МАҚОМОТИ АНДОЗ | 1994

  Моддаи 162. Вазифаҳои асосии мақомоти андоз
1. Мақомоти андоз фаъолияти худро мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин мақомоти андози давлатҳои дигар амалӣ менамояд.
2. Вазифаҳои асосии мақомоти андоз инҳо мебошанд:
- таъмин намудани иҷрои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокчиёни муносибатҳои андозӣ;
- таъмин намудани воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет дар муҳлатҳои муқарраршуда аз ҷониби иштирокчиёни муносибатҳои андозӣ;
- дар доираи ваколатҳои худ иштирок намудан дар раванди таҳия ва такмили қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар доираи ваколатҳои худ иштирок намудан дар раванди таҳия ва такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ;
- мусоидат ба андозсупорандагон дар иҷрои уҳдадориҳои андозӣ ва риояи қонунгузории андоз;
- муайян намудани расмиёт ва усулҳои гузаронидани таҳлили хавфҳои коррупсия дар мақомоти андоз ва амалӣ намудани онҳо;
- дар доираи ваколатҳои худ таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба масъалаҳои бақайдгирии давлатии субъектҳои соҳибкорӣ;
- иҷрои дигар вазифаҳое, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти андоз вогузор шудаанд.
  Моддаи 163. Вазъи ҳуқуқӣ ва сохтори мақомоти андоз
1. Мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақомоти андоз) аз мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти ҳудудии андоз иборат мебошад, ки дар маҷмӯъ низоми ягонаи мутамаркази мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамоянд.
2. Сохтор, нақшаи идоракунӣ ва номгӯи корхонаҳои (ташкилотҳои) системаи мақомоти андоз, тартиби фаъолият ва воҳидҳои сохтории он, инчунин муносибатҳои мутақобилаи мақомоти андоз бо дигар мақомот, ташкилотҳо, муассисаҳо ва шаҳрвандонро низомномаи мақомоти андоз муқаррар менамояд.
3. Мақомоти ҳудудии андоз ба мақомоти дахлдори болоии андоз ҳисоботдиҳанда ва тобеъ мебошад. Мақомоти ҳудудии андоз аз раёсати андози андозсупорандагони калон бо нозиротҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, раёсатҳои андози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, нозироти андоз дар шаҳрҳо (ноҳияҳо), инчунин мақомоти минтақавии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ иборат мебошад.
4. Маблағгузории фаъолияти мақомоти андоз аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода мешавад.
5. Мақомоти андоз шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни мустақил, суратҳисобҳои махсус дар хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти он дар маҳалҳо, муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи он ба забони давлатӣ мебошад.
6. Мақомоти андоз дорои рамз ва нишонаи сарисинагии идоравӣ мебошад, ки тавсифи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  Моддаи 164. Кормандони мақомоти андоз ва масъулияти онҳо
1. Кормандони мақомоти андоз хизматчиёни давлатӣ буда, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии онҳоро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" танзим менамояд.
2. Ба кормандони мақомоти андоз ҷиҳати тасдиқи ваколатҳояшон шаҳодатномаи хизматӣ дода мешавад, ки намунаи онро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд.
3. Ба кормандони мақомоти андоз мутобиқи тартиби муқарраршуда рутбаҳои тахассусӣ дода мешаванд.
4. Намунаҳо ва меъёрҳои додани либоси махсуси расмии кормандони мақомоти андоз тибқи рутбаҳояшон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
5. Рутбаҳои тахассусии кормандони мақомоти андоз аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд. Низомнома дар бораи тартиби ба кормандони мақомоти андоз додани рутбаҳои тахассусӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
6. Ба кормандони мақомоти андоз ҳангоми гузаронидани назорат ва санҷишҳои андозӣ расонидани зарар бо амалҳои ғайриқонунӣ ба андозсупорандагон ё молу мулки дар истифода ё ихтиёрдории онҳо қарордошта манъ аст.
7. Кормандони мақомоти андоз барои иҷро накардан ё ба таври дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои худ, инчунин риоя накардани сирри давлатӣ, хизматӣ, андозӣ, тиҷоратӣ ва бонкии бо қонун ҳифзшаванда, суиистифода аз мансаби хизматӣ, расонидани зарар ба андозсупоранда ҳангоми гузаронидани назорат ва санҷишҳои андозӣ ва амалҳои дигари ғайриқонунӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашида мешаванд.
