МАҚОМОТИ ГУМРУК ВА ТАЪМИНИ ФАЪОЛИЯТИ ОНҲО §1. МАҚОМОТИ ГУМРУК | 1994

Моддаи 460. Мақомоти гумрук ва мавқеи онҳо дар системаи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Мақомоти гумрук мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ буда, ҳимояи истиқлолият, амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳангоми интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.
2. Ҳеч яке аз мақомоти давлатӣ, ба истиснои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд қароре қабул кунанд, ки ба салоҳияти мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл намояд, бе иҷозати дахлдор вазифаҳои онҳоро иҷро намояд ё тағйир диҳад, ба зиммаи онҳо вазифаҳои иловагӣ гузорад ё бо роҳҳои дигар ба фаъолияти мақомоти гумрук, ки тибқи муқаррароти ҳамин Кодекс ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, дахолат намояд.
3. Таъсир расонидан ба фаъолияти хизматии кормандони мақоми гумрук манъ аст.
Моддаи 461. Сохтори мақомоти гумрук
1. Мақомоти гумрук инҳоянд:
1) мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ;
2) раёсатҳои минтақавии гумрукӣ (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1932);
3) гумрукҳо;
4) дидбонгоҳҳои гумрукӣ;
2. Ташкил, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии раёсатҳои минтақавии гумрук, гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1932).
Салоҳияти мақомоти муайяни гумрукӣ оид ба иҷрои вазифаҳои мушаххас, ба ҷо овардани амалҳои муайяни гумрукӣ, инчунин минтақаи фаъолияти мақомоти гумрукро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муайян менамояд. Мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ ҳуқуқ дорад мақомоти махсуси гумруки ташкил намояд, ки ваколатҳои онҳо барои иҷрои баъзе вазифаҳои ба зиммаи мақомоти гумрук гузошташуда ё гузаронидани амалҳои гумрукӣ нисбати навъҳои муайяни мол маҳдуд гардонида шудааст.
3. Раёсатҳои минтақавии гумрукӣ, гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ дар асоси талаботи ҳамин Кодекс, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин Низомномаи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ амал менамоянд. Гумрукҳо ва дидбонгоҳҳои гумрукӣ метавонанд шахси ҳуқуқӣ набошанд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1932).
4. Ба системаи мақомоти гумрук инчунин муассисаҳое шомиланд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб намераванд ва онҳоро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ барои таъмини фаъолияти худ таъсис медиҳад.
Моддаи 462. Вазифаҳои мақомоти гумрук
Мақомоти гумрук вазифаҳои асосии зеринро иҷро мекунанд:
1) дар таҳияи сиёсати гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, ин сиёсатро амалӣ менамоянд;
2) дар доираи салоҳияти худ ҳимояи соҳибихтиёрӣ ва амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд;
3) риояи қонунгузориҳои гумрук ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки назорати иҷрои онҳо ба зиммаи мақомоти гумрук гузошта шудааст, таъмин менамоянд;
4) мамнӯияту маҳдудиятҳои тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати моли аз сарҳади гумрукӣ интиқолшаванда муайянгардидаро таъмин менамоянд;
5) ҳуқуқу манфиати давлат ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷиро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ ҳимоя мекунанд;
6) заминаи моддию техникӣ ва иҷтимоии мақомоти гумрукро тараққи медиҳанд;
7) дар доираи салоҳияти худ барои ҳифзи амнияти миллӣ, ҳаёт ва саломатии инсон, ҳифзи муҳити зист ва арзишҳои фарҳангӣ тадбирҳо меандешанд;
8) барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукиро татбиқ мекунанд, барои тезонидани интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ шароит фароҳам меоранд;
9) боҷҳои гумрукӣ, андоз, хироҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ, боҷҳои зиддидемпингӣ, махсус, боҷҳои ҷубронӣ, ҷаримаҳои ҳуқуқвайронкунии гумрукиро меситонанд, дуруст ва сари вақт ҳисоб ва супоридани ин боҷу хироҷ ва андозҳоро таҳти назорат мегиранд, барои маҷбуран ситонидани онҳо чора меандешанд;
10) тартиби аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани молу воситаҳои нақлиётро таъмин менамоянд;
11) дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқи моликияти зеҳниро ҳимоя менамоянд;
