МАФҲУМ ВА НАМУДҲОИ ҶАЗОИ МАЪМУРӢ | 1994
Моддаи 34. Мафҳуми ҷазои маъмурӣ
Ҷазои маъмурӣ чораи маҷбуркунии давлатӣ буда, тибқи Кодекси мазкур аз ҷониби судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) нисбат ба шахси воқеӣ, соҳибкори инфиродӣ, шахсони мансабдор ва ҳуқуқӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910).
1. Ҷазои маъмурӣ бо мақсади дар рӯҳияи риояи бечунучарои қонунҳо тарбия кардани шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин пешгирӣ намудани ҳукуқвайронкунии нави маъмурӣ ҳам аз ҷониби худи ҳуқуқвайронкунанда ва ҳам аз тарафи шахсони дигар татбиқ карда мешавад.
2. Ҷазои маъмурӣ наметавонад ба мақсади таҳқири шаъну эътибори шахси содиркунандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, расонидани ранҷу озори ҷисмонӣ ё рӯҳӣ, тарсонидан, ҳама гуна табъиз ё таҳқири шаъну эътибори инсонии шахси воқеӣ ва ё расонидани зарар ба шӯҳрату эътибори кории шахси ҳуқуқии содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ истифода гардад.
1. Барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазоҳои маъмурии зерин муқаррар ва татбиқ карда мешаванд:
- огоҳӣ;
- ҷаримаи маъмурӣ;
- боздошти маъмурии амали иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият;
- маҳрум кардан аз иҷозатнома барои машғул шудан ба намудҳои муайяни фаъолият;
- маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус;
- боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият;
- бо подош ситонидани ашёе, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад;
- мусодираи ашёе, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад;
- бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418);
- ҳабси маъмурӣ.
2. Нисбати шахси ҳуқуқӣ ҷазоҳои маъмурие татбиқ мегарданд, ки дар сархатҳои дуюм, сеюм, чорум, шашум, ҳафтум ва ҳаштуми қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд (Қонуни ҶТ аз 01.08.2012 № 877).
3. Ҷазоҳои маъмурии пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда танҳо тибқи Кодекси мазкур муқаррар карда мешаванд.
1. Огоҳӣ, ҷаримаи маъмурӣ, ҳабси маъмурӣ, боздошти маъмурии амали иҷозатнома, маҳрум кардан аз иҷозатнома, боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият танҳо ба сифати ҷазои маъмурии асосӣ муқаррар ва татбиқ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1466).
2. Маҳрум кардани шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус, бо подош ситонидан ва мусодира кардани ашёе, ки олоти содир намудан ё объекти бевоситаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад, инчунин бо роҳи маъмурӣ берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ҷазои асосӣ ва ҳам ҷазои иловагӣ муқаррар ва татбиқ мешаванд (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418, аз 28.08.2017 № 1466).
3. Барои як ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазои асосӣ ё ҷазои асосӣ ва иловагии маъмурӣ аз ҷумлаи ҷазоҳои пешбининамудаи моддаҳои Қисми махсуси Кодекси мазкур таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477, аз 20.06.2024 № 2051).
Огоҳӣ як намуди ҷазои маъмурӣ буда, дар шакли хаттӣ ва бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси Кодекси мазкур ба шахси содиркардаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дода мешавад.
1. Ҷаримаи маъмурӣ намуди ҷазои маъмурӣ буда, ба тарзи ситонидани пул ба фоидаи давлат сурат мегирад ва аз тарафи судя, мақомоти ваколатдори давлатӣ (шахси мансабдор) нисбат ба шахси содиркардаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Андозаи ҷаримаи маъмурӣ ба ҳисоби фоиз ва ё карат вобаста ба инҳо муқаррар карда мешавад:
- нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар рӯзи хотима ёфтан ё пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии давомнок аз рӯзи ошкор карда шудани он муқаррар гардидааст;
- аз арзиши ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар вақти хотима ёфтан ё пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ муқаррар гардидааст, барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии давомнок аз рӯзи ошкор шудани он;
- аз маблағи пардохтнашудаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ё амалиёти асъории ғайриқонунӣ, ки бояд пардохта шаванд, дар рӯзи хотима ёфтан ё пешгирии ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои ҳуқуқвайронкунии маъмурии давомнок дар рӯзи ошкор шудани он муқаррар гардидаанд;
- аз арзиши корҳои иҷрошуда.