8. Зараре, ки ба андозсупоранда бо қарорҳои ғайриқонунии мақомоти андоз ё амалҳои шахсони мансабдори онҳо ҳангоми гузаронидани назорат ва санҷишҳои андозӣ расонида мешавад, бо санади судӣ муайян мегардад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми пурра ҷуброн карда мешавад.
9. Зараре, ки ба андозсупорандагон ё намояндагони онҳо бо амалҳои қонунии шахсони мансабдори мақомоти андоз расонида шудааст, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, ҷуброн карда намешавад.
  Моддаи 165. Ҳамкории мақомоти андоз бо мақомоти давлатии дигар
1. Мақомоти андоз фаъолияти худро новобаста ба дигар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ менамояд. Иҷрои қарорҳои дар доираи ваколатҳояшон қабулнамудаи мақомоти андоз барои тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад.
2. Мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд ба мақомоти андоз ҷиҳати иҷрои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини мукаммал ва саривақтии ба буҷет ворид шудани андозҳо мусоидат намоянд. Агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, дахолати мақомоти зикргардида ба фаъолияти мақомоти андоз манъ аст.
3. Мубодилаи маълумот байни мақомоти андоз ва мақомоти дахлдори давлатии дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
4. Мақомоти гумрук, мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд мунтазам бо тартиби муқарраршуда ба мақомоти андоз маълумоти барои иҷрои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурии дар ихтиёри онҳо бударо пешниҳод намоянд.
  Моддаи 166. Ҳисобот
1. Дар давоми 6 моҳи баъди анҷоми ҳар соли тақвимӣ мақоми ваколатдори давлатӣ дар сомонаи расмии худ ҳисоботро оид ба фаъолияти мақомоти андоз нашр менамояд.
2. Ҳисоботи солонаи мақоми ваколатдори давлатӣ маълумоти зеринро дар бар мегирад:
- таҳлили муфассали вазъи иҷрои воридоти андозҳо, аз ҷумла аз рӯи ҳар намуд бо назардошти мансубияти онҳо ба вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо;
- маълумот дар бораи татбиқи имтиёзҳои андозӣ нисбат ба андозсупорандагон ва батаъхиргузории пардохти андозҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- таҳлили сабаб ва омилҳои пайдоиши бақияпулиҳои андоз аз рӯи намудҳои андозҳо дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, таносуби онҳо ба ҳаҷми умумии воридоти солонаи андозҳо;
- таҳлили вазъи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;
- маълумот оид ба корҳои назоратии мақомот ва натиҷаи онҳо;
- маълумот оид ба шикояти андозсупорандагон ва натиҷаи баррасии онҳо;
- оид ба тадбирҳои анҷомдодашуда дар самти такмили маъмурикунонии андоз, аз ҷумла ҷорӣ намудани барнома ва технологияҳои муосири рақамӣ;
- баҳодиҳии сатҳи қаноатмандии андозсупорандагон аз хизматрасонии мақомоти андоз;
- оид ба мушкилоти ҷойдошта ва дурнамои фаъолияти мақомоти андоз барои давраи миёнамуҳлат.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар сомонаи расмии худ рӯйхати андозсупорандагонеро, ки андозҳояшон ҳисоб (иловатан ҳисоб) карда шудаанд, вале ба маблағи зиёда аз 5000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохт нашудаанд, бо нишон додани ҳаҷми бақияпулиҳо, ҷойгир намуда, онро мунтазам нав мекунад.