12) бар зидди қоҷоқ ва дигар ҷинояткориҳо, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мубориза мебаранд, ғайриқонунӣ аз сарҳади гумрукӣ гузаронидани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, яроқу лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда, арзишҳои фарҳангӣ, маводи радиоактивӣ, намудҳои ҳайвоноту набототе, ки ба онҳо хатари нобудшавӣ таҳдид менамояд, узв ва маҳсули (дериватӣ) онҳо, объектҳои моликияти зеҳнм, дигар молро пешгирӣ менамоянд, инчунин ба муборизаи зидди терроризми байналмилалм ва пешгирӣ кардани дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ дар фурудгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд;
13) чораҳои заруриро ҷиҳати пешгирӣ ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон меандешанд ва бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили хавфҳои коррупсиониро дар мақомоти гумрук мегузаронанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
14) дар доираи салоҳияти худ назорати андоз, асъор, содиротӣ ва дигар намудҳои назоратро, ки ҳуқуқи анҷом доданашон ё ҳуқуқи иштирок дар анҷом додани онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти гумрук вогузор гардидааст, анҷом медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845);
15) омори гумрукии тиҷорати хориҷӣ ва Номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷиро амалӣ менамоянд;
16) иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ таъмин менамоянд, бо мақомоти гумрук ва бо мақомоти дигари босалоҳияти давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмиллалие, ки бо масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ машғуланд, ҳамкорӣ мекунанд;
17) дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ корҳои иттилоотӣ ва машваратиро ба ҷо меоранд, бо тартиби муқарраршуда мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва шаҳрвандонро бо маълумоти марбути масъалаҳои гумрукӣ таъмин менамоянд;
18) дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ корҳои илмию тадқиқотиро доир менамоянд;
19) бо дархости мақоми ваколатдор дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм" маълумотро аз низоми иттилоотии худ пешниҳод менамоянд (Қонуни ҶТ 14.11.2016 № 1366);
20) муқовимат ба экстремизмро ба воситаи пешгирии ҳолатҳои аз сарҳади гумрукӣ интиқол додани маводи экстремистии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонанд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906);
21) дигар вазифаҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамоянд (Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1906).
Моддаи 463. Парчам ва аломати фарқкунандаи мақомоти гумрук
(Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845)
Мақомоти гумрук дорои парчам ва аломати фарқкунанда мебошанд. Дар воситаҳои нақлиётии дар ихтиёри мақомоти гумрукбуда аломати фарқкунандаи гумрук ҷойгир кунонида мешавад. Тасвиру нақши парчам ва аломати фарқкунандаи мақомоти гумрукро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 03.07.2012  № 845).
Моддаи 464. Маҳалли ҷойгиршавии мақомоти гумрук
1. Мақомоти гумрук дар нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатии Чумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мебошанд. Маҳалҳои дигари ҷойгиршавии мақомоти гумрукро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ бо назардошти ҳаҷми муомилоти мол ва шумораи мусофирон, суръати рушди муносибатҳои иқтисодии хориҷии минтақаҳои алоҳида, талаботи ташкилотҳои нақлиётӣ, содиркунандагону воридкунандагон, дигар иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ муайян менамояд.
2. Мақомоти гумрук дар биноҳое қарор мегиранд, ки моликияти мақомоти гумрук мебошанд.
Мақомоти гумрук инчунин метавонад дар биноҳои марбутаи зайл қарор гиранд:
1) соҳибони анборҳои нигаҳдории муваққатӣ, анборҳои гумрукӣ, мағозаҳои савдои бебоҷ ва анборҳои озод;
2) ташкилотҳое, ки бо интиқоли байналмилалии мусофирон тавассути ҳавопаймо, нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ машғул мебошанд;
3) дигар ташкилотҳое, ки мунтазам молро ворид ва содир менамоянд.
Моддаи 465. Маҳали анҷом додани амалиёти гумрукии мақомоти гумрук
Барсмиятдароии гумрукии молу воситаҳои нақлиёт бевосита дар маҳали ҷойгиршавии мақомоти гумрук ва воҳидҳои сохтории онҳо анҷом дода мешавад. Аз рӯи дархости асосноки шахси манфиатдор ва иҷозати хаттии роҳбари мақомоти гумрук, ё шахси ваколатдори он амалиёти гумруки метавонад дар дигар маҳалҳо низ анҷом ёбад. Мақомоти гумрук барои анҷом додани амалиёти гумрукӣ дар маҳали ҷойгиршавии молу воситаҳои нақлиёт монеъ намешаванд, ба шарте агар ин самаранокии назорати гумрукиро паст нанамояд.