3. Андозаи ҳадди ақалли ҷаримаи маъмурӣ, ки аз шахси воқеӣ ва соҳибкори инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамояд ситонида мешавад, бояд аз як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, шахси мансабдор аз се нишондиҳанда барои ҳисобҳо, соҳибкори инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамояд ва шахси ҳуқуқӣ аз даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо кам набошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910).
4. Андозаи ҳадди ниҳоии ҷаримаи маъмурӣ аз шахси воқеӣ ва соҳибкори инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамояд, набояд аз сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, аз шахси мансабдор аз дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, соҳибкори инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамояд, аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва аз шахси ҳуқуқӣ аз як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ё аз дусад фоизи маблағи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии пардохтнашуда зиёд бошад, агар Қисми махсуси ҳамин Кодекс андозаи дигарро муқаррар накарда бошад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910).
5. Парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки дар он андозаи ҷарима аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст, ба истиснои парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи андоз ва қонунгузории зиддиинҳисорӣ аз тарафи судя баррасӣ мешавад (Қонуни ҶТ аз 28.12.2012 № 910, аз 8.08.2015 № 1220).
6. Маблағи ҷаримаи маъмурӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ тариқи ғайринақдӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 03.01.2024 № 2019)
1. Боздошти маъмурии амали иҷозатномаи машғул шудан бо намуди муайяни фаъолият, ки мақомоти ваколатдор ба шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ додааст, ҳангоми аз ҷониби иҷозатномадор риоя накардани шарту талаботи иҷозатнома танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси Кодекси мазкур татбиқ карда мешавад.
2. Мӯҳлати боздошти маъмурии амали иҷозатномаи машғул шудан бо намуди муайяни фаъолият бояд аз шаш моҳ зиёд набошад.
3. Ҷазои маъмуриро дар намуди боздошти маъмурии амали иҷозатномаи машғул шудан бо намуди муайяни фаъолият мақомоти иҷозатномадиҳанда ё судя таъин менамояд (Қонуни ҶТ аз 24.12.2022 № 1928, аз 20.06.2024 № 2051).
1. Маҳрум кардан аз иҷозатнома барои машғул шудан бо намуди муайяни фаъолият, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ба шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ дода шудааст, барои мунтазам аз ҷониби иҷозатномадор риоя накардани талабот ва шартҳои иҷозатнома танҳо дар асоси ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси Кодекси мазкур татбиқ карда мешавад.
2. Ҷазои маъмурӣ дар намуди маҳрум кардан аз иҷозатномаи машғул шудан бо намуди муайяни фаъолият аз тарафи судя таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Шахси воқеӣ аз ҳуқуқи махсус (ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт, шикор, нигоҳ доштан, бо худ гирифта гаштани силоҳи оташфишон, истифодаи воситаҳои радиоэлектронӣ ва ё дастгоҳҳои баландбасомад, истифодаи қитъаи замин ва ғайра), ки ба ӯ дода шудааст, барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қисми махсуси Кодекси мазкур бинобар дағалона ё ба таври мунтазам риоя накардани қоидаҳои истифодаи он маҳрум карда мешавад. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус ба мӯҳлати аз ду моҳ то даҳ сол муқаррар карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 980, аз 28.08.2017 № 1466).
2. Қарорро оид ба таъин намудани ҷазои маъмурӣ дар намуди маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус судя қабул мекунад (Қонуни ҶТ аз 28.08.2017 № 1466, аз 20.06.2024 № 2051).
