани татбиқи он, ба ҳисоби як рӯзи дар шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ баробар ба як рӯзи маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати ҷазо ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 103. Табобати маҷбурӣ якҷоя бо татбиқи ҷазо
1) Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми дуюми моддаи 98 ҳамин Кодекс чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ дар маҳалли адо намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ва нисбати шахсони ба намудҳои дигари ҷазо маҳкумшуда бошад дар муассисаҳои мақомоти тиббие ба иҷро расонида мешаванд, ки ба беморони рӯҳӣ кӯмаки амбулатории психиатрӣ мерасонанд (Қонуни ҶТ аз 18.06.2008 № 386).
2) Дар асоси хулосаи комиссияи духтурони бемориҳои рӯҳӣ суд метавонад чунин шахсро ҷиҳати табобат ба шифохонаи бемориҳои рӯҳӣ ё муассисаи дигари табобатӣ фиристад, агар ин ба ҳолати рӯҳии маҳкумшуда асос ёфта, ба манфиати табобат бошад.
3) Вақти табобат дар муассисаҳои нобурда ба мӯҳлати адои ҷазо ҳисоб карда мешавад. Дар ҳолати аз байн рафтани зарурати табобати маҳкумшуда дар муассисаҳои номбурда, ӯ бо қарори суд мувофиқи тартиби пешбининамудаи қисми чоруми ҳамин модда, барои адои мӯҳлати боқимондаи ҷазо фиристода мешавад.
4) Чораи маҷбурии дорои хусусияти тиббии якҷоя бо иҷрои ҷазо таъингардидаро суд бо пешниҳоди мақомоти татбиқкунандаи ҷазо, дар асоси хулосаи комиссияи духтурони бемориҳои рӯҳӣ, қатъ мекунад.