Моддаи 466. Вақти кории мақомоти гумрук
1. Вақти кории мақомоти гумрукро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Вақти кори мақомоти гумрук дар бандарҳо, фурудгоҳҳо ва дигар нуқтаҳои гузаргоҳи аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд бо вақти кории мақомот ва хадамоти назоратии ин гузаргоҳҳо мувофиқат намояд. Вақти кории мақомоти гумрук дар дигар маҳалҳои барасмиятдарории гумрукӣ бо назардошти талаботи ташкилотҳои нақлиётӣ ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ муқаррар карда мешаванд.
Вақти кории мақомоти гумрук дар нуқтаҳои гузаргоҳи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҷойгиршавии гузаргоҳҳои ҳамсарҳад якҷояанд, аз рӯи имконият бояд бо вақти кории мақомоти гумрукӣ ин давлатҳои ҳамсарҳад мувофиқат намоянд.
2. Аз рӯи дархости асосноки шахси манфиатдор ва ҳангоми мавҷуд будани имконоти мақомоти гумрук амалиёти алоҳидаи гумрукӣ метавонад берун аз вақти кории мақомоти гумрук анҷом дода шаванд.
§2. Ҳуқуқ, салоҳият ва ҷавобгарии мақомоти гумрук
Моддаи 467. Салоҳияти мақомоти гумрук
Мақомоти гумрук барои иҷрои вазифаҳои ба зиммашон гузошташуда салоҳият доранд, ки:
1) бо мақсади таъмини риояи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои пешбининамудаи ҳамин Кодексро андешанд;
2) ҳуҷҷатҳо, маълумотеро, ки пешниҳоди онҳо мувофиқи ҳамин Кодекс пешбинӣ гардидааст, талаб кунанд;
3) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандон ва шахсони мансабдорро, ки дар амалиёти гумрукӣ иштирок мекунанд, тафтиш намоянд;
4) аз шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ тасдиқномаи ваколати анҷом додани амалҳои алоҳида ё фаъолияти алоҳидаро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ талаб кунанд;
5) мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба мақсади ошкор кардан, пешгирӣ намудан, роҳ надодан ва кушодани ҷиноят, амалиёти таҳқиқӣ ва таъхирнопазири тафтишотӣ, ки тибқи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти салоҳияти мақомоти гумрук дониста шудааст, ошкор ва муайян намудани шахсоне, ки барои тайёр кардан, анҷом додан ва ҷиноят содир кардан гунаҳкоранд, гузаронанд (Конуни ЧТ аз 25.03.2011 № 693);
6) дар доираи салоҳияти худ гузаронидани амалиёти таҳқиқӣ ва таъхирнопазири тафтишотиро мувофиқи тартиби муайянкардаи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳанд;
7) парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ намоянд ва шахсонро барои вайрон кардани қоидаҳои маъмурӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашанд;
8) дар ҳолатҳои таъхирнопазир аз воситаҳои алоқа ё нақлиёти мансуби ташкилот ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (ба истиснои воситаҳои алоқа ва нақлиёти намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва дигар муассисаҳои давлатҳои хориҷӣ, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ) барои пешгирии ҷиноят дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ, таъқиб ва дастгир кардани шахсоне, ки ин гуна ҷиноятҳоро содир намудаанд ё шахсони барои содир кардани ҷиноят гумонбаршуда истифода баранд. Дар ин ҳолат зарар ва хароҷоти соҳибони воситаҳои нақлиёт ва алоқа мувофиқи тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад;
9) шахсонеро, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар шудаанд ё онро содир намудаанд ё содиркунандагони ҷиноят ё вайронкунандагони қоидаҳои маъмурии соҳаи фаъолияти мақомоти гумрукро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир намоянд ва ба биноҳои хизматии мақомоти гумрук ё мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонанд;
10) оид ба далелу воқеаҳои марбути интиқоли молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ ва интиқолу нигаҳдории моли таҳти низоми назорати гумрукӣ нигоҳдоришаванда, борбардорию борфурори ҳуҷҷат тартиб диҳанд, ба видео ва аудио сабт кунанд, ба навори кино ва сурат акси онҳоро гиранд;
11) аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, корхонаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсон маълумоти заруриро барои иҷрои вазифаҳои худ мувофиқи ҳамин Кодекс гиранд;
12) ба роҳбарони мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ташколотҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин ба дигар шахсон огоҳинома фиристода, талаб намоянд, ки вайронкунии қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро бартараф кунанд ва иҷрои талаботи мазкурро назорат намоянд;
13) дар ҳолатҳои зайл ба судҳо арзу даъво пешниҳод намоянд:
- дар бораи маҷбуран ситонидани боҷҳои гумрукӣ ва андоз;
- дар бораи ситонидани пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз аз ҳисоби мол;
- дар ҳолатҳои дигари пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ;
14) бо мақсади ҳамкорӣ ва кӯмак оид ба масъалаҳои татбиқи усулҳои самараноки барасмиятдарории гумрукӣ бо иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, дигар шахсоне, ки фаъолияти онҳо бо иҷрои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ алоқаманд аст ва бо иттиҳодияҳои (ассотсиатсияҳои) касбии онҳо муносибатҳои расмии машварати муқарарар намоянд ва ин муносибатҳоро дастгирӣ кунанд;
15) ҳангоми сафари хизматӣ аз ҳуқуқи пешаки банд кардани ҷой дар меҳмонхонаҳо ва дар ҳама намуди нақлиёт истифода намоянд;
16) робитаҳои байналмилалиро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ муқаррар намоянд ва давом диҳанд;
17) аз дигар салоҳиятҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода баранд.
Моддаи 468. Ҳуқуқҳои мақомоти гумрук ҳангоми татбиқи назорати гумрукӣ бо истифода аз киштиҳо ва ҳавопаймоҳои мақомоти гумрук
1. Ҳангоми татбиқи назорати гумрукӣ бо истифодаи киштиҳо ва ҳавопаймоҳои мақомоти гумрукӣ ин мақомот ҳуқуқ доранд:
1) ҳангоми муайян намудани нишонаҳои он, ки дар воситаҳои нақлиёт мол ғайриқонунӣ интиқол дода мешавад ва он бояд таҳти назорати гумрукӣ қарор гирад, ин воситаҳои нақлиётро боздошта, муоинаи гумрукии онро анҷом диҳанд (моддаи 413);
2) шахсони ба содир кардани ҷиноят гумонбаршудаи савори воситаи нақлиётро, ки амалҳои таъхирнопазири тафтишотӣ ва таҳқиқотиро нисбати онҳо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ихтиёри мақомоти гумрук гузоштааст, боздошт намоянд, ба шарте ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.
3) берун аз ҳудуди сарҳади обии Ҷумҳурии Тоҷикистон киштии дарёии аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе иҷозати мақомоти гумрук равандаро дар минтақаи наздики Ҷумҳурии Тоҷикистон то дохил шудани он ба ҳудуди обии давлатҳои хориҷӣ таъқиб ва боздошт намоянд, ба шарте агар таъқиб аз сарҳади обии дохилӣ, сарҳади обии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди додани сигнали садоӣ ва назоратӣ дар бораи боз доштани киштӣ аз масофае, ки ин гуна ишораро дидан ва шунидан мумкин аст ва бетанаффус ишора шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
4) ҳангоми ошкор намудани нишонаҳои қонунвайронкунӣ дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ воситаҳои нақлиётро барои ситонидани онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳалли қазия, боздошт намояд;
5) дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс воситаҳои нақлиётро ҳамроҳи кунанд, аз ҷумла ба онҳо мансабдорони мақомоти гумрукро савор намоянд.
2. Ба сарнишинони киштиву ҳавопаймоҳои мақомоти гумрук ҳуқуқ дода мешавад, ки:
1) ҳудуди оби ва фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, акваторияи бандарҳои дарёӣ, инчунин фурудгоҳҳо, аэродромҳои (майдончаҳои фурудоии) ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро новобаста аз мансубият ва таъиноти онҳо ба таври ройгон истифода намоянд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421);
2) аз ҳуқуқи афзалиятноки даромадан ба бандарҳо, ки бо мақомоти давлатии ваколатдор мувофиқа шудааст, ройгон истифода баранд;
3) аз маълумоти навигатсионӣ, гидрометеорологӣ, гидрографӣ ва ғайра ройгон истифода намояд;
4) парвози ҳавопаймо ва киштирониро ройгон таъмин намоянд.