3. Маҳрум кардан аз ҳуқуқи махсус дар намуди ҳуқуқи идора кардани воситаҳои нақлиёт наметавонад нисбат ба шахсе татбиқ гардад, ки воситаи нақлиётро бо сабаби маъюбиаш истифода мебарад ё воситаи нақлиёт манбаи асосии даромади ин шахс мебошад, ба истиснои ҳолатҳои идоракунии воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия ва худсарона тарк намудани ҷойи ҳодисаи садамаи нақлиёт, ки ӯ иштирокчии он аст.
1. Боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият аз қатъшавии муваққатии фаъолияти шахси воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ анҷом медиҳад, аз фаъолияти шахси ҳуқуқӣ, филиалҳо, намояндагиҳо, сохторҳои таркибӣ ва қитъаҳои истеҳсолии он, инчунин истифодаи таҷҳизот, объектҳо, иморату иншоот, амалӣ намудани намудҳои муайяни фаъолият, кор ва хизматрасонӣ иборат мебошад.
2. Боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият дар ҳолатҳои таҳдид ба ҳаёт ва саломатии одамон, рух додани эпидемия, эпизоотия, заҳролудшавии (ифлосшавии) объектҳои таҳти карантин қарордошта тавассути объектҳои карантинӣ, сар задани садамаҳои радиатсионӣ ё фалокати техногенӣ, расонидани зарари ҷиддӣ ба ҳолат ва хусусияти муҳити зист ё ҳангоми содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи муомилоти маводи нашъадор, воситаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот, маҳсулоти спиртдор, инчунин маҳсулоти тамоку ва дигар ҳолатҳои бевосита пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси Кодекси мазкур татбиқ карда мешавад.
3. Боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият ба мӯҳлати то се моҳ муқаррар гардида, аз тарафи мақомоти ваколатдор танҳо дар асоси ҳолатҳо ва тартиби пешбининамудаи моддаҳои дахлдори Қисми махсуси Кодекси мазкур таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
4. Мақомоти ваколатдор тибқи дархости шахси воқеӣ, соҳибкори инфиродӣ, шахси мансабдор ё ҳуқуқӣ иҷрои ҷазои маъмуриро дар намуди боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият пеш аз мӯҳлат қатъ менамояд, агар бартараф карда шудани ҳолатҳои пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда, ки барои таъини ин ҷазои маъмурӣ асос гаштаанд, муқаррар карда шавад (Қонуни ҶТ аз 25.06.2021 № 1785, аз 20.06.2024 № 2051).
Моддаи 44. Бо подош ситонидани ашёе, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он гардидааст
1. Бо подош ситонидани ашёе, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, аз маҷбуран гирифтану фурӯхтани он ва ба соҳиби пештарааш додани арзиши ҳамин ашё бо баровардани хароҷоти фурӯши ашёи гирифташуда иборат аст.
2. Тартиби бо подош ситонидани ашё ва номгӯйи ашёҳои гирифташаванда тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Бо подош ситонидани ашёро танҳо судя таъин мекунад(Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
3. Бо подош ситонидани ашё бояд ба хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содиршуда мутобиқат намояд.
4. Моликияти шахси сеюм, ки ба ҳуқуқвайронкунанда тааллуқ надорад, танҳо дар ҳолате бо подош ситонида мешавад, ки аз мақсади шахси ҳуқуқвайронкунанда ҳангоми ба даст овардани он огоҳ будани шахси сеюм исбот карда шавад.
Моддаи 45. Мусодираи ашёе, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он гардидааст
1. Мусодираи ашёе, ки олоти содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё объекти бевоситаи он мебошад, аз маҷбуран ва ройгон ба моликияти давлат гузаронидани ҳамин ашё иборат аст. Мусодираи ин ашё танҳо аз ҷониби судя таъин карда мешавад. Танҳо ашёе бояд мусодира гардад, ки моликияти шахси ҳуқуқвайронкунанда аст, ба шарте ки дар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
2. Мусодира бояд ба хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мутобиқат намояд.