  Моддаи 167. Ҳуқуқҳои мақомоти андоз
1. Мақомоти андоз мутобиқи Кодекси мазкур ҳуқуқ дорад:
- дар раванди таҳия ва такмили қонунгузории андоз иштирок намояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки аз Кодекси мазкур бармеоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ намояд;
- назорати риоя гардидани муқаррароти қонунгузории андозро амалӣ намояд;
- ҳамкории байналмилалиро оид ба масъалаҳои андозбандӣ амалӣ намояд;
- барои азназаргузаронии маълумоти таъминоти барномавии баҳисобгирии автоматиконидашудаи муҳосибӣ ва андоз ба низоми иттилоотии дорои ҳуҷҷатҳои аввалияи муҳосибии андозсупорандагон (агентҳои андоз) дастрасии электронӣ дошта бошад;
- мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур ҳуҷҷатҳои андозсупоранда, аз ҷумла маълумоти дар ҳомили электронӣ мавҷударо, ки ба амалиётҳои андозбандӣ алоқаманд мебошанд, мусодира намояд;
- мутобиқи Кодекси мазкур ҳаҷми уҳдадории андозиро (бо истифода аз усулҳои баҳодиҳии мустақим ва ғайримустақим, нархҳои бозорӣ ё иттилооти муоинаи хронометражӣ) ҳисоб намояд;
- ҳангоми гузаронидани санҷишҳои андозӣ санҷиши ҳуҷҷатҳои молиявӣ, китобҳои муҳосибӣ, ҳисоботҳо, сметаҳо, пули нақд, коғазҳои қиматнок ва дигар сарватҳо, ҳисобҳо, эъломияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳисоб ва пардохт намудани андозҳоро анҷом диҳад, оид ба масъалаҳои дар рафти санҷиш бамиёномада аз шахсони мансабдор ва дигар кормандони ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ маълумот ва баёноти хаттӣ гирад;
- дар рафти санҷиши андозӣ муоина ва барӯйхатгирии (инвентаризатсияи) молу мулки андозсупорандаро (ба истиснои биноҳои истиқоматӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур гузаронад;
- дар рафти санҷиши андозӣ биноҳои истеҳсолӣ, савдо, анборҳо ва дигар биноҳои корхонаҳо ва шахсони воқеиро, ки барои гирифтани даромад ё барои нигоҳдории объектҳои андозбандӣ истифода мешаванд, аз назар гузаронад;
- ба роҳбарон ва дигар кормандони мансабдори ташкилотҳо, инчунин ба шахсони воқеӣ ҷиҳати бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ дастур диҳад ва иҷрои онро назорат намояд;
- оид ба боздоштани (бекор намудани) амали иҷозатномаҳо барои иҷрои намудҳои алоҳидаи фаъолият дархост намояд;
- барои ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ муҷозот ва ҷаримаҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намояд;
- мутобиқи муқаррароти Кодекси мазкур, аз ҷумла тавассути пешниҳоди даъвоҳо ба суд, аз андозсупорандагон, шахсони мансабдори онҳо ва шахсони воқеӣ андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои ҳисобшударо ситонад;
- дар ҳолати аз ҷониби андозсупорандагон риоя нагардидани талаботи қонунгузории андоз намудҳои ҷавобгарии дар қонунгузорӣ муқарраршударо татбиқ намояд;
- аз андозсупоранда (агенти андоз) пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи дурустии ҳисоб ва пардохти саривақтии андозҳо, ҳисоботи андозии тартибдодаи андозсупоранда (агенти андоз), ҳисоботи молиявӣ бо замима намудани хулосаи аудиторӣ дар ҳолате, ки агар тибқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба чунин шахс гузаронидани аудити ҳатмӣ муқаррар шуда бошад, талаб намояд;
- бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истеҳсолоти иҷро ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои маҷбуран ситонидани андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳоро татбиқ намояд, маблағҳои қарзи андозро ситонад ва иҷрои онҳоро дар фаъолияти андозсупоранда ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ назорат намояд;
- барои гузаронидани назорати андозӣ машваратчиён, коршиносон, экспертон, шоҳидон ва тарҷумонҳоро ҷалб (даъват) намояд;
- андозсупорандагонро оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ дар муҳлатҳо ва ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур огоҳ намояд;
- аз мақомоти давлатӣ, муассисаву ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ маълумоти марбут ба амалиётҳои андозбандиро тибқи муқаррароти Кодекси мазкур талаб намояд;
- дигар ҳуқуқҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро амалӣ намояд.
2. Мақомоти болоии андоз ҳуқуқ дорад қарорҳои мақомоти поёнии андозро дар ҳолати мувофиқ набудани онҳо ба қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор намояд.