Моддаи 469. Ҳуқуқи мақомоти гумрук нисбати воситаҳои нақлиёти автомобилие, ки моли таҳти назорати гумрукро интиқол медиҳанд
1. Мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд нақлиёти автомобилӣ, аз ҷумла воситаҳои нақлиёти автомобилиеро, ки ба молкашонии байналмилалӣ машғул нестанд, бо мақсади тафтиши мол ва ҳуҷҷатҳо манъ намоянд, ба шарте ки онҳо моли таҳти назорати гумрукӣ қарордоштаро кашонанд. Мақомоти гумрук метавонанд воситаҳои нақлиёти автомобилиро дар минтақаҳои назорати гумрукии қад - қади сарҳади гумрукӣ таъсисёфта, боздоранд.
2. Ҳангоми манъ кардани воситаҳои нақлиёт берун аз минтақаи назорати гумрукӣ вақти тафтиши нақлиёт ва ҳуҷҷатҳои он аз тарафи мақомоти гумрук наметавонад аз ду соат зиёд бошад. Дар бораи тафтиши мол ва ҳуҷҷатҳои он тибқи намунаи муайяннамудаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ санад тартиб дода мешавад, ки як нусхаи он бояд ба боркашон дода шавад. Воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди анборҳои нигаҳдории муваққатӣ ё маҳалҳои дигар, ки минтақаи доимии назорати гумрукӣ ҳисоб меёбад (моддаи 403), танҳо ҳангоми кушодани парванда дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маҷбуран ҷойгир карда шуда, нусхаи қарор ё протоколи дахлдор ба интиқолдиҳанда ва ё ронандаи воситаи нақлиёт супорида мешавад. Ҳамзамон, воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди анбори нигаҳдории муваққатӣ ё дар маҳали дигар, ки минтақаи назорати гумрукӣ ҳисоб мешавад, то мӯҳлати барои фаровардани бор зарурӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки воситаҳои нақлиёт мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд мусодира карда шаванд, нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 470. Фаъолияти мутақобила ва ҳамкории мақомоти гумрук бо дигар мақомоти давлатӣ
1. Мақомоти гумрук вазифаҳои худро мустақилона ва якҷоя бо дигар мақомоти давлати иҷро менамоянд.
2. Мақомоти гумрук мувофиқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд барои аз тарафи дигар мақомоти давлатӣ дар минтақаи назорати гумрукӣ иҷро намудани амалҳои алоҳидаи марбути салоҳияташон иҷозат диҳанд.
3. Ҳангоми аз тарафи мақомоти гумрук ошкор намудани нишонаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (ҷиноят), ки баррасии парвандаи он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти дигар мақомоти давлатӣ мебошад, мақомоти гумрук вазифадоранд ин маълумотро ба мақоми дахлдори давлатии фавран пешкаш намоянд.
Моддаи 470(1). Фаъолияти мутақобила ва ҳамкории мақомоти гумрук бо ташкилотҳои ғайритиҷоратии муттаҳидкунандаи шахсоне, ки фаъолияти вобаста ба интиқоли мол ва воситаҳои нақлиётро тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, инчунин шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда
(Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678)
1. Бо мақсади мувофиқати манфиатҳои муҳими ҷамъиятии шахсони анҷомдиҳандаи фаъолияти вобаста ба интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда, мақомоти гумрук бо ташкилотҳои ғайритиҷоратии муттаҳидкунандаи чунин шахсон ҳамкорӣ менамояд.
2. Ҳамкории мақомоти гумрук бо ташкилотҳои ғайритиҷоратии муттаҳидкунандаи шахсони анҷомдиҳандаи фаъолияти вобаста ба интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шахсони дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ амалкунанда метавонад дар шаклҳои зерин анҷом дода шавад:
1) пешниҳод намудани таклифҳо ба лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ;
2) иштирок дар арзёбии самаранокии татбиқи чораҳои маъмурияти гумрукӣ;
3) шаклҳои дигари ҳамкорӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
3. Бо мақсади фаъолияти мутақобила ва ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои татбиқи усулҳои самараноки барасмиятдарории гумрукӣ ва назорати гумрукӣ, мақомоти гумрук бо ташкилотҳои ғайритиҷоратии муттаҳидкунандаи шахсони анҷомдиҳандаи фаъолияти вобаста ба интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварат мегузаронад. Тартиби гузаронидани чунин машварат аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2020 № 1678).