3. Аз соҳибияти ғайриқонунии шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маҷбуран гирифтани олоти содиркунӣ ё объекти бевоситаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусодира ҳисобида намешавад, ба шарте ки он:
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба соҳиби қонуниаш баргардонида шавад;
- аз муомилоти гражданӣ гирифта ё бо дигар сабабҳо таҳти соҳибияти ғайриқонунии шахси содирнамудаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарор дошта, дар ин асос бояд ба моликияти давлат гузаронида ё нобуд карда шавад.
4. Ашёе, ки олоти содиркунӣ ё объекти бевоситаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гардидааст ва ба ҳуқуқвайронкунанда тааллуқ надошта, балки моликияти шахси сеюм аст, ба истиснои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар соҳаи қонунгузории гумрук, танҳо ба шарте мусодира мегардад, ки аз мақсади шахси ҳуқуқвайронкунанда ҳангоми ба даст овардани он пешакӣ огоҳ будани шахси сеюм исбот карда шавад (Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 № 1383).
5. Тартиби татбиқи мусодира ва номгӯйи ашёе, ки мусодира карда намешавад, тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 46. Бо роҳи маъмурӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд
(Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418)
1. Бо роҳи маъмурӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳамчун ҷазои маъмурӣ аз маҷбуран берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, дар ҳолатҳои зерин татбиқ мешавад, ба шарте ки (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418):
- кирдори (амал ё беамалии) онҳо бархилофи манфиати таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ ё бархилофи манфиати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бошад;
- ин чора барои ҳифзи саломатӣ ва маънавиёти аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигар зарур бошад;
- онҳо талаботи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накарда бошанд.
2. Бо роҳи маъмурӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо роҳи маҷбурӣ ва таҳти назорат тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шахсони зикргардида ҳангоми аз ҷониби онҳо риоя накардани тартиби будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вале дар дигар ҳолатҳои бевосита пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳи ба таври назоратшаванда мустақилона аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд амалӣ гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 № 1418).
3. Бо роҳи маъмурӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон берун кардани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳамчун чораи ҷазои маъмурӣ нисбат ба ин шахсон аз ҷониби судя ва ҳангоми аз ҷониби онҳо зимни воридшавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бошад, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ё шахси мансабдори ваколатдор таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).
1. Ҳабси маъмурӣ ҳамчун ҷазои маъмурӣ аз муваққатан маҳрум кардани шахс аз озодӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва бо роҳи маҷбуран ҷалб кардани ӯ ба меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ тибқи шартҳо ва тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст.
2. Ҳабси маъмурӣ ҷудо нигоҳ доштани ҳуқуқвайронкунанда аз ҷамъият буда, ба мӯҳлати аз як то понздаҳ шабонарӯз ва барои риоя накардани низоми вазъи фавқулодда ва ҳолати ҷангӣ то сӣ шабонарӯз муқаррар гардида, аз тарафи судя таъин карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 20.06.2024 № 2051).(Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2086).
3. Ҳабси маъмурӣ танҳо дар ҳолатҳои истисно барои намудҳои алоҳидаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии бевосита пешбининамудаи моддаҳои Қисми махсуси Кодекси мазкур муқаррар ва таъин карда шуда, нисбат ба зани ҳомила, зане, ки таҳти тарбияаш кӯдаки то чордаҳсола дорад, шахси ба синни ҳаждаҳ нарасида, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, инчунин нисбат ба шахсе, ки ба синни нафақа расидааст, татбиқ карда намешавад (Қонуни ҶТ аз 2.01.2018 № 1477, аз 20.06.2024 № 2051).
4. Мӯҳлати дастгиркунии маъмурӣ ба мӯҳлати ҳабси маъмурӣ дохил мешавад (Қонуни ҶТ аз 29.12.2010 № 650).