МАФҲУМ ВА НАМУДҲОИ ҶИНОЯТ | 1994
Моддаи 17. Мафҳуми ҷиноят
1) Кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфноке, ки ҳамин Кодекс бо таҳдиди татбиқи ҷазо манъ кардааст, ҷиноят эътироф мешавад.
2) Кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки зоҳиран аломатҳои яке аз кирдорҳои дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дошта бошад ҳам, вале бо сабаби камаҳамиятӣ барои ҷамъият хавфнок нестанд, ҷиноят намебошад.
Моддаи 18. Категорияҳои ҷиноят
1) Кирдорҳои дар ҳамин Кодекс пешбинигардида вобаста ба хусусият ва дараҷаи хавфи барои ҷамъият доштаашон ба ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна, вазнин ва махсусан вазнин тақсим мешаванд.
2) Кирдорҳои қасдан содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз ду соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест ва кирдорҳои аз беэҳтиётӣ содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест, ҷиноятҳои начандон вазнин эътироф мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Кирдорҳои қасдан содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест ва кирдорҳои аз беэҳтиётӣ содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксар барои онҳо аз панҷ соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд мебошад, ҷиноятҳои дараҷаи миёна эътироф мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
4) Кирдорҳои қасдан содиршудае, ки ҷазои ҳадди аксари барои онҳо дар ҳамин Кодекс пешбинигардида аз дувоздаҳ соли маҳрум сохтан аз озодӣ зиёд нест ҷиноятҳои вазнин эътироф мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
5) Кирдорҳои қасдан содиршавандае, ки ҷазои ҳадди аксар барои онҳо дар ҳамин Кодекс зиёда аз дувоздаҳ соли маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҷазои қатл пешбинӣ гардидааст, ҷиноятҳои махсусан вазнин эътироф мешаванд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 19. Такрори ҷиноят
1) Такрори ҷиноят кирдоре эътироф мешавад, ки шахс дар вақти гуногун ду ё зиёда ҷинояти дар ҳамон як модда ё қисми моддаи ҳамин Кодекс пешбинишударо содир намудааст.
2) Содир кардани ду ва ё зиёда аз он ҷинояти дар моддаҳои мухталифи ҳамин Кодекс пешбинигардидаро танҳо дар ҳолатҳое такрори ҷиноят ҳисобидан мумкин аст, ки агар он дар Қисми махсуси ҳамин Кодекс зикр гардида бошад.
3) Ҷиноят такрорӣ эътироф намешавад, агар шахс барои ҷинояти қаблан содирнамудааш мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда буд ё доғи судӣ барои ин ҷиноятҳо барҳам хӯрда ё бардошта шудааст.
4) Дар мавриде, ки такрори ҷиноятро ҳамин Кодекс ба сифати ҳолатҳое пешбинӣ менамояд, ки барои он ҷазои нисбатан сахтарро пешбинӣ кардааст, ҷинояти аз тарафи шахс содиргардида мутобиқи қисми дахлдори моддаи ҳамин Кодекс, ки ҷазоро барои такрори ҷиноят пешбинӣ менамояд, банду баст (квалификатсия) карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
5) Ҷинояте, ки аз як қатор кирдорҳои ҷиноятии ҳаммонанд иборат буда, бо қасди умумӣ ва мақсади ягона равона шудааст ва дар маҷмӯъ ҷинояти давомдорро ташкил мекунанд, такрори ҷиноят эътироф намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
6) Дар муддати дароз иҷро накардани ӯҳдадориҳое, ки хусусияти пайваста содир намудани таркиби як ҷинояти дарозмуддат дорад, такрори ҷиноят эътироф намешавад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 20. Маҷмӯи ҷиноят
1) Содир кардани ду ё зиёда аз он кирдори ҷиноятии дар моддаҳои гуногун ё қисмҳои мухталифи ҳамон моддаҳои Қисми махсуси ҳамин Кодекс пешбинигардида, ки шахс барои ҳеҷ кадоми он маҳкум нашудааст, маҷмӯи ҷиноят эътироф мешавад. Дар айни замон ҷиноятҳое, ки шахс барои содир кардани онҳо тибқи асосҳои муқаррарнамудаи қонун аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудааст, ба назар гирифта намешаванд.
2) Як кирдоре, ки аломатҳои ҷинояти дар ду ё бештар моддаи ҳамин Кодекс пешбинигардидаро дорад, ҳамчунин маҷмӯи ҷиноятҳо эътироф мешавад.
3) Ҳангоми содир намудани маҷмӯи ҷиноят шахс барои ҳар ҷинояти содирнамудааш дар асоси модда ё қисми дахлдори ҳамин Кодекс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.
4) Агар ҷиноят аз ҷониби меъёрҳои умумӣ ва махсус пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ маҷмӯи ҷиноят ҷой надорад ва ҷавобгарии ҷиноятӣ дар асоси меъёри махсус ба миён меояд (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
Моддаи 21. Ретсидиви ҷиноят
1) Содир намудани ҷинояти қасдона аз тарафи шахсе, ки қаблан барои содир кардани ҷинояти қасдона доғи судӣ дорад, ретсидиви ҷиноят эътироф мешавад.
2) Ретсидиви ҷиноят дар ҳолатҳои зерин хавфнок дониста мешавад:
а) дар ҳолати содир намудани ҷинояти вазнин, агар ин шахс қаблан на камтар аз ду маротиба барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои дараҷаи миёна бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуда бошад;
б) дар ҳолати содир намудани ҷинояти вазнин, агар ин шахс қаблан барои содир намудани ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуда бошад;
в) дар ҳолати содир намудани ҷинояти махсусан вазнин, агар ин шахс қаблан барои содир намудани ҷинояти вазнин ба маҳрум сохтан аз озоди маҳкум шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
3) Ретсидиви ҷиноят дар ҳолатҳои зерин махсусан хавфнок дониста мешавад:
а) дар ҳолати содир намудани ҷинояти вазнин, агар ин шахс қаблан ду маротиба барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шуда бошад;
б) дар ҳолати содир намудани ҷинояти махсусан вазнин, агар ин шахс қаблан ду маротиба барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум карда шудааст, ё ин ки қаблан барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнин маҳкум шуда бошад (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
4) Ҳангоми эътирофи ретсидиви ҷиноят ба назар гирифта намешавад:
а) доғи судӣ барои ҷинояте, ки шахс то синни ҳаждаҳсолагӣ содир намудааст;
б) доғи судӣ барои ҷинояте, ки нисбати он шартан татбиқ накардани ҷазо ё ин ки аз рӯи он мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм татбиқ гардидааст, агар шартан татбиқ накардани ҷазо ё мавқуф гузоштани иҷрои ҳукм бекор карда нашуда бошад ва шахс барои адо намудани ҷазо ба ҷойҳои маҳруми аз озодӣ фиристода нашудааст, инчунин доғи судие, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 84-и ҳамин Кодекс барҳам хӯрдааст ё бардошта шудааст (Қонуни ҶТ аз 17.05.2004 № 35).
5) Ретсидиви ҷиноят дар асос ва ҳудуди пешбининамудаи ҳамин Кодекс боиси ҷазои сахттар мегардад.