Моддаи 471. Назорати идории фаъолияти мақомоти гумрук
Мақоми болоии гумрук ё шахси мансабдори он ҳуқуқ дорад ҳар вақт мувофиқи тартиби назорати идори қарори хилофи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми поёнии гумрук ё мансабдори поёнии мақоми гумрукро бекор кунад, инчунин нисбати амалӣ (беамалии) ғайриқонунии мақомоти поёни гумрук ё шахсони мансабдори поёнии мақомоти гумрук ҳама гуна тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро андешад.
Моддаи 472. Ҷавобгарии мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори онҳо
1. Барои қарор ва амал (беамали) - и ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти гумрук мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ ва дигар ҷавобгариҳо кашида мешаванд.
2. Мақомоти гумрук товони зарареро, ки дар натиҷаи қабули қарор ва амали (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори худ ва дигар кормандон ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва меҳнатӣ ба шахсон ва моликияти онҳо расидааст, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн менамоянд.
3. Зараре, ки дар асари амали қонунии мақомоти гумрук ва шахсони мансабдори он расидааст, ҷуброн карда намешавад, ба шарте ки дар ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Аз ҷониби шахсони мансабдори мақомоти гумрук истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон
Моддаи 473. Шартҳои истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти гумрук
1. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд бо тартиби пешбининамудаи ҳамин Кодекс қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишонро истифода баранд.
2. Пеш аз истифодабарии қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон кас бояд аз нияти кор фармудани онҳо ба таври ошкоро огоҳонида шавад ва ҳангоми истифодаи яроқи оташфишон барои хушдорӣ ба ҳаво тир холи карда шавад. Ҳамзамон шахсони мансабдори мақомоти гумрук вазифадоранд, ки:
1) барои иҷрои талаботи қонунии худ мӯҳлати зарурӣ диҳанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки ба таъхир гузоштани истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон барои ҳаёту саломатии онҳо бевосита хатарнок аст, метавонад боиси оқибатҳои дигари вазнин гардад, ҳангоми ҳамлаи ногаҳонӣ ё ҳамлаи яроқнок ҳамла бо истифодаи техникаи ҳарбӣ, киштиҳо ва воситаҳои нақлиёт ё дар ҳолатҳои дигар, ки чунин огоҳӣ ноҷоиз ва ё имконнопазир мебошад;
2) ба шахсоне, ки ҷароҳат бардоштаанд, ёрии аввалияи тиббӣ расонида, аз ҳодисаи рухдода роҳбари мақомоти гумрукро фавран огоҳ намоянд, ки вай дар навбати худ бояд дар муддати 24 соат ба прокурор хабар диҳад.
3. Ҳангоми истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон вобаста ба хусусият ва андозаи хатари қонуншиканӣ ва муқовимат шахси мансабдори мақомоти гумрук бояд кӯшиш намояд, ки ҳар гуна зарари ҳангоми рафъи хатар расонидашуда то ҳадди имкон камтар бошад.
4. Дар ҳолатҳои муҳофизати зарурӣ ё зарурияти ниҳоӣ шахсони мансабдори мақомоти гумрук дар сурати набудани воситаҳои махсус ҳуқуқ доранд яроқи оташфишон ҳама гуна воситаи дар даст дошта истифода кунанд.
5. Ҳангоми хилофи тартиби муқаррарградида истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқи оташфишон шахсони мансабдори мақомоти гумрук мутобиқи қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 474. Истифодаи қувваи ҷисмонӣ аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти гумрук
1. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон ҳуқуқ доранд қувваи ҷисмонӣ, аз ҷумла усулҳои ҷанги танбатанро дар ҳолатҳое ба кор баранд, ки усулҳои ғайризӯроварӣ наметавонанд иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташударо таъмин намоянд.
2. Қувваи ҷисмонӣ барои мақсадҳои зайл истифода бурда мешавад:
1) пешгири намудани ҳуқуқвайронкунӣ;
2) дастгир кардани шахсони содирнамудаи қонуншиканӣ;
3) иҷро накардани талабҳои қонунии шахси мансабдори мақомоти гумрук;
4) мамониат барои ворид шудан ба дохили биноҳо, ҳудуд, ба назди мол ва воситаҳои нақлиёте, ки таҳти назорати гумрукӣ қарор доранд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1421).