  Моддаи 168. Уҳдадориҳои мақомоти андоз
1. Мақомоти андоз уҳдадор аст:
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандонро риоя намояд;
- дуруст ҳисоб намудан, ба пуррагӣ ва дар муҳлати муқарраршуда ба буҷет пардохт гардидани андозҳоро назорат намояд, қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро пурра ва дақиқ риоя намояд;
- ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро риоя ва ҳимоя намояд;
- нашри санадҳои қонунгузории андоз дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ва дастрасии андозсупорандагонро ба ин иттилоот ва дигар масъалаҳои марбут ба андозбандӣ таъмин намояд;
- ба андозсупорандагон дар амалисозии қонунгузории андоз мусоидат намояд;
- бо мақсади муносиб гардонидани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ барои андозсупорандагон мунтазам намудҳои муосири хизматрасониҳои электрониро ҷорӣ намояд;
- бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" анҷом диҳад;
- баҳисобгирии пурра ва саривақтии андозсупорандагон, аз ҷумла супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ва объектҳои андозбандӣ, баҳисобгирии андозҳои ҳисобшуда (иловатан ҳисобшуда), пардохтшуда ва бақияпулиҳоро таъмин намояд;
- дар бораи ба буҷет ворид гардидани андозҳо ҳисобот тартиб диҳад;
- оид ба маблағҳои имтиёзҳои додашудаи андоз аз рӯи гурӯҳҳои андозсупорандагон, намудҳои андозҳо ва имтиёзҳо, инчунин минтақаҳо баҳисобгириро ба роҳ монад ва ҳисобот тартиб диҳад;
- ҷаримаҳо ва фоизҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ситонад;
- мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати андозро амалӣ намояд;
- қоидаҳо, тартиб, дастурҳои методӣ ва дастурамалҳоро тибқи муқаррароти Кодекси мазкур таҳия намояд;
- тавассути воситаҳои ахбори омма оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ мунтазам корҳои таблиғотӣ гузаронад ва нашри варақаҳо, дастурҳо ва овезаҳоро анҷом диҳад;
- тибқи аризаи андозсупоранда дар давоми 5 рӯзи корӣ аз ҳисобномаи шахсии ӯ дар бораи ҳолати ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет оид ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ иқтибос пешниҳод намояд;
- чораҳои маҷбуран ситонидани қарзи андози андозсупорандаро мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намояд;
- нусхаи дуюми санади санҷиши андозӣ ва қарори дахлдори мақомоти андозро оид ба натиҷаи санҷиши андозӣ ба андозсупорандагон пешниҳод намояд;
- баҳисобгирии дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавии дорои хотираи фискалиро пеш барад;
- бо тартиби муқарраршуда дархостҳо, аризаҳо, шикоятҳо ва пешниҳодҳоро оид ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти мақомоти андоз баррасӣ намояд;
- ҳар моҳ ба мақомоти молия маълумоти заруриро оид ба маблағҳои ҳисобшуда ва пардохтшудаи андозию ғайриандозӣ, бақияпулиҳои андозӣ, имтиёзҳои андозӣ, манбаъҳои андозбандӣ ва шумораи андозсупорандагон дар доираи шартномаи дуҷониба пешниҳод намояд;
- оид ба вайрон гардидани қонунгузории андоз маълумот ҷамъоварӣ намояд, таҳлил кунад, баҳо диҳад, ба мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба бартараф намудани сабабҳо ва шароите, ки боиси сар задани чунин ҳолатҳо мешаванд, тавсияҳо пешниҳод намояд;
- мувофиқи муқаррароти моддаи 117 Кодекси мазкур маблағҳои аз андозҳои ҳисобшуда барзиёд супоридаи андозсупорандагонро ба ҳисоб гирад ва (ё) ба андозсупорандагон баргардонад;
- махфияти сирри фаъолияти андозсупорандаро таъмин намояд;
- оид ба амалисозии қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои тавзеҳотиро анҷом диҳад, бо тартиби муқарраргардида ба андозсупорандагон шаклҳои ҳисоботи андозро пешниҳод кунад ва тартиби пур кардани онҳоро фаҳмонад, тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳоро, аз ҷумла дар шакли хаттӣ, шарҳ диҳад;
- дар давоми муҳлати даъво нигоҳдории ҳисоботи андозӣ, ҳуҷҷатҳои пардохти андоз, санадҳои санҷиши андозӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро, ки ба андозсупорандаи мушаххас марбут мебошанд, таъмин намояд;
- парвандаҳои шахсии андозсупорандагонро нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони воқеӣ, ки мутобиқи Кодекси мазкур уҳдадоранд эъломияи андозиро пешниҳод намоянд, тартиб диҳад;
- дар ҳолати ошкор гардидани аломатҳои ҷиноят дар фаъолияти андозсупоранда вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои андозӣ дар давоми 10 рӯзи корӣ мутобиқи қисмҳои 2 ва 6 моддаи 170 Кодекси мазкур ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ барои чораҷӯӣ мавод пешниҳод намояд;
- фаъолияти мақомоти поёнии ҳудудии андоз ва корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи дигарро назорат намояд.
2. Мақомоти андоз инчунин уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро иҷро менамоянд.