Моддаи 475. Истифодаи воситаҳои махсус аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти гумрук
1. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизмати ҳуқуқ доранд, ки аз воситаҳои махсуси дар ихтиёрашон буда дар ҳолатҳои зайл истифода баранд:
1) барои рафъи ҳамла ба кормандони мақомоти гумрук ё шахсони дигар;
2) барои рафъи ҳамла ба биною иморатҳо ва воситаҳои нақлиёти мақомоти гумрук ё аз тарафи онҳо истифодашаванда, ба молу воситаҳои нақлиёте, ки таҳти назорати гумрукӣ мебошанд, инчунин барои озод кардани объектҳои номбурда дар сурати тасарруфи онҳо;
3) барои дастгир кардани ҳуқуқвайронкунандагон, овардани онҳо ба бинои хизматии мақомоти гумрук ё мақомоти корҳои дохилӣ, ба шарте, ки ин шахсон итоат накунанд, муқобилият нишон диҳанд ё ба атрофиён ва ё ба худ зарар расонанд;
4) барои пешгирӣ намудани муқобилати ҷисмонӣ ба шахси мансабдори мақомоти гумрук;
5) барои боздоштани нақлиёте, ки ронандаи он талаби қонунии шахси мансабдори мақомоти гумрукро дар бораи боз доштани нақлиёт иҷро накунад.
2. Истифодаи воситаҳои махсус нисбати заноне, ки дорои нишонаҳои аёни ҳомилагӣ мебошанд, шахсони дорои нишонаҳои аёни маъюбӣ дошта, ноболиғон, ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳо муқобилияти мусаллаҳона нишон медиҳанд, ҳамлаи гурӯҳӣ ва ғайра анҷом медиҳанд, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон, амният ва молу воситаҳои нақлиёти таҳти назорати гумрукӣ қарордошта хатарноканд, манъ аст.
3. Номгӯи воситаҳои махсусро, ки мақомоти гумрук мавриди истифода қарор медиҳанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 476. Истифодаи яроқи оташфишон аз тарафи шахсони мансабдори мақомоти гумрук
1. Шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизмати ҳуқуқ доранд дар ҳолатҳои зерин аз яроқи оташфишон истифода кунанд:
1) барои рафъи ҳамла ба кормандони мақомоти гумрук, ҳангоме ки ҳаёт ва саломатии онҳо зери хатар аст, ба шарте агар ҳамла бо восита ва усулҳои дигар рафънопазир бошад;
2) барои пешгирӣ намудани кӯшишҳои ба даст овардани аслиҳаи шахсони мансабдори мақомоти гумрук, аз ҷумла кӯшиши шахси дастгиршуда барои наздик шудан ба мансабдори мақомоти гумрук бо мақсади кӯтоҳ кардани масофае, ки шахси мансабдори мақомоти гумрук нишон дода буд ё даст расонидан ба яроқи оташфишони ҳамин шахси мансабдор;
3) барои рафъи ҳамлаи гурӯҳӣ ва мусаллаҳона ба биною иморатҳо ва воситаҳои нақлиёт, киштиву ҳавопаймоҳои ба мақомоти гумрук тааллуқдошта ё аз ҷониби онҳо истифодашавана ё молу воситаҳои нақлиёти таҳти назорати гумрукӣ қарордошта ё ба объектҳое, ки ин гуна молу воситаҳои нақлиёт мавҷуданд;
4) барои боздоштани шахсоне (шахсе), ки муқобилияти мусаллаҳона нишон медиҳанд, инчунин шахсони (шахси) мусаллаҳе, ки талаби қонунии супоридани яроқи оташфишонро иҷро намекунад;
5) барои боздоштани воситаҳои нақлиёт, кишти бо роҳи вайрон кардани онҳо, ба шарте агар онҳо ба ҳаёт ва саломатии шахсони мансабдори мақомоти гумрук хатари ҷиддӣ пеш оранд ё ба талаби чандинкаратаи онҳо баъди ба ҳаво тир кушодан, итоат накунанд;
6) барои безарар гардонидани ҳайвоноте, ки ба ҳаёт ва саломатии шахси мансабдори мақомоти гумрук таҳдид мекунанд;
7) барои огоҳ намудан аз нияти истифодаи яроқи оташфишон, додани бонги хатар ё имдодталабӣ.
2. Истифодаи яроқи оташфишон нисбати занон, шахсони дорои нишонаҳои аёни маъюби, ноболиғон, ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳо муқобилияти мусаллаҳона нишон медиҳанд, ҳамлаи гурӯҳӣ ва ғайра мекунанд, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон хатарнок мебошанд, манъ аст.
3. Шахси мансабдори мақомоти гумрук вазифадор аст, дар бораи ҳар як ҳолати истифодаи яроқи оташфишон дар мӯҳлати кӯтоҳтарин ба шакли хаттӣ роҳбари мақомоти гумрукро огоҳ намояд, ки ӯ дар навбати худ бояд дар давоми 24 соати баъди истифодаи яроқи оташфишон дар ин бора ба прокурор хабар диҳад.
4. Номгӯи намуди яроқи оташфишон ва лавозимоти ҷангии онро, ки мақоми гумрук истифода мебарад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
5. Агар шахси мансабдори мақомоти гумрук лозим донад, ки дар ҳолати рухдода истифодаи яроқи оташфишон зарур мешавад, ӯ ҳуқуқ дорад мутобиқи қисми 1 ҳамин модда яроқи оташфишонашро омодаи истифода кунад.
4. Таъмини фаъолияти мақомоти гумрук
Моддаи 477. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти мақомоти гумрук
Маблағгузории хароҷоти мақомоти гумрук барои таъминот ва рушди он аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва дигар маблағҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ таъмин карда мешавад.
Моддаи 478. Ҷойгиронии объектҳои мақомоти гумрук
1. Қитъаҳои замин, ки барои ҷойгиронии объектҳои мақомоти гумрук таъин гардидаанд, тибқи тартиби ҷудо намудани замин барои эҳтиёҷоти ғайрикишоварзӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин дода мешаванд.
2. Ҳангоми ҷойгир намудани воҳидҳои сохтории гумрук барои анҷом додани амалиёти гумрукӣ дар объектҳои марбути ташкилотҳои дар қисми 2 моддаи 464 ҳамин Кодекс зикргардида таъминоти моддию техникии фаъолияти мақомоти гумрук дар бобати истифодаи воситаҳои алоқа, асбобу анҷом ва таҷҳизоти техникии ташкилӣ бо розигии соҳибони ин объектҳо дар асоси шартнома анҷом дода мешавад.
Моддаи 479. Ҳифзи маълумот дар бораи фаъолияти мақомоти гумрук
1. Ҳуҷҷату маводи дорои маълумот дар бораи ҳайати кормандони мақомоти гумрук дар бораи ташкил, тарзу услуб ва воситаҳои татбиқи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бояд дар бойгонии мақомоти гумрук мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдошта шаванд (Конуни ЧТ аз 25.03.2011 № 693).
2. Маводи бойгонии мақомоти гумрук, ки дорои арзишҳои илмӣ ва таърихӣ буда, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ифшо шудаанд, барои нигаҳдорӣ ба бойгонии давлатӣ тибқи тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
3. Сирҳои давлатӣ, бонкӣ, андоз, инчунин итилооти махфии мақомоти гумрук мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.
Моддаи 480. Муассисаҳо ва корхонаҳои воҳиди давлатии мақомоти гумрук
1. Барои таъмини фаъолияти мақомоти гумрук мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон лабораторияҳои гумрукӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, муассисаҳои таълимӣ, матбаа, марказҳои иттилоотии ҳисоббарорӣ ва дигар муассисаҳоро таъсис менамояд, ҳамчунин дар ихтиёри худ корхонаҳои воҳиди давлатие дошта метавонад, ки фаъолияти онҳо барои иҷрои вазифаҳои мақомоти гумрук мусоидат мекунанд.
2. Вазифаҳои муассиса ва корхонаҳои воҳиди давлатии мақомоти гумрук мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 481. Амволи мақомоти гумрук ва ташкилотҳои мақомоти гумрук
Амволи мақомоти гумрук, муассиса ва корхонаҳои воҳиди давлатии мақомоти гумрук моликияти давлат ҳисоб мешавад. Амволи мазкур аз тарафи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтёрдори карда мешавад.