  Моддаи 169. Бархӯрди манфиатҳо
Ба корманди мақомоти андоз иҷро намудани уҳдадориҳои мансабӣ нисбат ба андозсупорандагоне, ки бо онҳо робитаи хешу таборӣ ё манфиати мустақим ё ғайримустақим дорад, манъ аст.
  Моддаи 170. Сирри маълумот (сирри андоз)
1. Мақомоти андоз, зерсохторҳои мақомоти андоз, агентҳои андоз ва кормандони онҳо (дар давраи кор ё баъди аз кор озод шудан) уҳдадоранд, ки сирри ҳама гуна маълумотро оид ба андозсупорандагон пинҳон нигоҳ доранд, ба истиснои маълумоти зерин:
- дар бораи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- дар бораи саҳмдорон ва иштирокчиёни шахсони ҳуқуқӣ;
- дар бораи низоми андозбандии андозсупоранда;
- дар бораи шумораи коргароне, ки дар эъломияҳо нишон дода шудааст;
- дар бораи маблағҳои пардохтшуда ва қарзҳои андозӣ;
- дар бораи маблағҳои даромад ва хароҷот аз рӯи ҳисоботи молиявӣ;
- дар бораи вайронкунии талаботи Кодекси мазкур аз ҷониби андозсупоранда ва чораҳои нисбати ӯ татбиқшаванда;
- маълумоти дигаре, ки бо розигии андозсупоранда интишор шудааст.
2. Мақомоти андоз ва агентҳои андоз ҳуқуқ доранд маълумотро оид ба андозсупоранда бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда танҳо ба шахсони зерин пешниҳод намоянд:
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва кормандони мақомоти андоз бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ;
- ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дар ҳолати риоя нагардидани қонунгузории андоз ва содир гардидани ҷиноят дар соҳаи андозбандӣ;
- ба судҳо ҳангоми баррасии парванда оид ба муайян намудани уҳдадориҳои андозии андозсупоранда ё ҷавобгарӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз;
- ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои дигар мутобиқи шартномаҳои байналмилалии андози эътирофнамудаи Тоҷикистон;
- ба мақомоти дигар дар доираи созишномаҳои дуҷониба, инчунин барои амалисозии ваколатҳои соҳавӣ;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хизмати давлатӣ ҷиҳати анҷом додани ваколатҳои низомномавӣ нисбат ба шахсоне, ки уҳдадоранд вобаста ба даромадҳо эъломия пешниҳод намоянд;
- ба мақомоти гумрук барои иҷрои қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ба дигар мақомоти ваколатдор, ки мутобиқи Кодекси мазкур ҳуқуқи ситонидани андозҳоро доранд.
3. Ба шахсони сеюм додани маълумоти аз мақоми ваколатдори давлатӣ гирифташуда ва ифшои он манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар худи андозсупоранда барои ифшои маълумот ба шахси сеюм розигӣ дода бошад.
4. Ифшои маълумот оид ба андозсупоранда ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои дигар танҳо дар он ҳаҷме, ки дар доираи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон муқаррар шудааст, танзим ва анҷом дода мешавад.
5. Ба мақомоти давлатии дигар пешниҳод намудани ҳама гуна ҳуҷҷатҳо, ки дар ҷараёни фаъолияти мақомоти андоз ташаккул дода шудаанд, аз ҷумла парвандаҳои шахсии андозсупорандагон, санадҳои санҷиши андозӣ, огоҳиномаҳо ва ҳуҷҷатҳои дигар, ки барои амалӣ намудани назорати андоз гирифта шудаанд, ба истиснои ҳолатҳои дар қисми 2 ҳамин модда пешбинишуда, манъ аст.
6. Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ дар асоси дархости расмӣ нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳое, ки дар қисми 5 ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, бо риояи муқаррароти қисми 1 ҳамин модда дар ҳолати оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба андозсупорандаи мушаххас пешниҳод гардида, нусхаи онҳо дар мақомоти андоз нигоҳ дошта мешавад.
7. Нусхаҳои аслии ҳуҷҷатҳои тибқи қисми 6 ҳамин модда гирифташуда дар давоми 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи қатъ гардидани парвандаи ҷиноятӣ ё эътибори қонунӣ пайдо намудани ҳалномаи судӣ ба мақомоти дахлдори андоз баргардонида мешаванд.
  ФАСЛИ VI. БАТАНЗИМДАРОРИИ АНДОЗБАНДИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